04:47:32 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РУСИЯ БЕШ АЗ 200 СОКИНИ ХАТЛОНРО "ДЕПОРТ" КАРД. БАРОИ...

Депортатсияи 226 сокини Хатлон аз Русия ба Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ним миллион сомонӣ зиён расонидааст. Додгоҳҳои Русия ин шаҳрвандонро ба сабаби вайрон намудани қоидаҳои будубош ва вуҷуди нуқсон дар шиносномаҳои тоҷикиашон ихроҷ кардаанд.

/images/stories/2012/09/07_deport-070912.jpgАмирбек, ҷавони 33-сола аз ноҳияи Бохтар, аз ҷумлаи шаҳрвандони депортатсияшуда мебошад, ки мақомоти Русия танҳо бо баҳонаи дуранга ва нопурра будани мӯҳри болои расми шиносномааш ӯро аз кишвар берун кардаанд. Амирбек дар ин нуқси фаннии шиносномааш масъулони шиносномадиҳии шӯъбаи вазорати умури дохилӣ дар ноҳияи Бохтарро муҷрим медонад, ки боис ба депортатсия шуданаш аз Русия ва маҳрум мондан аз манбаи хуби даромади хонаводагиаш гардидааст.

Ҳамакнун Амирбек дар ширкати хусусие ба ҳайси бинокор фаъолият карда, бо ҳақмузди начандон зиёди моҳонааш ниёзҳои хонаводаашро бароварда месозад: "Дар Норак, дар сохтмоне кор карда истодаам. Маошамро медиҳанд, аммо назар ба маблағе, ки дар Русия ба даст меовардам, хеле кам аст. Бояд фарзандонро ба пой хезонам, шароити мусоид барои таҳсилашон фароҳам орам. Ягона умедам ба муҳоҷират буд, ки бо айби кадом одами камсаводи шиносномадиҳӣ, чанд сол Русия рафта наметавонам."

Амирбек то 5 соли оянда ҳуқуқ надорад, ки ба қаламрави Русия ворид шавад. Чунин муҷозотро қонунгузории Русия барои шаҳрвандони хориҷии депортатсияшуда пешбинӣ кардааст. Вай афзуд, талош кардааст, исму насабашро дар шиноснома тағйир дода, дубора ба кишвари муҳоҷират баргардад, аммо ин бор масъулони фурудгоҳ монеи сафараш ба Русия шудаанд. Зеро, маъмулан, ному насаб ва маълумоти дигар дар бораи шаҳрвандони депортшуда дар базаи ягонаи мутамаркази сарҳадӣ мавҷуд буда, онҳо дар ҳар сурат аз гузаргоҳҳои марзии ин давлатҳо бозпас гардонида мешаванд.

​​Ба ин тартиб, имсол танҳо дар фурудгоҳҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб аз парвози 190 нафар ба самти Русия ҷилавгирӣ шудааст, ки ё дар шиносномаашон хатоҳои техникӣ ҷой дошт, ва ё мӯҳлати эътибори он сипарӣ шуда буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳаҷми зиёни молии расида аз депортатсияи 226 сокини вилояти Хатлон аз Русия танҳо ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ беш аз 450 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Саидқадам Зоиров, додситони нақлиётии вилояти Хатлон, зимни тасдиқи ин хабар гуфт, хисороти молие, ки аз ин ҳисоб шаҳрвандон бардоштаанд, низ қобили мулоҳиза мебошад. Ҷаноби Зоиров афзуд, "дар 33 мавриди депортатсияи сокинони вилояти Хатлон аз Русия айби бевоситаи раҳбарият ва кормандони идораи шиносномадиҳии сохторҳои вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии Хатлон дида мешавад."

Коршиноси маҳаллӣ Рустами Сафар бар ин назар аст, ки аз радди марз шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ширкатҳои чиптафурӯшӣ низ метавонанд ҷилавгирӣ кунанд. Вай бо такя ба талаботи қонун гуфт, ширкати чиптафурӯшӣ муваззаф аст, танҳо ба онҳое билети ҳавопаймо фурӯшад, ки шиносномаашон комил ва бенуқсон аст:

"Чеҳраҳои зебоеро ба унвони хазинадор дар ширкатҳои чиптафурӯшӣ ба кор қабул мекунанд, аммо ба дониши забониашон аҳамият намедиҳанд. Бинобар ин, онҳо ба дурустию нодурустии ҳуҷҷатҳои мусофир сарфаҳм намераванд. Аз сӯи дигар, чиптафурӯшоне ҳастанд, ки ба нуқсони шиноснома сарфаҳм раванд ҳам, онро мефурӯшанд. Зеро агар мусофири ҳавопаймо чиптаашро ба ширкати чиптафурӯшӣ бозпас гардонад, аз ӯ ба андозаи 25 дарсад ё аз ин бештари арзиши чипта ҳамчун ҷарима барои парвоз накарданаш ситонида мешавад."

​​Ҳамакнун додситонии нақлиётии вилояти Хатлон баҳри пешгирии сабаб ва омилҳои бозпасгардонии шаҳрвандон, аз раёсати Вазорати умури дохилӣ дар вилояти Хатлон, мудирони ширкатҳои "Ист Эйр", "Ҳамадон" ва Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб талаб кардааст, ки фаъолияти худро дар чаҳорчӯби қонун ба роҳ монда, аз омодасозии шиносномаҳои нуқсондор ва фиреби мусофирон ҷилавгирӣ кунанд.

Додситонӣ ҳамчунин тасмим гирифтааст, барои кормандони мизҳои шиносномадиҳӣ ва ширкатҳои чиптафурӯшӣ давраҳои омӯзишӣ доир намуда, тарзу усули дурусту бехато пур кардани шиносномаҳо, тартиб ва қоидаи убури сарҳади давлатӣ ва ҳангоми фурӯши чиптаи ҳавопаймо ба кадом намуди хатоҳо дар шиноснома эътибор доданро омӯзонад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi