БА ТАЪСИСИ НОҲИЯИ ҶИРГАТОЛ 80-СОЛ ПУР ШУД
Ба ин муносибат матлаби хабарнигори сомона дар минтақаи Рашт Далер Сафарро, ки дар он назаре ба таъриху имрӯзи мардуми сермиллати ин гӯшаи дурдасту зебоманзари Ватанамон карда шудааст, пешкашатон менамоем.
ЗАНОНИ МУБОРИЗИ ҶИРГАТОЛ
Соли 1931 дар давраи хеле душвору тақтдирсоз дар ноҳия аввалин ташкилоти занон «Женотдел» таъсис меёбад. Роҳбарии ин ташкилотро ба дӯши Арзигул Ҳақназароваи майдонтеракӣ мегузоранд. Ин зани фаъол аз душвориҳо наҳаросида баҳри соҳибмаърифат гардонидани занон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ мардонавор мубориза мебарад. Инро на ҳама мефаҳмиданд ва душманони сохти нав пайваста таъқибаш мекарданд. Барои он, ки модар дар ин роҳи душвор танҳоиро ҳис накунад духтараш Асила Ҳақназарова низ пайрави ӯ гашт ва тақдирашро ба сафи комсомол пайваст.
Ин шуҷоату далерии модару духтар ба душманон писанд наомад ва онҳо соли 1931 модару духтарро ваҳшиёна ба қатл расонидаанд. Зани дигаре, ки корнамоии Арзигул Ҳақназароваро идома дод, Зинат Муродоваи питовкулӣ буд. Ӯро соли 1931 баҳри хондану дониш андӯхтан ба шаҳри Сталинобод мефиристонанд. Аммо дар роҳ Зинат Муродоваро дастаи Фузайл махсум дастгир мекунад ва ба дарахте баста ба зери пояш оташ сар медиҳанд. Бино ба нақли доктори илми забоншиносӣ, профессор Саноат Умароваи ҳоитӣ, Мирзоумар Шарифов (падари Саноат) аз ҳодиса хабардор гардида ба кӯмаки Зинат мешитобад ва ӯро наҷот медиҳад. Ин воқеаи таърихиро нависанда ва драматург Абдусалом Атобоев дар очерки худ «Хирмани оташ» ба қалам додааст.
Ҷонсупории занони фидокори ватанро имрӯз мардум бо фахр ёд мекунанд. Ин аст, ки корнамоию фидокории фаъолзанони ноҳия Хадича Акралиева, Тилло Зарифова, Малика Асомудинова, Турдиниссо Абдураҳмонова, Сафармо Комилова, Қайрма Рустамова, Самар Ризоева ва садҳо нафарони дигар абадӣ дар хотираи мардум нақш бастаанд.
Бале, имрӯз ҳам дар оғози даҳсолаи дуюми қарни XXI занону духтарони ноҳияи Ҷиргатол боз ҳам фаъолтар гардида дар ободонию гул-гулшукуфонии ноҳия ва рушди Тоҷикистони азизамон саҳми босазои худро мегузоранд, беҳуда шоир нагуфтааст.
СУХАНЕ АЗ ОЯНДАСОЗОНИ МИЛЛАТ
Дар ҳамаи давру замон ҷавонон қувваи пешбаранда ва нерӯи созандаи ҳар як миллат ба ҳисоб мераванд. Нақши эъҷозии ҷавонон дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа назаррас аст. Қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро низ ҷавонон ташкил мекунад. Барои он, ки ғайрату қувваи ҷавонони эҷодкор дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба назар расад, Сарвари давлат ҳар сол дар арафаи иди ҷавонон - 21 май бо ҷавонон мулоқот доир менамояд ва онҳо дар сӯҳбати озод дар бораи проблемаҳои ҷойдоштаи ҳаёти ҷавонон ҳарф мезананд.
Сарвари давлат дар ҳар баромади хеш гаштаву баргашта таъкид месозад, ки ҷавонон ояндаи миллатанд ва бо омӯхтани забонҳои гуногун ва касбҳои барои ҷумҳурӣ зарур метавонад дар пешрафти Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Имсол ба пешвози ҷашни Истиқлолияти кишвар дар ноҳия чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ва фарҳангӣ доир гардид, ки он на фақат ҷавонони ноҳия балки ҷавонони тамоми минтақаҳои гуногуни кишварро гирди ҳам овард.
Доир гардидани фестивали дӯстӣ дар ноҳия далолат бар он буд, ки ҷавонони фаъоли ноҳия дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия ёфта корнамоии аввалин комсомолони ноҳия Асо Шехов, Аҳад Абдуллоев, Асила Ҳақназарова ва Шерали Сулаймоновро идома медиҳанд. Ин аст, ки ҷавонони ноҳия бо азми қавӣ ба сӯи фардои дурахшони Ватан қадам мениҳанд ва дар таҳкими давлатдории тоҷикон хиште бо меҳнати худ мегузоранд.
ОНҲО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ БУДАНД
Аввалин раиси Ревкоми туман Абдураҳим Шарипов (д. Ғулама), ки соли 1926 дар съезди якуми Муассиси Умумитоҷик иштирок намуда, аз аввалинҳо шуда ба сухан баромад ва таклифи ҳарчи зудтар таъсис додани ноҳияи Ҷиргатолро ба миён гузоштааст.
Маҳмуд Беков (д. Қарчин) соли 1951 раиси комиҷроияи ноҳия ва соли 1954 депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб гардидааст.
Тоҷиддин Ҳомидов (д. Қушай) дар муддати сарчӯпони совхози И. А. Шестаполов буданаш барои зиёд намудани саршумори моли майдаи хоҷагӣ ду карат депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб гардидааст.
Хадича Акралиева (д. Қарашоро), Малика Асомуддинова ва Татьяна Раҳмонбердиева (д. Сарикенҷа) аз фаъолзанони водии Лахш мебошанд, ки пайи ҳам ба депутатии Шӯрои Олӣ ваколат гирифта бо ордену медалҳо сарфароз гардидаанд.
Зууракан Давлеталиева вакили мардумии Шӯрои Намояндагони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахустин занест, ки дар таърихи 75 соли ноҳия раисии онро (солҳои 1996-2004) ба дӯши худ гирифта, саҳми арзандае дар ободию инкишофи диёри азизамон гузоштааст.
Дар қатори ин занони шуҷоъ Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалисти, ду карат депутати Шӯрои Олии ИҶШС (СССР) Сайлӣ Раҳмонова низ мебошад, ки ба халқу Ватан хизматҳои зиёд кардааст.
Ҳабибулло Иброимов (д. Қушай) депутати Шӯрои Олии (РСС) Тоҷикистон, механизатори дарачаи олӣ (ду дафъа депутат) дар баробари кори давлатӣ ба мардуми деҳаи худ ва ноҳия хизматҳои шоён кардааст.
АЗ ТАЪРИХИ АЛОҚАИ НОҲИЯ
Собиқадори меҳнат, муҳандиси хати алоқа Ҳаёт Мамадовро дар ноҳия ҳама хуб мешиносанд. Ӯ 55 сол мешавад, ки дар шӯъбаи алоқаи пуштавии ноҳия кор карда истодааст. Кори худро аз киоски Саюзпечат оғоз намуд ва соли 1958 оператори алоқаи пуштавӣ ва баъдан аз соли 1969 то соли 2002 яъне 33 сол сардори ЛТУ (Тоҷиктелеком) буд.
- Алоқаи телефонӣ дар ноҳия солҳои 40-ум пайдо шудааст - мегӯяд ӯ. То соли 1975 шӯъба бо комутатори садрақама фаъолият мекард ва аз ҳамон сол сар карда АТС-и нав сохта шуд, ки метавонист зиёда аз ҳазор рақамро хизматрасонӣ намояд. Соли 2004 шӯъбаи алоқаи ноҳия ба хизматрасонии рақамӣ гузашт.
Ҳарчанд Ҳаёт Мамадов дар нафақа бошад ҳам, бо хоҳиши мо дар шӯъба ҳоло ҳам фаъолият дорад ва ба коргарони ҷавон нозукиҳои касби худро меомӯзад.
ПАЙРОҲАИ ИРФОН
Таърихи соҳаи маориф дар ноҳияи Ҷиргатол аз рӯзҳои нахустини ташкилёбии органҳои саветӣ оғоз ёфтааст. Нахустин кори таълимӣ соли 1925 бо номи «Маҳви бесаводӣ» (ликбез) бо ҳуруфи арабӣ оғоз шудааст. Ин мактаб дар деҳаи Ҷиргатол таъсис дода шуда ва омӯзгори аввалин Ғайбулин ном шахс (миллаташ тотор) ба 17 нафар хонанда савод меомӯхтааст.
Соли 1931 дар назди ҳамин мактаби деҳа курси яксолаи муаллимтайёркунӣ кушода шуд, ки шунавандагони аввалини он Салоҳиддин Сафаров, Саттор Каримов, Раҳим Каримов, Неъмат Зайдуллоев, Абдулҳақ Собиров, Машраб Муродов ҷамъ 13 нафар хонанда гирд оварда шуда буд.
Баробари таъсисёбии ноҳияи Ҷиргатол соли 1931 бори аввал шӯъбаи маорифи халқи ноҳия низ ташкил ёфт, ки мудирии онро Машраб Муродови қарашурагӣ ба ӯҳда дошт.
Он солҳо на танҳо наврасону ҷавонон, балки калонсолон ҳам ба саводомӯзӣ ҷалб карда шуда, таҳти шиори «Бесаводиро маҳв созем» қисми бештари аҳолӣ саводомӯз гаштаанд.
Мактабҳо ба муаллимон эҳтиёҷманд буданд, ҷумҳуриямон инро ба назар гирифта аз дигар ҷумҳуриҳои бародар кадрҳои педагогиро дархост намуд ва тамоми мактабҳои қирғиззабони ноҳия бо муаллимон таъмин гардид. Дар баробари ин аввалин муаллимоне, ки маҳви бесаводиро амалӣ намуданд Маҳмадюсуф Назаров, Асо Нозиров ва Шариф Азизов, Азизбеков ва Алайчиев, Адин Мӯсоев, Исмат Шукуров ва Сайдамир Хушанов, Ҳаким Эганбердиев, Расул Юлдошов ва дигарон аз ҳамин қабиланд.
Имрӯзҳо шумораи мактабҳо дар ноҳия ба 56 адад расида аз таъмиру тармим бароварда шуда баҳри дар рӯҳияи ватанпарастию тарбия намудани насли ҷавон нигаронида шудааст.
НАЗАРЕ БА СОҲАИ ТИБ
То таъсис ёфтани нохия муассисаҳои давлатии тиббӣ мавҷуд набуд. Дар солҳои аввали ташкилшавии Ҳукумати Шӯравӣ аз гӯшаву канори собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пизишкони ихтисосманд омада, аввалин таҳкурсии соҳаи тандурустиро гузоштанд. Аввалин корманди тиб Иванов, миллаташ рус бо ҳамсараш ба ноҳияи Ҷиргатол омада ба дарди дардмандон даво бахшиданд.
Ахунбаев Иса Коноевич бо ҳамсараш Бибихон Исмоиловна аз ҳамин зумраанд, ки солҳои 1933-1934 ба мардуми ноҳия хизмати тиббӣ расонидаанд (аз хотираи Саттор Каримов).
Дар соли 1935 сохтмони аввалин табобатхона дар деҳаи Ҷиргатол, ки он вақт маркази ноҳия ба ҳисоб мерафт, оғоз гардид. Сохтмони ин табобатхонаро Веселовский ном шахс ба ӯҳда дошт. Дар давоми ду сол беморхонаро бунёд намуд, ки аз 16 утоқ иборат буд.
Дар маркази навбунёди ноҳия бинои нави беморхона соли 1952 қомат афрохт, ки сарварии онро духтури ботаҷриба Шокиров то соли 1956 ба ӯҳда дошт. Сипас сардухтурии беморхонаи ноҳияро аз соли 1956 то соли 1962 Малахат Гасановна Векилова (миллаташ озар), аз соли 1962 то 1965 Мирзоев Ревмир Ибрагимович, аз соли 1965 то 1983 Саломов Маҳмад зодаи ноҳияи Тоҷикобод, аз соли 1983 то 1985 Фаёзов Абдусалом аз ноҳияи Рашт, аз солҳои 1985 то 1987 Рауфов Мӯсо, аз соли 1987 то 2001 камина сарвари кардаанд. Аз соли 2001 то 2005 Шарипов Маҳмалатиф ин вазифаро ба ӯҳда дошт. Айни ҳол ин вазифа ба дӯши Умаров Раҳмат буда, сарварии 5 беморхонаҳои минтақавӣ, 38 бунгоҳи тиббӣ ва омӯзишгоҳи тиббию дармонгоҳи ноҳия ба зиммаи ӯст.
Далер Сафаров, «Рӯзгор» аз минтақаи Рашт