МО БАРОИ ВАСЛ КАРДАН ОМАДЕМ….
Дар ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон дар ҳудуди 50 ҳазор тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Онҳо сокинони таҳҷоии ин марзу бум буда, пас аз тақсимоти марзии соли 1924 ба унвони ақаллияти милӣ дар ин ҷумҳурӣ боқӣ монданд. Ҳамзабонони мо дар ин кишвари ҳамсоя чӣ ҳолу аҳвол доранд? Шоистаи Равшан, хабарнигори ҷамоатии мо дар ин росто сӯҳбатеро бо Қодиршои Мурувват, муовини созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ, сардабири нашрияи тоҷикии «Паёми Ала Тоо» анҷом дод, ки пешкаши хонандагони азизамон месозем:
-Лутфан, дар оғоз оиди Созмони тоҷикон, аҳдофу вазоифи он маълумот медодед.
-Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдаки бо эҳтимом ва ибтикори як гурӯҳ ҳамзабонони миллатдӯст ва хайрхоҳ октябри соли 1993 дар деҳшӯрои Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо, вилояти Бодканд ( он замон Ӯш) рӯи кор омад. Аввалин раиси Созмони тоҷикон академик Абдуҳалим Раҳимҷонов – раиси маркази бемориҳои хуни вобаста ба вазорати тандурустии Қирғизистон буданд , ки ин созмони ҷамъиятиро бурдборона ва сабурона тайи 15 сол сарпарастӣ кард. Ҳадаф аз роҳандозии созмон ҳифз ва равнақи забону фарҳанг ва сунани гузаштагонамон дар ин диёр эълом шудааст ва фаъолони Созмон бо истифода аз имтиёзоте, ки Қонуни Асосӣ ва соир қавонини ин кишвар пешбинӣ кардааст, ба манзури тарвиҷи арзишҳои маънавии халқамон даст ба кор шудаанд.
-Агар мумкин бошад пиромуни мактабу маорифи тоҷикони Қирғизистон каме муфассалтар изҳори назар мекардед?
-Мактабу маориф ба қавле, нуктаи ҳасос ва дарднок дар фаъолияти Созмони тоҷикон маҳсуб аст. Ба кадом далел? Дар Қирғизистон дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ 3 мактаби соф тоҷикӣ ва чанд синфҳои тоҷикӣ фаъолият дорад. Дар деҳаи Андарак, ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд ду мактаби тоҷикӣ ва дар шаҳраки Ҳайдаркони ҳамин вилоят як мактаби дигар вуҷуд дорад. Он нукта нигаронкунанда аст, ки дар деҳшӯрои Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо ,ки беш аз 25 ҳазор тоҷикон ва танҳо 2 ҳазор узбактаборон зиндагӣ мекунанд ягонто мактаби соф тоҷикӣ нест. Аз 10 мактаби маълумоти ҳамагонии деҳшӯро дар 8 то ба забони узбакӣ, дар яктояш русӣ ва танҳо дар мактаби ба номи устод Айнӣ нисфи шогирдон тоҷикӣ ва нисфи дигар узбакӣ мехонанд.
Дар моҳи августи соли 2008 маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Созмони тоҷикон бо ҳузури намояндагони ҳамаи минтақаҳои тоҷикнишин баргузор шуд. Дар ин нишаст ба таври демократӣ Равшанбек Собиров ба сифати раиси Созмони тоҷикон интихоб шуд. Дар нахустин маҷлиси раёсат мавзӯи мактабу маориф мавриди баррасӣ ва муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифт. Барои эҳёи синфҳои тоҷикӣ барномаҳои мушаххас пешниҳод шуд. Дере нагузашта дар макаби миёнаи ба номи Рӯдакӣ ва мактаби Ҷомии деҳшӯрои Учқӯрғон синфҳои тоҷикӣ рӯи кор омад.
Дар таърихи 17 сентябри соли 2007 дар Бишкек мулокоти ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон , Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони Созмони тоҷикон баргузор гардид , ки ба унвони нуқтаи атф дар фаъолияти созмон баррасӣ мегардад. Пас аз ин мулоқоти таърихӣ фаъолони Созмон бо дасту дили гарм ба иҷрои вазоифи ифтихории худ иқдом карданд.
Дар давоми ду соли охир бо кӯмаку ҳамдастии сафорати Тоҷикистон дар Бишкек беш аз 50 хатмкунандагони синфҳои тоҷикии Қирғизистонро ба донишгоҳҳои мӯътабари Душанбе ва Хуҷанд фиристодем. Онҳо аз ҳисоби саҳмияи Президенти Тоҷикистон , ки барои ҳамзабонони бурунмарзӣ пешбинӣ шудааст ба сурати маҷонӣ таҳсил мекунанд. Ин иқдом ба унвони як таҳаввулоти мусбӣ баррасӣ шуда , волидайнро барои омӯзиши фарзандон ба забони модарӣ алоқаманд сохт.
-Устод Қодиршои Мурувват, Шумо баробари муовини Созмони тоҷикон буданатон, масъулияти нашрияи тоҷикии «Паёми Ала Тоо»-ро ба ӯҳдадоред. Дар ин робита низ ба хонандагони сомонаи « Рӯзгор» маълумот диҳед аз манфиат холӣ нест.
-Воқеан, дуруст ишора намудед, нашрияи тоҷикии «Паёми Ала Тоо» дар густариши забону фарҳанги ниёконамон дар ин сарзамини босафо масъулияти таърихиро ба дӯш гирифтааст. То кунун 24 шумораи « Паёми Ала Тоо» ба ҳамаи минтақаҳои тоҷикнишини Қирғизистон расонида шуд. Қисме аз онро ба тоҷикони Қазоқистон ва чандеро низ ба Тоҷикистон мефиристем. Бояд тазаккур дод, ки таърихи матбуоти тоҷикӣ дар сарзамини Қирғизистон бевосита бо номи Исҳоқ Раззоқов, муншии аввали КМ ҳизби коммунисти Қирғизистон алоқаманд мебошад. Соли 1958 дар ноҳияи Учқӯрғон (он замон деҳшӯрои Учқӯрғон ноҳия буд) мулоқоти Исҳоқ Раззоқов бо фаъолони ноҳия баргузор мешавад. Раиси колхози ба номи Калинин, ки тоҷик буд бо забони узбакӣ суханро оғоз мекунад.
Он гоҳ Раззоқов бо забони соф тоҷикӣ миёни суханашро бурида мегуяд: «Шумо тоҷик ҳастед, ба забони модариатон гап занед». Шоҳидони ҳол мегуянд , ки раиси колхоз сару рӯяш арақшор, бо забони махлути тоҷикӣ ва узбакӣ арзи ҳол мекунад. Дар ҳамин мулоқот муншии аввали КМ ҳизби коммунисти Қирғизистон сароҳатан дастур медиҳад барои сокинони Учқӯрғон ба забони модарӣ рӯзнома таъсис кунанд.
Исҳок Раззоқов, ки соли 2010 тамоми Қирғизистон 100 солагии зодрӯзашро таҷлил кард, зодаи ноҳияи Лайлак буда, дар ятимхонаи шаҳри Чкаловск (Тоҷикистон) бузург шуда ва то поёни умр забону фарҳанги тоҷиконро дӯст медошт. Дар соли 2010 бинобар фармони Роза Отунбоева, раиси ҷумҳури Қирғизистон ба фарзанди фарзонаи миллат( пас аз вафот) унвони олии Қаҳрамони халқи қирғиз дода шуд. Хулас, аввалин рӯзномаи тоҷикии «Байрақи мусобиқа» дар соли 1958 мунташир шуд ва чопи он то соли 1962 идома кард. Дар соли 1993 гурӯҳи равшанфикрони деҳшӯрои Учқӯрғон боз як кӯшиши эҳёи нашрияи тоҷикиро карданд ва тайи як сол рӯзномаи «Мавҷи Исфайрам» арзи вуҷуд кард.
Бинобар далоили мухталиф ин рӯзнома низ аз фаъолият бозмонд. «Паёми Ала Тоо» дар моҳи сентябри соли 2008 нашр гардид ва тавре дар боло қайд шуд хонандагонашро бо навгониҳои рӯзгори тоҷикони Қирғизистон ошно мекунад. Вале фикр мекунам мухотаб ва хонандаи асосии мо ҳамон навҷавононе ҳастанд, ки дар мактабҳои тоҷикии ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд ва мо дастандаркорони нашрия саъй дорем барои равшан кардани шӯълаи ишқу муҳаббат нисбати забони модарӣ дар қалби онҳо коре карда бошем.
-Тайи наздик ба 3 сол бо ҳимояти Созмони тоҷикон дар Бишкек чанд номгӯй китобҳо оиди таъриху рӯзгори ҳамзабонон рӯи чопро дид. Дар аксари ин китобҳо Шумо чун муаллиф ва муҳаррир муаррафӣ шудаед. Дар ин росто чӣ гуфтанӣ доред?
-Дуруст қайд кардед.То кунун беш аз 15 номгӯй китоб оиди таърихи тоҷикон ва дӯстии мардуми қирғизу тоҷик ба нашр расид, ки « Таджики Кыргызстана» (Тоҷикони Кирғизистон) ва «Свет дружбы» (Чароғи дӯстӣ) барои омӯзиши рӯзгори тоҷикони сарзамини баҳодур Манас боаҳамият мебошанд. Дар соли бузургдошти Имом Абуҳанифа бо ибтикори фаъолони Созмони тоҷикон дар Бишкек китоби ин шахсияти бузурги маънавӣ ва мазҳабии миллатамон бо номи «Китоб ал-Муснад «ба забони қирғизӣ нашр гардид. Ба камина муяссар шуд дар ҷараёни ширкат дар ҳамоиши байналмилалии Имоми Аъзам дар Душанбе ба Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон ин китобро тақдим намоям.
Ин ҷо як нуктаро бояд ёдовар шуд, ки созмони тоҷикон аз ҳеҷ куҷо ҳимояти молӣ намешавад ва тамоми корҳои анҷомшуда бинобар ҳимат ва саховати фаъолонамон муяссар шудаанд. Бо истифода аз ин фурсат мехоҳам ба ҳамзабонони саховатпеша ва миллатдӯст Равшанбек Собиров, Зафар Юсупов, Субҳонкул Мардонқулов, Абдукарим Одинаев, Мавлонҷон Абдураззоқов, Саидбек Сафарбеков ва чанде дигарон, ки барои пешрафти кори Созмон кӯмаки молии худро дареғ намедоранд, сипос бигуям. Зеро ҳар нақша ва барномае, ки ҷиҳати беҳбуди равнақи забону фарҳанги гузаштагонамон таҳия мешавад, бедуни ҳимояти молӣ ғайри қобили иҷро мебошад.
-Устод Қодиршо, мо вориди соли 2011 шудем ва дар ин сол Қирғизистон ва Тоҷикистон аз 20 –умин солгарди истиқлол таҷлил мекунанд. Созмони тоҷикон бахшида ба ин саннахои таърихӣ барномаеро рӯи кор гирифтааст?
-Дар маҷлиси раёсати созмони тоҷикон , ки чанд рӯз қабл сурат гирифт барномаи фаъолияти Созмон барои соли ҷорӣ баррасӣ ва тасвиб шуд.Тибқи ин барнома қарор шуд дар рӯзи ҷашни Наврӯзи хуҷиста дар хиёбони ба номи Айнӣ дар шаҳри Бишкек лавҳаи ёдгории устод Садриддин Айнӣ ба забонҳои тоҷикӣ, қирғизӣ ва русӣ насб шавад. Кӯчаи устод Айнӣ дар пойтахти Қирғизистон дар соли 1964 пайдо шудааст. Камина аз саҳифаи рӯзномаи «Вечерний Бишкек» дар мавриди гузоштани лавҳаи ёдбуди устод Айнӣ пешниҳод кардам. Хушбахтона, шаҳрдори Бишкек бо ҳимоят аз ин ташшабус қарори дахлдорро қабул кард, ки барои муаррафии шахсияти устод Садриддин Айнӣ хидмат хоҳад кард.
Дар ҳамкории наздик бо сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон тасмим гирифтаем ба муносибати 20- умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар таърихи 9 майи соли 2011 дар деҳшӯрои Учқӯрғон конферентсияи илмӣ - амалиро баргузор намоем. Ба ин муносибат ба кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони дунё « Пайванд» муроҷиат кардем то ҷиҳати ҳузури гурӯҳи олимону донишмандони Тоҷикистон дар ин нишаст мусоидат кунад.
Ҳамчунин имсол ба зодрӯзи устод Шарифҷони Учқӯрғонӣ- шоир ва донишманди шинохтаи тоҷиктабори Қирғизистон 80 - сол пур мешавад. Устод Учқӯрғонӣ аввалин муҳаррири рӯзномаи тоҷикии «Байрақи мусобиқа» буда, тамоми умри бобаракати худро вақфи забону фарҳанги ниёгонамон кардааст. Бо тасмими раёсати Созмони тоҷикон қарор шуд дар айёми ҷашни Ғалаба (9 май) дар сарзамини пурсафои Учқӯрғон бо ҳузури пуршӯри ҳамаи ҳамзабонон аз зодрӯзи устоди сухан таҷлил шавад.
Имсол низ ният дорем бо ҳамдастии сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон гурӯҳи ҷавонро ба марокизи омӯзишии Душанбе ва Хуҷанд сафарбар намоем. Ҳамчунин таъмини синфҳои тоҷикӣ бо китоб ва маводи дарсӣ дар барномаи кори мо қарор дорад, ки онро дар ҳамкорӣ бо марказҳои фарҳангии худ дар вилояту ноҳияҳои тоҷикнишин ба таври доимӣ пеш хоҳем бурд.
Мухбир: Дар ин кори хайр ва ватандӯстона ба шумо ва аъзоёни Созмони тоҷикони Қирғизистон , ки номи қофиласолори шеъри тоҷикӣ-форсиро ба худ гирифтааст пешрафту бурдборӣ мехоҳем. Барои ин мусоҳибаи муфассал ба шумо устод Қодиршо ташаккури фаровон.
Шоистаи Равшан барои «Рӯзгор», Бишкек. Қирғизистон
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4306-2011-01-30-20-03-02.html