13:47:38 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ТАСОВИРИ РАНГӢ ВА МАҚБАРАИ ВАЙРОНИ АЛИШЕР НАВОӢ ДАР ҲИРОТ

Имсол дар Афғонистон, бар хилофи ҳар сол, дар солгарди таваллуди Амир Алишери Навоӣ, вазири машҳури салтанати Темуриёни Ҳирот, ҳамоиш баргузор нашуд. Навоӣ нуҳуми феврали соли 1441-и мелодӣ чашм ба ҷаҳон гушуд ва дар солҳои ахир дар солрӯзи таваллуди ӯ ҳамоишҳои мухталифе ба ҳамин муносибат баргузор мешуд.

alishir_navayi

Имсол аммо дӯстдорони ӯ танҳо ба чопи билбурдҳои (овезаҳое) бузург дар шаҳрҳои Кобул, Ҳирот, Мазори Шариф, Ҷӯзҷон, Маймана ва дигар шаҳрҳои Афғонистон иктифо карданд. Мир Низомиддин Алишери Навоӣ, фарзанди амир Ғиёсиддини Кечгина Баҳодур, аз ходимони дарбори Темуриён буд. Навоӣ дар кӯдакӣ дӯсти Ҳусейн Мирзо Бойқаро, аз шоҳони темурӣ, буд ва бо ӯ дар як мадраса дарс мехонд.

Аммо дар соли 1446, пас аз марги Шоҳрух Мирзо, бо хонаводааш ба далели ошуфтагии авзоъ дар қаламрави Темуриён ба Язд ва Шероз кӯчид. Бо оғози ҳукумати Абулқосими Бобур ва беҳбуди нисбии авзоъ дар Хуросон Амир Баҳодур Кечгина, падари Алишери Навоӣ, ба зодгоҳи худ бозгашт ва бори дигар ба мулозимати дарбор гумошта шуд, вале бо гузашти анде аз ин рӯзгор бахт ба Алишер пушт кард ва падарро аз даст дод.

Бо вуҷуди ин, Алишери Навоӣ бо ҳимояти салотини Темурӣ ба таҳсилоти худ дар Машҳад идома дод ва бо улуму фунуни адабӣ ошно шуд. Ӯ дар бозгашт дар ҷамъи иродатмандони Абдурраҳмони Ҷомӣ пайваст. Ҳарчанд Алишер бо афроде монанди Ҷомӣ ва ҳатто шоҳзодагоне мисли Ҳусейн Мирзо Бойқаро дӯстӣ дошт, аммо бо бозгашт ба Ҳирот дороиаш мусодира ва худ ба Самарқанд табъид шуд. Ӯ дар ин шаҳр ба омӯзиши забон ва адабиёти туркӣ рӯй овард.

Пас аз марги Абӯсаъид, тахту тоҷи шоҳӣ ба Султон Ҳусейн Бойқаро расид ва ин амр фасли заррине дар китоби зиндагии Алишери Навоӣ гушуд. Навоӣ бо сурудани қасидае ба хидмати Мирзо Бойқаро расид ва мансаби "аморати Девони олии дарбор"-ро аз они худ кард. Султон Ҳусейни Бойқаро ба ӯ ба унвони фарди мавриди эътимодаш алқоби Низомиддин ва Рукн-ус-Салтана дод.

Амир Алишери Навоӣ на танҳо дар замони худ фарди мумтоз шумурда мешуд, балки дар ҳоли ҳозир ҳам дар Афғонистон ба коркардҳо ва меросаш арзишу аҳаммияти зиёде дода мешавад. Ҳаётуллоҳ Беҳрӯзи Холиқӣ, шоъир ва нависанда, мегӯяд: "Бузургӣ ва мақомаш бад-он ҷойгоҳ расид, ки ӯ мояи шарафу ифтихори аъсор ва даврон гардид. Навоӣ вазире мудаббир, забоншинос ва шоъири дузабона аз наводири рӯзгор ба ҳисоб меояд."

navayiОқои Холиқӣ теъдоди таълифоти Навоиро афзун бар 300 унвон медонад, ки шуморе аз муҳиммтарини онҳо ба забони форсӣ ҳастанд. "Маҷолис-ун-нафоис", "Маҳбуб-ул-қулуб", "Муншаоти форсӣ", "Девони форсӣ", маснавии "Мантиқ-ут-тайр" аз осори ӯ аст. Дар ин ҳол, аксари адабиётшиносон Алишери Навоиро оғозгари шеъру адабиёти забони узбакӣ медонанд ва ин масъала ҷойгоҳи адабии ӯро дар канори коркардҳои сиёсиаш тасбит кардааст.

Раҳими Иброҳим, шоъир ва нависанда, ба ин бовар аст, ки ҳарчанд қабл аз ӯ ҳам шоъирони соҳибноме монанди Лутфии Ҳаравӣ ва Гадоӣ буданд, ки ба забони узбакӣ шеър сурудаанд, аммо Навоӣ дар густариши забону адабиёти туркии чағатоӣ (узбакӣ) тавонист нисбат ба дигар сарояндагон бештар ҳиммат гуморад. Ӯ ҳамчунин муътақид аст, ки "Навоиро ба сабаби касрат ва вусъати осораш ба забони туркии узбакӣ бунёнгузори адабиёти узбакӣ медонанд."

Оқои Иброҳим афзуд: "Ӯ дар забони туркӣ барои нахустин бор хамса офарид. Хамсааш шомили чаҳор достон ва як асари ирфонӣ-таълимӣ ба номи "Ҳайрат-ул-Аброр" аст. Ӯ чаҳор девони шеър ба забони узбакӣ дорад. "Маҳбуб-ул-Қулуб"-ро ба шеваи "Гулистон"-и Саъдӣ ва "Баҳористон"-и Ҷомӣ навишт, ки назариёти ҷомеъашиносонаи ӯро бозтоб медиҳад.

Шафиқа Ёрқин, аз мушовирони Вазорати омӯзиш ва парвариши Афғонистон, муътақид аст, ки Алишери Навоӣ саъй мекард донишмандону ҳунармандони он аср чанд маҳорати ҳамзамонро дошта бошанд. Ӯ мегӯяд, Мавлоно Биноӣ ба хотири ин ки танҳо шоъир буда ва ҳунари дигареро балад набудааст, борҳо аз сӯйи Навоӣ мавриди итоб (хашм) қарор гирифтааст."

Аксари ховаршиносон Ҳироти қарни нуҳуми ҳиҷриро асри шугуфоии ҳунару адаб ва ҳамтову рақиби Итолиёи давраи Ренесонс донистаанд. Забеҳуллоҳи Сафо дар "Торихи адабиёти Эрон" навиштааст: "Дар ин аср завқи баланд бар сари ангуштон мунтақил шуда ва дар ҳунарҳое чун наққошӣ, меъморӣ, кошкорӣ ва хаттотӣ таҷаллӣ меёбад."

Ҳамчунин Муҳаммад Носири Раҳёб, нависанда ва пажӯҳишгари афғон, гуфтааст: "Дар давраи Темуриҳо дар Ҳирот тавлиди фикр ва андешаро наметавон нодида гирифт; дар ҳамин замон дар Ҳирот бо таваҷҷуҳ ва эҳтимоми амири донишманди дарбори темурӣ, Алишери Навоӣ, мадрасаи Гавҳаршод Бегим дақиқан дасти каме аз Низомияи Бағдод надошт."

Аз дигар корҳои мондагори Амир Алишери Навоӣ биноҳои торихӣ дар Ҳирот аст. Муҳаммад Масъуди Раҷоӣ, раиси Анҷумани Ҳирот, мегӯяд: "Бино бар қавле, Амир Алишери Навоӣ 360 бинои таърихӣ сохта, ки ин теъдод ҷузъе аз ҳазору як бинои таърихӣ буда, ки орзуи сохтанашро дошт."

Оқои Раҷоӣ бо ишора ба ин ки аксари биноҳое, ки ба ҳимояти Навоӣ сохта шуда, барои манофеъи умумӣ сохта шуда ва ҷанбаи таҷаммулӣ надоштааст, мегӯяд, ин биноҳо шомили мадраса, хонақоҳ, масҷид, корвонсаро, пул ва саддҳои об будааст. Шуморе аз ин биноҳо ҳанӯз ҳам дар Афғонистон, Эрон ва кишварҳои Осиёи Миёна побарҷо ҳастанд.

Навоӣ дар соли 906-и ҳиҷрии қамарӣ (1500-и мелодӣ) даргузашт ва пайкарашро дар муҷтамаъи Мусаллои Ҳирот ба хок супурданд, ки то ҳол зиёратгоҳи хоссу ом аст. Оромгоҳи ӯ, ки дар ҷавори оромгоҳи Гавҳаршод Бегим ва манораҳои таърихии Ҳирот аст, дорои гунбади қадимии кӯчак аст.

Оромгоҳи кӯчаки ӯ дар соли 1383-и хуршедӣ (2004-и мелодӣ) ба баҳонаи эҳдоси оромгоҳи ҷадид тавассути Бунёди фарҳангии Бобури Узбакистон тахриб шуд ва то ҳол ҳеч иқдоме барои бозсозии он сурат нагирифтааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi