23:30:40 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

“ПЕШНИҲОДАМ МАНЪИ ТАҶЛИЛ АЗ СОЛИ НАВ НАБУД”

Муҳиб Қурбон, сардабири сойти интернетии «Наҳзат.tj» гуфт, барои манъи таҷлил аз ҷашни Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон даъват накардааст.

/images/stories/2012/11/17_soli-nav-171112.jpgОқои Қурбон, хабарнигор ва нависандаи тоҷик, рӯзи шанбеи 17 ноябр, дар сӯҳбат бо мо гуфт, дар номае, ки бо номи “Пешниҳоди солинавӣ ба ҳукумати шаҳр” дар сойти интернетии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мунташир шудааст, аз шаҳрдории Душанбе хостааст то аз насби арчаи бузург дар ин шаҳр худдорӣ кунад.

Зеро ба гуфтаи Муҳиб Қурбон, танҳо 3 дар сади ҷамъияти Душанберо русзабонҳо ташкил дода ва дар базми солинавӣ тақрибан масеҳиён ширкат намекунанд.

Ӯ пешниҳод кардааст: “Аз ҳисоби хароҷоте, ки барои харидану устувор кардани арча дар маркази пойтахт сарф мешавад, барои русзабонҳои нафақахӯр ва бемори аз шастсола боло миқдори муайян пул ва халтачаҳои ҳадиявӣ бо чанд кило орду равған тақдим шавад.”

Аммо ба гуфтаи Муҳиб Қурбон, бархе аз хабаргузориҳои Русия номаи ӯро таҳриф карда ва онро ба ҳайси пешниҳоди “исломгароёни тундрави Тоҷикистон барои манъи таҷлил аз Соли нави мелодӣ” арзёбӣ кардаанд.

Зимнан, хабаргузории “Итар-ТАСС” навиштааст, ин даъвати узви фаъоли ҲНИТ мунҷар ба мубоҳисоте дар сойтҳои шабакаи интернетӣ шуда ва фоҷиаи соли гузашта дар Соли нав, яъне, кушта шудани Парвиз Давлатбекови 24-сола дар либоси “Бобои барфӣ”-ро пеши назар овардааст.

Гуфта мешавад, мумкин аст ҷумлаи аввали матлаби “Пешниҳоди солинавӣ ба ҳукумати шаҳр” дар бораи он ки “чаро дар пойтахт мусалмонон бо баландгӯяк азон додан ҳақ надоранд, вале иди солинавии масеҳиён ҳар сол бошукӯҳ ҷашн гирифта мешавад?” боиси чунин натиҷагирӣ шудааст.

Дар моҳи декабри соли гузашта бархе аз чеҳраҳои саршиноси мазҳабии Тоҷикистон дар мавриди то чи ҳад созгор будани таҷлил аз Соли нави мелодӣ ба урфу одат ва оини мазҳабии сокинони Тоҷикистон ибрози назар карда буданд.

Аз ҷумла, Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо мо гуфта буд, ки Соли нави мелодӣ аз ислом бегона аст.

Ҳамчунин, оқои Абдуқодирзода гуфта буд: “Назари Шӯрои уламои исломӣ дар қиболи Соли нави мелодӣ чунин аст: ин урфу одати бегона ва берун аз дини мо аст. Худи ман аз мардум даъват мекунам, ки аз харҷи зиёд ба ҳангоми истиқболи Соли нави мелодӣ худдорӣ карда, ба афроди фақир ё ятим кумак кунанд. Харҷи зиёд дар ҷашни бегона гуноҳ буда, беҳтар аст ин маблағро дар кори савоб истифода кунанд, ки аз ин тариқ боиси муҳаббату дӯстии афроди фақирро ба даст меоранд.”

Бо ин вуҷуд, дар соли гузашта дар Тоҷикистон аз Соли нави мелодӣ бошукӯҳу шаҳомат таҷлил шуда ва дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе арчаи бузурги 21-метрӣ насб шуда буд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi