ТАШХИСИ ОБИ СОЛИМ ОСОН ШУД
Истифода аз дастгоҳе барои санҷиши кайфияти он, ки мардуми одӣ метавонанд аз он истифода кунанд, метавонад боъиси коҳиши ибтило ба бемориҳои назири вабо шавад. Ин дастгоҳ, ки "Вотер конорӣ" ё "Қанории обӣ" аст басуръат обро озмоиш мекунад ва дар бораи вуҷуди бемориҳои эҳтимолӣ дар он ҳушдор медиҳад.
Ин дастгоҳ ҳамчунин иттилоъоти бадастомада аз озмоишро ба як бонки иттилоъотӣ дар интернет мунтақил мекунад, ки донишмандон метавонанд аз тариқи он нуқтаи оғоз, минтақа ва масири шурӯъи як бемории вогирро баррасӣ кунанд. Ин дастгоҳ дар ҳамоиши "Текнулужӣ, тафреҳ ва тарроҳӣ", TED, дар Эдинбурги Румонӣ шуд ва донишмандон ибрози умедворӣ карданд, ки битавонанд ин дастгоҳро рӯзе ба таври маҷонӣ дар ихтиёри мардум қарор диҳанд.
Бино бар гузоришҳои Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ, ҳар се милюн нафар дар ҷаҳон бар асари ибтило ба бемориҳое, ки аз оби олуда ношӣ мешавад, ҷони худро аз даст медиҳанд. Сунор Лутро, яке аз бунёдгузорони TED, дар бораи аҳамияти ин дастгоҳ гуфт: "Дар ҳоли ҳозир озмоиши об замони зиёде мебарад ва ҳазинаи анҷои ин озмоиш зиёд аст ва то кунун об замоне озмоиш мешуд, ки дер шуда буд."
Ба гуфтаи оқои Лутро: "Ҳангоме ки вабо дар Ҳойитӣ фарогир шуд, ба ҳеҷ ваҷҳ ин имкон вуҷуд надошт, ки битавон суръати густариши бемориро таъйин кард."
Ин дастгоҳ бо истифода аз текнулужии тифӣ, обро ҳам аз назари микрубиулужӣ ва ҳам аз ҷанбаи шимиёӣ озмоиш мекунад ва басуръат бо истифода аз чароғи қирмиз ё сабз нишон медиҳад, ки оё ин об қобили хӯрдан аст ё на. Оқои Лутро умедвор аст, ки битавон ҳазинаи сохти ин дастгоҳро ба зери сад дулор коҳиш дод. Бо ин ҳол интизор дорад масрафкунандаи ниҳоӣ қимати бисёр камтаре барои хариди он пардохт кунад.
Ӯ гуфт: "Идеол ин аст, ки мо онро маҷонӣ дар ихтиёри мардум қарор диҳем, чаро ки иттилоъоти бадастомада аз ин дастгоҳ бисёр арзишманд аст."
Ин дастгоҳ метавонад аз тариқи ҳар шабакаи бесими мавҷуд, ҷавоби озмоишро ҳамроҳ бо мавқеъияти ҷуғрофиёии маҳалли озмоиш ба як бонки иттилоъотӣ бифиристад. Оқои Лутро гуфт: "Мо иттилоъоти ҳазорон дастгоҳ дарёфт мекунем ва бар асоси он мавқеъияти бемориро баррасӣ мекунем. Ҳадафи ин пружа ҷамъоварии ин иттилоъот ба сурати ҳамзамон ва беҳбуди шароити зиндагии мардум аз тариқи ин иттилоъот аст."
Чунин иттилоъоте барои давлатҳо дар саросари ҷаҳон, барои кунтрули бемориҳои вогирдор ва ҷилавгирӣ аз буҳронҳои инсонӣ, бисёр арзишманд аст. Оқои Сунор мегӯяд ҳар сол теъдоди касоне, ки бар асри бемориҳои ношӣ аз оби олуда ҷони худро аз даст медиҳанд, аз шумори касоне, ки дар ҷанг кушта мешаванд, бештар аст, аммо ҳанӯз тавофуқе дар бораи як равиши воҳид барои озмоиши об ҳосил нашудааст.
Ӯ гуфт: "Равишҳои мухталифе барои андозагирии об вуҷуд дорад. Ин дастгоҳ метавонад ба расидан ба як тасмими воҳид барои таъйини мушаххасоти оби солим кумак кунад."
Ин дастгоҳ натиҷаи пружае аст, ки дар риштаи "иртиботи таъомулӣ аз роҳи дур" дар донишгоҳи Ню-Йурк шурӯъ шуд. Тамаркузи ин ришта тарроҳии текнулужиҳое аст, ки барои инсонҳо тарроҳӣ мешавад. Оқои Лутро умедвор аст дастгоҳ то соли оянда барои истифода омода бошад, аммо ӯ аз додани таърихе дақиқ худдорӣ кард.
Ӯ гуфт: "Бисёре аз ширкатҳо ҳастанд, ки қавлҳое медиҳанд, ки наметавонанд бароварда кунанд. Мо намехоҳем ба мардум бигӯем, ки дар таърихи мушаххасе метавонанд ин дастгоҳро дошта бошанд, аммо баъд онҳоро ноумед кунем."
Ҷейн Викфилд, гузоришгари бахши текнулужии Би-Би-Си