ҲАБСИ ТӮЛОНИИ ЯК МАРД БАРОИ ҚАТЛИ ЗАНИ БАРОДАРАШ
Додгоҳи олии Тоҷикистон як сокини ноҳияи Ваҳдатро дар қатли ҳамсари бародараш муҷрим шинохта ва ӯро барои 24 сол равонаи зиндон кардааст. Фарди муттаҳам ангезаи қатли ин занро, ки ба ҳангоми марг обистан буда, "беҳурматӣ нисбат ба модари шавҳараш" унвон кардааст.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон аз афзоиши мавориди хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон ва паёмадҳои фоҷеъабори он изҳори нигаронӣ карда ва мегӯянд, ки фақр ва нодорӣ аз авомили аслии ин амр аст. Манобеъи Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 21 январ хабар доданд, ки Маҳкамбой Ҷалилов, як сокини ноҳияи Ваҳдат, Шаъмигул Хоҷаева, ҳамсари бародари худро рӯзи даҳуми ноябри соли 2010 бо зарби корд ба қатл расондааст.
Дар муҳокимаи додгоҳӣ, ки таҳти раҳбарии Маҳмадалӣ Абдулҳақов, қозии Додгоҳи олӣ, сурат гирифта, оқои Ҷалилов гуфтааст, ки ҳамсари бародараш пайваста нисбат ба модари вай "беҳурматӣ ва беэътиноӣ" мекардааст. Маҳкамбой Ҷалилов афзудааст, ки ҳамсари бародараш модари ӯро ба "таври зарурӣ нигоҳубин накарда" ва ин амр боъиси хашми ӯ шудааст.
Дар мусаввабаи додгоҳ омадааст, ки баъд аз вуқӯъи як сӯитафоҳум дар хонавода, оқои Ҷалилов бо ду зарби чоқу (корд) ба ноҳияи қалби зани бародараш, ӯро ба қатл расондааст. Тибқи ин мусавваба, Шаъмигул Ҳоҷаева он замон ҳомила будааст ва ба ин далел додгоҳ алайҳи оқои Ҷалилов чунин ҳукми сангине содир кардааст.
Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки оқои Ҷалилов дар гузашта дар Русия низ барои иртикоби чанд ҷурм ба мӯҳлати панҷ сол зиндонӣ шуда ва соли 2009 озод шудааст. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдон ва раиси созмони “Перспектива+”, мегӯяд, ки ин ҳукм воқеъан хеле сангин аст, "зеро 24 соли зиндон тақрибан баробари ҳукми абад аст." Вай афзуд, ки дар ин замина бояд далоили додгоҳ барои судури чунин ҳукми сангин баррасӣ шавад.
Вале хонуми Бобоназарова аз он изҳори нигаронӣ кард, ки мавориди хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст ва алайҳи ин амр то кунун ҳеҷ тадобири ҷиддие анҷом нашудааст. Ойниҳол Бобоназарова гуфт: "Дар Тоҷикистон мавориди талоқ, худкушӣ ва фаҳшо дар ҳоли афзоиш аст, ки яке аз авомили аслии онҳо хушунати хонаводагӣ мебошад. Маъмулан, дар ин кишвар хушунат дар хонавода алайҳи зан сурат мегирад."
Вале Зафар Абдуллоев, коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, ки дар Тоҷикистон хушунат алайҳи мардон низ дар ҳоли афзоиш аст, ки умдатан ба наҳваи равонӣ сурат мегирад. Вай гуфт: "Мардҳо, ки маъмулан алайҳи зан аз зӯр истифода мекунанд, мавориди хушунати онҳо нисбат ба занон бештар ба чашм мерасад."
Бо ин вуҷуд, оқои Абдуллоев бар ин назар аст, ки қабл аз ҳама бояд аз мавориди хушунати мардҳо алайҳи зан ҷилавгирӣ кард, зеро паёмадҳои он барои саломатии занон сангин аст. Оқои Абдуллоев мӯътақид аст, ки афзоиши мавориди хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон ба масоили иқтисодӣ рабт дорад.
Вай гуфт: "То замоне, ки ин мушкил рафъ нашавад, хушунати хонаводагӣ вуҷуд хоҳад дошт. Бояд занҳо ҷойи кор дошта бошанд, зеро баробарии иқтисодӣ шароит барои хушунати хонаводагиро аз байн мебарад."
Зафар Абдуллоев бар ин назар аст, ки дар чанд соли оянда давлати Тоҷикистон аз имкони ҳалли мушкили хушунати хонаводагӣ бархӯрдор нахоҳад буд. Ба гуфтаи вай, феълан ҳатто ҷомеъаи мазҳабии кишвар низ тавони ҳалли ин мушкилро надорад. Ойниҳол Бобоназарова низ мӯътақид аст, ки бидуни ҳалли масоили фақр ва нодорӣ аз байн бурдани хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон ғайримумкин аст.
Вай афзуд: "Ҳоло ба далели фақр дар як манзили маскунӣ аъзои чанд хонавода ба сар мебаранд. Агар, зане, ки аз дасти бародари шавҳари худ ҷонашро аз даст дод, маблағи кофӣ медошту манзили ҷудогона харидорӣ мекард, шояд ин ҳодиса рух намедод."
Аммо ҷомеъашиносон авомили хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистонро фаротар аз масъалаи фақр медонанд ва мегӯянд фарҳанги падарсолор иҷоза медиҳад, ки мардони хонавода на танҳо зану духтарони худ, балки ҳатто пайвандонашонро низ ҳадафи озору азият қарор диҳанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4215-2011-01-21-10-21-14.html