09:04:16 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БОМИ ТЕАТРИ ВАЛИЗОДА БОЗ МЕЧАКАД

Ҳангоми боридани камтарин борон боми театри мазҳакаи мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб мечакад. Соли 2005 ба ифтихори ҷашни 2700 солагии Кӯлобшаҳр дар қатори дигар сохтусозҳо таъмиру азнавсозии бинои театри Вализода низ ба нақша гирифта шуд. Барои сохтмони он маблағҳои ҳангуфт масраф шуд, аммо корҳои иҷрошударо ба ҷуз ҳарромкорӣ чизе дигар наметавон талаққӣ дод.

/images/stories/2011/12/27_laku-pak2_2011.jpgАмина Табарова директори театри мазкур иллати чакидани биноро дар осемасар сохтани он мебинад. Яъне сохтмончиён, айни ҳол «Кӯлобдеҳсохтмон» сарвараш Бобоҷон Пираков, ки зимоми сохтусози ин биноро ӯҳда мекард, бояд дар мӯҳлати муайяншуда биноро ба истифода медод, бинобар ин онро осемасар сохтанд. Театр барои вилоятӣ буданаш аз буҷҷаи шаҳр маблағгузорӣ намешавад. Аммо чорабиниҳои шаҳрӣ ҳамвора ройгон дар ҳамин бино гузаронида мешаванд.

Масъулини вилоят ҳам барои беҳбуди кори ин муассисаи фарҳангӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намекунанд. Се соли қабл низ мо аз костагиҳои сохтмони театр дар матбуоти даврӣ хабар дода будем, аммо муассисаи Маркази Лоиҳаҳои сохтмонӣ дар шаҳри Кӯлоб сарвараш Раҳмоналӣ Ҳакимов барои ин кирдорамон моро анқариб душмани миллат эълом дошт. Боз барои таъмир маблағҳо ҷудо шуданду ҳоли театр беҳ нашуд.

Шояд гуфтан бемаврид набошад, ки пудратчии сохтмони театр, яъне раиси ширкати «Деҳсохтмон» Бобоҷон Пираков сохтмони нерӯгоҳи хурди Кӯлобро низ баъди ба истифода додани театр ба ӯҳда гирифт. Баъди се сол тӯл кашидани сохтмон (бояд дар 1 сол сохта мешуд) дар як ҷаласаи ҳукуматӣ рақиби ӯ дар пояи сохтмон, раиси ширкати «Кӯлобсоз» Ҳикмат Шарипов гуфта буд: «то он гаҳе, ки сохтмони нерӯгоҳ дар ихтиёри Пираков аст он ҳеҷ гоҳ ба истифода дода намешавад.»

Он вақт дар толор нишастагон хандиданд, аммо бубинед, ки то ба имрӯз нерӯгоҳ баъди масраф шудани беш аз 2 миллион сомонӣ бекор хобидаасту интизори хароб шудан. Сохтмони 12 коттеҷи истиқоматӣ низ дар собиқ майдони ҳавоии шаҳр бар дӯши Пираков буд, аммо ба итмом нарасиданд ва дар ҳоли сохтмони нотамом барои абад боқӣ монданд. 

Киссаи тиҳии театр низ имкони таъмиру тармим намедиҳад. Дар Кӯлобшаҳр шояд ҷиҳати рӯзгори сангин бошад, касе бо ихтиёри худ ба театр намеравад, ҳатто бо вуҷуди он, ки имсол намоишномаҳои ҷолибе ба мисли драмаи манзуми Сафармуҳаммад Аюбӣ «Шоҳин» ва намоишномаи мазҳакавии «Ошиқам ошиқ»-и Маърифат Ҷӯрабекова ба маърази тамошо гузошта шуд. Тамошогаронро масъулин иҷборан аз макотиби миёна ва олӣ меоранд.

Нархи чиптаҳо ба гуфти хонум Табарова хело паст аст, яъне ҳамагӣ 1 сомонӣ барои як намоиш. Худи раиси шаҳр ва вилоятро, мегӯяд директор, касе надидааст, ки боре ба тамошои ин ё он намоишнома биёянд, то ибрати дигарон шавад. Дар ҳақиқат, хуб мешуд барои беҳбуди кор раиси шаҳр ҳамроҳи аҳли хонавода ва аҳли рикоб бо оилаҳояшон як бегоҳи рӯзҳои нарми офтобӣ дар даст гулу гулдаста ва бо табассуми гуворо ба назди театр барои тамошои ягон намоишномаи ҷолиб биёянд.

Як соат ҳамагӣ бо либосҳои тозаю озода ва ҳатман бе галстук дар назди майдончаи театр истода бо ҳам сӯҳбат кунанд ва ё ҳатто ягон базми хурдакак ташкил кунанд ва аз сиёсат сухан накунанд. Ин ҳам бо мақсади намуна шудан барои дигарон. Билохира ҳамагӣ ҳатман аз касса билет гирифта, шоду хандон вориди театр шаванд. Ин албатта хаёлоти ширин аст. Сиёсатмадори мо рӯҳи санъатшиносӣ надорад.

Бо вуҷуди ҳамин ҳам бояд дар тамошои ягон намоишнома ба ивази азоби ҷон баҳри раҳоӣ аз азоби виҷдон шитобанд. Ман тавассути ин навишта аз раисони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ пурсиданиям, ки кадоме аз онҳо имсол вориди театр шуда ягон намоишномаи ватаниро тамошо кардааст? Агар накардааст ватандӯст нест ва шаҳри ӯ ҳеҷ гоҳ обод намешавад, чунки маҳз бо тамошои ҳамин намоишномаҳои театрӣ қалби кас пок мешавад. Қалб агар пок набошад ҳеҷ гоҳ кори нек аз дасти кас намеояд.

Бозгашт аз ин хаёлот, боз ҳам касро бо чакидани боми театр рубарӯ месозад. Ва боз мушкилоти набудани барқ, гази табиӣ ва моеъ, ҳезум мардумро думболагир мешавад. Аммо бубинед, ки дар шаҳри Ленингарди Шӯравӣ ҳангоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ рӯзҳои дар муҳосира будани шаҳр ва дар кӯчаҳо аз гурӯснагӣ ва хунукӣ ях карда мурдани мардум зиндаҳо бо шиками гурӯсна ба театр рафта симфонияи шашӯми Шостаковичро мешуниданд.

Ҳақиқати дигар ҳамин аст, ки ҷиҳати набудани шароити мӯътадили зист ва маоши хуб ҳунармандони театр низ баъди тарбия гирифтану ҳунарманди хуб шудан тарки ҷойи кор мекунанд. Боз ҳам театри Кӯлоб манбаи ашёи хом барои муассисаҳои фарҳангии вилоят ва ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.

 Табарова мегӯяд сохтмони як бино барои сохтмони хонаҳои хидматӣ ин мушкилро аз байн мебурд ва илова кард: аксарияти ҳунармандони асили театр иҷоранишинанд.» Аммо аз масъулини ҳукумати шаҳр ва вилоят касеро парвои мушкилоти ҳунармандон нест. Риштаҳои ҳамкорӣ низ бо мамолики ҳамзабоне мисли Ирону Афғонистон ба манфиати кор мешуд.

Бигзор онҳо ба Кӯлоб сафар карда намоишномаҳои ҷолибе пешкаши тамошобини Кӯлоб гардонанд мо ҳам намоишномаҳои хубе дорем, ки онҳоро метавонистанд дар он мамолик қадр кунанд, аммо шароити ҳамкорӣ кардан бо онҳо низ мавҷуд нест.

Аҳмади Иброҳим барои «Рӯзгор»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi