17:13:57 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ХОНУМИ АЙЁМБЕКОВ: "ШАВҲАРАМ БОЗДОШТ НАШУДА ВА ДАР ХОНА АСТ"

Бар асоси иттилоъи расида аз шаҳри Хоруғ, Толиббек Айёмбеков, яке аз фармондеҳони қаблии мухолифон, аз мардуми Бадахшон ва афроди силоҳдор даъват кардааст, ки қазияи пешомада дар ин вилоятро бидуни “хунрезӣ” ҳалл кунанд.

/images/stories/2012/08/13_talibayambekov-130812.jpgБа гуфтаи як хабарнигори мустақил дар шаҳри Хоруғ, ин нахустин бор аст, ки аз сӯйи додситонии кулли Тоҷикистон дар иртикоби ҷароими мухталиф муттаҳам шудаанд, тавассути шабакаи телевизиюни маҳаллии давлатӣ суханронӣ мекунад. Оқои Айёмбеков дар навори телевизюни гуфтааст, ки ӯ ва бародаронаш ба хотири таъмини субот дар Бадахшон худро ба мақомот таслим шудаанд.

Ин навор, рӯзи якшанбеи 12 август аз телевизюни маҳаллии шаҳри Хоруғ садо дод ва дар он оқои Айёмбеков мегӯяд, ки "ҷонибдорӣ қонун аст ва суд (додгоҳ) тасмим мегирад, ки гунаҳкор аст." Ва оқои Айёмбеков гуфтааст, ки интизори сафари Президент Раҳмон ба Бадахшон будааст. Оқои Айёмбеков дар ин суханронӣ таъкид кард, ки қазияи Бадахшон "кори душманони Тоҷикистон" будааст.

Ин дар ҳолест, ки баъд аз оғози амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғ маҳалли буду боши оқои Айёмбеков норӯшан буд. Амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ ба манзури боздошти афроди мазнун дар қатли Абдулло Назаров, раиси бахши амният дар Бадахшон, 24 июли соли равон оғоз шуд.

Женерол Назаров рӯзи 21 июл дар як муноқиша дар наздикии шаҳри Хоруғ кушта шуд ва мақомот афроди вобаста ба Толиб Айёмбеков, масъули идораи марзбонии ноҳияи Ишкошимро, ки аз фармондеҳони бонуфузи мухолифон дар замони ҷанги дохилӣ маҳсуб мешуд, дар ин ҳодиса мазнун донистанд. Худи оқои Айёмбеков дар номае ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон иртиботи худ ва наздиконаш бо ин ҳодисаро такзиб карда буд.

Сипас дар авохири моҳи июл, Додситонии кулли Тоҷикистон, бо интишори иттилоъияе гурӯҳҳои вобаста ба чаҳор тан аз фармондеҳони собиқи мухолифон, Толиббек Айёмбеков, Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Имомназар Имомназаров ва Ёдгор Маҳмадасламов, ба иртикоби беш 20 ҷурм, аз ҷумла қочоқи маводди мухаддир, одамрубоӣ, қочоқи сангҳои қиматӣ вапечӣ аз пардохти бадиҳиҳо ба бонк муттаҳам кард.

Ҳамчунин додситонӣ мегӯяд, ки ин "чаҳор гурӯҳи ҷинояткор" дар солҳои 2000 то 2012 ҷавонони маҳаллиро дар атрофи худ ҷамъ карда ва ба ҷароими сангине, назири роҳзаниву одамкушӣ, ба ҳам задани назми умумӣ, қочоқи маҳсулоти танбоку, муқовимати мусаллаҳона бо мақомоти давлатӣ ва саркашӣ аз пардохти молиёт, даст задаанд. Ҳамакнун иддае аз сокинони шаҳри Хоруғ мегӯянд, ки оқои Айёмбеков дар ҳоли ҳозир дар манзилаш ба сар мебарад.

Ба гуфтаи бархе дигаре аз шоҳидон, оқои Айёмбеков, ки дар амалиёти рӯзи 24 июл ҷароҳат бардоштааст, дар бемористони шаҳри Хоруғ ба сар мебарад ва қарор аст, ки базӯдӣ мавриди амали пизишкон қарор бигирад. Ин дар ҳолест, ки хабаргузории давлатии “Ховар” аз таслим шудани оқои Аймбеков ба нерӯҳои интизомии Тоҷикистон хабар додааст.

Ин хабаргузорӣ менависад: “Бегоҳиии рӯзи 12-уми моҳи август Толиб Айёмбеков тариқи телевизиони вилоятӣ баромад карда, изҳор дошт, ки ману бародаронам ба хотири оромӣ дар вилоят ва қоимии сулҳу салоҳ дар саросари ҷумҳурӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим мешавем. Дигаронро даъват менамоем, ки силоҳҳои ғайриқонунӣ дар даст доштаро супоранд.”

Аз сӯйи дигар, як мақомои пулиси вилояти Бадахшон гуфтааст, ки масъалаи таслим дар ин миён матраҳ нест ва сухан аз "боздошт"-и Толиббек Айёмбеков меравад. Аммо Дилбар Мукойиршоева, хонуми оқои Айёмбеков, рӯзи душанбеи 13 август, ба Би-би-сӣ боздошт шудани шавҳарашро такзиб кард.

Вай афзуд, ки ҳарчанд шавҳараш ҷароҳат бардоштааст, вале ҳоло вазъи саломатиаш чандон нигаронкунанда нест. Ҳамчунин, ба гуфтаи вай, шавҳараш ҷароиме, ки алайҳи ӯ дар як моҳи ахир ворид шудааст, қабул надорад.

Хонум Мукойиршоева афзуд: “Шавҳарам дар бунгоҳи тиббӣ дар назди манзиламон ҳаст. Ва пизишкон ба он ҷо омада, ӯро табобат мекунанд. Вале ман дар ҳайратам, ки чи тавр ӯ дар тӯли як рӯз аз фарди оддӣ ба терурист мубаддал шудааст. Бавижа, дар расонаҳо навиштаанд, ки шавҳарам дар духтардӯздӣ муттаҳам аст. Ин ба ақли кас рост намеояд ва дурӯғи маҳз аст. Вай барои пеш рафатни ҷараёни таҳқиқот ба мақомот ҳамкорӣ мекунад.”

Хонум Мукойиршоева ҳамчунин даст доштани оқои Айёмбеков дар қочоқи маводди мухаддирро такзиб кард ва гуфт: “Баъд аз дидор бо Ҳозиримом дар соли 1995, Толиб ва бачаҳои дигар ваъда доданд, ки ба маводди мухаддир даст намезананд.”

Ҳамсари оқои Айёмбеков ҳамчунин мегӯяд, ки шавҳараш аз бонк бидеҳӣ гирифта ва ҳамроҳ бо бародаронаш машғули соҳибкорӣ будааст. тВай афзуд: “Агар шавҳарам ин қадар пулдор мебуд, ман кор намекардам, вале ман низ дар баробари ҳамаи занони бадахшӣ машғули кор ҳастам ва ба рӯзгори хонавода кӯмак мекунам.”

Аммо ҳамсари оқои Айёмбеков мегӯяд, ки шавҳараш ба фурӯши тамоку ва семон машғул буда ва агар дар ин ҷода иштибоҳе кардааст, вай омода аст, ки барои ин фаъъолиятҳо ҷавоб диҳад. Вай ҳамчунин афзуд, ки шавҳараш омода аст дар ин бора бо намояндагони расонаҳои мухталиф сӯҳбат кунад.

Дар ҳамин ҳол, ду рӯзи қабл ду нафар дигар аз сокинони шаҳри Хоруғ, ки дар қатли Абдулло Назаров, раиси бахши кумитаи амнияти вилояти Бадахшон мазнун дониста мешаванд, худро ба нерӯи интизомӣ таслим кардаанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi