14:24:21 01-уми Июли 2025 сол

КӮЛИ САРЕЗ САДСОЛА ШУД; ВА ХАТАРОТИ ОН БОҚИСТ

Соати 11-у 15 дақиқаи шаби 5-ум ба 6-уми феврали (мутобиқи тақвими нав -18 феврал) соли 1911 бар асари як зилзилаи қавӣ ва афтодани кӯҳпора рустои Усой дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон зери хоку санг монда, пеши роҳи рӯдхонаи Мурғоб баста шуд.

 

sarez 2Аз тамоми сокинони рустои Усой танҳо як пирмард ва ду писарбача зинда монда, 57 нафар дар зери кӯҳпора ҷони худро аз даст доданд. Тамоми ҳайвоноти хонагии онҳо низ талаф ёфт. Дар рустоҳои дигар низ чандин нафар кушта шуда ва дар маҷмӯъ, дар ин зилзила 105 нафар ҷони худро аз даст доданд. Шиддати ин заминларза 7,4 дараҷаи Риштер буда ва олимон мегӯянд расадхонаи Пулково, воқеъ дар наздикии шаҳри Сан-Питерзбург ин зилзиларо эҳсос кардааст. Дар натиҷаи масдуд шудани маҷрои рӯдхона хатари зери об мондан рустои Сарез ва боз се деҳаи дигарро низ таҳдид мекард. Сокинони Сарез деҳаву хонаҳо ва дарахту боғзорашонро раҳо карда, тавассути минтақаи Мурғоб ба қаламрави ноҳияи Шуғнон, ба деҳаи Сарҳади Бадчор, кӯчиданд. Дар ҷойи уфтодаи кӯҳпораи Усой кӯли ҷадиде пайдо шуд ва рустои Сарезро ба коми худ фурӯ бурд.

 

Аз ин фоҷиъа мардуми рустоҳои поёноби рӯдхонаи Мурғоб танҳо баъди 45 рӯз хабар ёфтанд. Волии Рӯшон дар бораи ин фоҷиъа ба қалъаи низомии Русия, ки дар деҳаи Хоруғ воқеъ буд, иттилоъ дод. Русҳо, ки Помир аллакай таҳти тасарруфашон қарор дошт, танҳо аз моҳи октябри соли 1913 ба таҳқиқи кӯли нав пардохтанд. Сарҳанг Григорий Андреевич Шпилко, сардори гурӯҳи низомии русҳо дар қалъаи низомӣ, ки дар айни замон ба ҷуғрофиёшиносӣ низ машғул буд, дар таърих нахустин муҳаққиқи ин кӯл маҳсуб мешавад. Ба унвони Сарез низ бори нахуст ин кӯлро Шпилко ном бурдааст.

 

"Аждаҳои хуфта"

Ба гуфтаи аксари олимони ҷуғрофиёшинос ва иқлимшиноси собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мамолики муштаракулманофеъ, кӯли Сарез ба вазъи ҷуғрофӣ ва иқлимии на танҳо кӯҳистони Помир, балки тамоми Осиёи Марказӣ таъсири бунёдӣ гузоштааст. Ҳамакнун Сарез бо назардошти хатари эҳтимолии он дар гуфтаҳо ва навиштаҳо аксаран ба унвони "аждаҳои хуфта" ёд мешавад.

 

Донишмандон мегӯянд дар сурати рахна шудани садди кӯли Сарез, ки дар минтақае зилзилахез воқеъ аст, дар тӯли 12 соъат як қисми хоки Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбакистон ва Туркманистон зери об хоҳад монд ва эҳтимоли кушта шудани ҳудуди 5 милюн одам аз ҷумлаи сокинони ин кишварҳо вуҷуд дорад. Хатари эҳтимолии рахна шудани садди Сарезро олимони табиъатшинос ба се омил марбут медонанд: вуқӯъи заминларза, афзоиши сатҳи об ва рехтани кӯҳпораҳои атроф. Кӯли Сарез дар иртифоъи 3250 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст.

 

Дарозиии кӯли Сарез 62 км, бараш 3,3 км, умқи он то 500 метрро ташкил медиҳад. Ҳаҷми оби он 17 милёрд метри мукаъъаб буда, вазнаш ба ҳисоби миёна ба 19 милюн тун баробар аст. Ба ғайр аз рӯдхонаи Мурғоб, ки аз дарёи Оқсуи Афғонистон сарчашма мегирад, ба ин кӯл 17 даргов (рӯдхонаи кӯчак) ва 16 рӯдхонаи кӯчаки мавсимӣ мерезанд. Оби изофӣ асосан аз рӯйи садд ба поён ҷорӣ мешавад.

 

Назорат бар кӮл

То соли 1991, яъне то замони касби истиқлоли Тоҷикистон, кӯли Сарез зери муроқибати идораи обуҳавошиносии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Тамоми фаъолиятҳои марбут ба Сарез дар Маскав, пойтахти Шӯравии пешин, таҳия мешуд ва умури марбут ба Сарез мустақиман таҳти назари Маскав буд. Аммо ба гуфтаи сарҳанг Қадам Маскаев, як масъули Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон, аз соли 1991 муроқибат аз ин кӯлро Тоҷикистон комилан ба зиммаи худ гирифт. Дар Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон ниҳоди вижае таҳти унвони "Раёсати истифода аз системи Усой ва масоили кӯли Сарез" таъсис шуд, ки дар он мутахассисони зиёде кор мекунанд.

 

Оқои Маскаев мегӯяд тавассути як тарҳи муштараки давлати Тоҷикистон, ҳукумати Суис (Шветсария) ва Бонки Ҷаҳонӣ дар қаламрави кӯли Сарез як дастгоҳи мудерни рақамӣ ва моҳвораӣ насб шудааст. Ин дастгоҳ бо раёсати истифода аз системи Усой ва масъалаҳои кӯли Сарез иртиботи мустақим дорад. Ғайр аз ин, ҳамарӯза дар ин кӯл ҳудуди 9 нафар аз мутахассисони умури изтирорӣ ба таври шабонарӯзӣ ба муъоинаи он машғуланд. Оқои Маскаев афзуд: "Ҳоло мо имкон дорем аз Душанбе ҳаракати об, мавҷхои Сарез, лапиши оби он, ҳаракати бод, ҳарорати ҳаво, зилзила ва ғайраро таҳти мушоҳидаи доимӣ қарор диҳем. Дастгоҳҳои фаннӣ ба мо имон медиҳанд ҳар соъат аз вазъи Сарез маълумот дарёфт кунем."

 

Аз сӯйи дигар, сарҳанг Дӯсталӣ Худоёров, масъули умури изтирории вилояти Бадахшон, гуфт, ки ин ниҳод дар ҳамбастагӣ бо Фокас, як созмони марбут ба Шабакаи Оқохон дар Бадахшон, дар куллияи деҳоте, ки пойинтар аз кӯли Сарез дар ду соҳили дарёи Мурғоб воқеъанд, телефунҳои родиюи системи Коданро насб кардааст. Ин телефунҳо имкон медиҳанд дар сурати рахна шудани эҳтимолӣ мардуми маҳаллӣ зуд аз воқеъа бохабар шуда ва ба ҷойҳои бехавф кӯч кунанд. Ба гуфтаи вай, бо ёрии ин созмон барои сокинони рустоҳои пойин аз кӯли Сарез дар бораи наҷот дар сурати рахнаи эҳтимолии сад тамринот ва дарсҳои мунтазам анҷом мешаванд. Тавре ки мақомоти расмии вилояти Бадахшон иттилоъ доданд, ҳукумати маҳаллӣ тасмим дорад барои рафтуомад ба кӯли Сарез як роҳи мудерни утумубилрав бунёд кунад.

 

Манбаъи оби ошомиданӢ

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар паёми худ ба порлумони ин кишвар дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ки соли гузаштаи мелодӣ ироа шуда буд, ба имкони истифода аз оби кӯли Сарез таъкид кард. Ӯ аз ҷумла гуфт: "Пешниҳоди қаблии мо барои таъмини оби мусаффои нӯшокӣ барои мардуми минтақа аз кӯли баландкӯҳи Сарез ҳанӯз ҳам боқист. Тибқи Ойинномаи Созмони Милал ва муқаррароти дигари ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳар як кишвару халқ метавонад мустақиллона аз сарватҳои табиъияш барои рушду тараққиёти худ истифода намояд."

 

Президенти Тоҷикистон дар чандин ҳамоишҳои ҷаҳонӣ масъалаи баҳрабарӣ аз захираи бузурги оби ошомидании кӯли Сарезро ба миён гузоштааст. Ӯ Сарезро як манбаъи бикру дастнахӯрдаи оби тозаи ошомиданӣ эълом карда ва гуфт, ки фурӯши ин об метавонад ба хазинаи кишвар даромади ҳангуфте ворид кунад. Дар ҳамин ҳол, Султоншо Дилёбов, як муҳандиси маҳаллӣ аз шаҳри Хоруғ, дар мавриди истихроҷи оби кӯл, интиқоли он тавассути хат ё лӯлаҳои оҳанӣ аз қаламрави Ӯзбакистон, Эрон, Ироқ ва қад-қади халиҷи Форс то ба шаҳри Абузабӣ, пойтахти Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, ба дастгоҳи раиси ҷумҳур ва Фарҳангистони улуми Тоҷикистон як тарҳи вижа ирсол кардааст.

 

Ба гуфтаи вай, дастгоҳи раиси ҷумҳур иҷрои ин тарҳро барои рушди иқтисоди кишвар муҳим арзёбӣ кардааст. Оқои Дилёбов дар ин тарҳ наҳва ё роҳи, ба гуфтаи худаш, осонтарини судури оби Сарезро пешниҳод кардааст. Тавре ки муаллифи тарҳ мегӯяд, ҳадафи аслии он ба ҷуз суди иқтисодӣ ҳамчунин коҳиши сатҳи оби Сарез ва аз байн бурдани хатари рахна шудани садди он аст. Оқои Дилёбов мегӯяд: "Дар ҳоли ҳозир давлатҳои Осиёи Миёна ва кишварҳои дар хатти устуво (экватор) воқеъбуда ба оби тозаи ошомиданӣ ниёзи шадиде доранд. Сарез дорои захираи бузурги оби тоза буда ва бо имконоти кунунии фаннӣ ин обро метавон ба ин кишварҳо интиқол дод."

 

Ӯ афзуд, ки тибқи арзёбии вай ва Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, барои иҷрои ин тарҳ маблағи 8 милёрд дулори омрикоӣ лозим аст. Ба гуфтаи ӯ, азбаски барои Тоҷикистон дар алоҳидагӣ маблағгузорӣ дар ин тарҳ мушкил аст, барои иҷрои ин тарҳ бояд таваҷҷӯҳи созмонҳои тиҷоратӣ ва муассисаҳои ғайридавлатии байналмилалӣ ва давлатҳои ҳамсоя ҷалб шавад. Оқои Дилёбов мӯътақид аст, ки барои чанд давлат ин маблағ чандон бузург нест, зеро аз хатти интиқоли об тамоми ин кишварҳо метавонанд барои аҳдофи мухталиф истифода кунанд.

 

Ҷалби ҷаҳонгардони хориҷӢ

Ба гуфтаи Меҳрубон Ганҷибеков, як таҳлилгари маҳаллӣ дар умури ҷаҳонгардӣ, акнун замони он расидааст, ки Тоҷикистон ба Сарез чун ба як "аждаҳои хуфта" нигоҳ накунад, балки онро чун яке аз маҳаллҳои аслии ҷалби турисми хориҷӣ донад. Ба андешаи вай, дар қаламрави Бадахшон Сарез бо табиъати нотакрораш метавонад барои ҷалби ҷаҳонгардони хориҷиву дохилӣ яке аз манбаъҳои судовари иқтисодӣ бошад. Ӯ мегӯяд ҳамасола гардишгарони хориҷии зиёде бо майли пардохти миқдори бештари пул хоҳони дидор аз кӯли Сарез мешаванд. Вале онҳо ба орзуи худ намерасанд.

 

Ба гуфтаи оқои Ганҷибеков, ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ барои рафтан ба Сарез шаҳрвандони хориҷӣ ба иҷозатномаи вижа ниёз доранд. Вай мегӯяд ин дар ҳолест, ки қонуни вижаи Тоҷикистон "Дар бораи ҷаҳонгардӣ" ташкили сафарҳои туристӣ ба Сарезро манъ намекунад. Ба ақидаи оқои Ганҷибеков, имкони ташкили хатти сайри ҷаҳонгардон ба Сарез на танҳо тавассути сарбанди Усой, балки ба востиаи деҳаҳои Пойимазори ноҳияи Ванҷ ва Ғудараи ноҳияи Рӯшон низ вуҷуд дорад.

 

Идомаи нигарониҳо ва умедҳо

Моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе роҷеъ ба кӯли Сарез як ҳамоиши байналмилалӣ баргузор хоҳад шуд. Тавре ки аз Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳадафи аслӣ аз ин ҳамоиш натиҷагирӣ аз мушоҳидот ва таҳқиқи илмии тақрибан садсолаи кӯли Сарез аст. Он гуна ки сарҳанг Қадам Маскаев, як масъули Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон, иттилоъ дод, дар назар аст дар бораи кӯли Сарез ҳамчунин китобҳо ва филмҳои вижа таҳия ва ба навор гирифта шаванд.

 

Дар бораи вижагиҳои кӯли Сарез сухан ронда, оқои Маскаев афзуд, ки ин кӯл аз ҷониби уламои ҷуғрофиёшинос ва табиъатшинос ба унвони муртафеътарин, ҷавонтарин ва хатарноктарин кӯл эътироф шудааст. Ба гуфтаи вай, ин тақрибан танҳо кӯлест, ки аз соли 1913, тақрибан дар тӯли сад сол, муъоина ва мушоҳидаи шабонарӯзии он бидуни таваққуф идома дорад. Вай гуфт ин кӯл дар натиҷаи заминҷунбӣ пайдо шуда ва боз ин хатар муҳтамил аст, ки бар асари зилзила ё афзоиши сатҳи об аз байн биравад.

 

Вале аз байн рафтани он барои тамоми минтақаи Осиёи Миёна ва Афғонистон хатароти ҷиддӣ дорад. Тавре ки оқои Маскаев афзуд, дар тӯли панҷ соли ахир сатҳи оби Сарез рӯ ба афзоиш аст. Вай мегӯяд дар соли 2006 сатҳи оби Сарез то 1 метру 90 сонтиметр ва дар чаҳор соли дигар то 25 сонтиметр боло рафт, ки нисбат ба панҷсолаҳои пеш бештар аст.

 

Гулдасти Меҳровар, Хоруғ, Бадахшон, Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4477-kuli-sarez-sadsola-shud.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ