18:43:14 01-уми Июли 2025 сол

АҲАМИЯТИ ОМӮЗИШИ ПАДИДАИ ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ

Дар охири қарни XX ва ибтидои қарни XXI инсоният ба хатари ҷиддие мисли ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад. Дар асл ифротгароӣ ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки аввалин амалиёти террористӣ кай, дар куҷо ва бо кадом мақсад сар задааст.

 

11 сентября АмерикаДар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофаринӣ мехостанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд, зимни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд. Зуҳури ифротгароии сиёсӣ, қавмӣ, мазҳабӣ ва ғайра падидаҳои бисёр ҷиддӣ ва дар айни замон нигаронкунанда барои давлат ва тамоми ҷомеа мебошанд. Дар охири асри гузашта ва ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифтанд ва доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардида аст. Аъмоли террористӣ - бевосита содир намудани ҷинояти дорои хусусияти террористӣ дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифода ё таҳдиди истифодаи воситаҳои тарканда, аз ҷумла маводҳои ядроӣ. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки  аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.

 

Амалиётҳои террористиии зеринро ба хотир биёред:

 

16-17 сентябри соли 1982 канораҳои шаҳри Бейрут. Насрониён-фалангистони лубнонӣ дар  урдӯгоҳҳои гурезагони фаластинӣ дар Сабра ва Шатила бо мақсади ҷустуҷӯи ҷангандаҳои фаластинӣ амалиёти ҳарбӣ гузарониданд, ки он ба қатли омми мардуми осоишта табдил ёфт. Дар натиҷа дар Сабра ва Шатила аз рӯи ҳисобҳои гуногун аз 700 то 3500 нафар мардуми бегуноҳ кушта шуд. 

 

-31 октябри соли 1984 Деҳлии нав. Муҳофизони сикхтабори сарвазир Индира Гандӣ Беант Сингх ва Сатвант Сингх, ки бо террористони сикхӣ робита доштанд, ӯро ба қатл расониданд.

 

-Соли  1991  Мадрас. Аз дасти террористони созмони «Палангони озодибахшиТамил Илама» писари Индира Ганди, сарвазири Ҳиндустон Раджив Гандӣ ба ҳалокат расид. 

 

-20 марти соли 1995 Токио. Амали террористӣ бо истифода аз маводи заҳролудкунандаи зарин дар истгоҳҳои метрои Касумигасэки ва Нагататё рух дод. 12 нафар кушта ва 54 нафар сахт заҳролуд  шуданд. Ин амали террристиро созмони Аум Синрикё ба ӯҳда гирифта буд.

 

 -9 сентябри соли 1999. Таркиш ва фурӯравии хонаи истиқоматии 9 табақа дар кӯчаи  Гурянови шаҳри Маскав. 97 нафар кушта шуд.

 

-13 сентябри соли 1999. Таркиш дар бинои истиқоматии 8-табақаи № 6 дар шоҳроҳи Кашираи шаҳри Маскав. 121 нафар кушта шуд.

 

-9 сентябри соли 2001 шаҳраки Хоҷабаҳовуддини  вилояти Тахори Афғонистон. Дар натиҷаи амалиёти террористӣ фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Давлатии Исломии Афғонистон ва Ҷабҳаи муттаҳиди исломӣ Аҳмадшоҳ Масъуд ба шаҳодат расид.

 

-23 октябри соли 2002. Ба гаравгон гирифтани 1000 нафар тамошобин дар маркази театриДубровкаи шаҳри Маскав. Қурбони ин амали террористӣ 129 нафар гардида,  беш аз  700 нафар захмӣ шуданд.

 

-11 сентябри соли 2001 шаҳрҳои Ню-Йорк, Вашингтон ва Пенсилванияи ИМА. Ду ҳавопаймои аз тарафи террористон рабурда шуда ба сохтмонҳои дугоники Маркази ҷаҳонии савдо, як ҳавопаймо ба Вазорати мудофиаи ИМА(Пентагон) ҳамла намуда, ҳавопаймои дигар дар наздики шаҳри Пенсилвания ба замин афтид. Аз рӯи маълумотҳои расмӣ дар Ню-Йорк- 2749 нафар, дар  Вашингтон 189 нафар ва дар Пенсилвания 44 нафар кушта шуданд.

 

-1 сентябри соли 2004. Дар мактаби рақами 1 шаҳри Беслани Осетияи Шимолӣ террористон 1100 нафар хонандагон, падару модарони онҳо ва кормандони мактабро дар муддати 3 рӯз гаравгон гирифтанд. Дар натиҷа 350 нафар аз ҷумлаи гаравгонон ва наҷотдиҳандагони онҳо кушта шуд.

 

-7 июли соли 2005 Лондон. Соати 8.50 дар фосилаи 50 сония 3 таркиш дар вагонҳои метрои Лондон ва баъд аз 1 соат таркиши чорум дар автобус ба амал омад. Дар натиҷа 52 кас кушта ва 700 нафар захмӣ гардид.

 

-18 октябри соли  2007 дар шаҳри Карочии Покистон хунинтарин амали террористӣ амалӣ гардид. Қатори мошинҳои собиқ сарвазир Беназир Бхуттои аз муҳоҷират баргашта дар яке аз кӯчаҳои ин шаҳр ҳаракат мекард, ки ду таркиш ба амал омад. Шумораи кушташудагон ба 140 нафар расида, беш аз 500 нафар захмӣ шуданд.

 

-27 декабри соли 2007 дар шаҳри Равалпинди дар митинги ҷонибдорони Беназир Бхутто  амалиёти интиҳорӣ анҷом дода шуд. Террористи  шаҳодатталаб аввал ӯро мавриди ҳамлаи тир қарор дода, баъд дастгоҳи таркандаро ба кор даровард. Дар натиҷа Беназир Бҳутто ва боз 20 нафари дигар ба ҳалокат расиданд.

 

Гаравгон - шахси воқеъӣ, ки бо мақсади маҷбур кардани давлат, ташкилот ё шахсони алоҳида барои содир намудани ин ё он ҳаракат ё худдорӣ намудан аз содир намудани ин ё он ҳаракат ҳамчун шарти озод намудан, дастгир ё боздошта шудааст. Дар солҳои баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳам дар асари таъсири омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ мухолифатҳо ва амалҳои ифротӣ зиёд шуда, гурӯҳҳо ва созмонҳое ташкил ёфтанд, ки дар фаъолияти худ аз шеваҳои ифротии мубориза истифода менамуданд. Дар натиҷа фаъолияти онҳо ба афзоиши амалҳои террористӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид.

 

Дар ҷараёни майдоннишиниҳо дар майдонҳои «Шаҳидон» ва «Озодӣ» ҳарду майдон ҳам аз шеваҳои ифротии мубориза истифода менамуданд, ба гаравгон гирифтани вакилони мардумӣ, фишор овардан ба онҳо дар ҷараёни кори парламент як амри муқаррарӣ шуда буд. Камтаҷрибагии нерӯҳои сиёсӣ ва давлати навистиқлол якҷо бо омилҳои дигари дохилию берунӣ ба амалҳои ифротӣ ва ниҳоят ба террору ҷанги дохилӣ сабаб гардиданд:

 

-5 майи соли 1992 сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Тоҷикистон Муродулло Шерализода дар бинои Шӯрои Олӣ бо тири автомат ба қатл расид ва то имрӯз қотил пайдо нашудааст.

 

-10 майи соли 1992 як гурӯхи мусаллаҳ аз ҳисоби митингчиёни майдони «Шаҳидон» ба бинои кумитаи бехатарии давлатӣ ҳамла овард ва дар натиҷаи тирпаронӣ чандин кас кушта ва маҷрӯҳ гардиданд.

 

-24 августи соли 1992 дар шаҳри Душанбе Прокурори генералӣ Нурулло Ҳувайдуллоев ба қатл расонида шуд. Мошини хизматии ӯро ҳангоми ба кор рафтанаш боздошт ва Н.Ҳувайдуллоевро аз мошин берун кашида, 20 тир ба ҷисми ӯ холӣ карданд.

 

-7 сентябри соли 1992 гурӯҳи дигари мусаллаҳ дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе Президенти Тоҷикистон Раҳмон Набиевро, ки азми сафар ба Хуҷандро дошт дастгир ва маҷбур сохтанд аризаи истеъфояшро имзо намояд.

 

-18 октябри соли 1992 дар ноҳияи Ёвон ҳофизи дӯстдошта Кароматулло Қурбонов аз тарафи  гурӯҳи Абдувосит Самадов ба қатл расонида шуд. Ҳамроҳи ӯ 11 нафари дигар кушта шуданд.

 

-Тақрибан моҳҳои январи соли 1993 собиқ Раиси Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имзокунандаи Декларатсияи Истиқлолияти Тоҷикистон, Раиси вилояти Хатлон Қадриддин .Аслонов беному нишон гардид.

 

-10 марти соли 1994 дар назди хонаи истиқоматиаш муовини сарвазири Тоҷикистон Моёншо Назаршоев, ки мебоист ҳайати ҳукуматиро дар аввалин музокироти байни тоҷикон сарварӣ менамуд ваҳшиёна ба қатл расид.

 

-12 декабри соли 1995 хабарнигори радиои «Би-Би-Си» дар Тоҷикистон Муҳиддин Олимпур қурбони навбатии террористон гардид.

 

-6 майи соли 1996 профессорони машҳури соҳаи тиб, ректори Институти тиббии Тоҷикистон Юсуф Исҳоқӣ ва проректори ҳамин институт Минҳоҷ Ғуломов қурбони амали террористӣ гардиданд.

 

-29 июли  соли 1996, дар рӯзи равшан каме дуртар аз манзили истиқоматиаш дар шаҳри Душанбе  собиқ Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, файласуфи машҳур ва ходими намоёни ҷамъиятӣ Муҳаммад Осимӣ ба қатл расид.

 

-30 апрели соли 1997 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сафар дар шаҳри Хуҷанд қарор дошт мавриди сӯиқасд қарор гирифт.

 

-Субҳи 22 сентябри соли 1998 дар Душанбе, дар назди манзили истиқоматиаш, кӯчаи Ҳусейнзода рӯзноманигори машҳур, собиқ хабарнигори рӯзномаи «Правда» дар Тоҷикистон, муовини роҳбари ҳайати Иттиҳоди мухолифони тоҷик дар музокироти байни тоҷикон, раиси зеркомиссия оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Комиссии оштии миллӣ Отахон Латифӣ ҳадафи террор қарор гирифт.

 

-30 марти соли 1999 собиқ Раиси Шӯрои олии Тоҷикистон, раиси Комитети Парламент оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Сафаралӣ Кенҷаев ба қатл расонида шуд.

 

-18 феврали соли 2000 мошини хидматии раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев тарконида шуд, ки дар натиҷа муовини вазири амният, номзад ба вакили парламент Шамсулло Ҷобиров кушта шуда, худи раиси шаҳр захмӣ гардид.

 

-20 майи соли 2000 дар даҳлези хонаи худаш нависандаи тавоно, Раиси Комитети давлатии телевизион ва радио Сайф Раҳимзоди Афардӣ хадафи тири террорист гардид.

 

-17 июли соли 2001 дар Душанбе Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Карим Юлдошев ба қатл расид.

 

-8 сентябри соли 2001 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Раҳимов мавриди террор қарор гирифт. Ин рӯйхатро, албатта метавон идома дод. Мо танҳо чандин нафар шахсиятҳои машҳуррро ном гирифтем, ки амали зӯроварӣ нисбати онҳо ва ё куштани онҳо метавонад ҳамчун амали ифротӣ ва террористӣ арзёбӣ гардида барои бесубот намудани кишвар ё ба даст овардани кадом як ҳадафи дигари сиёсӣ анҷом дода шуда буд.

 

Амалҳои террористӣ минбаъд ҳам дар шакли анҷоми таркишҳо дар ин ва ё он минтақаи шаҳр ба амал меомаданд ва ҳадафашон халал расонидан ба раванди таҳкими сулҳу субот ва рушди Тоҷикистон буд, ки баъзан аз хориҷи кишвар раҳбарӣ мешуданд. Албатта, нисбат ба ин воқеаҳо фикру андешаҳо гуногунанд. Аммо воқеият ин аст, ки  ин амалҳо аввалан боиси ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд ва баъдтар ба ҷараёни музокироти тоҷикон таъсири манфӣ расонида, роҳро барои сулҳ тулонитар сохтанд.

 

Фақат хиради азалии мардум, хиради раҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Иттиҳодияи мухолифини тоҷик Сайид Абдулло Нурӣ, ки манфиати миллат ва Ватанро аз ҳама боло дониста хатари заволи давлатдории тоҷиконро эҳсос намуданд имкон дод, ки дар муддати нисбатан кӯтоҳ дар кишвари мо сулҳу оромӣ аз нав пойдор гардад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон бешубҳа таҷрибаи нодир аст ва бояд мавриди омӯзиш ва истифода дар дигар минтақаҳои ҷаҳон истифода шавад. Зеро амалҳои ифротӣ, терроризм рӯз то рӯз зиёд мешаванд ва мушоҳида мекунем, ки фақат аз роҳи зурӣ бо ин падидаҳо  муносибат кардан натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Таҷрибаи ҷанги Тоҷикистон гувоҳи ин аст.

 

Имрӯз ҳама мақомот эътироф мекунанд, ки мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм аз салоҳияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ берун аст, яъне бо ин падидаҳо наметавон фақат бо роҳи зурӣ пирӯзӣ ба даст овард. Мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм метавонад бо ташкили як системаи давлатии муқобила бо ин падидаҳо, ки бояд на танҳо ҷанбаи ҳифзи ҳуқуқро дар бар гирад, балки чораҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, таблиғотӣ ва ғайраро шомил созад, муваффақ шавад.

 

Дар ин система бояд ҳам мақомоти қонунгузор, мақомоти иҷроияи марказӣ ва  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳам мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, воситаҳои ахбори омма нақши фаъол дошта бошанд. Аз ин рӯ, омӯзиши ин масъала, роҳҳои муқобила бо он ва аз ҳама муҳимтараш роҳҳои пешгириии амалиёти ифротгароӣ ва терроризм   аҳамияти калон дорад.

 

Аҳамияти омӯзиши масъала аз он низ иборат аст, ки Моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» аз 8 декабри соли 2003 масъулият ва ҷавобгарии кормандони давлатиро барои фаъолияти экстремистиашон муайян кардааст:

 

«Изҳороти кушоди шахси мансабдор, ҳамчунин дигар шахсе, ки дар хизмати давлатӣ қарор дорад дар бораи ногузир будан, ҷоиз будан, эҳтимолият доштан ё мансуб будани фаъолияти экстремистӣ ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои хизматиаш ва ё бо нишондоди вазифааш, ҳамчунин аз ҷониби шахси мансабдор барои пешгирии фаъолияти экстремистӣ чораҳо наандешиданаш мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ шуда метавонад.

 

Мақомоти давлатӣ ва хизматчиёни мансабҳои олӣ ва асосии хизмати давлатиро ишғолкунанда ӯҳдадоранд фавран чораҳои заруриро оид ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки амалҳои дар қисми якуми  моддаи мазкур омадаро содир кардаанд, андешанд»- омадааст дар қонун.

 

(идома дорад)

 

Муаллифон:

Искандаров Қосимшо, доктори илмҳои таърих, мудири шӯъбаи таърих ва таҳқиқи низоъҳои минтақавии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ

Абдуллоев Раҳматулло, ходими илмии шӯъбаи таърих ва таҳқиқи низоъҳои минтақавии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ

Назаров Носир, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муовини аввали Сардори Академияи ВКД ҶТ

 

Ин мавод бори аввал дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ва маҳз дар сомонаи «Рӯзгор» ба нашр мерасад.

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3988-2010-12-26-20-00-04.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ