01:26:14 02-уми Июли 2025 сол

АЗ ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ОЯНДАИ ДИРАФШИ МИЛЛӢ - Qismati 2

Аз ин хотир бояд эътибори дирафши миллӣ дар миёни мардум баландтар аз ҳар маънавиёти дигари миллӣ буда бошад. Барои дарк кардан ва маъмул доштани он табақаи рӯшафикри мамлакат бояд моҳияти онро ба мардум аз тариқи таълим ва васоити ахбори омма бифаҳмонад. Аз муносибате, ки бошандагони як мамлакат ба дирафши миллии худ доранд, метавон ба хубӣ пай бурд, ки ин мардумон мамлакату миллати худро то ба кадом ҳад дӯст медоранд. Танҳо дар рӯзҳои ҷашну сурур ва ё дигар расмиёти давлатӣ дар кӯчаҳои шаҳрҳо пайдо шудани дирафшҳои давлатӣ ин маънии пурраи изҳори муҳаббат ба ин сарзамин ё давлату миллатро дар бар гирифта наметавонад.

Дӯст доштан ва эътироф намудани он ба ҳангоме умумимиллию мардумӣ ва комил мегардад, ки агар бидуни расмиёт ё ҷашну сурурҳои умумидавлатӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат ба ҳар воситае бо худ доштани ин дирафшро ба атрофиёни хеш намоиш дода тавонад, аз қабили бо худ доштани дирафшакҳои хурд дар воситаҳои нақлиёти худ ё корхонааш ва ё нақше аз онро дар гӯшае аз либоси бадани хеш ва ё дирафшро дар ҳаҷми воқеиаш дар гӯшае аз хонаи худ ё дар биное, ки дар ҷои мувофиқ буда бошад ва зебо намудор шавад, овезон кунанд, беҳтарин изҳори зоҳирии муҳаббат ба ин ватан ва давлату миллат хоҳад буд. Чунон ки ин ҳолатро дар мамлакатҳои пешрафтаи мутамаддини имрӯзӣ баръало мушоҳида кардан мумкин аст. Пас, чаро миллати тоҷик ин корро накунад, дар сурате, ки ӯ асосгузори дирафши бузурги шоҳию давлатӣ дар ҷаҳон аст?!

Аммо як нуктаи дигар аст, ки шояд сабаби камаҳаммиятии умуми мардум дар нисбати дирафши давлатӣ буда бошад, сухан сари он аст, ки дирафши имрӯзии мо, ки аслан дар замони Шӯравӣ, пас аз ташкил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда буд, ба дирафшҳои миллии пешини мо робитаи камтар дошт ва он аслан порае аз дирафши бузурги давлати Шӯравӣ буд, ки бо иловаи рамзе онро дирафши миллии тоҷикон эълом дошта буданд. Ва шояд бад-ин сабаб буд, ки онро чандин маротиба дигар карданд ва баъдан дар замони истиқлол мо низ онро чанд бори дигар тағйир додем, вале то ҳанӯз онро ба асли худ нарасонидаем, ҳатто рангҳои онро то ба имрӯз ба ҳар навъ шарҳ медиҳанд, ки яке хилофи дигар аст.

Ҳоло, то ҷое, ки аз сарчашмаҳои таърихӣ ва ёфтаҳои бостоншиносӣ маълум мегардад, аҷдоди мо дар дирафшҳои худӣ рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабудро бо нишонҳои мухталиф аз ҷумла бо уқоби қудрату тавоноӣ, ки ҳанӯз аз замони Куруши Кабир маъмул шуда ва дар дирафши шахсии ӯ насб гардида буд, бо эҳтиромоти махсус истифода мекарданд ва онро барои худ муқаддас мешумурданд.

Фирдавсӣ мегӯяд:

Фуруҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,

Ҳаме хондаш «Ковиёнӣ Дирафш».

Ва ё

Ҳаво сурху зарду кабуду бунафш

Зи тобидани Ковиёнӣ Дирафш.

Маънии умумии ин рангҳо иборат аз қудратмандию тавоноӣ дар муҳофизати сарзамин ва номусу диёнати худ, мубориза алайҳи ғосибони аҷнабӣ, гармии табиӣ ва пурҳосилию серии мардум дар мамлакат, ободию сулҳу эминӣ ва эҳтироми хос ба обҳои кишвар ва дар ниҳоят фарогир будани мардуми ин сарзамин аз илму фарҳанг, таълиму таъаллум ва дар ин замина таҳким бахшидани иттиҳоди миллию мазҳабӣ будааст, ки ин сифатҳоро дар имтидоди таърихи чандинҳазорсолаи ин миллати шариф ба хубӣ мушоҳида кардан мумкин аст.

Ва гумон меравад, ки маҳз дар дирафши имрӯзии мо дарҷ кардани ин рангҳову рамзҳои миллии аҷдодӣ метавонад меҳру муҳаббати таърихиву аҷдодии нуҳуфтаро бори дигар дар пайкари ин миллати арҷманд зинда гардонад. Ва бошад, ки изҳори меҳри мардум ба воситаи боз ҳам бузургтар доштани ин порчаи матоъ, ки рамзи воқеии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг, умуман кулли арзишҳои моддию маънавии миллист, бештару беҳтар намудор гардад.

Дигар, зинда гардонидан ва ба таври умум роиҷ намудани калимаи «дирафш» аз миёни синонимҳои маъмули он, ки ба воситаи забонҳо ва маъниҳои дигар дар ҷамъияти мо бештар маъмул шудаанд, аз қабили «байрақ», «ливо», «алам», «роят» ва «парчам» давоми мантиқии ҷорӣ доштани рангҳои миллӣ дар дирафши мо хоҳад буд.

Дар сарчашмаҳои адабию таърихие, ки то замони барҳамхӯрии давлати Сомониён роҷеъ ба байрақ ва намудҳои он ҳарфе меравад, танҳо бо номи «дирафш» ёд карда мешаванд; аз қабили: «дирафши ковиёнӣ», «дирафши Таҳамтан», «дирафши сарон», «дирафши сиёҳ», «дирафши шерпайкар», «дирафши пилпайкар», «дирафши аждаҳопайкар», «дирафши гургпайкар», «дирафши морпайкар», «дирафши лашкар», «дирафши шоҳӣ», «дирафши эронён» ва амсоли ин.

Яъне ҳар куҷо, ки агар аз байрақҳои қаблазисломии қавмҳои эронӣ ёд карда мешуд, бо номи «дирафш» навишта мешуд. Ва дар замони ислом номҳои арабии «алам», «ливо» ва «роят» ҷои «дирафш»-ро гирифт ва баъдан дар замони тасаллути туркон бо номи туркии «байрақ» (аз замони Ғазнавиён ба баъд) машҳур шуд, ки натанҳо номи «дирафш» гум шуд, балки ҳатто номҳои арабии он низ дар минтақаи Мовароуннаҳр аз истеъмол афтода, ҳама дар маънии туркии он қарор гирифтанд, яъне «байрақ».

Аммо калимаи «парчам», ки имрӯзҳо истифодаи он бештар ривоҷ мегирад, дар мавриди байрақ тамоман ғалат аст. Зеро дар тамоми сарчашмаҳои қадиму ҷадид «парчам» ба маънии пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи гови кӯҳӣ (қутос) ё чизе будааст сиёҳу мудаввар, ки ба гардан ё нӯги байрақу найза мебастанд. Ин калима дар замонҳои ахир ба ҷои «байрақ» ба истифода даромадааст. Ҳатто бузургтарин луғатнависи даврони ахир Деҳхудо менависад, ки «имрӯзҳо дар миёни мардум гоҳҳо ба маънии дирафшу алам истифода мешавад», ки албатта ин ғалат аст. Ва дигар ин, ки калимаи «парчам» дар «Шоҳнома» ва «Гаршосбнома» барин ҳамосаҳои миллии мо мавҷуд нест, аз ин рӯ донишмандон ба ин хулоса омадаанд, ки калимаи «парчам» на эронӣ балки аҷнабист. Аммо «парчам» дар суғдӣ ба маъниҳое, ки дар болотар овардем маънидод мешавад, аз ин рӯ баъзеҳо онро калимаи суғдӣ низ гуфтаанд. Дар ҳар сурат он то замони муосир ҳеч гоҳ ба маънии байрақ набудааст.

Калимаи «дирафш» дар луғатномаҳои мухталиф ба ин маъниҳо омадааст: дурахшон, тобон; дурахшандагӣ, нурпошӣ кардан; дирафшидан – яъне ларзидан аз бод, алвонҷ хӯрдани порчаи матоъ аз бод ва ниҳоят байрақ, алам, ливо, роят ва амсоли ин, ки ин ҳама маънӣ дар як порча матоъи манзури мо гирд омадааст ва сермаънитар аз ҳама калимаҳои туркию арабии он аст. Ва ҳам дар миёни номҳои мухталифи он ягона калимаи асили эронист, яъне ориёӣ.

Бад-ин сабаб бояд номи аслии «дирафш» барқарор карда шавад. Инро танҳо мо карда метавонем, (ва вазифадор низ ҳастем) зеро меросбарони воқеъии тамаддуни эронитаборон моем. Эрону Афғонистони имрӯз махлут бо тамаддунҳои эронӣ, паштунӣ ва туркист, ки яқин аст манфиъатҳои сегонаашон намегузорад, ки ягонаи тоҷикӣ (эронӣ) пойдор буда бошад ва ё эҳё гардад.

Дар тамоми адабиёти то ба имрӯз расидаи давраи инкишофи тиллоии халқи тоҷик, яъне замони Тоҳириён, Саффориён ва махсусан Сомониён танҳо номи «дирафш» сабт аст, аз ин рӯ моро низ лозим аст, ки ин номи муқаддаси нишони миллии падарони худро, бидуни манъи дигар синонимҳои маъмулшудаи баъдии он, бори дигар эҳё ва ба таври умум роиҷу машҳур гардонем ва дар садри ин калимот қарор диҳем.

Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ

Назари Шумо

Security code
навсозӣ