НАРМУ ШИРИН ГӮЙ БО МАРДУМ КАЛОМ
Мутаассифона, дар ҷомеаи мо на ҳама ба таври бояду шояд ба қадри арзишҳои миллии хеш мерасанду ифтихор менамоянд. Имрӯзҳо дар кӯчаю бозор кас аз паҳлӯи мардум гузар карда шоҳиди дағалмуомилагию муносибати дурушти баъзеҳо гашта, ангушти ҳайрат мегазад, ки ба ин миллати соҳибтамаддун чӣ шуда бошад? Кас ҳайрон мегардад, ки наход инсон дар асри ХХI зиндагӣ карда ҷаҳонбиниву маданиятнокияш то ин дараҷа паст бошад?
Ба ҷои соҳиби маданияти баланд шудан, баъзе кӯдакон, наврасон ва ҷавонон, ҳатто бархе калонсолон ҳам рафторҳое мекунанд, ки аз бефарҳангию бемаданиятии онҳо гувоҳӣ медиҳад. Борҳо шоҳиди он будам, ки аксар вақт кӯдакону наврасон ва ҳатто баъзе ҷавонон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар ҳузури бузургон ва дар назди занону модарон бо овози баланд якдигарро таҳқиру дашном дода, бо алфози қабеҳ бо ҳамдигар «сӯҳбат» мекунанд. Онҳо аз рафтори ношоями хеш шарм накарда, ба атрофиён эътиборе ҳам надода, чунон саргарми «хушгӯиҳо» мешаванд, ки кас аз шунидани он гуна суханҳо мӯи танаш рост мехезад.
Вақти он расидааст, ки ба рафтори ин гуна кӯдакону наврасони бетарбия бетарафӣ зоҳир накунем ва нагузорем, ки дигарон, махсусан тифлони мактабӣ аз ин гуна нохалафон «ибрат» гиранд. Ба андешаи ман ба муҳокимаи умум пешниҳод гардидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бисёр амри саривақтиву зарурӣ мебошад. Дар ҳақиқат, агар чунин санади муҳим ба миён намеомад аз бепарвоиву бетарафии баъзе падару модарон, ин беморӣ тамоми аҳолии Тоҷикистонро заҳролуд карданаш мумкин буд.
Ҳоло баъзан мебинему мешунавем, ки шогирд аз устод, писар аз падар, ҳамсоя аз ҳамсоя шарм накарда, дар ҳузури якдигар аз дашном додану гуфтани алфози қабеҳ ибо намекунанд. Ин дағалгӯиҳоро кас мушоҳида карда, дилаш реш-реш мешавад ва худ ба худ мегӯяд, ки ба мардуми мо чӣ шуда бошад? Ниёгонамон дар осори хеш ҳалимию нармӣ, сабурию боҳаёиро тарғиб карда, тундию тезӣ ва дағалгӯию дуруштсуханиро мазаммат намудаанд.
Пас ин гуна алафҳои бегона аз куҷо дар ин хоки мо рӯидаанд? Ҳар як шахси тарбиятдидаю маданӣ аз рафтору гуфтори беадабонаи ҳамдиёронаш ғамгин шуда, ба онҳо нафрат мехонад. Бо шунидани чунин суханҳои дурушт табъи кас хира, асабҳо яштаранг ва малӯлу озурдахотир мегардад.
Мирзо Абдулқодири Бедил барҳақ фармудааст, ки:
Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад,
Пистаи бемағз агар лаб вокунад, расво шавад.
Ёд дорам, ки солҳои пеш шогирдон дар пеши устодон, занҳо дар ҳузури мардон, хурдон дар назди бузургон баланд гап намезаданду баланд намехандиданд. Куҷо шуд он одати шарқиёнаи мо? Наход мо ба дараҷае расида бошем, ки оддитарин қоидаҳои муоширатро фаромӯш карда бошем!
Шайх Фаридуддини Аттор дар «Панднома»-и хеш овардааст:
Эй бародар, гар хирад дорӣ тамом,
Нарму ширин гӯй бо мардум калом.
Ҳар кӣ бошад талхгӯю тундхӯй,
Дӯстон аз вай бигардонанд рӯй.
Сарчашмаи ин гуна беадабию беқайдиҳо, бешубҳа, оилаи носолим мебошад. Агар тифл дар оила тарбияти хуб нагирифта бошад, беадабу тундзабон ба камол мерасад ва аз нав тарбият кардани он кори басо душвор мегардад. Беҳуда нагуфтаанд, ки:
Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.
Набояд фаромӯш кард, ки тарбияи фарзанд яке аз қарзҳои асосии падару модар аст. Унсурулмаолии Кайковус дар боби бисту ҳафтуми «Қобуснома»-и хеш «Андар фарзанд парвардан ва оини он» чунин овардааст: «Бидон, эй азизи ман, ин ки агар Худой туро писаре диҳад, аввал номи хуш бар вай неҳ, ки аз ҷумлаи ҳақҳои падарон яке ин аст. Дуввум он, ки ба доягони меҳрубон супор ва ба вақти хатна кардан суннат ба ҷой овар ва ба ҳасби тоқати хеш шодӣ кун».
Акнун замоне расидааст, ки пайи ислоҳи нуқсонҳои дар ҷомеа ҷойдошта ҳамагон муттаҳиду масъул бошем ва ҳар як шахси худогоҳу хештаншиносро лозим аст, ки ба чунин зиштиву дуруштиҳо бетараф наистода, дар маданиятнокию хушмуомилагии атрофиён кӯшиш намояд. Дар навбати аввал, мо бояд аз худ ва оилаи худ шурӯъ кунем. Сонӣ, дар ҷойи кору ҷойҳои ҷамъиятӣ ба чунин амалҳои нораво оштинопазир бошем.
Бинобар пешниҳод менамоям, ки дар лоиҳаи Қонуни мазкур масъулияти таълиму тарбияи фарзанд натанҳо ба падару модар, балки ба дӯши омӯзгорон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони корхонаю идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, телевизиону радио ва матбуот низ гузошта шавад.
Боварии комил дорам, ки пас аз муҳокимаи умумихалқӣ қонуни мукаммале ба миён меояд, ки он дар таълиму тарбияи фарзанд, хоса кӯдакону наврасон хеле санади арзишманде ба ҳисоб меравад. Хуллас, ҳамаи моро воҷиб аст, ки барои маданиятнокию хушмуомилагии худу дигарон кӯшиш намоем, то наслҳои оянда аз мо ибрати нек гиранд ва ҳамчун ворисони арзанда номбардори ниёгони хирадмандамон бошанд.
Раҷабалӣ Худоёров, «Рӯзгор», Қӯрғонтеппа
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4418-narmu-shirin-guy-bo-mardum-sukhan.html