07:18:37 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БОЗДОШТИ ЗАНОНИ “САБУКПО”-И ТОҶИК ДАР РУСИЯ

Пулиси Самара ёздаҳ занеро, ки ғайриқонунӣ иқомат дошта ва ба танфурӯшӣ машғул будаанд, ба кишварҳояшон интиқол додааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Идораи пулиси Самара, 5 нафар аз ин занон аз Тоҷикистон, 5 нафари дигар аз Узбакистон ва як нафар аз Украина будаанд, ки ба меҳмонону сокинони шаҳр “хадамоти шаҳвонӣ” пешкаш мекардаанд.

/images/stories/2012/06/11_fohishazan-2335787.jpgДар як сӯҳбати телефонӣ Даврон Юсуфов, раиси ҷамъияти тоҷикон бо номи “Пайванд”, хабари ба танфурӯшӣ машғул шудани занони тоҷикро комилан рад кард ва онро дурӯғи маҳз хонд. Ӯ гуфт, “дар вилояти Самара ва дар шаҳри Самара ин гуна воқеаҳо набуд ва дар ягон ҷо чоп нашудааст ва ягон кас аз ин кор хабар надорад. Мо ҳар рӯз аз аҳволи мардуми тоҷике, ки дар ин вилоят кору зиндагӣ мекунанд, бохабар ҳастем.”

Бар хилофи ин, Абдулло Давлатов - раиси ҷамъияти “Иттиҳоди тоҷикони Русия” дар Маскав бо таассуф мегӯяд, ки намунаҳои “сабукпоӣ” дар миёни занони муҳоҷиррро истисно намедонад: “Дар Маскав ҳам зиёд шудаанд. Ҳоло дар ин шаҳр хеле зиёданд духтарони тоҷике, ки бо “сабукпоӣ” машуғанд. Боре якеашро ба назди ман чун ба назди духтур оварданд. Вай бо бемориҳое, ки гирифтор буд, бо осонӣ табобат карда намешуд. Ба ӯ гуфтам, хоҳар, ту касалиҳои зиёд дорӣ, бояд дурусттар муоина кунем, вай ҳақорат карду баромада рафт. Ин соли гузашта буд. Духтарак 14 сол дошт. Вай аз даст ба даст мерафт. Маҷбур шудем, вайро ба Тоҷикистон фиристем. Ин корҳо ҳаст, чӣ кор кунем?..”

​​Фаррух Мирзоев, раиси ҷамъияти тоҷикони Екатеринбург, низ як пешомади ҳафт соли қаблро ба ёд оварда ва чунин мегӯяд: “Тақрибан ҳафт сол пеш дар ин ҷо ҳам гурӯҳи фоҳишаҳо буданд. Онҳо бо номи ширкати “Фотима” дар ин ҷо машғул мешуданд. Чанд нафар бачаҳои тоҷик ҷамъ шуда, рости гап, ғайриқонунӣ ҳам бошад, сари онҳоро тарошиданду ба Ватан равон карданд. Пас аз он дар ин шаҳр мо ин гуна духтаронро мушоҳида намекунем. Агар мавҷуд бошанд ҳам, пинҳонӣ ин корҳоро мекунанд.” Ба гуфтаи Фаррух Мирзоев, аз 15 зане, ки бо ин кор машғул буданд, 12 нафари онҳоро русҳо аз Дубай ба Екатеринбург оварда будаанд.

Аксари таҳлилгарон даст задани занон ё духтарон ба руспигариро бо мушкили иқтисодӣ дар ҷомеа ва муҳити зисти онҳо вобаста медонанд ва онҳоро гунаҳкор намекунанд. Пас, суоле пеш меояд: ин “хилоф” аз куҷо сар мезанад ва киро бояд гунаҳгор донист? Абдулло Давлатов мегӯяд, “ин ҷо айби мардҳост. Бо духтарони ҷавон хонадор мешаванду як-ду моҳ зиндагӣ мекунанд ва ба Русия меоянд. Он бечораҳо куҷо раванд? Баъзеи онҳоро аз ин ҷо талоқ медиҳанд. Онҳо низ меоянд ба ин ҷо. Кор нест, касб нест. Зиндагӣ мушкил. Баъд мераванд ба ҳамин роҳ...”

Аммо Фараҳноз - пизишки ҷавони тоҷик, ки дар бахши генекологияи яке аз бемористонҳои Санкт-Петербург таҷриба меомӯзад, ҳар гуна мушкилро истисно медонад ва мегӯяд, номус занро маҷбур мекунад, ки дар ҳар гуна вазъу шароит худро аз ин роҳ боздорад: “Зиндагӣ маҷбур кунад ё накунад, ҳама вақт ягон илоҷи бе ҳамин кор аз ваъият баромадан пайдо мешавад. Зан боақл бошад, ба ҳамин роҳ намеравад. Мумкин баъзеи онҳо фарзанд доранд. Мехоҳанд фарзандонашонро нағз хӯронанд, пӯшонанд, лекин ин пул ҳаром аст. Фарзандон намедонанд, ки ин пул аз куҷо меояд.”

Аз забони мусоҳибони мо ин ақида низ садо дод, ки гоҳо корфармоён дастмузди занонро низ намедиҳанд. Ё гоҳо ҳамватанон занонро ба доми фиреби худ медароранд ва онҳоро дар ҳолати навмедиву маҳрумият қарор медиҳанд. Вале ин ақидаҳо низ ҳастанд, ки баъзе занон ё духтарон аз нодориву фақр ва ба умеди дарёфти маблағи зист дар Тоҷикистон бо ин кор машғул будаанд, сипас, барои дарёфти маблағи бештар ба “бозор”-и Русия роҳ ёфтаанд, ба умеде, ки онҳоро касе дар ватани бегона намебинад ё намешиносад. Шояд онҳо аз чунин сарнавишти талх, ки ба сарашон бор шудааст, ҳеҷ гоҳ розӣ нестанд ва мехоҳанд бо сари баланд зиндагӣ кунанд.

Нурмуҳаммади Холзода, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi