05:08:32 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КӮЛОБИ БЕОБ: ФАРМОНИ № 622 ВА ТАҲДИДИ МАСЪУЛИН

(ва ё чӣ гуна дар шаҳри Кӯлоб масъулин вокунишу аксуламал нишон медиҳанд!)

Банда чанде қабл дар саҳафоти матбуоти маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Мушкилоти шаҳри Кӯлоби 2706 сола» матлаби таҳлилию тавсиявие интишор дода будам, ки дар он сухан оиди бурду бохтҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри бостонӣ мерафт ва дар радифи чандин мушкилот ва роҳу усулҳои ҳаллу фасли мусбати онҳо фикру андешаҳои инфиродию зеҳнии худро ироа намуда будам ва гумон доштам, ки масъулин бо мутолиаи он аз пайи ислоҳи вазъ мегарданд.

/images/stories/2012/09/17_1-kulob-ob-170912.jpgМутаассифона, чанд рӯз баъди нашри матлабҳо раиси тозатаъйини муассисаи обтаъминкукунии ш. Кӯлоб, мӯҳтарам Алиев А., ки ба назарам қобилияти ташкилотчигӣ дошта мутахассиси хуб ҳам менамуд, дар тамоси телефонӣ шуда, ироа намуд, ки аксе, ки гӯё камина онро дар рӯзномаҳо вобаста ба камбуди об интишор намудаам, мансуб ба соли 2006 - ум буда, ҳеҷ гуна рабте ба вазъи оби тозаи ошомидании мардуми Кӯлобшаҳр дар ҳолати кунунӣ надорад ва ӯ таҳдидан таъкид кард, ки бандаро барои ин ба додгоҳ кашад.

Банда ҳам ризоят додам ва гуфтам, ки омодаам, ки манфиати мардумро тавассути мақомоти додгоҳӣ ҳифзу ҳимоя намоям. Вале чун ба масойили марбут ба камбуди об дар Кулобшаҳр чиддитар машғул шудам, дидам, ки вазъ аз оне, ки мепиндоштам, хеле ва хеле бадтар будааст!

Ҷиҳати равшантар шудани қазия ва матолиби марбут ба таъминот бо оби ошомиданӣ ва ширкати шаҳрвандон дар умури идории давлатӣ зарурате пеш омад, ки рӯ ба қонунҳои ҷорӣ орем:

Конститутсия (Сарқонун) - и ҶТ: Моддаи 27. «Шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд».

Қонуни ҶТ «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он»: Моддаи 4. Принсипҳои асосии таъмини оби нӯшокӣ. Принсипҳои асосии таъмини оби нӯшокӣ аз инҳо иборат мебошанд: - кафолатҳои давлатӣ дар навбати аввал бо оби нӯшокӣ таъмин намудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талабот ва ҳифзи саломатӣ; - назорати давлатӣ ва танзими давлатии масъалаҳои таъмини оби нӯшокӣ;

Моддаи 7. Салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ. Ба салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ дохил мешавад: - тасдиқи барномаҳои маҳаллии мақсаднок ва нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати ташкил, нигоҳдорӣ ва рушди шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ; - андешидани чораҳо оид ба беҳтар намудани сифати оби нӯшокӣ ва истифодаи оқилонаи он, ҳифзи захираҳо ва манбаъҳои таъмини оби нӯшокӣ аз ифлосшавӣ, олудашавӣ ва камобшавӣ; - анҷоми корҳои ташкилӣ ҷиҳати таъмини шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо оби нӯшокӣ мувофиқи меъёрҳои истеъмоли об. Моддаи 12. Танзими давлатии таъмини оби нӯшокӣ:

1. Рушди обтаъминкунӣ тавассути татбиқи барномаҳои давлатӣ ва минтақавии бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ сурат мегирад. Таъминот бо оби нӯшокӣ бояд ҳатман ба нақшаи минтақавии тараққиёти иҷтимоию иқтисодии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ дохил карда шавад. Моддаи 15. Кафолатҳои давлатии таъмин кардани аҳолӣ бо оби нӯшокӣ: 1. Давлат таъмини ҳар як шахсро бо оби нӯшокии ба меъёрҳои муқарраршудаи сифат ва миқдор ҷавобгӯ кафолат медиҳад.

2. Эҳтиёҷоти аҳолӣ ба оби нӯшокӣ дар маҳалли зист бо тадбиру чораҳои рушди афзалиятноки шабакаҳои мутамарказ ё ғайримутамаркази таъмини оби нӯшокӣ, инчунин бо дастгирии давлатии обтаъминкунӣ қонеъ гардонида мешавад. Моддаи 22. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои истеъмолкунандагони оби нӯшокӣ. 1. Истеъмолкунандагони оби нӯшокӣ ҳуқуқ доранд: - мутобиқи меъёрҳои сифат ва истеъмоли оби нӯшокӣ аз шабакаҳои мутамарказ ва ғайримутамарказ бо оби нӯшокӣ таъмин бошанд; - назорати сифати оби нӯшокиро, ки аз шабакаҳои мутамарказ ва ғайримутамарказ расонида мешавад, талаб намоянд» (29 декабри соли 2010, № 670.).

Кодекси Оби Ҷумҳурии Тоҷикистон: Моддаи 7. Салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар сохаи танзими муносибатҳо оиди об: Дар соҳаи танзими муносибатҳо оиди об масъалаҳои зерин дар салоҳияти мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо мебошанд: - муайян кардани самтҳои асосии истифода ва ҳифзи об дар ҳудуди худ; -таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар соҳаи танзим, истифода ва ҳифзи захираҳои об; - баҳисобгирӣ, баҳодиҳии ҳолати об ва объектҳои об, назорат ба истифода ва ҳифзи об, риояи меъёрҳои (лимитҳои) муқарраршудаи истеъмоли об; - гузаронидани тадбирҳо доир ба нигоҳдошт ва беҳтар кардани ҳолати объектҳои об, пешгирӣ ва рафъи таъсири зараровар, инчунин ифлосшавии об, барқарор намудани объектҳое, ки дар натиҷаи садамаҳо, обхезӣ, селобҳо ва дигар офатҳои табиӣ зарар дидаанд;

Моддаи 13. Иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар татбиқи тадбирҳои истифодаи сарфакорона ва ҳифзи об. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли моликият, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ҷиҳати иштирок дар тадбирҳо доир ба истифодаи самаранок ва ҳифзи об имкон дода мешавад. Моддаи 60: Кафолати таъмини оби нӯшокӣ ҳангоми вайрон шудани фаъолияти системаи марказонидашуда ва ғайримарказонидашудаи обрасонии оби нӯшокӣ.

1.Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, моликони системаҳо, ташкилотҳои обрасонии оби нӯшокӣ мутобиқи салоҳияташон ҳангоми вайрон шудани фаъолияти системаи марказонидашуда ва ғайримарказонидашудаи обрасонии оби нӯшокӣ, ки боиси халалдор гардидани таъмини оби нӯшокӣ ба истифодабарандагон ё боиси номувофиқ шудани сифати обе, ки мутобиқи талаботи меъёрӣ муқаррар гардидааст, бояд барои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани истифодабарандагон чора бинанд, бо ин мақсад манбаъҳои эҳтиётӣ ва системаи обрасонии оби нӯшокӣ, воситаҳои техникии маишӣ ва дастаҷамъии тоза ва безараргардонии об, таъмини оби нӯшокӣ дар зарфҳо ё расонидани онҳоро дар зарфҳо (систернаҳо) барои истифодаи умум таъмин намоянд».

Ростӣ, ки дигар намехостам ба ин мавзӯъ баргардам, вале як нукта маро барои пайгирии минбаъдаи ин масъала ва мавзӯъ таҳрик бахшид, чаро ки тибқи фармони № 622 - и раисҷумҳур, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Имомалӣ Раҳмон масъулин баъди нашри матолиби таҳлилию тавсиявӣ ва интиқодӣ бояд вокунишу аксуламале нишон диҳанд ва фикр мекардам дар ҳамкорӣ бо сокинон дар паи ислоҳи вазъи ба амаломада мешаванд, на ин ки мисли аксари масъулин бо дурӯғгӯ кардани муаллифони матлабҳои интиқодӣ вазифаи худро анҷомшуда донанд.

Ҷойи он ки онҳо бояд аз ҳамкорӣ бо шаҳрвандон сипосгузор бошанд ва такя ба нируи зеҳнию фитрии шаҳрвандон намоянд, даст ба тахдиду фишорҳо мезананд. Воқеан ҳам, қонунгузории имрӯза ба мо ин имконро фароҳам овардааст, ки дар раванди идоракунии умури давлатӣ ширкат намуда, дар ташаккулу таҳаввули ҷомеаи маданӣ (шаҳрвандӣ) саҳим бошем. Аз ин хотир, баъди ним соати занги таҳдиди телефонии раиси мӯҳтарам бори дигар рафтам суроғи масоойили марбут ба таъминоти мардум бо оби тозаи ошомиданӣ.

/images/stories/2012/09/17_2-kulob-ob-170912.jpgЧун ба ин масъала ҷиддитар машғул шудам, дидам, ки ҳолат бадтар аз он аст, ки ман тасвиру тасаввур мекардам. Сокинон изҳор доштанд, ки қаблан беҳтар буд, ки тавассути харҳо аз кубурхои зери купруки маҳаллаи «Фирдавсӣ» об мекашонидем, ҳоло боз се километри дигарро бо харҳо тай карда, аз зери қубурҳои калони кафидаи маҳаллаи «Сино» (поёни Сойи Тебалай) об кашонида меорем. Яъне роҳи таймекардаамон боз тӯлонитар шуда монд.

Ҳатто дар чандин нуқтаҳои маскунии наздик ба маркази шаҳр, ки ҳар рӯз меҳмонони зиёди дохилию хориҷӣ аз ин шоҳроҳи Душанбе - Кӯлоб убуру мурур мекунанд, мардум тавассути аробаҳои бобоӣ ва харҳо ба кашонидани оби тозаи ошомиданӣ машғуланд. Пас аз дидани ин манзараҳо ва як таҳқиқи кутоҳи мавзӯи мазкур ростӣ, ба ҷои раиси Идораи об, ки даъвои худсафедкунӣ дар масъалаи таъмини об бо сокинонро дошт, шарм доштам. Ғалат кардам, ки қаблан гуфтам, обро мардум аз масофаи 200 метр то 2 км. мекашонанд.

Чун наздик ба маҳаллаи калонтарини мусаммо бар «Сино» шудам, дидам, ки чанд нақлиёти обкашии махсус дар зери қубурҳои калонтарини шаҳр (наздики масҷиди мавсум ба «Мулло Ҳайдар»), ба пур кардани об дар ҳаҷми якчанд тонна оби тоза машғуланд. Ду нафари онҳо гуфтанд, ки онҳо обро ба масофаи 5 - 6 км. дуртар аз ин ҷо бурда, ба мардум мефурӯшанд. Яке аз онҳо, ки мусаммо бар  Абдуҷаббор буд, гуфт, ки ин обро ба ивази сарфи 40 - 50 сомонӣ барои маводи сӯхти нақлиёташ ба маҳаллаи ба номи «Содиқов» барои аҳли ойилааш мекашонад, вале аз сабаби оне, ки ҳаққу ҳамсояҳо низ истифода мекунанд, ӯ иҷборан баъди чанд рӯзе боз барои пур кардани захираҳои обии ойилавиаш ба ин ҷо барои кашонидани об меояд.

Пурсидам, ки дар маҳаллаи Шумо набояд, ки мушкилоте марбут ба об бошад, гуфт, ки дар маҳаллаи ба номи «Содиқов» ҳамагӣ барои як соату ним оби каме дар қубурҳо пайдо мешавад, ки он қонеъгари ниёзу талаботи мардум буда наметавонад. Суоли матраҳ он аст, ки киҳо барои кашонидани об аз ин се қубури калонтарини шаҳр се – чор ҷои онро суроху шикоф намуда, ба поён ба даруни Сойи Тебалай фаромада, анҷому таҷҳизоти худро барои об пур кардан иқдоме карда бошанд??? Оё масъулини соҳа аз чунин вазъ бохабаранд?

Баргаштам аз ин «сафари кориам» ва хостам ба хона оям, вале чашмам дар маркази шаҳр ба ҳолати дигаре дар маҳаллаи «Якуми Май» афтод, ки занҳою духтарони зиёде дар назди нуқтаи ҷамъиятии оби нӯшокӣ дар интизори омадани об нишастаанд, пурсидам, ки ин чӣ ҳолу аҳвол аст? Гуфтанд, ки дар интизори об нишастаем, ки он барои яксоату ним хоҳад омад ва метарсем, ки навбатамон намерасад ва масъулин бошанд ҳар рӯзу ҳар моҳ аз мо талаби пули пардохти об менамоянд!

Аксҳое гирифтам ва хостам роҳамро идома диҳам, вале ҳолатҳои дигареро вобаста ба камбуди об дидаму натавонистам, ки ҳамсӯҳбати сокинон нашавам! Маълум шуд, ки бо сабабҳои барои мо номаълум об на ҳама вақт ва на барои ҳама дастрас аст! Аз ин ҷост, ки мардум соатҳои зиёде вақти худро сарфи навбатпойӣ ва гирифтани об мекунанд! Ин мушкилот марбути маркази саввумин калонтарин шаҳри Тоҷикистон ва маҳаллаҳои атрофи он аст. Вазъ дар деҳоти атроф хеле ҷиддӣ ба назар мерасад ва ҳанӯз ҳам дар асри техникаву технологияи 21 хар (маркаб) ягона василаи таъмикунии об ба сокинон боқӣ мондааст.

Шояд мушкилоти марбут ба оби поки ошомиданист, ки дар шаҳри Кӯлоб дар фасли гармо мубталоёни амрози сироятӣ сабт мешаванд. Мушкили нарасидани оби ошомиданӣ ва қубурҳои обрасонӣ, бахусус дар маҳаллаҳои баландошёнадор боиси ташвиш аст. Тақрибан, аксари қубурҳои обрасонии баландошёнаҳо зангхӯрда шудаанд, ки таъсираш ба сокинон маълум аст. Аз сӯи дигар, ба ҷуз ошёнаҳои якуму дуввум кам баландошёнае вуҷуд дорад, ки об то хонаҳои болояш барояд.

Воқеан, мӯҳтарам Алиев А. – раиси мӯҳтарами муассисаи обтаъминкунии шаҳри Кӯлоб дуруст ҳам мефармоянд, ки ҳатто дар қитъаҳои навбунёд барои селзадагон об таъмин кардаанд! Вале, суоли матраҳ он аст, ки оё ин амалро «таъминоти пурраи об» гуфтан месазад? Рафтам ба қитъаҳои якуму дуюму сеюму чоруму панҷуму шашуми маҳаллаҳои навбунёд, маълумам гашт, ки ҳатто ҳолатҳое мешаванд, ки аз ду то се рӯз ҳам мардум дар интизори об менишинанд!

Агар матлаб қазияи нарасидани нирӯи барқ барои таҷҳизоти обкаш бошад, охир тобистон аст ва тамоми муассисаю мардум бо нируи барқ таъминанд-ку??? Дар қитъаҳои мазкур низоми обтаъминкунӣ сохтаанд, вале дар ин нуқтаҳои ҷамъиятӣ об аз як то се соат гоҳе пайдо мешаваду баъзан то ду - се рӯз нопадид мегардад! Ҳатто оддитарин ҷумаку таҷҳизоти хоса насб нагаштааанд, фақат қубурҳои полиэтиление насбу васл шудаанд, ки шояд арзише зиёдтар аз 3 то 4 сомонӣ барои ҳар як метр надошта бошанд, истифода шудаанду халос!

Дуруст аст, ки мӯҳтарам Алиев А. шахси тозатаъйин ҳастанд ва ҳатто ҳукумати шӯравӣ ҳам натавониста буд, ки шаҳри Кӯлоб ва шаҳрвандонро пурра бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намояд! Вале, ин нукта, ки Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ барои азнавсозӣ ва пурра таъмин шудани мардуми Кӯлобшаҳр чандин миллион евроро тахсис дода буданд, оё самаранок мавриди истифода қарор гирифтаанд ва ё на?

/images/stories/2012/09/17_3-kulob-ob-170912.jpgЧаро чандин аср қабл мардуми ғаюри Кӯлобшаҳри бостонӣ замоне, ки ба дигар гӯшаҳои олам хостаю нохоста ҳиҷрат менамуданд, хосатан зикр мекарданд, ки «Кӯлоб будам оби ширин мехӯрдам!»??? Оё чандин аср қабл аз ин мардуми Кӯлобшахр бо оби ошомидании тоза дурусттару хубтар таъмин буданд? Оё чӣ шуд, ки дар ҳазораи сеюму садаи бисту якум, ки техникаю технология хеле пешрафт кардааст, мардум аз беобию камобӣ меноланд!

Фармони раҳбари давлат ва раиси ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба вокуниши масъулин ба маводу матолиби рӯзноманигорон ва рӯзномаҳо чанд маънию мӯҳтаво дошта бошад? Оё ин фармону қарор ҷиҳати ба додгоҳ кашидани сокинону шаҳрвандон ва рӯзноманигороне равона карда шудааст, ки тавассути масъулин бояд ба додгоҳ кашида шаванд ва ё бояд тибқи он мушкилоту камбудхо зудтар ислох шаванд???

Аҷиб аст ва банда ҳам касеро муҷриму гунаҳкор намешуморам, вале чун тамомии шаҳрро бори дигар давр задам надидам ҳавлӣ ва ё қасру кушки нафареро, ки корманди мақомоти иҷроия ва ё сарватманде бошаду дар дохили биною ҳавлиаш қубури шахсию хусусии обнӯшӣ надошта бошад! Инро мо бояд чӣ гуна дарку фаҳм кунем??? Масалан, дар ҳамон маҳаллаи беоби «20 - солагии Истиқлолият» онҳое, ки кормандони масъули мақомоти иҷроия ва сарватмандон ҳастанд то ба даруни ҳавлиашон оби ошомиданиро кашонидаанд, вале боқӣ мардуми фақиру бенаво чӣ кор кунанд??? Ё шояд мардумро ба фақиру бенаво ва ғанию сарватмандон ҷудо кардаанду мо бехабар???

Банда ҳамроҳи чанде аз ҳаққу ҳамсояҳо (Ҳоҷӣ Баҳодур, Давлатшоҳ, Бадриддин, Шарофиддин) соли гузашта назди раиси мӯҳтарами ин муассиса - ҷаноби Алиев А. ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти вобаста ба камбуди об дар маҳаллаи «20 - солагии Истиқлолият» чандин маротиба рафта будем ва маслиҳат ҳамин шуда буд, ки ҳар як ойила бояд 400 - 500 сомонӣ ҷамъ карда супуранд ва баъд ин муассиса аз пайи таъмини ин маҳалла бо об хоҳад шуд!

Гуфтанӣ нестам, ки ин амал носавобу ғайриқонунӣ менамояд, чаро ки ба чунин рафтору гуфтор ва амалҳо бояд мақомоти салоҳиятдор баҳои ҳуқуқӣ диҳанд !!! Аҷибтар аз ҳама он аст, ки аксари онҳое, ки тавассути маркабҳо (харҳо) дар Кӯлобшаҳр ба кашонидани об машғуланд занону духтароне ҳастанд, ки шавҳару бародарон ва фарзандонашон дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд! Пас ин як навъ заҷру машаққату азияте нест, ки мардон дар кишварҳои бегона даст ба муздурӣ мезананду занону ҳамшираҳо бо ранҷу машаққатҳо ба обкашонӣ машғуланд??? Ба тарбияи фарзандонашон кай ва киҳо бояд машғул шаванд?

Мӯҳтарам Алиев А. бошад мегӯяд, ки ман акси харҳои обкашро гӯё аз интернет гирифта бошам! Ҷаноби Алиев А.! Наход надонед, рӯзномаҳо ҳам шакли чопӣ доранд ва ҳам шакли электронӣ! Ҳамон акси харҳои обкашро, ки дар интернет дидаед, мансуб ва мутааллиқ ба маводу мақолаи пешинатари банда аст! Фақат ин дафъа, ки акси харҳои обкашро мегирифтам, дастгоҳи аккосиамро тариқе ҷур кардам, ки рӯзу солу соату дақиқаи онро ҳам бароятон нишон диҳад! Ахиран тасмим гирифтам, ки ба ин масъала минбаъд боз ҷиддитар машғул шавам! Кор то дараҷае расидааст, ки ҳатто дидам тавассути аробаҳо ба дохили бозори калонтарини минтақа дар шаҳри Кӯлоб (Бозори «Саховат») об ворид менамоянд то тоҷирону эҳтиёҷмандон аз он истифода намоянд!

Мехостам якчанд фикру тавсияҳои худро роҷеъ ба ҳаллу фасли норасоии оби ошомиданӣ дар Кӯлобшаҳр баён намоям:

1.Оё имкон надорад, ки дар ин самту соҳа ашхоси салоҳиятдору мутахассисини кордон кору фаъолият намоянд?

2.Оё чунин имкон мавҷуд нест, ки дар ҳолати каср ва камбуди буҷаи шаҳру ноҳияҳо аз усул (принсип) - и «ҳамкории иҷтимоӣ» истифода намуда, дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти иҷроия, соҳибкорон ва созмонҳои иҷтимоъӣ низ ҷалбу ҷазб ва сафарбар шаванд??

3.Оё имкон надорад, ки сарватмандону масъулине, ки чунин мушкилот дунболагирашон нест, дар фикру мардуми оддию фақиру бенавотаре ҳам бошанд???

4.Мушаххас аст, ки масойили марбут ба истифодаи барқ мавриди танзиму маҳдудиятҳо қарор дода шудаанд, вале мо бехабарему масойили вобаста ба таъминоти об ҳам барои мардуми бенавою фақир мавриди танзиму маҳдудиятҳо қарор гирифтаанд, ки аз як то се соат об меояду тамом??? Агар камбуди барқ бошад, охир инсоф ҳам даркор аст, ҳоло тобистон асту барқ фаровон-ку???

5. Раҳбарони мақомоти иҷроияи шаҳру навоҳӣ ва вилоётро зарур аст то матни Фармони №622 - ро барои масъулини самту соҳаҳои алоҳида дастрас намоянд, то онҳо аз мазмуну мӯҳтавои он воқиф шуда, минбаъд ба ҷои таҳдидҳо аз пайи ислоҳи вазъ ва ҳамкорӣ бо рӯзноманигорону муаллифини матлабҳои таҳлилию тавсиявӣ ва интиқодӣ шаванд!

Иловатан зикр карданиам, ки аксҳои навбатӣ рӯзҳои ахир гирифта шудаанд, на барвақттар! Гузашта аз ин, бо мардум мусоҳиб шуда якчанд навори тасвирӣ ҳам дасти мо мавҷуд аст! Вассалом!

Ҷумъахон АЛИМӢ, ш. Кӯлоб, махсус барои «Ruzgor.tj»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi