07:02:39 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
25 26 27 28 29 30
31            

БОЙҲО НАРХИ ХОНАРО ДАР ТОҶИКИСТОН БОЛО МЕБАРАНД

Ҳафтаҳои охир дар шаҳри Душанбе овозаҳо дар мавриди болоравии нархи хонаҳои истиқоматӣ зиёд садо медиҳанд, ки масъулини оҷонсиҳои фурӯши хонаҳо дар пойтахт онҳоро асоснок арзёбӣ мекунанд.

/images/stories/2012/10/16_stroitelstvo-161012.jpgДилрабо Каримова, мегӯяд се ҳафта пеш ба ивази ҳамагӣ 35 ҳазор доллари амрикоӣ соҳиби хонаи дуҳуҷрагӣ дар маҳаллаи 91 –уми шаҳри Душанбе гардидаст: «Одатан дар маҳаллаи 91 –ум хонаҳо нисбатан қимматанд ва ба ивази 35 ҳазор доллар умеди харидории хонаи дуҳуҷрагиро надоштам. Зимни бозпурсӣ ва кофтукови хона мушоҳида намудам, ки айни ҳол фурўш дар ин бозор, яъне бозори хона суст аст. Агар харидор камтар истодагарӣ намояд фурӯшандагони хона аз нархи аввала гуфтаашон метавонад то 5 ҳазор доллари амрикоӣ арзонтар намоянд».

Зимни боздид аз чанд нуқтаи эълони фурӯши хонаҳо дар Душанбе маълум гардид, ки хариду фурӯш дар бозори хона хеле суст сурат мегирад ва масъулини оҷонсиҳои фурӯши хонаҳо низ зимни сӯҳбат ин омилро тасдиқ намуданд. Бархе аз онҳо сабаби сустии савдоро дар бозори хонаи кишвар дар пули кам доштани мардум меноманд. Исмоил Худоёров, сокини шаҳри Душанбе, ки ба хариду фурӯши хонаҳо дар пойтахт машғул аст, мегӯяд, мардуми Тоҷикистон одатан дар моҳҳои август, сентябр, октябр нисбатан серпул мешаванд, зеро маблағи роҳинамудаи муҳоҷирон дар ин моҳҳо дучанд мешаванд.

Болоравии нархи хона дарДушанбе- миф ва ё воқеият?

Таҳлилгарони намояндагии СММ дар Тоҷикистон дар натиҷаи мониторинг, ки якҷо бо  коршиносони Вазорати рушди иқтисод ва савдо гузарондаанд муайян намудаанд, ки дар моҳҳои августу сентябр маблағи аз хориҷа ба Тоҷикистон воридшаванда то ним миллиард доллар дар як моҳ мерасад. Дар ҳоле, ки аввали соли ҷорӣ моҳе ҳудуди 160 миллион доллари амрикоӣ ворид гардидаст.

Худоёров иброз медорад, ки дар арафаи тирамоҳ нарх дар бозори амволи ғайриманқул  боз боло рафтааст: «Зеро одатан дар ин фасл муҳоҷирон ба ватан бармегарданд ва мавсими гармии бозори хона маҳсуб меёбад. Вақте муҳоҷирон бо пул ба ватан меоянд, дар бозори хона талабот зиёд мегардад, ки дар натиҷа нархҳо дар ин бозор боло мераванд».

Ба назар чунин менамояд, ки бо омадани фасли сармо бештари муҳоҷирони тоҷик ба Ватан бармегарданд ва бархе аз онҳо маблағи худро барои харидани хона сарф менамоянд. Бо вуҷуди ин аз суҳбати сокинон ва масъулин маълум шуд, ки воқеан ҳам рӯзҳои ахир нархи хона дар пойтахт боло рафтааст.

Бархе аз сокинони пойтахт як омили болоравии нархи хонаҳоро ба муҳоҷирати меҳнатӣ рабт медиҳанд. Вале иддае аз коршиносон бар ин назаранд, ки на ҳамаи муҳоҷири меҳнатӣ маблағе оварда метавонад, ки барои харидани хона дарДушанбе кофӣ бошад ва кам нафароне ҳастанд, ки аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ дар пойтахт соҳиби хона шудаанд.

Аз болоравии нархи хона киҳо манфиатдоранд?

Сайдмурод Солеҳов, коршиноси масоили иҷтимоӣ бо вуҷуди суст будани раванди хариду фурӯшро дар бозори хона ва ҳамзамон афзоиш ёфтани нархи онро як навъ монополияи гурӯҳои сарватманд унвон намуда, мегӯяд дарТоҷикистон низоми дуруст дар бозори хариду фурӯши хонаҳо вуҷуд надорад:

«Як бор таваҷҷӯҳ намоед, ки калонтарин биноҳои истиқоматие, ки сохта мешаванд, бо нархҳои «осмонӣ» касе аз мардуми миёнаҳол қудрати харидорӣ аз он биноҳоро надорад ва ахиран як сарватманд, ки барояш 60-70 ҳазор доллар маблағ ҳисоб намешавад, чандтои онро харида ё иҷора мешинонад ва ё дарашро қулф зада меравад. Ин ҳолат наметавонад мушкили мардумро дар паи сохтмони биноҳҳои нав ҷиҳати харидани хонаи истиқоматӣ бартараф созад. Бигузор як ниҳоде шояд кумитаи зиддиинҳисорӣ бошад аз болои онҳое, ки нархро муайян мекунанд назорат барад, то  пеши роҳи раванди ба таври сунъӣ болоравии нархҳо гирифта шавад. Дар дигар кишварҳо, хусусан ҳамсоякишварҳо ин ҳолат ба назар намерасад ».

Музаффар Давлатбеков, масъули оҷонсии «Кайванд» оид ба фурӯши амволи ғайриманқул ҳам мегӯяд, бо вуҷуди он, ки сохтмони биноҳои нав дар пойтахт бисёр баназар мерасад, хонаҳо ҳамоно майли гаронӣ доранд: «Махсусан талабот ба хонаҳои ду ва сеҳуҷрагӣ зиёд аст ва нархашон ҳам нисбатан қимматтар аст. Маҳаллаҳо, ки хона дар он нисбатан қиммат аст, маркази пойтахт ва маҳаллаи 82 ва 91 –уми шаҳри Душанбе мебошанд».

Алексей Насимов, масъули ширкати хонафурӯшии дигар, - REAL ESTATE ҳам афзоиши нархи хонаҳоро дар пойтахт таъкид карда, сабабҳои онро номуайян гуфт.

Айни ҳол тибқи нархномаҳои ширкатҳои  риэлторӣ  дар шаҳри Душанбе, хонаҳои якҳуҷрагӣ вобаста ба кӯча, масоҳат ва ҳолат аз 17 то 30 ҳазор доллари амрикоӣ, дуҳуҷрагӣ аз 35 то 50 ҳазор доллари амрикоӣ, сеҳуҷрага ва зиёдтар аз 45 ҳазор доллари амрикоӣ болотар нарх доранд.

Масъулини оҷонсиҳои фурӯши хона мегӯянд хонаҳои нисбатан арзон дар маҳаллаҳои атрофи шаҳр воқеанд, ки талабот вақтҳои охир ба онҳо камтар шудаст.

Исмоил Худоёров таъкид мекунад, ки дар кишвар вақтҳои охир раванди нав пайдо шудаст: «Агар чанд сол қабл  сатҳи кӯчиши аҳолӣ аз деҳот ба пойтахту дигар шаҳрҳои Тоҷикистон зиёд буд, айни ҳол бисёре аз шаҳрвандони тоҷик дар фикри дарёфти шаҳрвандӣ ва хонаи истиқоматӣ дар навоҳию шаҳрҳои Русия астанд. Ин аз як тараф агар барои арзонишавии хонаҳо дар шаҳрҳои Тоҷикистон мусоидат накунад, ҳадди ақал суръати гаронишавии хонаҳоро коҳиш медиҳад, чун талабот то ҷое камтар мешавад».

Бозори хона дар Тоҷикистон ба ислоҳҳот ниёз дорад

Дар ҳамин ҳол омили дигаре, ки ба гуфтаи таҳлилгарон метавонад барои арзонии хона дар пойтахт мусоидат намояд, афзоиши ҳаҷми сохтмони биноҳои истиқоматӣ мебошад.

Тибқи омори расмӣ давоми 3 моҳи аввали соли ҷорӣ дар кишвар дар ҳаҷми 80 ҳазору 300 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта шудаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6,4 фоиз камтар аст.

Раванди коҳиши бунёди хонаҳои истиқоматӣ дар Тоҷикистон соли дуюм аст, ки идома дорад. Масъулини Агентии сохтмон ва меъмории кишвар, кам шудани ҳаҷм ва маблағгузорӣ дар сохтмони биноҳои истиқоматиро ба зиёд будани иншооти ҷашнӣ рабт медиҳанд, ки ба муносибати санаҳои муҳим, - аз ҷумла 20 – солагии истиқлолияти Тоҷикистон бунёд гардидаанд.

Бино ба иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон ҳаҷми аз ҳама зиёди хонаҳои истиқоматӣ, ки сохта ба истифода дода шудаанд, дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст, баъди он Суғд қарор дорад.

Тавре аз маълумоти Агентии омор бармеояд, саҳми давлат дар сохтмони биноҳои  истиқоматӣ дар Тоҷикистон наздики сифр аст. Беш аз 90 фоизи хонаҳои истиқоматии сохташуда дар Тоҷикистон аз ҷониби аҳолӣ, ширкатҳои сохтмонӣ, ташкилотҳои пудратии сохтмонӣ бунёд гардидаанд.

Дар ҳамин ҳол, бо ишора ба талаботи зиёд ба хона, коршиносони масоили иқтисодӣ пешгӯӣ мекунанд, ки дар паи камшавии сохтмон дар кишвар нархи хонаҳо метавонад боз боло равад, зеро тибқи қонунҳои бозор дар сурати кам шудани пешниҳод ва зиёд будани талабот ҳатман болоравии нарх ба вуҷуд меояд.

Илова бар ин коршиносон иброз медоранд, ки бозори хона дар Тоҷикистон мушкилоти зиёд дорад, чандон ба низоми дурусте, ки мутобиқ ба бозорҳои хориҷи кишвар бошад, ҳанӯз надаромадааст ва ба ислоҳҳот ва такимл низ ниёз дорад.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi