17:09:01 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РАСИДАГИИ ОМБУДСМЕН БА НОМАИ МОДАРИ САЛИМОВ

Шикояти модари Ёқуб Салимов, вазири собиқи кишвар ва аз фармондеҳони пешини Ҷабҳаи Мардумӣ дар даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки ҳоло дар зиндон ба сар мебарад, мавриди омӯзиш ва баррасии Омбудсмен ё кумиссари ҳуқуқи башари ин кишвар қарор дорад.

Дар ин бора Зариф Ализода, ваколатдори (кумиссари) ҳуқуқи башари Тоҷикистон ин хабарро рӯзи чаҳоршанбеи 19 август дар ҳошияи мулоқоташ бо намояндагони расонаҳои гурӯҳӣ дар Душанбе ба Би-би-сӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи оқои Алиев, вай ахиран номаеро аз модари Ёқуб Салимов дарёфт кардааст. Ҳарчанд оқои Алиев дар мавриди ҷузъиёти ин нома ибрози назаре накард, аммо гуфт, ки дархости ин сокини кишвар дар чорчӯби фаъолияти Омбудсмен омӯзиш ва баррасӣ хоҳад шуд.

Ахиран бархе аз расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистон номае саргушода аз модари 80-солаи Ёқуб Салимов ба мақомҳои давлатии ин кишварро мунташир карда буданд, ки аз вазъи зиндагии писараш дар боздоштгоҳ изҳори нигаронӣ мекард.

Қаблан Аминҷон Салимов, бародари Ёқуб Салимов, дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки модараш муддати даҳ соли ахир фарзанди худро надида ва дар номае саргушода ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, хостааст барои интиқоли ӯ аз боздоштгоҳ ба зиндон кумак кунад. Пайвандон ва вакилони мудофеъи Ёқуб Салимов мегӯянд бо гузашти чаҳор сол аз маҳкумияти вай, оқои Салимов аз боздоштгоҳ ба зиндон мунтақил нашудааст ва дар ҳуҷрае алоҳида ба сар мебарад.

Бо вуҷуди мукарраран матраҳ шудани мавзӯъи интиқоли Ёқуб Салимов аз боздоштгоҳ ба зиндон аз тариқи расонаҳо, то кунун Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки масъули иҷрои ин амр аст, ба ин суол посухи мушаххасе надодааст. Тибқи иттилоъи масъулони Додситонии кулли Тоҷикистон, дар боздоштгоҳе, ки ҳоло дар маркази шаҳри Душанбе воқеъ аст, зиндони кӯчаке вуҷуд дорад, ки дар он ҷо Ёқуб Салимов муҳлати ҳабси худро сипарӣ мекунад.

Оқои Салимов, ки замоне вазорати кишварро ба уҳда дошт, аз фармондеҳони умдаи Фронти Халқӣ ё Ҷабҳаи Мардумӣ дар даврони ҷанги дохилии солҳои 1992-97 дар Тоҷикистон буда ва дар амри ба қудрат расидани давлати феълӣ нақше калидӣ доштааст. Вай ки дар он замон аз шарикони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, буд, дар поёни соли 1992 ба унвони вазири кишвари ҳукумати ҷадид вориди шаҳри Душанбе, пойтахт, шуд ва амнияти воридшавии ин ҳукуматро фароҳам сохт.

Соли 1995 вай аз симати вазири кишвар барканор ва ба унвони сафир ба Туркия фиристода шуд. Аммо баъди як сол ба Тоҷикистон бозгашт ва ба мақоми раиси гумрук мансуб шуд. Ба гуфтаи манобеъи огоҳ, Ёқуб Салимов дар 30 апрели соли 1997 ҳангоми сӯиқасд ба ҷони Президент Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, ӯро наҷот дод, вале худ захмӣ шуд, ки дар натиҷа ба гуфтаи пайвандонаш, то ҳанӯз ҷароҳатҳояш бакуллӣ мудово нашудаанд.

Дар пайи як даргирии мусаллаҳонаи ҷонибдорони Ёқуб Салимов ва Сӯҳроб Қосимов, яке дигар аз фармондеҳони Ҷабҳаи халқии Тоҷикистон дар соли 1997, оқои Салимов аз кишвар фирор кард. Аммо бо тақозои Додситонии кулли Тоҷикистон нерӯҳои амниятии Русия дар авоили соли 2003 оқои Салимовро боздошт карданд ва ӯ пас аз як сол ба Душанбе мустарад шуд.

Дар ниҳоят, Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2005 Ёқуб Салимовро дар иртикоби ҷароиме монанди роҳзанӣ, хиёнат ба ватан ва сӯистифода аз мансаб ба 15 сол ҳабси шоқа ё зиндони низомаш сангин маҳкум кард.


“Вазъи ҳуқуқи башар хуб аст” 

Зариф Алиев, кумиссари ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар мулоқоти рӯзи чаҳоршанбе, ки ба ибтикори Иттиҳодияи рӯзноманигорон ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон доир шуд, вазъи ҳуқуқи башар дар кишварро дар маҷмӯъ хуб арзёбӣ кард.

Оқои Алиев гуфт: "Дар муқоиса бо кишварҳои дигар Тоҷикистон дар заминаи ҳуқуқи башар, бахусус озодии расонаҳо ва озодии баён шароити беҳтаре дорад."

Ин дар ҳолест, ки созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар дар гузоришҳои солонаи хеш мукарраран аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон интиқод кардаанд.

Афзун бар ин, Пайём Фуруғӣ, масъули ҳуқуқи башари Маркази Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо дар шаҳри Душанбе, адами дастрасӣ ба зиндонҳо ва мавориди шиканҷаро аз мушкилоти аслӣ дар заминаи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон медонад. Оқои Фуруғӣ мегӯяд дар чанд соли ахир созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар, бахусус Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ, барои ворид шудан ба зиндонҳои Тоҷикистон ва аз ин тариқ ошно шудан бо вазъи зиндониён талошҳое карда, аммо ба натоиҷи мусмире нарасидаанд.

Ин мақоми Маркази Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо мӯътақид аст, ки бо пайвастани Тоҷикистон ба Прутукули алайҳи шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид, мушкилоти мавҷуд дар заминаи зиндонҳо ва мавориди шиканҷа дар ин кишвар рафъ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон, мегӯяд, ки ин ниҳод дар заминаи рафъи мушкилоти мавҷуд фаъолият хоҳад кард. Ба гуфтаи оқои Ализода, ҳамакнун таваҷҷуҳи сокинони кишвар ба ин ниҳоди навтаъсис бештар шуда ва теъдоди зиёде аз шикоёти мардум дастраси Омбудсмен гардидааст, ки тавассути мутахассисон мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Гузориши Омбудсмен ҳокист, ки мизони шикоёте, ки аз сӯйи сокинон ба ин ниҳод ворид шудааст, дар муқоиса бо шикоёти расида ба мақомоти додгоҳии Тоҷикистон бештар буда ва 80 дарсади он ба мақомоти додгоҳӣ марбут аст.

Тибқи итттилоъи Зариф Ализода, шикоёти расида ба Омбудсмен ба масоиле, монанди баҳсҳои манзил, ҳукми додгоҳҳо ва шароити адои ҷазо, вазъи маълулон ва занон ихтисос дорад.


Масъули Омбудсмен дар умури расонаҳо

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Зариф Ализода, дар сохтори Омбудсмен базудӣ як намоянда ё масъули умури расонаҳо фаъолият хоҳад кард, ки бештар масоили марбут ба ҳуқуқи башар дар бахши расонаҳо ва дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон аз вазоифи умдаи ин фард хоҳад буд.

Ба эътиқоди оқои Ализода, озодии расонаҳо ва озодии баён аз бахшҳои умдаи ҳуқуқи башар маҳсуб мешавад, ки маҳаки фаъолияти Омбудсмен ё кумиссари ҳуқуқи башар аст.

Зимнан, ниҳоди Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар моҳи майи соли ҷорӣ ба дунболи тасвиби қонун дар бораи Омбудсмен аз сӯйи порлумони ин кишвар таъсис шуд ва Зариф Ализода, ки дар гузашта мушовири умури ҳуқуқии раиси ҷумҳур буд, ба ин симат мансуб шуд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi