10:44:47 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДУ ПИЁЛА ШИРЧОЙ БО ЯК ФРАНСУЗ

Дар ҳоли ҳозир ҳам ҳукумати Тоҷикистон, ҳам созмонҳои байналмилалии мустақар дар ҷумҳурӣ, ҳам тоҷирон ва созмонҳои тиҷоратии маҳаллӣ дар талоши онанд, ки Кӯҳистони Бадахшон дар ояндаи наздик ба яке аз маҳалҳои муҳими пазироии туристони хориҷӣ табдил ёбад. Хабарҳое, ки ахиран аз тариқи расонаҳои гурӯҳии байналмилалӣ ва дохилӣ, сомонаҳои интернетӣ ба даст мерасанд, нишонгари ин суханҳоянд.

/images/stories/2011/07/14_shirchoy_225545.jpgИмрӯз вақти он расида истодааст, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон манзили ташрифи ҳатмии  сайёҳони тамоми дунё қарор бигирад. Ин мақсади ҳам ҳукумати чумҳурӣ ва ҳам ҳукумати ВМКБ  ва орзӯю ормони ҳар як Бадахшонист. Бадахшон бо табиати зебо, ҷойҳои таърихӣ ва табиати бикр таваҷҷӯҳи хориҷиён ва меҳмононро хеле тез ҷалб менамояд. Бадахшон на танҳо бо табиати худ, рельефи аҷоиб, боду ҳавои мӯътадил, обҳои ҳазорнамуди маъданӣ, кӯҳу пӯштаҳо, анъанаҳо ва забонҳои бои маҳаллӣ, санъату ҳунари зебои мардумӣ балки бо таомҳои хосаи худ метавонад диққати сайёҳон ва ҷаҳонгардони хориҷиро ҷалб намояд.

-Таомҳои  миллии бадахшониён, ки тайёр карданашон хеле осон аст,  барои аксари хориҷиён хеле писанд меоянд, мегӯяд Қимматшо Парпишоев, актери машҳури тоҷик, сокини шаҳри Хоруғ. –Чанд соли ахир қариб ҳар тобистон ба хонаи ман меҳмонони хориҷӣ меоянд. Шукри худо ба шарофати давлати мустақил ва демократии мо имкон пайдо шудааст бо дӯстону бародарони зиёде на танҳо аз тариқи Интернет, балки робитаҳои зиндаи мустақим ҳам дошта бошем.

Ман ҳеҷ вақт аз шароити хона, аз либосу ҷиҳоз, аз мебел, аз тарзи зиндагӣ, аз пӯшок ва хӯроки худамон намешармам, ҳарос намекунам. Балки ман мефахрам, ки бо меҳмон кардани хориҷиён ба хона, имкон пайдо мекунам ба онҳо дар бораи тарзи зиндагӣ, анъанаҳо, таъриху фарҳанги мардуми худ сӯҳбатҳо дошта бошам, ба онҳо иттилооти дуруст диҳам. Аслан одамони хориҷӣ ба хусус туристон дар ҷойи нав ё  бегона чизҳои навро донистан  мехоҳанд, яъне барои онҳо  либоси миллӣ,  таоми хоси мардумӣ, урфу одатҳо ва ҳатто таърих аҷиб аст.

 Бисёрии хориҷиҳо, ки ман бо онҳо нишасту хезе доштам, махсусан ба  таомҳои миллии мо диққати зиёд медоданд. Ба бисёре аз онҳо хусусан  тарзи тайёр намудани ин таомҳо маъқул буд.

Боре дар шаҳри Хоруғ дар як фестивал (пурра дар ёд надорам кадом фестивал буд) бо Мития ном  сайёҳи фаронсавӣ, ки аслан суратгир буд, шинос шудам. Баъд аз сӯҳбатҳо аз ҳар гуна мавзӯъ ӯро ба хона даъват намуда, меҳмон кардам. Мития бояд саҳарии рӯзи дигар барои суратгирӣ ба кӯҳ мебаромад. Сӯбҳи рӯзи дигар мо аз рӯи одат ширчойи бадахшонӣ тайёр карда, ӯро низ даъват намудем. Диламон дар тапиш буд, ки ҳоло ширчойро тамоман хӯрдан наметавонад, тухму колбаса он вақтҳо дар мағозаҳои Хоруғ хеле камёфт буд. Ғайричашмдошт  ширчойи мо ба ӯ  бисёр маъқул афтод.

Баъд ӯро гусел кардем. Мития ба кӯҳ баромад. Бегоҳӣ хеле дер омад. Хаёл кардам, ки ӯ баъди ширчои субҳона хеле гушна мондагист. Аммо аз қиёфааш маълум буд, ки гӯшнагӣ ӯро он қадар азоб надодааст. Ӯ хурсандона гуфт, ки чӣ хел чои хубро субҳ нӯш карда буд, чои қавӣ, ки то ба ҳол гӯшнагиро эҳсос намекунад. Сипас аз завҷаам ресепти ширчойро пурсон гашт. Мо ба майли том ресептро навишта ба дасташ додем.

Дафъаи дуввум, вақте ки Мития ба Хоруғ ташриф овард, бо худ модарашро аз Фаронса овард. Мития пешакӣ занг зада хоҳиш намуд, ки то омаданашон якчанд навъ таоми милииамонро тайёр кунем. Ман  ҳамроҳ бо завҷаам барояшон омоч, оши бӯрида (аз орди нахӯд, қурут бо иловаи сабзаҷот тайёр карда мешавад), кочӣ (орд, намак, шир, маска ва об), пай (ҷурғот) бо кибунд (гули торон) ва боз ширчойи одии бадахшониро тайёр намудем.

Модари Мития, ки пухту пазро хеле хуб медонист ва дӯст медошт, баъд аз тановул дар дафтарчааш номи ин таомҳо, аз чӣ ва чӣ тавр тайёр кардани онҳоро нуқта ба нуқта навишта гирифт. Бори дигар як марди дигари хориҷӣ ҳангоми сӯҳбат оиди зиндагии ҳаррӯзаи мо-бадахшониҳо ба ман гуфт, ки сабаби зиёдшавии касалиҳои диабет, фарбеҳшавӣ, дилдард, баландшавии фишори хун ва ғайра аз он аст, ки мо аз истеъмоли таомҳои анъанавиамон даст кашида, хӯрокҳои аз гӯшт тайёршавандаи замонавиро қабул намудаем. Ин албатта дуруст аст, зеро агар ба ёд биоварем, давраҳои пеш чунин бемориҳо тақрибан дар ҷойҳои мо вуҷуд надоштанд ва ба замми ин одамони он давра хеле қоматбаланд, азимҷусса ва солим буданд.

Мо набояд имрӯз аз хӯрокҳои миллиамон ҳазар кунем, ҳол он ки онҳо хеле фоиданок ва серғизоянд. Аксари онҳо содда тайёр карда мешаванд ва маводашон низ ҳамеша  дастрас аст. Баъзан алам меояд, ки чаро дар шаҳр ошхонаҳои аврупоӣ, ҳиндӣ, хитоӣ ва арабӣ вуҷуд доранду ошхонаҳои сирф миллӣ бо ғизоҳои  помирӣ на. Зеро барои мардуми аз хориҷа ба Бадахшон воридшуда, ки дар ҳар як кишвар ошхонаҳои дар боло номбар шударо дидаанд ва ҳатто аз хӯроки пухтагиашон истеъмол ҳам кардаанд, ошхонаи помирӣ аҷиб аст, на хитоиву ҳиндӣ.

Имрӯз дар Бадахшон таомҳои миллӣ ва анъанавиро танҳо дар вақти маросимҳо ва идҳо таёр  мекунанду халос. Магар ҳамарӯза онҳоро пухтан мумкин нест, ба пеши меҳмонон ниҳодани онҳо ҷоиз нест? Бадахшоние ба ман гуфт, ки дар як ресторани миллӣ дар Ҳиндустон онҳоро бо таоми миллии хоси мардуми Помир – боҷ (аз гандуми кӯбида ва гӯшт тайёр карда мешавад) зиёфат намудаанд. Аҷибаш, ки ҳиндиҳо аз ин хӯроки дар пеши онҳо ниҳода шарм надоштаанд…

Алишер Ҷунайдов, «Рӯзгор», Хоруғ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi