06:00:54 01-уми Июли 2025 сол

БАРРАСИИ ТАРҲИ ГУЗОР БА НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА ДАР ПОРЛУМОН

Мавзӯъи гузор ба низоми таҳсили 12-сола дар мактабҳои Тоҷикистон мӯҷиби баҳсу гуфтугӯҳои ҷиддие дар порлумони ин кишвар шудааст. Дар ҷаласаи вижаи порлумон, ки рӯзи ҷумъаи 27 май барои баррасии ин мавзӯъ доир шуд, мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки барои гузор ба низоми таҳсили 12-сола беш аз 100 милюн дулор лозим аст.

parliamnet

Бар асоси тарҳи пешниҳодии Вазорати маъорифи Тоҷикистон, ки дар моҳи апрели соли гузашта дар порлумон тасвиб шуд, мақомоти маъориф мебоист аз соли таҳсили 2011-2012 марҳилаи гузариш ба таҳсилоти умумии 10-соларо, ки марҳилаи аввали гузор ба таҳсили 12-сола аст, шурӯъ кунанд. Вале ҳафтаи гузашта мақомҳои омӯзишу парвариши Тоҷикистон ба Би-би-сӣ гуфтанд, ки гузор ба низоми таҳсили 12-сола дар мадориси ин кишвар барои се сол ба таъвиқ андохта шудааст.

Марҳабо Ҷабборова, раиси Кумитаи илм, маъориф ва фарҳанги Маҷлиси намояндагон, дар ҷаласаи порлумон гуфт, ки намояндагони порлумон ва мақомҳои омӯзишу парвариш дар мавриди омодагии Тоҷикистон барои гузор ба таҳсили 12-сола пажӯҳиши муштараке анҷом додаанд.

Ба гуфтаи хонуми Ҷабборова, натоиҷи ин пажӯҳиш ҳокист, ки барои гузариш ба низоми нави таҳсил 17 ҳазору 400 устод, беш аз 800 мактаби нав, 132 номгӯйи китоби дарсӣ бо тирожи 15,2 милюн адад ва таҳияву чопи дастуру низомномаҳои ҷадид лозим аст.

Вай ҳамчунин гуфт, ки анҷоми ин корҳо фурсати зиёд ва сармояи ҳангуфте мехоҳад. Бино ба иттилоъи манобеъи Вазорати молияи Тоҷикистон, барои иҷрои тарҳи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола ин кишвар ба ҳудуди 512 милюн сомонӣ ё беш аз 110 милюн дулор ниёз дорад.

Яке аз аҳдофи аслии гузариш ба низоми 12-солаи таҳсил дар мадорис мутобиқ сохтани низоми омӯзишу парвариши Тоҷикистон бо меъёрҳои байналмилалӣ унвон шуда буд. Ба гуфтаи мақомҳои омӯзишу парвариш, ҳоло фориғуттаҳсилони мадориси Тоҷикистон, ки 11 сол таҳсил кардаанд, наметавонанд ба таври мустақим ба донишгоҳҳои кишварҳои урупоӣ шомил шаванд ва ночоранд як сол дар гурӯҳҳои ба истилоҳ “омодагӣ” ба таври изофӣ таҳсил кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ ва намояндаи порлумон, дар иҷрои муассири тарҳи гузариш ба низоми нави таҳсил ибрози тардид карда ва гуфт, ки феълан бахши маъорифи кишвар бо мушкилоти иқтисодӣ, камбуди устодон ва мактабҳо мувоҷеҳ аст.

Аз ҷумла, ба гуфтаи оқои Кабирӣ, ҳоло 600 мактаб дар вазъияти изтирорӣ қарор дошта ва 1200 мактаби мутавасситаи дигари Тоҷикистон бо меъёрҳои муқарраршуда ҷавобгӯ нестанд. Ҳамчунин, 101 мактаб дар вогунҳо ва 138 мактаб дар манозили шахсӣ воқеъ буда ва вазорати маъориф талош мекунад дар зарфи ду соли оянда ин вазъиятро ислоҳ кунад.

Ба эътиқоди ӯ, дар ҳоле ки имрӯз бахши маъориф ин мушкилро ҳал карда наметавонад, ҳаллу фасли мушкилоти бузургтаре, ки ба сармояи зиёд ва устодону таҷҳизоти омӯзишӣ ниёз дорад, душвор хоҳад буд. Аммо Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маъорифи Тоҷикистон, гуфт, ки ҳазинаи зарурӣ барои давраи гузариш ба низоми ҷадиди таҳсил аз буҷети давлат ва кумакҳои молии созмонҳои хайрияи байналмилалӣ фароҳам хоҳад шуд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи оқои Раҳмонов, дар Фарҳангистони улуми маъориф ва муассисоти таҳсилоти олии Тоҷикистон тадорукот барои омода кардани теъдоди бештари устодон, таҳия ва чопи кутуби дарсӣ шурӯъ шуда ва тарҳҳои ҷадид барои бунёди 807 мактаб ба мавриди иҷро гузошта шудаанд. Ӯ гуфт Бонки Исломии Тавсеъа ваъда кардааст, ки то соли 2015 дар Тоҷикистон дар бунёди 15 мактаб сармоя гузорад ва Бонки Ҷаҳонӣ дар садад аст барои тармиму бозсозии мактабҳои ин кишвар ба миқдори 20 милюн дулор кумаки билоъиваз ироа кунад.

Бо ин ҳол, вазири маъорифи Тоҷикистон мушкили камбуди устодон дар мадориси ин кишварро ҷиддӣ хонда ва гуфт, ки ба далели кам будани маъоши омӯзгорон теъдоди зиёде аз устодон барои дарёфти кор ба кишварҳои хориҷӣ муҳоҷират мекунанд. Гуфта мешавад, бо оғози мавсими сафари муҳоҷирони корӣ ба кишварҳои хориҷӣ, бавижа Русия, дар фасли баҳор, камбуди устодон дар мадориси Тоҷикистон ҷиддитар эҳсос мешавад.

Вазири маъорифи Тоҷикистон хабар дод, ки дар зарфи се соли оянда маъоши устодони мадорис ду баробар афзоиш хоҳад ёфт. Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст ба ин манзур Вазорати дороӣ ё молияи Тоҷикистон 540 милюн сомонӣ ё муъодили беш аз 116 милюн дулор ихтисос диҳад. Тибқи омори расмӣ, ҳоло ҳуқуқи мутавассити омӯзгорон дар Тоҷикистон муъодили 272 сомонӣ ё 58 дулор аст, ки дар муқоиса бо мизони ҳуқуқи мутавассит дар кишвар то панҷоҳ дарсад камтар аст.

Президент Раҳмон пештар эълом карда буд, ки аз авоили пойизи имсол маъоши муъаллимон то сӣ дарсад афзоиш хоҳад ёфт. Вале ба эътиқоди соҳибназарон, ин иқдом метавонад танҳо мизони афзоиши таваррум дар соли ҷориро ҷуброн кунад. Дар ҳамин ҳол, Ҳелен Кларк, раҳбари гурӯҳи тавсеъаи Созмони Милали Муттаҳид, ки ахиран аз Тоҷикистон боздид кард, хостори афзоиши ҳазинаҳо барои бахши омӯзишу парвариши ин кишвар шудааст.

Коршиносони умури иҷтимоъӣ мегӯянд, ки беш аз ними ҷамъияти Тоҷикистонро кӯдакону ҷавонон ташкил медиҳанд ва бо таваҷҷӯҳ ба рушди афзояндаи ҷамъият дар солҳои оянда ин кишвар бо мушкилоти ҷиддие дар заминаи таълиму тарбият ва эҷоди машоғил рӯбарӯ хоҳад шуд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ