02:21:23 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

КОМИЛЗОДА: НОМҲОИ АҶИБУ ҒАРИБ Ё ТАРҶУМАЗАДАГӢ

Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор

Бисёре аз калимот ва истилоҳоти забони мо, бавижа номгузориҳо, истилоҳоти фаннӣ, рӯзмарра, тиббӣ ва ҳамсони инҳо он қадар мушкил, бегона барои гуфту шунид, гоҳе номафҳум ва душворталаффуз ҳастанд, ки дар ниҳоят мӯҷиб мешаванд, ки гӯяндаву нависанда имкони маҳдуде барои баёни фикр дошта бошанд ва шунаванда муҳтавои баёнро дарк карда натавонад.

KomilzodaТабиъист, ки ин равиш ба паст шудани сатҳи дониш ва дарки умумии мардуми ҷомеъа меанҷомад. Рӯшан аст, ки бештари истилоҳоти мо тарҷумаи таҳтуллафзии истилоҳоти русӣ ҳастанд ва дар қолабҳои забони русӣ сохта шудаанд ва ҳамин гуна корбурд мешаванд. Дар натиҷаи тақлид ва тарҷумаи таҳтуллафзӣ аз русӣ вожаву истилоҳо­ти забони мо гоҳе ба хандахариш табдил шудаанд.

"Иттилоотикунонӣ" - ин истилоҳи аҷибу ғариб дар барчаспи девори Вазорати алоқа (иртиботот) овехта шудааст ва шояд муаллифи он аз кашфиёти худ хеле қаноъатманд бошад. "БДА ё Бехатарии Давлатии Автомобилӣ" - магар ин ҳам ном шуд? Охир номро бо истифода аз исм мегузоранд, вале дар ин ном се сифатро қатор чинда, ном гузоштаанд, ки ҳамеша ноҳинҷор аст ва як исм тақозо дорад.

"Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ" номи тақлидии хеле кӯҳна аст. Меҳнат дар луғатҳои муътабари мо ҳамеша маънои мусибат, бало ва бадбахтиро дорад ва бо ҳамин маънӣ аз заҳмат ва кор тафовут дорад. Ин ҷо манзур вазорати кор аст, ки онро ба "вазорати мусибат" табдил додаанд. Дар Тоҷикистони мо вожаи "меҳнат"-ро ҳамеша ба ҷойи "заҳмат" ва "кор" истифода мекунанд, ки ғалат аст. Заҳмату кор метавонад ифтихор дошта бошад, вале меҳнат не.

Номи дигар "Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тарҷума аз "Агентство по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией РТ" аст. Номи мушкил ва хеле дароз аст ва мардум ҳам онро ба таври худ истифода мебаранд: "Коррупсия омад", яъне коррупсионер омад, на касе ки бар зидди он мубориза мебарад. Нахуст, дар ин тарҷума хеле камбудиҳо мавҷуд аст.

Агентӣ не, балки агент гуфтан дуруст аст, зеро ин як агенти давлат аст, "назорати давлатии молиявӣ" (молия гуфтан беҳтар аст) номи изофӣ аст, зеро мубориза бо коррупсия худ назорат аст, гузашта аз ин ҳама органҳои (ниҳодҳои) марбутаи давлат вазифадоранд арсаи молияро назорат кунанд ва воқеъан ҳам гоҳе бештар аз зарурат ин соҳаро тафтиш мекунанд.

Ба назари ман, "Агенти мубориза бо коррупсия" гуфтан кифоя аст. Аз ин мушкилтару бадтараш ҳам ҳаст: "Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар соҳаи саноъат ва кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки баргирифта аз "Главное управление по государственному надзору за безопасным ведением работ в промышленности и горному делу при Правительстве РТ" аст. Ин гуна номҳои сохтаву бофта дар кишвари мо хеле зиёд аст.

Аслан номгузорӣ бояд бар пояи фарҳангу дарки миллӣ сурат бигирад ва агар бар тақлиди дигарон бошад, метавонад ҳамеша паёмади нохуш дошта бошад. Ва муҳиммтарин шарти номгузорӣ кӯтоҳ будани он аст, то мардум номи гузоштаро дуруст истифода кунанд.

Ҳич зарурате нест, ки барои мисол, номи як вазорат мафҳуми тамоми шӯъбаҳо ва ҷузъиёти дигари ин соҳаро дар бар бигирад. Агар Вазорати об бигӯем, табъан дигар мелиоратсия, захираҳои обӣ, каналу заҳбур ва чанд сохтори марбут ба он дар назар аст ва мардум ба ин одат мекунанд, ки ҳамон ҷузъиёт ҳам дар ҳамин вазорат ҳастанд. Гузашта аз ин, мардум номи кӯтоҳро зуд ва хуб қабул мекунанд. Мисли: Вазорати маъориф, Вазорати тандурустӣ, Вазорати саноъат.

Таносуби сухан

Риъояти таносуби сухан ва номсозӣ дар кишвар ба далели бепарвоӣ ва набуди назорат ба ҳадди ифрот расидааст. Ҳар кас ҳар чизе ки хоҳад, менависад ва онро ба дару девори шаҳру деҳоти кишвар меовезад. Шиъору овезаҳо, ки намунае аз эҳтирому поси забон ва фарҳанги миллат ҳастанд, пурғалату бо иштибоҳот дар пеши чашми мардум овехта шудаанд.

Ин ғалаткорӣ ба ҳадде расонда шудааст, ки онро амали дуруст мешуморанд ва агар шакли дурустро пешниҳод кунӣ, онро ғалат мепиндоранд. Дар рӯбарӯйи дарвозаи шимолии бозори Шоҳмансури пойтахт, дар кӯчаи Нисор Муҳаммад 9, ва паҳлӯи он чашмам ба се навишта афтод, ки ҳамагӣ ғалат ва намунае аз иштибоҳоти оммавӣ ҳастанд: "Мағозаи тухми зироатӣ", як метр дуртар аз он боз ҳам "Мағозаи фирмавии тухми зироатӣ", "Мағозаи масолеҳи сох­тумонӣ", албатта шакли солими ин номҳо "тухми зироат" ва "масолеҳи сохтмон" аст.

Дар пойтахт ва амалан дар ҳама шаҳру деҳоти кишвар мо бо номгузо­риҳои ғалат чун "Мағозаи китобҳо", "Мағозаи соатҳо", дар паҳлӯи Фурӯшгоҳи марказии пойтахт "Гулҳои хонагӣ", "Тухмҳои гул", "Мағозаи компютерҳо", "Фаршҳои гарм", "Чиптаҳои ҳавопаймоӣ", "Фурӯшгоҳи варзишӣ" (магар варзиш фурӯхта мешавад?!) рӯбарӯ мешавем.

Бояд гуфт, ки дар номгузории форсии тоҷикӣ ном ба шакли танҳо гузошта мешавад, ки худаш табиъатан маънои ҷамъро дорад. Яъне мегӯем "Мағозаи китоб", вале ин ба он маъно нест, ки дар он танҳо як китоб бошад. Шакли дигари ғалатҳои маъруф ибораҳои "150 нафар одамон", "15 адад китобҳо" ва мисли инҳо аст. Таваҷҷуҳ шавад, ки вақте шумораи ҷамъ аст, бояд исми пас аз он омада ба шакли танҳо ифода шавад ва дар гӯйиш хеле хушсадо аст: 150 нафар одам, 15 китоб.

Чун номгузорӣ ҷузъе аз фарҳанги миллист, бояд дастандаркорони ин бахш дар номгузорӣ масъулияти ҷиддӣ дошта бошанд. Дар бештари овезаҳо навиштаҳое чун мағозаи хӯрокворӣ, кошонаи ҳусн, тарабхона ва монанд ба инро мебинем ва номгузорон, соҳибони ин фурӯшгоҳҳо ва саранҷом мардум, шояд ин овезаҳоро чун ном қабул кунанд. Ин гуна навиштаҳо воқеъан номи ҷойгоҳ нестанд, балки шакл ё соҳае аз тиҷорат мебошанд, ки барғалат ҳамчун унвон бар сари дӯконҳо овехта шудаанд.

Шакли дуруст - нахуст номи хосси дукон, фурӯшгоҳ, маркази тиҷорат ва ҳар гуна марказҳои ҳунарӣ ва фарҳангист, ки бояд бо ҳарфи калон дар боло ва дар поёни он бо ҳарфи хурдтар шакл ё соҳаи амал навишта шавад. Он гоҳ, чунин номҳо ҳам аз нигоҳи номгузорӣ хубанд ва ҳам хубтар дар ёди мардум боқӣ мемонанд.

Барои мисол дар наздикии Фурӯшгоҳи марказӣ чунин навиштаро дидам: Бо ҳарфи калон ТАРАБХОНА ва RESTAURAHT ва дар миёна бо ҳарфи хурд "Мақсад" навишта шудааст. "МАҚСАД" номи ресторан аст ва бояд бо ҳарфи калон навишта ва дар паҳлӯяш шакли хадамот, яъне тарабхона ё restaurant ба ҳарфи хурдтар навишта шавад.

Хиёнате бузург

Албатта, хеле аз донишмандони мо аз ин нукта огоҳанд, ки ин намуди каҷрафториҳо солҳои пешин бар асари қарорҳои (мусаввабаҳои) махсуси Вазорати маъориф ва дигар ташкилотҳои (созмонҳои) дахлдор (зидахл) дар зеҳну гуфтори мардум ба сурати иҷборӣ ворид карда шудаанд ва имрӯз аксари мардуми мо ба ин шеваи гуфтор одат кардаанд.

Маълум аст, ки ҳадаф аз қабули чунин қарорҳои душманона бар зидди забони форсии тоҷикӣ ҳадафмандона аз сӯйи душманони забон амалӣ мешуд. Ҳадафи ин гурӯҳи одамон, ки дар қудрати давлати онвақтаи Тоҷикистон (агар онро давлат номидан мумкин бошад) дасти боло доштанд, дур кардани мардум аз асолати забон ва ҳарчӣ дуртар кардани забони форсии тоҷикӣ аз асли худ - забони форсӣ будааст. Мехоҳам аз фармони махсусе, ки ба дасти аҷнабиёни мансабдори РСС Тоҷикистон ба манзури хору залил кардани забони тоҷикӣ қабул ва ҷорӣ шудааст, чанд мисол оварам.

Ин фармон, ки "Дар бо­раи баъ­зе масъалаҳои забони тоҷикӣ" (Фармони № 1 Комиссариати Хал­қии Мао­рифи РСС Тоҷикистон аз № 2-июни соли 1939) ном дорад, дар рӯзномаи Тоҷикис­тони Сурх, 25 январи соли 1939 ба нашр расидааст, ки матни онро қаблан доктор Сайфиддин Назарзода дар нашрияи "Ҷумҳурият" ва пажӯҳишгар Зафар Мирозоён дар торнигори худ интишор дода буданд.

Доктор Назарзода дар оғози мақола ҳадафи ин фармонро хеле дуруст таъкид кардааст: "Азбаски ин санад дар таърихи забони тоҷикӣ нақши ҳалкунанда бозида, акса­ри унсурҳои номатлубе, ки имрӯз аз тарафи бархе аз забоншиносон ҳамчун хусусиятҳои хосси забонӣ шумурда мешавад, дар асоси ҳамин санад ба забони мо дохил шудаанд."

Ин қарор (мусавваба) моддаҳои зиёде дорад, ки чанд намунааш аз ин қарор аст:

- Расмӣ кардани истифодаи пасванди "ангӣ" дар ҷумласозӣ.

- Дар мавридҳои муайян кардани замон ва макон дар қатори шакл­ҳои дигар, истеъмоли абароти (таъбири) сифати феълии суффикси "ангӣ" катӣ сохта шудагӣ ҳам дуруст ҳисоб карда шавад. Одами шабангия (шабангиро) имрӯз боз дидам - одами шаб дидагема имрӯз боз дидам - одамеро, ки шаб дида будам (ки ба вай вохӯрда будам...) имрӯз боз дидам.

- Номи шаҳри Горкий зоида шудагӣ Нижный Новгород аст.

- Истифодаи шакли лаҳҷавии сохти "нарафтанба" дар забони адабӣ.

- Аз истифода баровардани шаклҳои адабии пешванди "би-" ва феълҳои "метавон гуфт", "метавон кард". (...префикси "би" азбаски шакли архаистӣ буда, ба забони зиндаи имрӯзаи тоҷик бегона аст, кор фармуда нашавад.)

- Дар навиштани исмҳо ҷорӣ кардани ҷамъбандиҳои шакли ахбо­рот­ҳо, Мисол: Ташкилот - ташкилотҳо, аъзо-аъзоён-аъзоҳо, ҳуқуқ-ҳуқуқҳо.

- Расмӣ кардани шакли "Аҳмада китобаш" ва ба ҷои пасванди "-ро" истифода кардани "-а", "-я"

- Бо пешояндҳои "то", ҳам суффикси "а- я". Мисол: То куҷоя рафтӣ? То Фарғоная рафтам.

- Ба ҷои шумораи тартиби "дуввум" ва "севвум" доимо "дуйум" ва "саййум" кор фармуда шавад.

- Шакли "чаҳор", "чаҳордаҳ", "чиҳил" кор фармуда нашаванд, ба ҷои ин шакли "чор", "чордаҳ", "чил" кор фармуда шаванд.

- Шакли махсуси ҷонишинҳои шахсӣ, ки ба суффиксҳои "ҳо", "ён" сохта шуда, ҷамъро ифода мекунанд, қабул карда шавад. Мисол: Моҳо мехонем - моён мехонем.

- Шаклҳои эҳтимолии поёнангӣ ҳам кор фармуда шавад. Мисол: Аҳмад омадагист. Вай ҳам мерафтагист.

- Ба вазифаи гузаштаи мутлақ ин шаклҳои феълӣ ҳам кор фармуда шавад. Ман китоб хондагӣ, Ман то ҳол хондагим не.

- Дар шахси дуйум дар баробари "ед" ҷамъ бо "етон" ҳам сохта шавад.

- Аз истифода хориҷ кардани шаклҳои адабии "бояд кард" ва "хоҳад кард". Шакли "бояд кард" ҳамчун шакли архаистӣ кор фармуда нашавад.

- Калимаҳои интернатсионалӣ ва советизмҳо ба забони тоҷикӣ аз русӣ ва ё ба воситаи забони русӣ даромадагӣ айнан бо ҳарфҳои тоҷикӣ навишта мешаванд. Мисол: колхоз, комсомол, коллектив, план, аэроплан, кооперация ва монанди инҳо. (Поёни иқтибос)

Ба ҳамин сабаб, агар имрӯз мардуми мо дар сари ҳар гапи худ вай-ваю он-он барин калимаву ибораҳои номафҳум ва даҳҳо пешванду пас­ванд­ҳои бегонаро, аз қабили ҳолангӣ, рафтагӣ, омадагӣ, мурдагӣ, дар ҳар ҷойи ҳатто нозарур пасванди исмсози "ӣ", ҷамъбандиҳои болохонадори "ҳо"-ро ба кор мебаранд, решаи ин кор дар ҳамон ҳаракати бадхоҳони забону миллат нуҳуфтааст.

Дар навиштаи донишманди закӣ ва пуркори мо Зафар Мирзоён ба ин раванд баҳои арзишманд дода шудааст: "Забоншиносони шӯравии бегонатабор дар ҳамёрӣ бо маҳалгароёни тоҷик (бешак дар миёни онҳо пантуркистон низ ҷой гирифта буданд), дар роҳи харобсозии забони форсии Вароруд ва аз он барсохтани забони аз решаи форсӣ ҷудои тоҷикӣ, бар ҳадафи маккоронаашон расидаанд."

Идомаи хиёнат ба забон

Магар ин мушкилоти пешин камтар буд, ки ба муқобили забон боз раванди нави мубориза оғоз шудааст? Акнун ин бор сели калимаҳои бегона ва тақлидӣ дару девори шаҳру рустои кишварро фаро гирифтааст.

Номҳои тозавориде чун "Фурӯшгоҳи Эдик", "Фурӯшгоҳи Айдин", "Ороиш­гоҳи Шахноза", "Мағозаи Гулноза", номҳои аҷибу ғариби "Эдем", "Кайнак", "Мерве", ки шуморааашон торафт афзоиш ёфтааст, хеле фаровонанд. Кор ба ҷойе кашидааст, ки дар паҳлӯи Фурӯшгоҳи марказӣ овезаҳои аҷибу ғарибе ба назар мерасад, ки ҳангоми тамошо бовар наметавон кард, ки дар маркази шаҳри Душанбе - пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ҳастӣ.

Ман танҳо номи ин овезаҳоро номбар мекунам: "Мағозаи Эмир", "Маркази савдои Дивидишка", "Детские потребности", "Парда "Қисмат"", "Суратба­ро­рӣ" (Манзураш чопи акс аст), "Мағозаи коллексияи хонагӣ", "Модные детки", "La cite", "Bessini", "Маркази ҳусн", "Elegant", "У Аллы", "Avesta", "Jordini", "Trend-N"... Ҳама чиз ҳаст, ғайри овезаҳои тоҷикӣ. Агар тасодуфан ягон овезаи тоҷикӣ бошад, он ҳам номафҳум аст. Мисли "Парда "Қисмат", "Маркази ҳусн" ва "Мағозаи коллексияи хонагӣ".

Мушкили умдаи мо ин аст, ки ба далели надоштани истиқлоли давлатӣ дар сад соли ахир истилоҳоти коргузории миллӣ ба шакли меъёр ба вуҷуд наомадааст. Ҳоло мо воқеъан, дар як давраи таҳаввулоти ҷиддии шакл гирифтани давлатдорӣ, фарҳанги миллӣ, дар паҳлӯи он забон ва исти­лоҳоти ҳамаи арсаҳои зиндагӣ қарор дорем.

Ин як амри қобили қабул аст ва ҳукумату мардуми мо бояд бо таҳаммул ва бо истифода аз луғату истилоҳоти забони классикӣ ва ҳамзабононамон низоми истилоҳот ва забони меъёрро ба вуҷуд биёваранд.

Номҳои ҷуғрофиёӣ 

Номгузориҳои ҷуғрофиёӣ низ дар кишвари мо бо ҳарҷу марҷ рӯба­рӯст. Иқдоми ҳукумат барои табдили номи мавзеъу макон (дар забонши­носӣ онро топонимика мегӯянд), яъне исмҳои ҷуғрофиёӣ воқе­ъан гоми ватандӯстона аст. Самимона бояд гуфт, ки Ҳукумати кишвар дар ин замина корҳои шоистае анҷом додааст.

Аммо дар ҳамин раванди волои ватан­дӯстӣ ҳам чанд камбуди ҷиддӣ мушоҳида мешавад: нахуст, дар фарҳанги ҳазорсолаи мо хеле кам ба назар мерасад, ки номҳои ҷуғ­рофиёӣ - номи шаҳру вилоят, ноҳияву деҳкадаҳо ба номи шахс гузошта ша­ванд. Мисли ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Фирдавсӣ, Сино ва садҳо номи дигар.

Воқеъан, бо ҳукми девонсолоронаи бархе ба забон овар­дани "Ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ" кори сангинест. Хуб мебуд, агар бар пояи фарҳанги арзишманди гузаштагон номи шаҳру деҳот бо исми ҷуғрофиёӣ гузошта шавад: Суғд, Хуросон, Бохтар, Гулистон, Ба­ҳо­ристон...

Дуввум, бо дастдарозӣ ва пешоҳангии муғризонаи касоне ҳукумат ба иваз кардани номҳои хеле арзишманду таърихие чун Кофарни­ҳон, Дарбанд ва Ғарм даст зад. Бахусус, ба ҷойи исми таърихии "Ко­фарниҳон" сифати "Ваҳ­дат"-ро ҷойгузин кардан лойиқи пайравӣ нест.

Бо ин ҳама, раванди поксозӣ ва ислоҳот дар забони форсии Варорӯд (забони тоҷикӣ ин масъулиятро ба дӯш дорад), ки аз тарафи Ҳуку­мати Тоҷикистон ва аз сӯйи мардуми ҳавзаи забони форсии тоҷикӣ оғоз шудааст, заминаеро барои анҷоми корҳои назаррас ва ислоҳоти бунёдӣ муҳайё кардааст. Барои ин, самимият ва қотеъияти ҳукумат, ҷилавгирӣ аз дахолати ғаразхоҳон ва дилсӯзии бештари аҳли донишу фарҳанг лозим аст.

Саранҷом

Хеле бад аст, ки дар сатҳи раҳбарӣ ва дастрасӣ ба мудирияти корҳо дар кишвари мо касоне ҳам роҳ ёфтаанд, ки ба пешравии кору рӯзгори мардум халал мерасонанд. Ин гӯрӯҳи одамон дар ҳар амали мардуми тозаандеш ва гоҳе дар нақшаҳои хуби ҳукумат ҳам дастдарозӣ мекунанд. Барои мисол, ҳар боре ки мавзӯъи ислоҳи алифбо ё табдили алифбо рӯйи забонҳо биёяд, базудӣ мушкилоти гарон ва тарсбарангезе чун "маблағи беандозае барои ин кор", ё "табдили алифбо сабаби бесавод шудани мардум мешавад" ва чандин даъвоҳои дигарро, ки барои одамони камтаҷриба воқеъан дар оғоз мушкил менамояд, пеш мегузоранд.

Дар Ӯзбакистон ба алифбои лотинӣ гузаштанд, вале дунё чаппа нашуд. Ҳоло пурсиши мантиқие пеш меояд: Имрӯз дунё дигар шудааст, мо бояд камбудиҳоя­монро ислоҳ кунем ё накунем? Ислоҳот дар оғоз бо чандин мушкил ҳамроҳ аст, вале чун як муддат, ки гузашт, бештарин мушкилоташ пушти сар мешавад. Мисоле дорем. Дар миёнаи солҳои 80 ва 90-и садаи гузашта марҳилаи тозаи иваз шудани бештарин калимаву вожаҳои русӣ (тавре мегуфтанд - интернатсионалис­тӣ) ба забони форсии тоҷикӣ оғоз шуд.

Мо, ки иштирокдори ин таҳаввулот будем, ҳамеша мавриди сарзаниш ва таънаву маломат мешудем, ки чаро мардумеро, ки бо ҳамон калимаву во­жаҳо (манзурашон калимаҳои русӣ-интернатси­она­лис­тӣ буд) одат кардаанд, аз роҳ мезанем, чаро мо калимаҳои эрониву афғониро истифода мебарем?

Вале имрӯз дигар касе барои истифода аз садҳо луғатҳои форсиву тоҷикӣ, ки захираи луғавии забони моро хеле поку тоҷикитар кардаанд, мисли он рӯзҳо ба тӯҳмату сарзаниш гирифтор намешавад. Чунки ин калимаву вожаҳо ба забони меъёр (норматив)-и миллати мо ворид шудаанд ва дигар бар сари истифодаи онҳо иғво андохтан ғайри­мумкин шудааст. Аз ин рӯ, нахуст худи мо аз ислоҳот набояд битарсем ва дувум, ба иғвогарон бигӯем, ки моро аз ислоҳот натарсонед.

Ташаббуси Ҳукумати кишвар дар мавриди омӯзиш ва поксозии забони давлатӣ қобили дастгирӣ ва эҳтиром аст. Мушкили умдае, ки дар ин ҷодда ба назар мерасад, мухолифати сарсахтонаи касонест, ки худро русзабон медонанд, агарчи амалан бештарини онҳо аз ҷумлаи мардуми рус нестанд.

Пойтахтнишинон хуб медонанд, ки ин гурӯҳҳо дар ташкилу омӯзиши мактабҳо ба забони ғайр, ташвиқу корбурди худсаронаи забони бегона дар муқобили забони давлатӣ, ҳатто бедор кардани эҳсоси бадбинӣ дар миёни кӯдакону наварасони тоҷик ва мардуми Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ дар парваришгоҳу мактабҳо талоши фаровоне ба харҷ медиҳанд.

Яке аз ин гуна талошҳо ҳамон андешаи дурӯғин аст, ки мактабҳои русизабон (аз ҷумла, литсейҳои туркӣ) дониши хубтар меди­ҳанд, то мактабҳои тоҷикзабон - ва мардуми содаву ноогоҳ ба ин дурӯғбофиҳо хеле сода­лавҳона бовар мекунанд.

Бехабар аз он ки, агар як тифл соҳиби дарку салиқаи солим, маҳорату муҳаббати дуруст ба коре ва ё шуғле надошта бошад, ҳарчанд ӯро ба рӯйи тахти зарин бинишонӣ, ақлу донишаш афзун нахоҳад шуд. Магар донишмандону бузургони гузаштаи мо, ки хеле аз онҳо шӯҳрати ҷаҳонӣ доранд, дар мактабҳои русӣ ва ё литсейҳои туркӣ таҳсил кардаанд?

Мушкилиҳо дар забони мо хеле зиёданд. Каҷрафториҳо дар сохтани истилоҳот, номгузориҳо, истифодаи барғалати калимаву вожаҳо, номав­зунӣ дар навиштор ба ҷойе кашидааст, ки мо ба ҳолати сардаргумӣ дарафтодаем. Бегонахӯйӣ ва ситезаҷӯйии мардуми мо бар пояи фарҳангҳои бегона - танҳо як тарафи масъала аст.

Мо дар дохили кишвар душманони ҷиддие дар баробари забони худ дорем, ки воқеъан дасти дароз доранд. Вагарна ба ҷойи вожаи тоҷикии "пул", ки дар тамоми қаламрави забони форсӣ, бо шумули ҳамаи деҳкадаҳои кишварамон истифода мешавад, ма­қом­дорон калимаи туркии "копрук" ё "купрук"-ро мавриди истифода қарор намедоданд.

Ҳамчунин корбасти вожаву истилоҳоте чун "қушун", "прократура", "суд" аз ҷумлаи ҳамон рафтори ҷаҳли мураккаб аст, ки ҳуку­мат­дорони мо бар сари мардум бор кардаанд. Ва ин ҳама, дар ҳолест ки мо шабонарӯз дар васфи иттиҳоду истиқлол, арзишҳои миллӣ, Ориёнои Бузург суруду тарона ва ҳатто "ашӯла" мехонем.

Ҳоло ки Кумитаи забон ва истилоҳоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда ва фаъъолият дорад, зарурист, ки салоҳияти он ҳар чи болотар бурда шуда, масъулияти муҳимми он мушаххас ва ҳамаи сохторҳои ғайриҳукуматӣ, ҳу­ку­матӣ, дар маҷмӯъ, давлатӣ, дар масъалаи забон дар назди ин сохтор ҷавобгӯ бошанд.

Ба назари ман, ин кумита бояд масъулияти ҳифзи асолати забон, покнигаҳдории он аз унсурҳои бегона ва тақлидӣ, масъулияти назорати бахусус китобу нашрияҳо дар мавриди корбурди луғату истилоҳот ва вожаҳои навро дошта бошад.

Дар ин маврид дар Эрони ҳамзабони мо таҷрубаи арзишманде вуҷуд дорад, ки қобили омӯзиш ва пайравист. Яъне ин кишвар як ниҳоди муқтадире бо номи Фарҳангис­тони забону адаби форсӣ дорад, ки масъулияти бузурги пешрафту пуштибонии забонро пурра уҳда мекунад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi