04:28:36 02-уми Июли 2025 сол

НАХУСТИН ЧАРХАИ НЕРӮГОҲИ “САНГТУДА-2” ФАЪОЛ ШУД

Чархаи нахусти нерӯгоҳи “Сангтуда-2” ба сурати озмоишӣ фаъол шуд. Интизор меравад то як ҳафтаи дигар ин нерӯгоҳ ба тавлиди нерӯи барқ низ оғоз кунад, ҳарчанд гузориш шуда буд, ки чархаи нахусти ин нерӯгоҳ дар авоили моҳи сентябр фаъол шуда буд.

/images/stories/2011/12/22_sangtudaa_221211.jpgМанобеъи ширкати “Фароб”-и Эрон, ки машғули сохтмони ин нерӯгоҳ аст, гуфтанд, ки чархаи нахусти ин нерӯгоҳ рӯзи 22-декабр дар ҳузури Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон, ба кор оғоз кард. Тибқи иттилоъи ин манобеъ, тӯли як ҳафта ин чарха ба сурати озмоишӣ чарх зада ва қарор аст аз сиюми декабр ба тавлиди барқ оғоз кунад.

Гуфта мешавад, ки обанбори “Сангтӯда-2” чандон бузург нест ва ба ин далел миқдори тавлиди барқ ба мизони оби рӯдхонаи Вахш бастагӣ дорад. Агар аз обанбори нерӯгоҳи "Норак" об зиёд бирезад, пас “Сангтӯда-2” низ барқи бештаре тавлид хоҳад кард. Чархаи дувуми “Сангтӯда-2” қарор аст дар остонаи ҷашни Наврӯз дар моҳи марти соли 2012 фаъол шавад.

Зимнан, тибқи тавофуқоти давлати Тоҷикистон ва Эрон, тӯли 12,5 соли баъд аз оғози кори “Сангтӯда-2” ин нерӯгоҳ моли давлати Эрон хоҳад буд ва сипас дар ихтиёри давлати Тоҷикистон қарор мегирад. Дар ин муддат ҷониби Эрон бояд аз тариқи фурӯши нерӯи барқ махориҷи худро бозрӯёнад.

Эрон қасд дошт иҷрои ин тарҳро бо ҳазинаи 180 милюн дулор анҷом диҳад. Вале манобеъи сафорати Эрон дар Тоҷикистон пештар гуфта буданд, ки арзиши аввалияи ин тарҳ то ба 70 милюн дулор афзоиш ёфтааст ва ин ҳазинаро давлати Тоҷикистон бояд пазирад. Афзоиши қимати ин тарҳ ба боло рафтани арзиши масолеҳи сохтмонӣ ва махориҷи изофии ҳамлу нақли таҷҳизот барои нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" марбут будааст

Зимнан, 22-юми декабр аз "Рӯзи кормандони энержӣ" дар Тоҷикистон таҷлил мешавад ва ба ин далел мусодиф уфтодани оғози кори чархаи нахусти “Сангтӯда-2” бо ин рӯз рамзӣ арзёбӣ мешавад. Аз сӯйи дигар, дар чанд рӯзи ахир дамои ҳаво дар Тоҷикистон башиддат пойин рафта ва дар таъмини нерӯи барқ барои сокинони кишвар мушкилоти фаровоне ба мушоҳида мерасад.

Ҳоло ба манозили сокинон дар бисёре аз манотиқи Тоҷикистон дар шабонарӯз 5-6 соъат нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Вале масъулони ширкати “Барқи тоҷик” хабар доданд, ки дар чанд рӯзи ахир тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон то ба 3 милюн килувот/соъат афзоиш ёфтааст, ки боъиси боло рафтани мизони интиқоли нерӯи барқ ба манозили сокинон шудааст.

Ҳамчунин, ширкати “Барқи тоҷик” интиқоли нерӯи барқ ба ширкати “Талко”- ро, ки масрафкунандаи аслии нерӯи барқ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, дар шабонарӯз то ба се милюн килуват/соъат коҳиш дода ва ин миқдор нерӯи барқ барои бароварда сохтани ниёзҳои сокинон масраф мешавад.

Ҳамчунин, ҳафтаи гузашта нерӯгоҳи ҳароратии шаҳри Душанбе, ки танҳо дар фасли зимистон фаъол мешавад, ба кор оғоз кард ва ба ин васила гармӣ дар манозили теъдоди маҳдуде аз сокинони пойтахти Тоҷикистон таъмин шудааст.

Ҳамзамон ин нерӯгоҳ метавонад дар шабонарӯз то 90 меговот/соъат нерӯи барқ тавлид кунад. Вале масъулони “Барқи тоҷик” мегӯянд, ки арзиши нерӯи барқи тавлиди ин нерӯгоҳ беш аз даҳ сенти омрикоӣ аст ва ба ин далел аз ин манбаъи энержӣ танҳо дар сурати изтирорӣ истифода мешавад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ