17:24:08 01-уми Июли 2025 сол

БАРКАНОРИИ ҲАШТ ИМОМ-ХАТИБ ДАР МАСОҶИДИ ХАТЛОН

Ҳашт тан аз имом-хатибон дар масоҷиди вилояти Хатлон аз симатҳои худ барканор шудаанд. Барканории ин афрод пас аз корзори санҷиши дониши динию сиёсии имом-хатибон ва таъйиди салоҳияти онҳо, ки бо пешниҳоди Кумитаи дини Тоҷикистон баргузор шуд, сурат гирифтааст.

mosque3Ба ин тартиб, ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ, аз миёни 107 имом-хатиби масоҷид, ки салоҳияташон баррасӣ шуда буд, ҳашт нафар "аз имтиҳон нагузашта" ва аз симатҳои худ барканор шудаанд. Баррасии салоҳияти имом-хатибон дар вилояти Хатлон аз ноҳияҳои Вахшу Бохтар шурӯъ шуда буд. Теъдоди 12 имом-хатиб ба хотири беморӣ натавонистаанд дар имтиҳони салоҳият ширкат кунанд.

Дар ҷараёни баррасии салоҳият, дониши динӣ ва сиёсии имом-хатибон дар ҳузури кормандони додситонӣ ва намояндагони Кумитаи дини Тоҷикистон санҷида мешавад. Эшони Саидҷон Маҳмудзода, раиси шурои уламои Хатлон, ки аз аъзои кумисиюни баррасии салоҳияти имом-хатибон дар вилояти Хатлон мебошад, гуфт, ки баъзе аз имом-хатибон дар хондани оятҳо ба иштибоҳ роҳ додаанд.

mahmudzodaОқои Маҳмудзода афзуд: "Имом-хатибон гоҳо ба иштибоҳ роҳ медоданд ва дониши сиёсияшон қаноъатбахш набуд, вале дар ҳукумати мо низ ҳастанд нафароне, ки ба иштибоҳ роҳ медиҳанд ва хатокор ҳастанд. Ин имом-хатибон худро ислоҳ мекунанд. Ба худи ман ҳам суол доданд."

Таҳлилгарон мегӯянд, ки ҳадафи аслии давлат аз имтиҳони салоҳият ва дониши имом-хатибон назорат бар фаъолияти масоҷид ва мазҳабиён аст. Ба гуфтаи онҳо, давлати Тоҷикистон аз густариши афкори ифротгароёна дар солҳои ахир башиддат нигарон аст.

yusufjanЮсуфҷон Юсуфзода, кафили додситонии вилояти Хатлон, мегӯяд баъзе аз масҷидҳо на ҷойи ибодат, балки ба ҷойи таблиғи ҷараёну равияҳои мамнӯъи мазҳабӣ табдил шудаанд. Оқои Юсуфзода афзуд, ки санҷиши дониши динӣ ва сиёсии имом-хатибон "саривақтӣ" мебошад.

Вай афзуд: "Шояд барои ин санҷиш мо дер ҳам кардем. Масҷид агарчи ҷойи ибодат ва парастиши Худо мебошад, вале дониши сиёсии имом-хатибон чандон қаноъатбахш нест."

Қурбоналӣ номи мустаъори як имом-хатиб аз ноҳияи Бохтар аст, ки зимни имтиҳони дониш ва салоҳияти имом-хатибӣ вай номи раиси ноҳия ва раиси ҷамоъаташонро надонистааст. Вай мегӯяд, ки бештар ба суолҳои динӣ посух додаст: "Аз мо суолҳои зиёде карданд, вале ман танҳо ба суолҳои динӣ посух медодам ва наметавонистам, ки ба дигар суолҳо посух ёбам. Масалан, дар бораи вакилони маҳаллӣ ё номи раиси ноҳия ва ҷамоъат. Ба ман муҳлат доданд..."

Қамариддин Афзалӣ, раиси бахши маҳаллии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, гуфт агар ин санҷиш дар миёни имом-хатибон беғаразона ва ба хотири ислоҳи иштибоҳи онҳо бошад, кори хуб аст.

Вай гуфт: "Дар ҳоле ки сархатибон дар миёни мардум интихоб мешаванд, дониши динии онҳо маъмулан хуб аст. Агар дар миёни онҳо нафароне бошанд, ки дониши хуби динӣ надоранд, хуб буд агар баъди баррасии салоҳият омӯзонда шаванд."

Вале оқои Афзалӣ афзуд: "Ман фикр намекунам, имом-хатибон, ки бевосита аз сӯйи мардум интихоб мешаванд, чунин хатокор ва ё бедониш бошанд."

Дар ҳоле ки имом-хатибон мавриди баррасӣ ва таъйиди салоҳият қарор мегиранд, додситони вилояти Хатлон мегӯяд масҷидҳое, ки бе санади расмӣ фаъолият доранд, фаъолияташон мутаваққиф хоҳад шуд.

Ҳоло дар вилояти Хатлон 1718 масҷид фаъолият мекунад, ки 229 адад аз онҳо иҷозатнома ё санади расмӣ барои фаъолияти қонунӣ надоштаанд. Додситонӣ ин масоҷидро бастааст. Ахиран дар шаҳри Қурғонтеппа як масҷид ҳам, ки ба таври ғайрирасмӣ фаъолият мекард, тахриб шудааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ