14:44:47 01-уми Июли 2025 сол

ФАСОД ВА МАНСАБДОРОНИ ТОҶИК: ХЕШИ ХУДАМ, ПЕШИ ХУДАМ

Дар минибус шоҳиди суҳбати духтари ҷавоне будам. Аз суҳбати вай чунин бармеомад, ки ӯ чанд моҳ пеш аз донишгоҳ бо гувоҳиномаи "аъло" фориғ шуда ва дар ҷустуҷӯйи шуғле муносиб будааст. Ин духтар ба ҳамсуҳбаташ мегуфт, ки “агар ман пул медоштам барои худам кори сердаромаде дар вазоратхонаҳо меёфтам.”

/images/stories/2011/12/10_corruptionmeeti_2011.jpgБаъд аз анҷоми сӯҳбат ман аз ин сокини ҷавони шаҳри Душанбе пурсидам, ки чаро бо мушкили корёбӣ рӯбарӯ шудааст, дар ҳоле ки бисёриҳо намехоҳанд дар корхонаҳо ва муассисоти давлатӣ кор кунанд. Духтар, ки худро Гулрафтор муъаррифӣ кард, мегӯяд, ки дар муассисаҳои давлатӣ ҳатто барои пайдо кардани шуғли фаррошӣ ё тамизкорӣ "ба дастат нигоҳ мекунанд, ки чи ҳадя овардаӣ." Гулрафтор афзуд: “То ин бало аз кишварамон дур нашавад, зиндагии мо обод намешавад.”

Вай ба ин бовар аст, ки мубориза бо фасод дар Тоҷикистон имконнопазир аст. Вале пруфесур Александрас Добрянинас, ҷомеъашинос ва устоди донишгоҳи Вилнюс, мегӯяд, ки аз мубориза бо фасод набояд тарсид. Вай, ки дар як нишасти хабарӣ баъд аз муъаррифии пажӯҳиши тозае дар бораи фасод дар Тоҷикистон суҳбат мекард, гуфт: "Агар фасоди молиро барзиёд баҳогузорӣ кунӣ, аз мубориза бо он даст хоҳӣ кашид. Вале онро ночиз низ набояд қабул кард. Ва дар ин сурат, яъне дар меъёри маъмулӣ мубориза бо фасод осон хоҳад буд.”

Оқои Добрянинас аз ҷумлаи коршинсони Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо буд, ки ба анҷоми пажӯҳиши тозаи Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон зери унвони “Назарсанҷии иҷтимоъӣ барои дарк ва муносибат бо фасоди молӣ ва мубориза бо он дар ҷомеъи Тоҷикистон” кумак мекард. Ин пажӯҳиш рӯзи ҷумъаи 9 декабр, дар рӯзи ҷаҳонии мубориза бо фасод, дар сохтмони Маркази мутолеъоти истротежик, як ниҳоди вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, муъаррифӣ шуд.

Тавре ки Сӯҳроб Шарифов, раиси ин марказ, мегӯяд, ин назарсанҷӣ миёни як ҳазор нафар аз сокинони шаш шаҳри бузурги Тоҷикистон: Душанбе, Хуҷанд, Қурғонтеппа, Хоруғ, Турсунзода ва Кӯлоб анҷом шудааст. Дар ин назарсанҷӣ, ки аз моҳи июн то ноябри соли равон идома дошт, сокинон ба ҳудуди 10 пурсиш дар мавриди фасод посух додаанд. Ҳамчунин, матолиби марбут ба фасод дар се нашрия, "Ҷумҳурият", "Азия-Плюс" ва "Нигоҳ", мавриди пажӯҳиш қарор гирифтаанд.

Дар назарсанҷӣ 86 дарсади пурсидашудагон ришвахориро навъи густардаи фасод дар Тоҷикистон арзёбӣ кардаанд. Ҳамчунин 78 дар сади онҳо сӯиистифода аз мансабро сабаби аслии густариши фасоди молӣ хондаанд ва 70 дарсади дигар непотизм ва ё хешу қавмпарастӣ ва интисоби хешу табори мансабдорон ба симатҳои давлатиро навъи тавсеъаёфтаи фасод дар Тоҷикистон хондаанд.

Теъдоди 57 дар сади назардиҳандагон ба ин ақида будаанд, ки ришвахорӣ барои он дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки мақомот “онро аз боло талаб мекунанд.” Ва 64 дарсад аз ҷумлаи як ҳазор нафар аз пурсидашудагон гуфтаанд, ки аз афзоиши фасоди молӣ дар Тоҷикистон нигарон будаанд ва ин падидаи номатлубро сабаби аслии мушкилоти иқтисодӣ унвон кардаанд.

Дар рӯзи 9 декабри соли 2003 дар Мекзик, қарордоди Созмони Милали Муттаҳид дар бораи мубориза бо фасод имзо шуд. Ин қарордод баъд аз як соли имзои он ба тасвиб шуд. Дар қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид омадааст, ки ҳадаф аз таъсиси ин рӯз дарки амиқи масоили фасод, ҳушдор аз пайдоишу густариш ва мубориза бо он будааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ