ҶИЛАВГИРӢ АЗ ЧОПИ ФАРҲАНГИ ТАФСИРИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Чопи Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ, ки мураккаб аз шаш ҷилд таҳия ва барои чоп ирсол шуда буд, мутаваққиф шудааст. Акбар Турсон, раиси Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт, ховаршиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллои Рӯдакии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, мутаваққиф шудани чопи ин китобро ба риоят нашудани меъёрҳои фарҳангнигорӣ ба ҳангоми таҳияи ин луғатнома марбут хонд.
Раиси Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷик, ховаршиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ гуфт, ки ин пажуҳишгоҳ дар садад аст, дар ҳамкорӣ бо донишмандони пажӯҳишгоҳҳо, донишгоҳҳо ва дигар ниҳодҳои зирабт Фарҳанги мукаммали тафсирии забони тоҷикиро таҳия ва чоп кунад. Ба гуфтаи оқои Турсон, дар канори иштибоҳоти фаровони имлоӣ дар таҳияи фарҳанге, ки аз чоп нигоҳ дошта шуд, дар ин асар ба таври лозим аз осори илмӣ, таърихӣ ва адабии клоссику муъосири тоҷик истифода нашудааст.
Ӯ гуфт, ҳанӯз ба ҳангоми чопи Фарҳанги дуҷилдаи тафсирии забони тоҷикӣ дар соли 2008 муқаррароте, ки дар Фарҳангистони улум дар марвиди табъу нашри осори илмӣ ҷорӣ аст, риоят нашуда ва дастнависи ин фарҳанг дар бахши луғатнигории пажӯҳишгоҳ ва Шӯрои олимони пажӯҳишгоҳ баррасӣ нашудааст. Афзун бар ин, бидуни тавсияи Шӯрои донишмадони Фарҳангистони улум ин луғатнома на дар чопхонаи Фарҳангистон, балки дар интишроти дигар мунташир шудаанд.
Зимнан, ин фарҳанги дуҷилда дар соли 2008 ба ифтихори 1150 солагии Рӯдакӣ ва ҷашни истиқлоли Тоҷикистон тавассути гурӯҳе аз луғатшиносони пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Фарҳангистони улум бо раҳбарии Сайфиддин Назарзода, раиси ин пажӯҳишгоҳ ва бо мушорикати забоншиносон Аҳмадҷон Сангинов, Саъйид Каримов ва Мирзоҳусайн Султон таҳия шуда буд.
Ин фарҳанг беш аз 80 ҳазор вожаю ибора ва таркибҳои забони тоҷикиро гирди ҳам оварда ва дар поёни ҷилди дувум фиҳристи вожаҳои арабиасоси тоҷикиро бо алифбои арабӣ замима кардааст. Ин кутуб дар Эрон бо алифбои форсӣ низ мунташир шудаанд. Аммо пас аз чопи ин китоб ба далели вуҷуди иштибоҳоти зиёди имлоӣ ва навоқиси дигар аз сӯйи бархе аз донишмандон ва соҳибназарон дар матбуъот мавриди интиқоди шадид қарор гирифта буд.
Аз ҷумла, бархе аз донишмандон "ба далели шитобкории муаллифон" ба ин ки фарҳанги тафсирӣ тиҳӣ аз намунаҳои ашъор ва осори насрӣ барои вожаҳою иборот будааст, ишора карданд. Аммо дар Фарҳанги тафсири забони тоҷикӣ, ки дар соли 1967 дар ду ҷилд мунташир шуда буд, барои ҳар калима ва ибора аз осори клоссикони адабиёти форсу тоҷик намунаҳо оварда шуда буд.
Акбар Турсон гуфт, ки Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷик худ Фарҳанги мукаммали забони тоҷикиро таҳия хоҳад кард: "Бояд ин кор аз ҷониби табақаи донишмандон, хоҳ дар Фарҳангистони улум, хоҳ дар донишгоҳҳо назорат шавад. Зеро ин як китоби муҳими рӯи мизӣ буда ва ба он аз донишҷӯ то раиси ҷумҳурӣ истифода мекунанд."
Дар ҳамин ҳол дуктур Додихудо Саймуддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, аз чоп боз нигоҳ доштани шаш ҷилди Фарҳанги тафсириеро, ки аз сӯйи Фарҳангистони улум таъйиди чоп нагирифтаастро пуштибонӣ кард. Вай гуфт, ки донишмандони кумитаи забон ва истилоҳот дар таҳияи фарҳанги тафсирии ҷадид ширкат хоҳанд кард.
Ба гуфтаи Акбар Турсон қарор аст, дар ҷараёни таҳияи фарҳанги ҷадиди тафсирии забони тоҷикӣ бо донишмандони Эрону Афғонистон низ ҳамкорӣ шавад, то ин ки ин китоб ба ниёзҳои куллия форсизабонони минтақа ҷавобгӯ бошад. Оқои Турсон гуфт, ин тарҳ дар чаҳорчӯби санадҳои ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ, ки миёни ин се кишвар имзо шудаанд, иҷро хоҳад шуд.
Би-Би-Си