04:52:39 02-уми Июли 2025 сол

МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД

Лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки барои муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод шудааст, санади хеле заруриву саривақтӣ мебошад. Зеро тарбияи инсон, ки аз батни модар шурӯъ шуда, то дами марги ӯ идома меёбад, бояд кори ҳамарӯзаву ҳарлаҳзаинаи падару модар бошад ва беҳуда нагуфтаанд, ки:

 

Туро гар кӯдаке ёр асту оқил,

Беҳ аз пире бувад нодону ҷоҳил.

 

kudakon 1Бузургони мо дар боби тарбияи инсон китобҳои зиёде навиштаанду ин масъаларо ҳамеша мавриди назар қарор медоданд. Чунончи, Унсурмаолии Кайковус барои тарбияи неки фарзандаш Гелоншоҳ дар синни 63-солагӣ китоберо бо номи «Қобуснома» (Насиҳатнома), Абдураҳмони Ҷомӣ барои ҷигарбандаш Зиёвуддин Юсуф китоби «Баҳористон»-ро таълиф намудаанд, ки то ҳанӯз насли башар аз ин  китобҳо баҳравар мебошанд. Дар ҳақиқат фарзанд ба тарбияи нек ниёз дорад ва бе тарбияи волидайну омӯзгор кӯдак худ аз худ ботаҷрибаву оқил, соҳиби ахлоқи накӯву писандида намегардад. Дар ин боб низ бузургон гуфтаанд, ки:

 

Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

 

Ҳазрати Муҳаммад (с) дар як ҳадиси муборакашон таълиму тарбияи фарзандро масъалаи муҳим дониста, овардаанд, ки «аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй».

 

Дар давоми умри худ мо борҳо шоҳиди он гаштаем, ки падару модарон фарзандро аз ғояти муҳаббату дӯстдорӣ эркаву якрав, саркашу мағрур ба воя расонида, барои қонеъ гардонидани талаботу ниёзҳои ӯ тамоми шароитҳои иқтисодиву иҷтимоиро фароҳам меорад, вале дар таълиму тарбияи ӯ қариб, ки кори арзандаеро анҷом намедиҳад. Ҳатто барои писари дӯстдоштааш харидани китоби шавқангезро раво намебинад. Натиҷаи ҳамин гуна муносибатҳост, ки дар ҷомеа сафи бадахлоқӣ, муҷримӣ, нохалафӣ, бедарду ҳиссӣ, бемаърифатӣ, бефарҳангӣ, беинтизомӣ, бефармонӣ, бемасъулиятӣ, бесаводӣ, беиффатӣ,бешармӣ ва ғайра рафторҳои ношоиста рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст.

 

Бинобар , ба муҳокима гузошта шудани лоиҳаи қонуни мазкур талаби замон ва саривақтӣ буда , он қариб тамоми паҳлӯҳои масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандро дар худ инъикос намудааст ва дар натиҷаи муҳокимаи умумихалқӣ он боз ҳам такмилу пурратар хоҳад шуд.

 

Солҳои зиёдест ба таълиму тарбияи насли наврас машғулам ва ба муҳокима пениҳод шудани лоиҳаи Қонуни мазкурро падидаи нек мешуморам. Ман ҳам чун дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ суханрониҳои Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҳаммул намуда, матни лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди мутолиа қарор дода, чанд фикру мулоҳизаҳои хешро низ пешниҳод карданиям.

 

Дар банди аввали моддаи 4 пас аз ибораи «падару модар» калимаҳои «мураббӣ, омӯзгор» илова гардад. Яъне он банд дар шакли зерин оварда шавад:

 

«Таълиму тарбияи фарзанд вазифаи муқаддаси падару модар, мураббӣ, омӯзгор, ҷомеа ва давлат мебошад»

 

Дар банди 6 моддаи 7 пас аз калимаи «умумибашарӣ» калимаҳои «худшиносиву худогоҳӣ» илова гардад. Яъне он банд ба таври зайл оварда шавад:

 

«- фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва худшиносиву худогоҳӣ тарбия намоянд».

 

Дар банди 29 моддаи 7 пас аз таркиби «нисбат ба » калимаи «калонсолон» илова карда шавад. Банди мазкур дар қонуни мазкур дар шакли зер ҷой дода шавад:

 

«- аз ҷониби фарзандони ноболиғ таҳқир ва беэтиромӣ намудан нисбат ба калонсолон, омӯзгорон, кормандони мактаб ва хонандагонро пешгирӣ намоянд».

 

Банди 39 моддаи 7 дар шакли зерин таҳрир гардад:

 

« -риоя намудани либоси мактабиро аз ҷониби фарзанд дар ҳама  зинаҳои таҳсилот таъмин намуда, либоспӯшиашонро дар доираи этикет назорат намоянд».

 

Инчунин ба моддаи 7 зербанди дигаре ба мазмуни зайл илова карда шавад:

 

«- аз ҷониби фарзанд дарондан ва корношоям кардани китобҳои муқаддас, ҳамагуна нусхаҳои қадимии бо хати арабиасоси тоҷикӣ навишташуда, инчунин китобҳои бадеӣ, методӣ, илмӣ ва ғайраро манъ намоянд»

 

Боварӣ дорем, ки пас аз муҳокимаи умумихалқӣ ин санади муҳими тақдирсоз боз ҳам беҳтару нишонрас хоҳад гашт. Ҷалолуддини Балхӣ дар ин бора барҳақ фармудааст, ки:

 

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,

Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад.

 

Раҷабалӣ ХУДОЁРОВ, номзади илмҳои филологӣ, Қӯрғонтеппа

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4438-mashvarat-idroku-hushyori-dihad.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ