08:43:03 01-уми Июли 2025 сол

АФЗОИШИ БОСУРЪАТИ HIV ДАР МИНТАҚА

Даниш Черч Эйд (Danish Church Aid), як созмони ғайридавлатии имдодрасонӣ, бо интишори натоиҷи як пажӯҳиши муштараки худ бо Кристиан Эйд (Christian Aid), созмони дигари ғайридавлатии байналмилалӣ, аз афзоиши теъдоди мубталоён ба вируси камбуди масунияти бадан дар кишварҳои Урупои Шарқӣ ва Осиёи Миёна ибрози нигаронӣ кардааст.

 

HIVБино ба гузориши ин созмон, дар тӯли камтар аз даҳ соли охир ибтило ба Эйч-ой-вӣ ё вируси камбуди масунияти бадан дар кишварҳои ин минтақа бист маротиба боло рафтааст. Дар гузориши ин созмон омадааст, ки ҳудуди як то яку ним милиюн аз ҷамъияти кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебаранд ва ривоҷи вируси камбуди масунияти бадан дар миёни ин гурӯҳ (муҳоҷирон) бештар мушоҳида мешавад.

 

Ин созмон ҳамчунин ҳушдор медиҳад, ки муҳоҷирати корӣ на танҳо худи муҳоҷирони ин ду кишвар, балки аъзои хонаводаҳои онҳоро низ дар баробари вируси камбуди масунияти бадан осебпазир кардааст. Дар ин гузориш мехонем: “Воқеъият ин аст, ки теъдоди занон ва кӯдакони мубтало ба вируси камбуди масунияти бадан дар Тоҷикистон ва Қирғизистон афзоиш пайдо мекунад.”

 

Муаллифони ин гузориш шарҳ медиҳанд, ки ба эҳтимоли зиёд сабаби ибтилои занону кӯдакон ба ин вирус шавҳароне будаанд, ки дар вақти муҳоҷират дар Русия мубтало ба ин вирус шуда ва сипас ин вирусро "ба хона меоранд.” Гуфта шудааст, ки ба далели бим аз доғи нанг дар ҷомеъа, теъдоди андак аз афрод дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ба пизишкон ва мутахассисон муроҷеъа мекунанд. Муаллифони гузориш ҳушдор додаанд, ки бо таваҷҷӯҳ ба зиёд боқӣ мондани мизони муҳоҷират дар Тоҷикистон ва Қирғизистон, "чунин вазъият дар дарозмуддат паёмадҳои зиёнбор хоҳад дошт."

 

Дар ҳоле ки то имрӯз ҳеҷ воксин ва ё дору барои ҷилавгирӣ аз ибтило ва ё табобати вируси камбуди масунияти бадан ва бемории Эйдз (СПИД) барои истифодаи умумӣ ихтироъ нашудааст, пажӯҳиши мазкур ҳокист, ки ҳудуди панҷоҳ дарсади муҳоҷирони корӣ дар Тоҷикистон бовар доранд, ки ибтило ба вируси камбуди масунияти бадан табобатшаванда буда ва 30 дарсад аз миёни онҳо бовар доранд, ки бемории Эйдз ё СПИД низ муъолиҷашаванда аст.

 

Ин таҳқиқот тавассути назарсанҷие дар миёни муҳоҷирони корӣ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Қирғизистон сурат гирифтааст. Натоиҷи ин назарсанҷӣ ҳамчунин нишон дода, ки ба эътиқоди 66 дарсади посухгӯяндагон дар Тоҷикистон, занони дорои вируси камбуди масунияти бадан метавонанд, фақат фарзандони дорои вирус ба дунё оранд. Ҳудуди 30 дарсади посухгӯяндагон бар ин боваранд, ки Эйчойвӣ метавонад тавассути газидани хомӯшак низ ба инсон сироят кунад.

 

Ин дар ҳолест, ки дар чанд соли охир созмонҳои мухталифи байналмилалӣ ва ғайридавлатии маҳаллӣ дар Тоҷикистон барои боло бурдани сатҳи огоҳии мардум дар бораи ин вирус ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз ибтило ба он, даҳҳо тарҳҳои мухталиф пиёда кардаанд. Бархе аз ин созмонҳо гурӯҳҳои муҳоҷирони корӣ ва ҳамсарони онҳоро ба унвони гурӯҳи осебпазир дар тарҳҳои вижаи боло бурдани огоҳӣ дар бораи вируси камбуди масунияти бадан ва бемории СПИД фаро гирифтаанд.

 

Аз он ҷо, ки бахши умдаи касоне, ки барои пайдо кардани кор аз Тоҷикистон муҳоҷират мекунанд, сокинони манотиқи рустоӣ ва аксаран мазҳабӣ ҳастанд, созмонҳои марбут талош мекунанд, дар заминаи боло бурдани огоҳии мардум дар бораи роҳҳои ҷилавгирӣ аз ибтило ба вируси камбуди масунияти бадан, бо чеҳраҳои мазҳабӣ ҳамкорӣ кунанд. Барои мисол боварҳои мазҳабӣ яке аз сабабҳои стигма ва ё доғи нанг аст, ки монеъи муроҷеъаи бархе афрод ба мутахассисон дар заминаи ташхиси вируси камбуди масунияти бадан дар Тоҷикистон мешавад.

 

Бино ба натоиҷи назарсанҷии Даниш Черч Эйд, ҳудуди 50 дарсади мардуми Тоҷикистон ва Қирғизистон бар ин боваранд, ки мубтало шудан ба вируси камбуди масунияти бадан ва ё бемории Эйдз “танбеҳи Оллоҳ барои зино ва бадахлоқӣ” аст. Аммо Довудхони Абдухон, сардори раёсати фатвои Маркази Исломии Тоҷикистон, бо ин назар мувофиқ буда, вале меафзояд, ки ислом на ҳамаи афроди гирифтор ба ин вирус ва бемориро маҳкум мекунад, “зеро дар миёни онҳо бархе афрод фақат қурбонӣ ҳастанд.”

 

Аз сӯйи дигар, аз назарсанҷии ахир бармеояд, ки беш аз 33 дарсади посухгӯяндагон дар Тоҷикистон мӯътақиданд, ки истифода аз кондум ё рифолаҳо барои ҷилавгирӣ аз сирояти вируси камбуди масунияти бадан муассир нест. Ғайр аз ин, афроди зиёде дар Тоҷикистон ба далели боварҳои мазҳабии худ аз истифодаи рифолаҳо худдорӣ мекунанд. Довудхони Абдухон ахиран ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки на ҳама гуна рифолаҳо ба хотири пойин будани сифати истеҳсолашон метавонанд аз ибтило ба вируси камбуди масунияти бадан ҷилавгирӣ кунанд.

 

Ба ин хотир вай таъкид мекунад, ки риъояти қавонини исломӣ, яъне дур будан аз зино, танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз ибтило ба ин гуна вирус ва бемориҳо аст. Ҳарчанд оқои Абдухон басароҳат нагуфт, ки истифода аз рифолаҳо аз нигоҳи дини ислом машруъ ҳаст ё на, аммо гуфт, ки дар дини ислом гуфта шудааст, ки “на ба худ зарар расон, на ба касе дигар” ва афзуд, ки "бо маслиҳати пизишкон барои ҷилавгирӣ аз гузаштани вирус ба ҳамсар, аз рифола истифода шавад." Дар ҳамин ҳол, дар як соли ахир дар Душанбе ва шаҳрҳои мухталиф дар саросари Тоҷикистон мизҳои гирд ва конфаронсҳову семинорҳое бо ширкати чеҳраҳои мазҳабӣ дар бораи ин мавзӯъ баргузор шуда буд.

 

Бавижа аз рӯҳониёне, ки ҳар кадом дар маҳалли худ нуфуз ва эътибор доранд, дархост шудааст, ки истифода аз рифоларо, ки на танҳо василаи ҷилавгирӣ аз обистанӣ, балки василаи ҷилавгирӣ аз сирояти вируси камбуди масунияти бадан низ маҳсуб мешавад, ташвиқ кунанд. Бо ин ҳол пажуҳиши Даниш Чер Эйд ҳокист, ки дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳудуди 70 дарсади муҳоҷирон, ки мавриди назарпурсӣ қарор гирифтанд, аз рифода ё кондум ислан истифода намекунанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4360-afzoishi-bosurati-hiv.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ