РАБУДА ШУДАНИ ДУ ҲАВОПАЙМОИ ШИРКАТИ ТОҶИКИСТОНӢ
Мақомоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, ки ду ҳавопаймои “ИстЭйр” аз сӯйи раиси қаблии ин ширкати ҳавоӣ рабуда шудаанд. Ба гуфтаи онҳо эҳтимол дорад, муҷаввизи ин ширкат лағв шуда ва дар робита ба рабуда шудани ҳавопаймоҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардад.
Фирӯз Ҳамроев, муъовини вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 19 июл ба Би-би-сӣ сару садоҳо дар бораи “ғасб"-и ин ширкатро бепоя хонд. Ба гуфтаи вай, саҳҳомони “ИстЭйр” тасмим гирифтанд, ки тибқи қавонини Тоҷикистон ба симати раиси ин ширкат шаҳрванди Тоҷикистонро таъйин кунанд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, рӯзи шанбеи гузашта яке аз моликони ин ширкат, ки 51 дарсади саҳҳоми “ИстЭйр”-ро дар ихтиёр дорад, Фирдавс Мухтороворо раиси ҷадиди ин ширкати ҳавоӣ таъйин ва дар ҳузури кормандон муъаррифӣ кардааст.
Владимир Куимов, раиси пешини “ИстЭйр” он рӯз дар хориҷ аз кишвар қарор дошта ва ба гуфтаи манобеъи огоҳ шаҳрванди Тоҷикистон набудааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи муқаррароти қавонини Тоҷикистон, раиси ширкати ҳавоӣ бояд ҳатман шаҳрванди ин кишвар бошад.
Вале, оқои Куимов дар мусоҳиба бо расонаҳои гурӯҳӣ барканории худ аз симати раиси ширкати “ИстЭйр”-ро амали “ғасби” ширкат аз сӯйи афроди бегона унвон кардааст. Аммо муъовини вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ки бо дастури оқои Куимов ду ҳавопаймои ин ширкат, ки парвозҳои ин ширкатро дар Тоҷикистон анҷом медоданд, ба кишваре дигар мунтақил шаванд.
Чунин дастур ба гуфтаи оқои Ҳамроев, пас аз огоҳ шудани оқои Куимов дар бораи барканориаш аз раёсати ширкат садо додааст. Оқои Ҳамроев афзуд: “Тибқи иттилоъи мо, ин ҳавопаймоҳо ба шаҳри Бишкек интиқол шудаанд. Ин амр хилофи қонуни Тоҷикистон аст, зеро интиқоли ҳавопаймоҳо берун аз марзи Тоҷикистон танҳо бо иҷозаи вазорати нақлиёт бояд сурат бигирад.”
Оқои Ҳамроев гуфт, ки масъулони бахши ҳавонавардии Тоҷикистон дар сададанд алайҳи ширкати “ИстЭйр” иқдомоте рӯйи даст бигиранд, зеро қазияи ахир мусофирони зиёдеро бо мушкилот рӯбарӯ кардааст. Фирӯз Ҳамроев мегӯяд, ки “эҳтимол дорад, ҳатто муҷаввизи ин ширкат лағв шавад ва дар робита бо рабуда шудани ҳавопаймоҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардад.”
Зимнан, тӯли чанд рӯзи ахир парвозҳои ҳавопаймоҳои ин ширкат аз шаҳри Кӯлоб ба шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург лағв шуданд. “ТоҷикЭйр” ва “СомонЭйр” – ду ширкати дигари ҳавоии Тоҷикистон ба интиқоли мусофирони “ИстЭйр” мусоъидат карданд. Дар ҳамин ҳол, манобеъи огоҳ мегӯянд, ки таъйини раиси ҷадиди ширкати “ИстЭйр” бо истифода аз нерӯҳои пулис анҷом шудааст ва дар сурати дуруст будани ин хабар “қонунӣ будани тасмими саҳмдори аслии ин ширкат” зери суол меравад.
Ин манобеъ ҳамчунин мегӯянд, ки чанд рӯз қабл ширкати “ИстЭйр” бо мушкили бонкӣ низ рӯбарӯ шуда буд. Аз ҷумла, “Ориёнбонк”, ки ҳисоби бонкии ин ширкат дар ин муассисаи молӣ фаъол будааст, ба далоили мухталиф аз интиқоли маболиғи “ИстЭйр” худдорӣ кардааст. Ин хабар расман таъйид нашудааст.
Зимнан, ширкати “ИстЭйр” соли 2007 таъсис шуда ва чанд парванд ҳавопаймоҳои Боинг (Boing) ва Эйрбас (AirBus) дар ихтиёр дорад. Ин ширкат умдатан ба анҷоми парвозҳои чартерӣ ба кишварҳои шарқӣ машғул буда ва бархе аз ҳавопаймоҳои худро ба ширкатҳои дигарӣ ҳавоӣ ба иҷора медиҳад.
Дар гузашта “ТоҷикЭйр” ду ҳавопаймоҳои ин ширкатро ба иҷора гирифта буд. Аз ду соли қабл “ИстЭйр” парвозҳои мустақил дар масири Кӯлоб-Маскав, Кӯлоб-Санк-Петербург ва Душанбе-Деҳлӣ анҷом медиҳад. Дар бозори мусофирбари ҳавоии Тоҷикистон бо шумули “ИстЭйр” се ширкати дохилӣ фаъолият доранд ва саҳми “СомонЭйр” ва “ТоҷикЭйр” дар ин бозор густардатар аст.
Ширкати хусусии “СомонЭйр” як ниҳоди вобаста ба Ҳасан Асадуллоҳзода, раиси “Ориёнбонк” аст. “ТоҷикЭйр” ширкати давлатии ҳавоӣ мебошад, ки ахиран раёсати он низ ба нафари наздик ба оқои Асадуллоҳзода гузаштааст.
Би-Би-Си