ОМБУДСМЕН: “АЗ ЗИНДОНҲО ДИДАН ХОҲАМ КАРД”
Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон барои нахустин бор гузориш дар бораи фахолияти беш аз дувунимсолаи худро муаррифӣ кардааст. Дар ҷараёни ин муъаррифӣ рӯзи панҷшанбеи 19 май дар як нишаст бо хабарнигорон вазъи ҳуқуқи ва озодиҳои башар дар ин кишвар тайи ин давраи фаъолият аз дидгоҳи омбудсмен баён шуд.
Зариф Ализода, омбудсмени Тоҷикистон, ки қаблан мушовири раиси ҷумҳурии ин кишвар буда гуфт дар ин давра аз фаъолияти ӯ беш аз 1500 мавриди муроҷиъаи шаҳрвандон ба ин ниҳод сабт шудаанд, ки аз ҷумла беш аз чаҳор сад муроҷиъа ба шакли катбӣ будааст. Ӯ гуфт бисёре аз муроҷиъоти мардум ба ҳукми додгоҳҳо иртибот дорад.
Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон гуфт, ки аз авохири моҳи май то моҳи август аз куллия зиндонҳои ин кишвар дидан хоҳад кард. Оқои Ализода гуфт, ки нахустин дидори вай аз зиндонҳои воқеъ дар вилояти Суғди Тоҷикистон дар авохири моҳи май анҷом хоҳад гирифт. Ва оқои Ализода мегӯяд, ки дар авоили моҳи июн вай ва масъулони ин ниҳод аз зиндонҳои вилояти Хатлон дидан хоҳанд кард ва дар моҳи август зиндонҳои шаҳри Душанбе ва ҳумаи онро зиёрат хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки бисёре аз созмонҳои ҳуқуқи башар аз мавриди эъмоли шиканҷа дар муассисоти марбут ба ниҳодҳои интизомии кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷумла Тоҷикистон интиқоди шадид мекунанд. Ва ба вижа масъулони ин созмонҳо аз набуди иҷоза барои аёдати зиндониён аз сӯйи масъулони созмонҳо ва бахусус намояндагони созмони Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмарро, яке аз мушкилоти аслӣ дар роҳи арзёбии воқеъии вазъи маҳбусон медонанд.
Аз ин рӯ коршинсон ҳадс мезананд, ки имкон дорад, маҳбусон барои ироаи шикоёт аз вазъияти бади зиндагӣ ба ниҳодҳои зидахл, аз ҷумла ваколатдори ҳуқуқи башар бо мушкилот рӯбарӯ ҳастанд. Вале Зариф Ализода, омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, гуфт, ки вай аз авоили соли ҷорӣ то имрӯз 214 шикоят дар мавриди нақзи ҳуқуқи башарро дарёфт карда, ки ҳудуди 169 шикояти шифоӣ ва 45 муроҷеъаи хаттиро дарёфт кардаанд.
Ва оқои Ализода мегӯяд, ки ба бештари аз ин шикоёт расидагӣ сурат гирифта ва дар миёни шикоёти дарёфтшуда, номаҳое аз зиндонҳои Тоҷикистон низ будаанд. Оқои Ализода мегӯяд: “Яке аз ин шикоётро мо аз номи Ғаффор Мирзоев дарёфт кардем, ки муҳтовои он мушкилот дар макони нигаҳдории оқои Мирзоев буд ва мо ин шикоятро дар фурсати кутоҳ ҳал кардем.”
Оқои Мирзоев, фармондеҳи пешини раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар талош барои анҷоми кудето муҷрим шинохта шуда ва ба муддати тулонӣ маҳкум ба зиндон шудааст. Оқои Ализода мегӯяд, ки яке аз авлавиятҳои аслӣ аз фаъолияти ниҳоди онҳо беҳбудии вазъияти ҳуқуқи башар дар сартосари ин кишвар ва тамоми муассисоти он будааст.
Оқои Ализода афзуд: “Ман тасмим гирифтам, ки дар ҷараёни мулоқотам бо маҳбусон бештар сӯҳбатҳои як ба як анҷом диҳам ва аз вазъияти воқеъии онҳо бохабар шавам. Зеро қонун ба мо ин иҷозаи сӯҳбати як ба якро медиҳад.”
Зариф Ализода афзуд: “Ҳамчунин пешбинӣ шудааст, ки барои аз миён бурдани мавориди шиканҷа дар зиндонҳо дар якҷоягӣ бо намояндагони созмонҳои байналмилалии аз ҷумла Кумисериёи олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ва намояндагии Иттиҳодияи Урупо дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ҳашт нишаст дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон доир шавад.”
Вай мегӯяд, ки интизор меравад, дар ин нишаст намояндагони ниҳодҳои интизомӣ аз ҷумлаи раҳбарони бахшҳои вазорати умури дохилии манотиқи мухталифи Тоҷикистон ва намояндагони соири ниҳодҳои марбут ба низоми додгоҳӣ ва додгустарӣ ширкат кунанд.
Зариф Ализода дар нишасти мутбуъотӣ зимни посух ба суолоти хабарнигорон дар мавриди ду ҳодисаи куштор дар соли ҷорӣ, яъне кушта шудани маъмури пулиси роҳ дар ду ҳафтаи қабл ва фавти Сафаралӣ Сангов, шаҳрванди Душанбе баъд аз боздошти вай аз сӯйи маъмурони пулиси ноҳияи Сино гуфт, ки ин ду қазияро таҳти назорат дорад.
Оқои Ализода мегӯяд, ки бо хонуми Сангов ду бор мулоқот анҷом дода ва баъд аз муроҷеъаи ниҳоди онҳо ба додситонӣ дар ин замина, парвандаи ҷиноӣ дар қиболи ин ҳодиса боз шудааст. Оқои Сангов ба иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт шуд ва дар бемористон даргузашт. Наздикони вай муддаъӣ ҳастанд, ки ӯ пас аз боздошт мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.
Созмони Афви Байналмиллал ва Бюрои ҳуқуқи башар ва риъояти қонун бо интишори баёнияи муштараке хостори таҳқиқи "фаврӣ" ва "муассири" шароити марги Сафаралӣ Сангов шуда буд. Дар моҳи майи соли 2010 низ дар нишасти мушобеҳи ин ниҳод, Зариф Ализода ваъда карда буд, ки дар фурсати нахустин аз зиндонҳои Тоҷикистон дидан ва вазъия зиндониёнро арзёбӣ хоҳад кард. Вале ба далоили номаълум ин тасмими оқои Ализода то имсол ба таъвиқ меуфтод.
Зариф Ализода дар авохири моҳи майи соли 2009, бо фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башар дар ин кишвар таъйин шуд. Омбудсмени Тоҷикистон дар мавориди матраҳ шудани қазияҳои доғи марбут ба риояти ҳуқуқи башар дар ҷомеъаи Тоҷикистон, ки боъиси нигаронии созмонҳои байналмиллалии ҳифзи ҳуқуқи башар шудааст, аз эъломи сареҳи мавзеъ худдорӣ кардааст.
Эҳтимолан ба ҳамин далел бисёре аз соҳибназарон бар ин ақидаанд, ки “ваколатдори таъинӣ” наметавонад вазъи воқеъии ҳуқуқи башар дар ин кишварро мунссифона арзёбӣ кунад. Ба ақидаи ин соҳибназарон, танҳо дар сурати агар ваколатдори ҳуқуқи башаре, ки тавассути интихоботи озод аз сӯйи сокинон ба ин симат баргузида шавад, метавонад ба вазъияти ҳуқуқи башар дар кишвар расидагии беғаразона кунад.
Би-Би-Си