05:13:09 01-уми Июли 2025 сол

АФЗОИШИ ДУБАРОБАРИ НАРХИ РОҲКИРО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Масъулони шаҳрдории Душанбе эълом карданд, ки нархи роҳкиро дар Душанберо ду баробар афзоиш додаанд. Ҳамакнун, қимати роҳкирои утубусҳои мусофирбарӣ аз 60 дирам 1,20 сомонӣ расидааст. Ба гуфтаи раиси бахши нақлиёти шаҳрдории Душанбе, ин тасмими шаҳрдорӣ ногузир буда ва сабаби аслии он боло рафтани нархи маводди сӯхтӣ ва таҷҳизот барои васоили мусофирбарист.

 transport3044855.jpg

Тасмими шаҳрдорӣ ба афзоиши нархи роҳкиро аз якуми июн ба иҷро хоҳад даромад. Аз он рӯз мусофирон барои истифода аз минибусҳои навъи “Газел” ва "Старекс" 1,60 сомонӣ пардохт хоҳанд кард. Қимати роҳкирои минибусҳои дигаре, ки аз гоз истифода мекунанд, 1,20 сомонӣ муқаррар шудааст. Дар ҳамин ҳол, бархе аз сокинони шаҳри Душанбе бо ибрози нигаронӣ аз боло рафтани нархи роҳкиро мегӯянд, ки ин амал бар мушкилоти иҷтимоъии афроди камбизоъат хоҳад афзуд.

“Тадбире ногузир”

Абдулҳақ Оев, муъовини шаҳрдори Душанбе, рӯзи панҷшанбеи 26 май дар як нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, ки аз соли 2008 то ҳол нархи маводди сӯхтӣ дар Тоҷикистон 2,7 дар сад афзоиш доштааст. Аз ин рӯ, ба гуфтаи оқои Оев, барои худкифоии ширкатҳои фароҳамгари хадамоти ҳамлу нақл шаҳрдорӣ водор шудааст, ки нархи роҳкироро афзоиш диҳад.

abdulhaqoev348569.jpgОқои Оев дар бораи душвориҳои дигаре, ки ширкатҳои мусофирбарӣ ба он рӯбарӯ ҳастанд, гуфт: “Ҳамчунин, ба сабаби ночиз будани маъоши ронандагон ва кормандони дигари ин арса дар се соли ахир 60 дар сади кормандон, бавижа ронандагони собиқадор, шуғли худро тарк карда ва аксари онҳо ба кишварҳои хориҷӣ барои кор рафтанд.”

Ҳарчанд вай гуфт, ки ронандагон ва кормандони тоза барои фаъолият дар ширкатҳо истихдом шудаанд, вале афзуд: “Маъоши ҳадди ақалли кормандони арсаи ҳамлу нақл 207 сомониро ташкил медиҳад ва кадом фард барои кор ба ин арса бо ин сармоя розӣ мешавад?”

Ба гуфтаи масъулони шаҳрдорӣ, яке дигар аз аҳдофи боло бурдани нархи роҳкиро то андозае боло бурдани маъоши кормандони ин арса будааст. Аз масоили дигари матраҳшуда дар нишасти шаҳрдории Душанбе кайфияти бади ироаи хадамоти мусофирбарӣ аз сӯйи кормандони ин арса буд. Бавижа, набуди билетҳо барои мусофирон дар утубусҳо ва кӯҳнаву фарсуда будани таҷҳизот ва бархе аз увтубусҳо аз ҷумлаи мушкилотест, ки арсаи ҳамлу нақли пойтахти Тоҷикистон дар солҳои ахир бо он рӯбарӯст.

Аммо Абдулҳақ Оев, муъовини шаҳрдори Душанбе, мегӯяд, ки барои харидории сад адад утубуси ҷадид музояда эълом шуда ва кайфияти ин утубусҳо бо меъёрҳои урупоӣ мутобиқ будааст. Вай таъкид кард, ки мошинҳои ҷадид 3.7 дар сади зарфияти олуда насохтани муҳити зистро доро хоҳанд буд. Масъулони шаҳрдории Душанбе ҳамчунин гуфтанд, ки барои навсозии таҷҳизот ва васоили мусофирбарии шаҳрӣ беш аз 40 милюн дулор лозим аст, ки барои пайдо кардани ин маблағ тарҳе омода шудааст.

Мушкилоти мардуми нодор

Камтарин нархи роҳкирои васоили мусофирбарии шаҳри Душанбе ба тролейбусҳо ё утубусҳои барқӣ марбут мешавад. Қимати билети тролейбусҳо аз авоили моҳи оянда 70 дирамро ташкил медиҳад. Аммо бо ин вуҷуд, бархе аз сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, ки аз утубуси барқӣ бо таваҷҷӯҳ ба он, ки ин васоили ҳамлу нақли шаҳрӣ дар ҳамаи самтҳо масир надоранд, камтар истифода мекунанд.

trasportbus34522.jpgВаля, зани солманде аз шаҳри Душанбе, мегӯяд, ки бештари мусофирони васоили ҳамлу нақли шаҳрӣ аз ҷумлаи афроди камбизоъати шаҳр ҳастанд. Вай афзуд: “Яке аз онҳо ман ҳастам, ки дар даврони пирӣ ба хотири ночиз будани маъоши бознишастагӣ водор ҳастам, ки ба фаъолиятҳои мухталиф даст занам. Барои ин корҳо ман дар рӯз чанд бор аз васоили мусофирбарӣ истифода мекунам. Акнун рӯзам чи мешавад, агар ман даҳ сомониро дар як рӯз дар утубусу минибусҳо сарф кунам. Камбағал будам, боз камбағалтар мешавам.”

Вале Фирдавс, як сокини ҷавони Душанбе мегӯяд: “Мо бояд бо таваҷҷӯҳ ба воқеъияти зиндагӣ дар ин бора сухан гӯем. Ҳақиқатан қимати маводди сӯхтӣ боло рафта ва аз ин рӯ, ин тасмим бояд гирифта мешуд. Ҳарчанд дарвоқеъ мардум сармояи зарурӣ надоранд, ки нархи роҳкироро бипардозанд.”

Аз сӯйи дигар, Ситора Неъматова, хабарнигоре ҷавон, мегӯяд: “Албатта боло рафтани нархи роҳкиро бештар бар зиндагии иҷтимоъии мо, яъне ҷавонон ва донишҷӯён, таъсири манфӣ мерасонад. Мо, хабарнигорон, хеле зиёд аз васоили мусофирбарӣ истифода мекунем. Аз якуми июн маҷбур ҳастем, ки аз харидани бархе аз маводди ғизоӣ, аз ҷумла гӯшт, худдорӣ кунем.”

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи бисёре аз сокинони камбизоъати шаҳри Душанбе, афзоиши қимати маводди ғазоӣ дар бозорҳо тайи ҳафтаҳои ахир онҳоро нигарон кардааст. Ба гуфтаи иқтисоддонҳо, бо боло рафтани қимати роҳкирои васоили мусофирбарӣ ва маводди сӯхтӣ имкон дорад, ки қимати маводди ғизоӣ, аз ҷумла гӯшт, ки умдатан аз навоҳии берун аз шаҳр ба пойтахти Тоҷикистон интиқол меёбад, дар оянда боз ҳам афзоиш ёбад.

Би-Би-Си