08:58:47 01-уми Июли 2025 сол

ГУЗОРИШИ КОМИЛИ ОМБУДСМЕН МУНТАШИР ШУД

Гузориши мукаммали Ваколатдори ҳуқуқи башар ё Обдусмени Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар дар нашряи "Чархи Гардун" ба нашр расид. Ин гузориши Омбудсмени Тоҷикистон, дар авоили моҳи марти соли ҷорӣ ба давлати Тоҷикистон ирсол шуда буд ва акнун мӯҳтавои он барои аввалин бор манзури ҷомеъаи кишвар шудааст.

alizadaГузориш аз чаҳор фасли умда иборат буда, дар он Омбудсмен вазъи иҷроиши қавонин ва вазъи озодиҳои инсонро ба баррасӣ гирифтааст ва дар поёни ҳар бахшҳо тавсияҳои мухталиферо ба давлат пешниҳод мекунад. Ин нахустин гузориши Омбудсмени Тоҷикистон, пас аз таъсиси дафтари Омбудсмен дар ин кишвар, дар моҳи майи соли 2009-и мелодӣ аст.

Гузориш дар ҳоле мунташир мешавад, ки бархе аз коршиносони тоҷик пайваста фаъолияти Зариф Ализода, Омбудсмени Тоҷикистонро нокофӣ арзёбӣ кардаанд. Дар маҷмӯъ лаҳни гузориш ба андозаи гузоришҳои созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башари байналмилалӣ тунд набуда, ва дар бархе маворид бетараф ба назар мерасад.

Бо ин вуҷуд, гузориши Омбудсмен, ки дар даҳ саҳифаи нашрияи “Чархи Гардун” чоп шуда, аз ҷумла ба мушкилоти мавҷуд дар системи қазоӣ, вазъи бади ҳуқуқи занон ва мушкилот дар заминаи озодии баён дар Тоҷикистон ишора мекунад.

Ҳарчанд Омбудсмен ба ҳеҷ мушкили умда дар гузориши худ тамаркуз намекунад, аммо дар поёни арзёбии ҳар бахш, аз ҷумла “ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ”, “ҳуқуқи занон”, “ҳуқуқ ба озодии ибрози ақида ва воситаҳои ахбори умум”, “ҳуқуқ ба моликият ба манзил” тавсияҳо дар бораи зарурати қабули қонуни ҷадид ва ё тағйиру иловаҳо пешниҳод кардааст.

“Азобу шиканҷа вомехӯрад”

Барои мисол, дар қисмате аз ин гузориши Омбудсмен мехонем: “Бо дарназардошти ӯҳдадориҳои байналмилалӣ ва баҳри инкишофи минбаъдаи низоми судӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти мурофеъаи судӣ, амалӣ гардонидани вазифаҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам чораҳо андешида мешаванд.”

Бо ин ҳол Омбудсман дар поёни ин бахш тавсия додааст, ки “қонунгузорӣ ва таҷрибаи судӣ оид ба беҳтар намудани дастрасӣ ба адолати судӣ такмил шавад."

Дар ин бахш аз гузориш мехонем: “Барои таъмини ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ асоси кофии қонунгузорӣ мавҷуд бошад ҳам, вале чи тавре ки амалия нишҳон медиҳад, баъзе проблемаҳо ва халалдор гаштани ин ҳуқуқ низ ба назар мерасад.”

Сипас Омбудсмен аз шикояти муттаҳамон дар бораи зери “азобу шиканҷа гирифтани нишондодҳои худиқроркунӣ” хабар дода, ва мегӯяд, ки қозиҳои додгоҳ дар чунин маворид танҳо муфаттишонро ба ҷаласаи додгоҳ даъват карда ва аз онҳо инкори ин суханонро дарёфт мекунанд ва ҷаласоти худро идома медиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки созмонҳои байналмилалӣ мукарраран аз вуҷуди озор ва шиканҷа нисбат ба боздоштшудагон дар Тоҷикистон интиқод мекунанд.

Бетарафӣ дар қазияҳои додгоҳии нашрияҳо

Дар мавриди дигар Омбудсмен ба ҳангоми баррасии бахши “ҳуқуқ ба озодии ибрози ақида ва воситаҳои ахбори омма” ба қонунгузориҳои мавҷуд дар кишвар ва кунвенсиюнҳои байналмилалӣ ишора мекунад, ки сонсури давлатӣ ва таъқиб барои танқид мамнӯъ аст. Аммо дар идома ба “мушоҳида шудани баъзе мавридҳои иҷро нагардидан ё номатлуб иҷро гардидани меъёрҳои қонунҳо” ишора шудааст.

Омбудсмен бидуни ин, ки ҳимояти худро аз ин ё он тафар нишон бидиҳад, менависад: “Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон ҳолатҳои ба суд даъво пешниҳод намудани мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ нисбати воситаҳои ахбори мустақил ба назар мерасанд, ки асосан хусусияти шаҳрвандӣ доранд.”

Дар поёни ин бахш Омбудсмен пешниҳод мекунад, ки “қонунгузории амалкунанда дар самти ҳуқуқ ба озодии ибрози ақида, воситаҳои ахбори омма, дастрасӣ ба иттилоъот таҷдиди назар шавад.”

“Шуури нокифояи ҳуқуқии занон сабаби зӯроварӣ дар оила”

Дар бахши “ҳуқуқи занон” Омбудсмен аз ҷумла бар ин таъкид кардааст, ки “Яке аз сабабҳои зӯроварӣ дар оила нисбати занон сатҳи нокифояи шуури ҳуқуқии занҳо мебошад.”

Ойнихол БобоназароваОйниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик бо ин андешаи Омбудсмен норозӣ буда, мегӯяд: “Ҳама шуури ҳуқуқӣ дошта наметавонад, бахусус дар рустоҳо. Аммо агар дошта бошад, ҳам дар шароити кишаври мо, ки ҳам фасод аст, додгоҳҳо мустақил нестанд ва ҳам қонунгузорӣ нокомил аст, ин фоида надорад.”

Вай афзуд: “Мо бояд рӯйи он кор барем, ки сатҳи иҷтимоъӣ ва иқтисодии занон боло равад. Ҳеҷ зане, ки соҳиби кор ва пул аст, намегузорад алайҳи ӯ хушунат шавад ва агар шавад, вай никоҳи худро қатъ мекунад ва зиндагии худро давом медиҳад. Занони мо ба хотири вобастагии комил аз шавҳар ва хонаводаи ӯ, зӯровариро таҳаммул мекунанд.”

Ойниҳод Бобоназарова яке аз мунтақидони фаъолияти Зариф Ализода ба унвони Омбудсмен аст ва ӯ мегӯяд, ки фаъолияти Омбудсмен набояд бо интишори гузорише дар як сол маҳдуд шавад, балки бо ба вуҷуд омадани баҳси пурсарусадои ҳуқуқӣ дар кишвар, вай бояд ибрози назар ва амал кунад.

Хонум Бобоназарова дар ин замина афзуд: “Масалан ман зиёд мехостам, ки вай дар мавриди роҳҳои пулакӣ, ё дар бораи хонаҳои харобшуда дар Қуштеппа (ноҳияи Рӯдакӣ), ё хонаи Рақибовҳо дар Файзобод, ё оиди ба додгоҳ кашида шудани нашрияҳо ибрози назар мекард.”

Зимнан тӯли як соли фаъолияти Омбудсен дар Тоҷикистон расонаҳо борҳо шарҳу баррасиҳои интиқодии соҳибназарон мабнӣ бар вобаста ба ҳукумати иҷроияи давлат будани ниҳоди Омбудсмен дар ин кишвар чоп кардаанд. Ба гуфтаи ин коршиносон Омбудсмен, ки вобаста ба давлат фаъолият дорад, наметавонад, рисолати аслии худро, ки назорат бар иҷроиши қавонин ва нақзи қавонин дар кишвар аст, анҷом бидиҳад.

Ҳамчунин Зариф Ализода, қабл аз таъйин шуданаш тавассути раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба симати Омбудсмени ин кишвар дар моҳи майи соли 2009, мушовири ҳуқуқии президент Раҳмон буд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ