ИНФИҶОРИ ГОЗ ДАР ҶАНУБИ ДУШАНБЕ ШАШ ЗАХМӢ БАРҶО ГУЗОШТ
Дар опортмоне 4-табақаӣ дар ҷануби Душанбе бар асари инфиҷори гоз чанд нафар захмӣ шудаанд. Ин инфиҷор дар як хобгоҳи пулис дар маҳаллаи 63-и шаҳри Душанбе рух дод ва бар асари он шаш нафар, аз ҷумла чаҳор кӯдак ҷароҳоти сангин бардошта ва ба бемористони сӯхтагии шаҳри Душанбе интиқол ёфтаанд.
Аз шиддати инфиҷор дару панҷараҳои сохтмон фурӯ рехтаанд. Таҳқиқоти ин ҳодиса идома дорад. Шоҳидони айнӣ ҳамчунин мегӯянд, ки ду рӯз пеш низ дар ҳамин минтақа як инфиҷори гоз рух дода ва бар асари он панҷ нафар аз аъзои як хонавода маҷрӯҳ шуда ва ба бемористон мунтақил шуда буданд. Ҳангоме ки баъд аз ду соъати инфиҷор хабанигори Би-би-сӣ дар назди хобгоҳи чаҳорошёнаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қарор дошт, масъулони вазорат ҳамроҳ бо оташнишонон ва кормандони ширкати “Тоҷикгоз” машғули таҳқиқи ҳодиса буданд.
Аз ду макони наздик ба манзиле, ки инфиҷор дар он рух дод, аз дохили замин забонаҳои оташ сар кашида буд. Кормандони ширкати “Тоҷикгоз” машғули таҳқиқи макони аслии ҷорӣ шудани гоз ба ҷойи ҳодиса буданд. Дар ин сохтмон, ки дар хиёбони Неъмат Қарабоев, дар маҳаллаи 63-юми шаҳри Душанбе, воқеъ аст, умдатан кормандони Вазорати умури дохилӣ ба сар мебаранд.
Аммо дар миёни сокинони ин сохтмон афроди бузургсоле низ ба назар мерасиданд, ки мегуфтанд аз муддатҳо қабл ба ин манзил гоз интиқол намеёфт. Кормандони пулис мардуми таҷаммӯъшударо пароканда мекарданд ва гуфтанд, ки "дар ин ҷой имкони рух додани инфиҷори дигаре вуҷуд дорад."
Шералӣ Сабзов, раиси бахши раёсати пулиси шаҳри Душанбе, мегӯяд, ки инфиҷори субҳи имрӯз мунҷар ба захмӣ шудани шаш нафар аз бошандагони ин манзил шудааст. Ба гуфтаи вай, таҳқиқоти муқаддамотӣ мушаххас карда, ки утоқҳои манзил бар асари инфиҷор таркидаанд. Оқои Сабзов мегӯяд: “Кормандон бояд муъайян кунанд, ки гозе, ки ба далели он манзил таркидааст, аз куҷо ворид мешавад.”
Гулистон Мадалиева, як сокини маҳаллӣ дар хиёбони Неъмат Қарабоев, мегӯяд, ки субҳи рӯзи панҷшанбе аз садои шадиди инфиҷор бедор шудааст. Хонуми Мадалиева гуфт, ки ин бори дувум дар ин ҳафта аст, ки дар ин хобгоҳ, ки ба Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мутаъаллиқ аст, инфиҷор рух медиҳад. Вай афзуд: “Ҳоло ман намедонам, ки бо чаҳор фарзанди хурдсолам куҷо равам. Зеро хатари таркидани манзил боз ҳам вуҷуд дорад.”
Қурбонгул, сокини дигаре, низ ҳамроҳ бо иддае аз занони дигари бошандаи манзил аз дур ба утоқҳояшон назорат мекарданд ва аз ворид шудан ба дохили манзил бим доштанд. Вай мегӯяд: “Ҳоло мо аз зиндагӣ дар ин сохтмон метарсем. Мо чанд сол боз гоз надоштем ва дар утоқҳои таркидагӣ низ гоз набуд. Аъзои ду хонаводае, ки утоқҳояшон таркиданд, вазъи саломатиашон вазнин аст ва бадани духтарчаи чаҳорсолае аз онҳо зиёд сӯхтааст.”
Сокинони ин хобгоҳ мегӯянд, ки дар маҷмӯъ чаҳор утоқи ин сохтмони чаҳорошёна хисорат дидааст. Маъмулан вуқӯъи ҳодисаҳое аз қабили инфиҷори гоз ва оташсӯзиҳо дар шаҳри Душанбе ва шаҳрҳо ва навоҳии дигари Тоҷикистон бо расидани фасли сармо афзоиш меёбанд. Ҳамасола чунин ҳаводис хисороти молӣ ва талафоти ҷонӣ бар ҷой мегузорад.
Бар асоси иттилоъи манобеъи расмӣ, дар соли ҷорӣ аз оташсӯзиҳо беш аз 20 нафар ҷони худро аз даст додаанд ва танҳо дар моҳи декабр бар асари олудагӣ аз гози зуғолсанг даҳ нафари дигар фавт кардаанд.
Би-Би-Си