00:12:57 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

9-УМИ МАЙ: ЁДЕ АЗ ПАДАР ВА Ё РӮЗИ ҒАЛАБА МУБОРАК, ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!

Инак 21 сол мешавад, ки ҳар сол дар ин рӯзи муборак, дар ин рӯзи Иди Ғалабаи халқи советӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ алайҳи Германияи фашистӣ ветеранҳои ришсафеди сари сина пур аз ордену медалҳои асобадаст, иштирокчиёни ин ҷанги хонумонсӯзро дида вуҷуди маро як ҳиссиёти тасвирнашавандае фаро мегирад.

/images/stories/2012/05/09_hamad_9.5.12_1.jpgАз як тараф агар фазои идона бароям гӯё, ки шодиву фараҳ мебахшида бошад, аз сӯи дигар набудани қиблагоҳи бузургворамро, Илоҳо Худованд ҷояшро ҷаннат карда бошад, маҳз дар ҳамин рӯз сахт эҳсос мекунам. Зеро маҳз дар ҳамин рӯз, бисту як сол қабл, ҳар сол ман медидам, ки падари худораҳматиям ҳамон камзулашро, ки дар он ордену медалҳояш чида шуда буданд, пӯшида асо дар даст тибқи даъватнома ҳамеша роҳ сӯи комиссариати ҳарбии ноҳияро пеш мегирифт.

Ӯрову дӯстонаш, худораҳматиҳо бобои Аваз, эшони Халифа, бобои Шарифи Қаландар, акаи Мирзоалиев, Пётр Касаткин ва даҳҳо нафари дигарро маҳз дар ҳамин рӯз ба он ҷо даъват карда ҳамроҳашон сӯҳбат меоростанд, иди Ғалабаро барояшон табрик мегуфтанд, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ табъашонро болида месохтанд. Ҳар панҷ сол пас аз номи вазири мудофиаи СССР ҳатман ба онҳо як медал медоданд. Медал барои 20-солагӣ, барои 25-солагӣ, барои 30-солагӣ, барои 35-солагӣ, барои 40-солагии … ғалаба бар Германияи фашистӣ.

Ӯ дӯст намедошт, ки ордену медалҳои сершуморашро дар сари синааш овезон кунад. Ӯ танҳо ҳамон ордену медалҳоеро дар сари сина кашол мекард, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ маҳз дар фронт ба ӯ дода буданд. Ва ҳам он камзӯли медалҳояшро танҳо ҳамон як рӯз мепӯшид. Ҳамин рӯзи 9-уми май, рӯзи Ғалаба.  Аз он медалҳо ва ё орденҳо, ки ҳамеша дар камзӯлаш қатор часпонда шуда буданд, номи дутоаш дар ёдам мондааст. Медал «Барои шуҷоат» ( медаль «За отвагу») ва ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» (орден «Великая Отечественная война»).

Як медал ё ордени дигар ҳам дошт, ки дар он акси Сталин ва навиштае ба ҳамин мазмун дошт: «Наше дело правое, мы победили», яъне «Кори мо ҳақ аст, мо ғалаба кардем». Ин медалро баъди он ки шахспарастии Сталинро солҳои шастуми асри гузашта маҳкум карданд, аз камзӯлаш гирифт. Ба модарам дод, ки пинҳонаш кунад. Падарам дар бораи ҷанг қиссаҳо гуфтанро чандон зиёд дӯст намедошт. Вале чун мо фарзандон зиёд исрор меварзидем, маҷбур мешуд, ки чизе бигӯяд.

Қиблагоҳам қисса мекард, ки  тобистони соли 1942 ҳангоме, ки ҳанӯз  синни 20 солагиро пур накарда буд, аз ноҳияи Сангвори вилояти Ғарм дар қатори даҳхо нафар ҳамсолонаш ӯро ба ҷанг бурданд. Қаблан ба ҷанг бародари бузургаш, амаки Ятимро, бурда будаанд ва аз ӯ хатти сиёҳ омада будааст. Падарам ба ҷанги зидди лашкари Ҳитлер тирамоҳи ҳамон соли 1942 дар  Сталингарад ворид шудааст. Ба қавли падарам фармондеҳии фронти онҳоро генерал Рокоссовский ба ӯҳда доштааст.

Падарам дар озод кардани Сталинград ва бархе аз шаҳрҳои Украина ва Белорусия ширкат кардааст. Медали «Барои шуҷоат»-ро, ба гуфтаи худораҳматии падарам, ба хотири ширкат кардан дар шикасти муҳосираи Сталинград ба ӯ додаанд. Ду маротиба сабук захмӣ мешавад ва баъди табобат ӯро тез ё ба қисми ҳарбияш ё ба қисми ҳарбии дигаре мегузаронанд. Тақрибан нисфи Аврупоро пиёда тай намуда то дарвозаҳои Берлин омадааст.

/images/stories/2012/05/09_hamad_9.5.12_2.jpgДафъаи саввум 18-уми апрели соли 1945 дар наздикиҳои шаҳри Берлин, пойтахти Германияи ҳамонвақта ҳангоми ҳамла барои гирифтани Берлин аз ноҳияи китф, пушт ва пои росташ шадидан ярадор мешавад. Ӯро ба ақибгоҳ ба шаҳри Чкаловск барои табобат мефиристанд. Хабари ғалаба бар Германияи фашистиро маҳз дар ҳамин шифохонаи низомӣ мешунавад. Баъди ду ё се моҳи табобат дар он ҷо шифои комил меёбад ва ӯро аз аскарӣ ҷавоб медиҳанд.

Ба ватан бармегардад. Дар ин ҷо дар вазифаҳои гуногун, ба ҳайси молшинос, мудири нонпазхона (пекарня), мудири клуб фаъолият мекунад. Соли 1950 бо яке аз духтарони ҳамкораш бону Ҳадисаи 18-сола издивоҷ мекунад. Соли 1952 маҳсули ин издивоҷ камина таваллуд мешавам. Соли 1953 аҳолии ноҳияи Сангворро ба заминҳои  бекорхобидаи водии Вахш муҳоҷир мекунанд. Падарам ману модарамро гирифта ба ноҳияи Ҷилликӯл меорад.

Дар ҳамин ноҳияи Ҷилликӯл дар пункти қабули пахта ба сифати коргари оддӣ ба кор пазируфта мешавад ва то ба нафақа баромадан дар ҳамин як корхона, чи тавре, ки гуфтем, аз коргари оддӣ шурӯъ карда то муовини мудири корхона фаъолият мекунад. Баъди камина дар Ҷилликӯл Худованди бузург ба ӯ ва модарам боз ёздаҳ фарзанди дигар медиҳад. Чаҳор духтару ҳафт писар. Яке аз бародаронам дар синни кӯдакӣ, солҳои панҷоҳуми асри гузашта вафот мекунад.

Дигар боқимонда ёздаҳ нафарро падару модарам ба воя расонда, тарбия карданд, хононданд, баъзеҳоро соҳиби маълумоти олӣ намуданд, тӯи арӯсии ҳамаи 11 нафарро гузаронида соҳиби хонаву дар карданд. Акнун замоне фаро расида буд, ки бояд падару модарам давлати пирӣ меронданд. Вале аҷал аз гиребони падарам гирифт. Ӯ рӯзи 31-уми январи соли 1991 бар асари кафидани раги хун дар майна (инсулт) дар синни 69-солагӣ вафот кард.

Барои ҳар як фард вафоти падар албатта мусибати бузург ва талафоти ҷуброннашаванда аст. Барои мани фарзанди бузургашон бошад ин мусибату ин талафот бештар аз он буд, ки гуфтам. Болои ман масъулияте азиме бор шуд, ки то ба имрӯз бори гарони онро ҳамеша эҳсос мекунам. Сад шукри модари бузургворам, ки то ба имрӯз ин бори гаронро бо як дуъои худ, бо як панду насихати худ, бароям хеле сабуку осон мегардонад. Худованди бузург ӯро барои мо фарзандонаш ҳифз кунад.

/images/stories/2012/05/09_hamad_9.5.12_3.jpgЯк сол баъди вафоти падарам дар кишвар воқеаҳои қаблан тасаввурнашавандае ба вуқуъ пайвастанд. Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро касб кард, вале ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Шукронаи Парвардигори бузургро мекунам, ки падари як бор мусибату азоби ҷангро дидаам, фоҷиаи ин миллатро, ба хусус кушта шудани фарзанди дӯстдоштааш, Исломиддини 33-соларо бо чашми сар надид.

Ба коми оташ сар додани хонаву кошонаашро ӯ ҳатман таҳаммул мекард. Вале марги Исломиддинро… Исломиддини шаҳид, ки корманди милиса буд, бо вуҷуди ҷавон буданаш аллакай соҳиби ҳашт фарзанд шуда буд. Ӯ доим мегуфт, ки ман аввалин шуда аз байн бародарон дар серфарзандӣ ба падарам баробар мешавам. Ин суханони ӯро худораҳматии падарам ҳамеша бо як табассуми ширин мешунид. Оҳ…

Он чи дилат хост на он мешавад,
Ҳарчи Худо хост ҳамон мешавад.

Шукр, ки падари бузургворам он қатлу куштор ва хонасӯзиҳои гӯшношуниди ҷанги шаҳрвандиро бо чашми сар надид. Баъзан фикр мекунам, ки Худованди бузуруг падарамро бандаи дӯстдошта гирифта будааст, ки ӯро пеш аз ин ҷангҳову қатлу кушторҳову хонасӯзиҳо ба наздаш даъват кард. Ин гуна хаёлҳо ба сарам вақте меоянд, ки фоҷеаи кушта шудани даҳҳо ҳазор нафар мӯсафедони маъсум, азҷумла иштирокчиёну қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватаниро худам ба ёд меораму аз нақли дигарон мешунаваму аз матбуот мехонам.

Бале, шодравон Ҳайдар Қосимов, ҳамшаҳрии падарам- нафареро, ки давлат ва ҳама мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ қаҳрамони худ, қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ медонистанд, дар ватанаш ду нафар силоҳбадасти ташнаи молу мулки дигарон барои ба яғмо бурдани Ситораи тиллои қаҳрамонияш ба қатл мерасонанд…

Хуб, ин мавзӯест, ки рӯяш баъдан баҳс хохем кард. Вале имрӯз…

Дар ин рӯзи мубораки Ғалаба бар фашизми олмонӣ пеши Худованди бузург дуъо мекунем, ки тамоми шуҳадои Ҷанги Бузурги Ватаниро, хусусан падару бобоёни моро, ки барои озодиву истиқлоли Ватанамон ҷонбозиҳо кардаанд ва инчунин шуҳадои ҷанги шаҳрвандиро ғариқаи раҳмату шоистаи ҷаннат бигардонад ва бозмондаҳои онҳоро дар паноҳи исматаш нигоҳ дорад.

Ба он иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки феълан дар қайди ҳаёт ҳастанд ва, мутаассифона, сафашон рӯз то рӯз кам мешавад, умри бардавом, саломатӣ, хушбахтиҳо дар зиндагӣ орзу мекунем.

Ҷашни Зафар муборак, падару бобоён, модарону хоҳарон, бародарони гиромӣ, ҳамватанони азиз! Худо асло дигар рӯи ҷангро набинем. Омин ё Раббалъоламин!

Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi