20:41:10 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МУҲАММАДИ ТИЛЛОЗОДА: “МОШИНСАВОРИРО ХУБ БАЛАДАМ, ИН НООМАДИ КОР БУД”

Мусоҳибаи ихтисосӣ бо писари раиси ҲНИТ баъди раҳоиаш аз додгоҳ.

Писари раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ рӯзи душанбе бо пардохти 40 ҳазор сомонӣ аз додгоҳи ноҳияи Ваҳдат раҳо шуд. Муҳаммади Тиллозодаи 21-сола дар рух додани садамае бо сабаби бепарвоӣ ва саҳлангории ронанда айбдор дониста шудааст, ки дар ниҳоят сабаби марги писарбачаи 12-сола шудааст.

/images/stories/2012/06/25_muhammad-tillozoda_250612111.jpgИн ҳодиса рӯзи 3-юми май дар канори деҳаи Андигони ноҳияи Ваҳдат рух додааст. Дар рӯзи аввали фоҷеа волидони Муҳиддин Ортиқов гуфтанд, ки аз гуноҳи М. Тиллозода гузаштаанд. Худи Кабирӣ тавассути матбуот ба баррасии одилонаву қонунии ин қазия даъват карда, аз мудохила ба ҷараёни додгоҳ худдорӣ кардааст.

-Озодӣ муборак шавад, Муҳаммад. Чӣ эҳсосе шуморо фаро гирифтааст?

-Шукронаи худо, эҳсоси хурсандӣ мекунам.

-Ба фикри худи шумо, фоҷеа бо чӣ сабаб рӯй дод?

-Фоҷеа аз беэҳтиётии мо сар зад, беэҳтиётии тарафайн. Ман ҳангоми дидани кӯдак дар миёна роҳ сигнал додам, вале ӯ дар ҷои худ истод ва ба ман назар кард. Чун мошин наздик расид, ӯ ҳам мисли ман, худбоварӣ кард ва давиду ин ҳодиса шуд.

Ноомади кор дар он буд, ки ман фурсат доштам, ки мошинро манъ кунам, вале чун ман мошинро ба тарафи рост гирифтам, ва кӯдак ҳам дар ҳамин ҳолат дар ҷояш меистод ва гӯё ба ҳамон самти рост ҳамла мекард, мисле ки ба ҳамон тараф гузарад. Яъне ҳамон тарафе, ки ман мошинро гардондам, ӯ ҳам ба ҳамон тараф ҳаракат кард ва фоҷеа рух дод.

-Таҷрибаи ронандагии шумо чандсола аст?

-Ба таври расмӣ ман таҷрибаи дусола дорам, вале то замони ба даст гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ҳам мошинсавориро дар деҳа таҷриба кардаам. Ман мошинсавориро хуб баладам, ин ноомади кор буд.

-Шабу рӯзе, ки дар боздоштгоҳ будед, аз сари шумо чӣ гузашт? Шунидем, ки шуморо лату кӯб карданд.

-Рӯзи аввале, ки он ҷо ворид шудам, тасаввуротам комилан дигар буд. Лату кӯб ба онҳо урфу одат шудааст. Ҳар касе, ки тоза медарояд он ҷо, бояд аз он имтиҳон, аз зулму золимӣ гузарад. Вақте ки маро он ҷо дароварданд, муддати 15-20 дақиқае, ки латукӯб карданд, пасон фаҳмиданд, ки писари киву чӣ мешавам, узрхоҳӣ карданд ва ба ҳуҷра дароварданд. Вақте он ҷо будам, фаҳмидам, ки нисбати дигар бародарон, шаҳрвандон зулм бениҳоят аст. Вале рӯзҳое охир ҳис мекардам, ки зулм камтар шуд, шояд бо сабабе, ки мо хабарре берун набарем.

-Яъне милисаҳо заданд?

-Бале, як дафъа заданд. Маҳбусон кордор нестанд, баръакс, онҳо тарсидаанду пуштибонӣ мекунанд. Равияи кору зиндагӣ дар дохили маҳбасро меомӯхтанд.

-Чанд нафар ҳамроҳатон дар боздоштгоҳ буданд?

-Тамоми муддат, 34 ё 35 рӯзе, ки мо он ҷо будем, мегуфтанд, ки дар карантинем. Ва маҳбусон то 10-15 рӯз он ҷо буданду баъд ба ҳуҷраҳои дигар интиқол меёфтанд. Ман тамоми вақт он ҷо будам. Ҳуҷра барои 12 нафар буд, вале гоҳо 15 ва дигар вақт 20 нафар мешудем.

-Дар масъалаи таҳсилатон каме иттилои норӯшан ба даст мерасад. Аввал гуфтанд, ки шумо дар Малайзия дар кадом донишгоҳ таҳсил мекунед, имрӯз дар додгоҳ гуфтанд, ки на, шумо он ҷо таҳсил намекунед. Масъала чист?

-Ман дар донишгоҳи Исломии Малайзия таҳсил мекардам ва муддати 2,5 сол он ҷо будам. Вақте ба Тоҷикистон сафар кардам ва ба ин мушкилот гирифтор шудам, онҳо бо сабаби ҳозир нашудан ба дарсҳо маро хориҷ карданд. Вале аз рӯи қонун, ман ду ҳафта дорам, ки бо тавзеҳи сабабҳои аслии ҳозир нашудан дар дарсҳо дубора ба донишгоҳ баргардам. Ман нияти идомаи таҳсилро дорам ва мехоҳам баргардам.

-Яъне ҳоло шумо дар соли чанд таҳсил мекунед?

-Соли аввал, таҳсилам бо баҳои миёна мегузарад, чун ба забони англисӣ аст. Вақте забонро беҳтар омӯхтам, боварӣ дорам, ки таҳсилам беҳтар мешавад. Ман ният дорам, ки ба факултаи иқтисодӣ ба равобити хориҷӣ ба таҳсил гузарам.

-Имрӯз баъди озод шудан аз зиндон шумо ба хонаи он марҳум рафтед. Метавонед бигӯед, ки киро дидед, чӣ гуфта шуд?

-Бале, дар толори судӣ падари марҳум буданд, бо он кас салому алейк кардем. Ва баъди додгоҳ ба хонаи марҳум рафтем ва он ҷо модарашон буданд. Бо он кас сӯҳбат кардем. Он кас пурсиданд, ки дар лаҳзаҳои охир писарашон чӣ гуфтанд ва чӣ шуд. Яъне хостанд, ки воқеаро аз забони ман шунаванд, ба хотири ин ки овоза хеле зиёд буд. Лаҳзаҳои дарднок буд.

-Модари марҳум ҳам шуморо бахшиданд?

-Бале, бале.

-Дар боздоштгоҳ киро ё чиро ёд кардед?

-Озодиро, оиларо, хешу табор, дидори дӯстонро ёд кардам.

-Тамоми ин ҳодиса барои шумо дарс, панде шуд?

-Ин як мактаби бузург буд, чун инсон вақте пастиро мебинад, қадри озодиро, қадри инсонро мефаҳмад, лаҳзаҳои ҳаётро. Иншоолоҳ, нияти сарфакорона пеш бурдани ҳаётро меомӯзад. Ҳар касе ин чизро гузашт, босабру ботамкин мешаваду ба қавле дӯстро аз душман фарқ мекунад.

Хиромон Бақозода, Фирӯз Баротов, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi