"ШАҲОДАТНОМА АЗ КОНСУЛГАРӢ?" "НЕ, АЗ ИНТЕРНЕТ..."
Фаъолони фанновариҳои иттилоотии Тоҷикистон мехоҳанд, давлат ва шаҳрвандон вориди муоширати интернетӣ шаванд.
Мудири Академияи маҷозии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушд, Асомиддин Атоев, мегӯяд, ки дар асри суръат ва иттилоот таъсиси хадамоти давлатии электронӣ як амри воқеист. Ӯ мегӯяд, хуб аст, агар кор аз эҷоди пайванд бо шаҳрвандони бурунмарзӣ шурӯъ шавад, ҳарчанд ҳадафи ниҳоӣ дастёфт ба шабакаи умумимиллии хадамоти давлатист. Аммо чаро? Ба ин пурсиши хабарнигори мо, ҷаноби Атоев чунин посух дод:
“Ниёзи бештар ба хизматрасониҳои электронии давлатӣ миёни шаҳрвандони бурунмарзӣ вуҷуд дорад. Маҳз ин категорияи шаҳрвандон моҳияти чунин хизматрасониро ба осонӣ дарк мекунанду қадр намуда, фаъолона истифода бурда метавонанд. Чунки ин намуди хизматрасонӣ аз макону замон вобаста нест ва ҳар ҷое, ки дастрасӣ ба шабакаи Интернет ҳаст, ё тавассути компютер ва ё дастгоҳи мобилӣ, хизматҳоро низ дастрас кардан мушкил нест. Ба фарқ аз шаҳрвандони дохили кишвар, ки метавонанд нисбатан осонтар аз хизматрасониҳои давлатӣ бо таври анъанавӣ истифода баранд, шаҳрвандони берунӣ аллакай ташнаи чунин хизматрасонианд.”
-Яъне муҳоҷирони тоҷик дар гӯшаҳои дурдасти ин ё он кишвар битавонанд, ба роҳат бо мақомоти давлати худ дар тамос бошанд, не?
-Дуруст аст. Масалан Сафорати Тоҷикистон на дар ҳамаи нуқтаҳои Русия консулгарии худро дорад ва муҳоҷирони мо дар деҳот ва навоҳии ин кишвар ҳам ҳастанд. Сафорати Тоҷикистон дар шаҳрҳои калонтарини ин кишвар консулгариҳои худро дорад. Ҳоло муҳоҷирон маҷбур мешаванд, аз ноҳия ё деҳоти дурдасти Русия роҳи зиёдеро тай карда, барои як ҳуҷҷатикӯчак худро ба ин консулгариҳо ё сафорат расонанд. Бо хизматрасонии электронӣ ин зарурат аз байн меравад. Вай имкон дорад тавассути муроҷиати электронӣ кори худро анҷом диҳад.
-Барои ин ниҳодҳои расмӣ бояд сомонаҳои алоҳида кушоянд ё дар дохили ҳамон торнамоҳое, ки доранд, бахшеро барои муроҷиати шаҳрвандон ихтисос диҳанд?
-Бале, дар доираи ҳамон сомонаҳое, ки ҳоло корхонаҳои давлатӣ доранд, хизматрасониҳоро ба роҳ монда метавонанд. Муроҷиати шаҳрвандонро қабул мекунанд ва кори онҳоро аз ҳамон тариқ анҷом медиҳанд. Ин ҷо ҳам сарфаи вақт аст ва ҳам коҳиш додани хароҷоте, ки шаҳрванд аз роҳи дур меояд ё мекунад, агар дар дохили кишвар ҳам бошад.
-Бубинед ҳоло сомонаҳои мақомоти расмӣ доранд, ҳафтаҳо ё моҳҳо тағйир намеёбанд. Пас чӣ гуна мешавад, бовар кард, ки онҳо сари вақт ба муроҷиати шаҳрвандон ё корафтодагон расидагӣ хоҳанд кард?
-Он, ки мӯҳтавои бештари сомонаҳои корхонаҳои давлатӣ, мунтазам нав карда намешаванд, аввал сабабаш дар дарк накардани моҳияту манфиати он дар корхона, дуввум ҳавасманд набудани шаҳрвандон ба ин мӯҳтавост. Ин вобаста ба бозори интернетӣ аст. Яъне ки хонанда-харидор надоранд, талабот дар бозор қариб, ки нест ба чунин намуди хизмат. Ҳол он ки сарфи назар аз он ки харидор аст ё хайр, дар асри суръат, ҳатман сомонаҳои корхонаҳои расмӣ фаъол бошанд.
Бартарии хадамоти электронӣ ин аст, ки агар корхонаҳои давлатӣ дар як рӯз 8 соати корӣ дошта бошанд, хадамоти электронӣ шабонарӯзӣ ба кораш идома медиҳад. Шаҳрванд ё корафтода, кадом вақту соате, ки имкон дорад ба Интернет медарояд ва муроҷиати худро мекунад. Ин ба суди корхонаҳои давлатӣ ва шаҳрвандон аст.
-Ин пешниҳод чӣ гуна бояд амалӣ шавад? Барои ин ҳукумат бояд дастур диҳад, ё худи корхонаҳо даст ба ташаббус зананд?
-Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2011 қабул гардид. Санади мазкур на танҳо мафҳуми ҳукумати электронӣ, механизми боэътимоди такмили муносибати давлату шаҳрвандро муайян менамояд, балки ҳадафу марҳилаҳои татбиқи онро низ.
Акнун ҳар як муассисаи давлатӣ дар доираи ин санад метавонад барномаи татбиқи фановариҳои иттилотӣ-иртиботиро таҳия намуда, бо ҷалби маблағҳо татбиқи онро ба роҳ монанд. Бояд қайд намуд, ки рушди ҳукумати электронӣ чорасозиҳои якмасрафа набуда, худ раванди рушд мебошанд.
-Аммо ҳоло расидагӣ ба муроҷиати шаҳрвандон аксаран дар ивази пора сурат мегирад. Роҳи нав ба фасод монеъ мешавад ё, баръакс, имкониятҳои наверо боз мекунад?
-Инсонро муҳит тарбия менамояд. Мо, новобаста аз сатҳи иқтисодӣ кишварҳоямон, аз ҳам фарқи зиёде надорем. Ба кадом кишвар ва ё муассисае сар халонӣ дар муносибатҳои хизматрасонӣ ҷузъи заифтарини ин силсила инсон боқӣ мемонад. Бартарии ҳукумати электронӣ ҳамчун механизми ислоҳот дар он аст, ки миёнаравҳоро дар ин силсила кам мекунад ё тамоман аз байн мебарад.
Яъне шаҳрванд ва ё муштарӣ бевосита нуқтаи хизматрасонӣ пайванд мешавад. Мисолаш: нуқтаҳои пардохти хизматҳои алоқаи мобилии имрӯза. Новобаста аз замон ва баъзан аз макон (агар дар шаҳрҳои калонтарини кишвар бошед) терминалҳои пардохт омодаи хизматанд, бе ягон хушомадгӯиву қасамхӯриҳои бардуруғ.
-Суоли охирин. Оё зарфиятҳо ё потенсиали интернетие, ки ҳоло аҳолӣ ва ҳукумат дорад барои рушди ҳукмати электронӣ кифоят мекунад?”
-Агар ба мушкилиҳову харҷи зиёде, ки шеваи анъанавии девонсолорӣ (бюрократӣ) ба давлату ҷомеа меоварад, нигоҳ накарда, онро татбиқи намудаву истифода бурда истодаем, тавонмандии ҳам ҷомеаву ҳам ҳукумат ба рушди ҳукумати электронӣ мерасад. Илова бар ин, дар раванди татбиқи ин тарҳ тавонмандӣ низ афзоиш хоҳад ёфт.
Ҳарамгули Қодир, «Озодӣ»