03:48:55 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ХОДИМОНИ ДИН ҲАҚҚИ ТАФТИШИ КОРХОНАҲОИ ИСТЕҲСОЛРО ХОҲАНД ДОШТ

Дар Тоҷикистон ояндаи наздик барои маҳсулоти озуқаворӣ стандарти нави «ҳалол» ҷорӣ мешавад. Бахтиёр Шукуров, раиси Агентии «Тоҷикстандарт» мегӯяд айни ҳол дар мағозаҳои Тоҷикистон бисёри маҳсулоте, ки зери тамғаи «ҳалол» фурӯхта мешаванд, дар асл «ҳалол» нестанд.

/images/stories/2012/08/04_tojikstandart_040812.jpgВай аз натиҷаи тафтишоташон дар корхонаҳои истеҳсолии кишвар иттилоъ дод, ки тавлидкунандагон аз талаботи стандарти «ҳалол» бехабаранд: «Дар мо бисёр маҳсулот бо тамғаи «ҳалол» тавлид мешаванд. Вақте корхонаҳои истеҳсоли ҳасибу дигар маҳсулотро тафтиш намудем, муайян шуд, ки худи масъулини корхона аз стандарти «ҳалол» бехабаранд. Бо технологияи оддӣ кор карда, тамғаи «ҳалол» мезананд. Аммо ин стандарти «ҳалол» нест».

Шукуров мегӯяд дар кишвар таваҷҷӯҳи мардум ба маҳсулоти тамғаи «ҳалол» майли густариш дорад ва афзуд, ки дар аксари ҳолат фиреб мехуранд.

Раиси «Тоҷикстандарт» мегӯяд ҷиҳати пешгирии фиреби истеъмолкунандагон маҷбур шудаанд ба таҳияи стандарти «ҳалол» пардозанд ва тақрибан онро ба анҷом расонданд. Вай таъкид кард, ки стандарти тоҷикии «ҳалол» дар паи омӯзиши таҷрибаи кишварҳои дигари мусулмоннишин ва мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ, Кумитаи дин, Шӯрои уламо ва Хадамоти байторӣ омода мегардад.

Дар мавриди назорати риояи стандарти «ҳалол», ки ҳанӯз аз замони забҳи чорво то охир талаботи худро дорад, Шукуров афзуд, ки ходимони дин аз Кумитаи дину Шӯрои уламо ҷалб хоҳанд шуд: «Аз ҷумлаи пешниҳоди Кумитаи дину Шӯрои уламо буд, ки зимни тафтишоту рейдҳои риояшавии сатандарти «ҳалол» ҳатман, ки бояд намояндаи онҳо бошад. Мо инро ба назар гирифтем».

Ҳамин тариқ дар Тоҷикистон, ки ҳудуди 98 фоизи аҳолиаш мусулмон аст, аксаран хариди маҳсулоти озуқаворӣ ҳам бо назардошти меъёрҳои дин сурат мегирад. Шамс Исмоилов фурӯшандаи маҳсулоти хӯрокворӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд бисёри муштариёнаш зимни хариди маҳсулоти гӯштии истеҳсоли хориҷӣ аксаран суол мекунанд, ки оё ҳалол аст:

«Харидорони ҳасибҳои тоҷикӣ он қадар намепурсанд, медонанд, ки ҳалол аст. Аммо агар маҳсулоти истеҳсоли Русия ва Қазоқистон бошад бисёриҳо суол мекунанд, ки оё ҳалол аст? Ман ҳам алҳамдулилоҳ мусулмонам ва ба мағозаам маҳсулоти ҳалолро меорам».

Дар бозори озуқавории Тоҷикистон маҳсулоте, ки аз нигоҳи дини Ислом ҳалол нестанд, кам вомехуранд. Аз ҷумла гӯшти хук бо вуҷуди он, ки миёни мардуми славянии муқими Тоҷикистон мухлисони зиёд дорад, дар бозорҳои кишвар тақрибан нест.

Екатерина як сокини рустабори шаҳри Душанбе шикоят дорад, ки бархилофи солҳои пешин айни ҳол ҳатто дар пойтахти Тоҷикистон дарёфти гӯшти хук ғайриимкон шудаст. Чанд корхонаи хукпарварии ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе фаъолиятро қатъ намудаанд. Сабабаш камбуди қувваи корӣ арзёбӣ мегардад, чун коргарон ба далели аз нигоҳи дини Ислом ҳаром будани хук аз парвариши он даст кашидаанд.

Дар шароити таваҷҷӯҳи рӯзафзони мардуми кишвар ба маҳсулоти тамғаи «ҳалол» -дор, таҳлилгарон мегӯянд эҳтимоли фиреби мардум ҳам зиёд мешавад.

Раҳим Комилов, таҳлилгари масоили иқтисодӣ, таҳия ва роҳандозии стандарти «ҳалол» - ро дар Тоҷикистон дар сурате қобили дастгирӣ гуфт, агар аз ҷониби масъулин ба сифати баҳонаи ҷадид барои тафтишоти ғайринавбатии корхонаҳои истеҳсолӣ ва кандани маблағ аз соҳибкорон истифода нашавад:

«Хуб мешавад агар соҳибкороне, ки зери тамғаи «ҳалол» маҳсулот тавлид мекунанд, тамоми талаботу меъёрҳои онро донанду риоя кунанд. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳама метавонанд тамғаи «ҳалол» зада, маҳсулот тавлид намоянд. Ин аз як тараф фиреби мардум, фиреби истеъмолкунанда аст».

Масъулини «Тоҷикстандарт» стандарти «ҳалол» - ро дар Тоҷикистон ихтиёрӣ мегӯянд. Аммо барои соҳибкороне, ки ин тамғаро ихтиёр намуда, зери он мол истеҳсол мекунанд, риояи меъёрҳои он ҳатмӣ мешавад. Намояндагони агентӣ мегӯянд баъди қабули ин стандарт риояи меъёрҳои онро зери назорат мегиранд.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi