19:55:13 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ТОШКАНД БА КОБУЛ ГУФТ, АЗ ДУШАНБЕ БАРҚИ ЗИЁД НАХАРАД

Узбакистон ғайрирасмӣ ба Афғонистон ҳушдор додааст, ки аз харидории бештари барқи Тоҷикистон худдорӣ кунад. Мақомоти Узбакистон ба таври ғайрирасмӣ ба Афғонистон ҳушдор додаанд, ки дар ҳоли афзудани интиқоли барқ аз Тоҷикистон зимистон аз барқи Узбакистон маҳрум хоҳад шуд.

/images/stories/2012/06/20_bark-200612.jpgБино ба иттилои манобеи наздик ба ширкати "Барқи тоҷик", ин ҳушдор пас аз он сурат гирифтааст, ки миёни ду кишвар ҳарфи музокирот сари афзоиши нерӯи барқ ба Афғонистон ба миён омад. Ҳоло Тоҷикистон ба Афғонистон рӯзона то 1,4 миллион киловат соат барқ интиқол медиҳад ва қарор буд ин рақам даҳ маротиба афзоиш дода шавад.

Дар сафорати Афғонистон дар Душанбе ин хабарро таъйид ва ё такзиб накарданд, аммо гуфтанд, музокирот сари афзоиши интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон баргузор мешавад. Ҳамчунин Бежани Салҷуқӣ, як масъули сафорат ба мо гуфт, ҳафтаи ҷорӣ ҳайате аз вазорати энержии Афғонистон ба Тошканд рафта, қарордоди ҳамкорӣ бо Узбакистон дар масъалаи интиқоли нерӯи барқро баррасӣ кунанд.

Қаблан расонаҳои русӣ навишта буданд, ки Тоҷикистон ба мушкили фурӯши барқи изофӣ дар фасли тобистон рӯбарӯ шуда, оби обанбори Норакро "беҳуда" мепартояд. Ба навиштаи ин расонаҳо, дар ҳоли ҳозир сатҳи об дар обанбори Норак 1500 метри мукааб дар сонияро ташкил медиҳад, ки аз он 715 метри мукааб барои тавлиди нерӯи барқ истифода шуда ва беш аз 300 метри мукаабаш беҳуда партофта мешавад.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" ин ҳарфҳоро беасос хонд ва гуфт, "ягон қатраи об беҳуда сарф намешавад." Аммо, ба қавли огоҳони ҳол, Тоҷикистон пас аз ҷудо шудан аз Сохтори ягонаи барқи Осиёи Марказӣ, ки бо ибтикори Узбакистон ду соли пеш иттифоқ афтод, дар мавсими тобистон наметавонад барқи зиёдатиашро ба кишварҳои шимолӣ, аз ҷумла Русия интиқол диҳад. Дар ҳоли ҳозир Афғонистон ягона кишварест, ки Тоҷикистон барқ содир мекунад.

Аммо ин ҳушдори ғайрирасмии Узбакистон ба Афғонистон дар ҳолест, ки ахиран Қирғизистон ҳам эълон дошт, ҷонибдори сохтмони роҳи оҳан тавассути Тоҷикистон нест. Вазири нақлиёти Қирғизистон изҳор дошт, ки бараъкс, тарҳи роҳи оҳани Чин- Қирғизистон-Эрон тавассути Узбакистон барои онҳо судовар хоҳад буд.

Сафири Эрон дар Бишкек, Манучеҳр Муродӣ, ҳам гуфтааст, барои онҳо муҳим нест, ки ин роҳи оҳан аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад, ё Узбакистон. Муҳим он аст, ки ин роҳи оҳан ба роҳи Эрон бипайвандад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi