05:02:48 01-уми Июли 2025 сол

ФАСОД МУҲИМТАРИН МАВЗУИ ГУФТУГӮ ДАР ҶАҲОН

Фасоди идорӣ ва иқтисодӣ муҳимтарин мавзуъи гуфтугӯ ва омили нигаронӣ дар миёни бисёре аз мардуми ҷаҳон аст. Бар асоси натиҷаи таҳқиқоте, ки ба супориши Би-би-сӣ сурат гирифта, фасод яке аз масоиле аст, ки мардум дар кишварҳои мухталиф пеш аз ҳама дар бораи он гуфтугӯ ва нисбат ба вуҷуди он эҳсоси нигаронӣ ва нохурсандӣ мекунанд ва бисёре аз онон барои ин падида аҳамияте беш аз масоили дигар қоил ҳастанд.

 

extremes_corruptioИн натиҷагирӣ бар асоси назархоҳӣ аз чанд ҳазор пурсишшаванда дар кишварҳое дар нуқоти мухталифи ҷаҳон ба даст омадааст ва нишон медиҳад, ки 21 дарсад аз пурсишшавандагон, яъне беш аз 1 нафар дар панҷ нафар дастикам як бор тайи як моҳ қабл аз анҷоми мусоҳиба бо дӯстон ва аъзои хонавода дар мавриди вуҷуди фасод суҳбат карда буд. Ба ин тартиб вуҷуди фасод муҳимтарин мавзуъи мавриди гуфтугӯ буда ва пас аз он масъалаи тағйироти обу ҳаво (20 дарсад), фақри шадид ва гуруснагӣ (18 дарсад), бекорӣ (16 дарсад) ва афзоиши баҳои маводи ғазоӣ ва сӯхт (15 дарсад) мавзуъоти аслии гуфтугӯ бо хонавода ва дӯстони пурсишшавандагонро ташкил медодааст.

 

Ин гузориш бо унвони "Ҷаҳон сухан мегӯяд" ҳамзамон бо фаро расидани "рӯзи ҷаҳонии мубориза бо фасод" интишор ёфта, ки аз муносибатҳои эъломшуда тавассути Созмони Миллали Муттаҳид аст. Назархоҳӣ тавассути муассисаи Глуб Скан (Globe Scan) ба супориши Би-би-сӣ анҷом гирифта ва нишон медиҳад, ки эҳтимоли ин ки фасоди идорӣ ва иқтисодӣ мавзуъи гуфтугӯ дар миёни шаҳрвандони кишварҳои дар ҳоли тавсеъа қарор гирад ба маротиб беш аз мардуми кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аст.

 

Ба унвони мисол 63 дарсад аз пурсишшавандагон дар Кениё гуфтанд, ки тайи як моҳи қабл аз анҷоми мусоҳиба мавзуъи фасод дар гуфтугӯҳои онон бо дӯстон ва аъзои хонавода матраҳ шуда буд ва ин рақам барои пурсишшавандагон дар Ниҷерия 49 дарсад, дар Индунезӣ 45 дарсад ва дар Ҳинд 20 дарсад будааст.

 

Албатта мавзуъи фасод чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ дар кишварҳои пешрафта низ мавриди таваҷҷуҳ буда ва дар Итолиё 14 дарсад аз пурсишшавандагон тайи як моҳи қабл аз анҷоми мусоҳиба дар бораи он гуфтугӯ карда буданд ва ин мавзуъ дар гуфтугӯҳои 13 дарсад аз мусоҳибашавандагони испониёӣ ва 11 дарсад аз мусоҳибашавандагони конодоӣ ҳам матраҳ шуда буд. Дар бахши дигаре аз ин баррасӣ аз пурсишшавандагон хоста шуд то чаҳордаҳ мавзуъи муҳими ҷаҳониро аз лиҳози аҳамияти нисбӣ ва дафаъоти тарҳи онҳо дар гуфтугӯҳои хусусӣ табақабандӣ кунанд, ки дар ин бахш низ фасод ба унвони як маъзали ҷаҳонӣ дар радаи дувум қарор гирифт.

 

Дар ин бахш 69 дарсад аз пурсишшавандагон гуфтанд, ки гуруснагӣ ва фақр муфратро муҳимтарин маъзали ҷаҳонӣ медонанд, аммо боз ҳам 67 дарсад аз онон фасодро аз лиҳози аҳамияти ҷаҳонӣ дар радаи аввал қарор доданд. Пурсишшавандагон дар тамоми кишварҳое, ки ин назарсанҷӣ дар онҳо иҷро шуд, ба истиснои чаҳор кишвар ҳамагӣ гуфтанд, ки фасоди идорӣ ва иқтисодӣ "масъалаи бисёр ҷиддӣ" аст.

 

Бар асоси натоиҷи бадастомада 96 дарсад аз пурсишшавандагон дар Брозил чунин назаре доштанд ва ҳамин рақам дар Миср 91 дарсад дар Куламбиё 88 дарсад, дар Филипин 87 дарсад ва дар Кениё 86 дарсад буд ва дар Чин ба 73 дарсад, дар Иёлоти Муттаҳида ба 68 дарсад, дар Русия ба 67 дарсад ва дар Ҳинд ба 44 дарсад расид. Дар миёни Урупоиён пурсишшавандагон итолиёӣ 72 дарсад беш аз соирин фасодро мавзуъе ҷиддӣ унвон карданд.

 

Масоили муҳими ҷаҳонӢ

Пас аз мавзуъи фасод олудагии умҳити зист муҳимтарин мавзуъи мавриди баҳс ва омили нигаронии пурсишшавандагон дар ин таҳқиқот буд ва 64 дарсад аз онон ин боварро матраҳ карданд. Терурисм (бо 61 дарсад), нақзи мавозини ҳуқуқи башар ва таварруми баҳои маводи ғазоӣ ва сӯхт (ҳар кадом бо 59 дарсад) ба унвони дигар аз авомили муҳими нигаронӣ дар радаҳои савум ва чаҳорум қарор гирифтанд.

 

Ин баррасӣ нишон дод, ки агарчи тағйироти обу ҳавоӣ мавзуъи муҳим барои гуфтугӯ будааст, аммо танҳо 56 дарсад аз пурсишшавандагон нисбат ба он эҳҳсоси нигаронӣ карданд ва дар натиҷа ин падида ба унвони як масъалаи муҳими ҷаҳонӣ дар радаи ҳаштум қарор гирифт. Ин баррасӣ нишон дод, ки агарчи тағйироти обу ҳавоӣ мавзуъе муҳим барои гуфтугӯ будааст, аммо танҳо 56 дарсад аз пурсишшавандагон нисбат ба он эҳсоси нигаронӣ карданд ва дар натиҷа ин падида ба унвони як масъалаи муҳими ҷаҳонӣ дар радаи ҳаштум қарор гирифт.

 

Ба назар мерасад, ки пас аз шикасти иҷлоси ҷаҳонии обу ҳаво дар Купанҳог, ки авохири соли гузаштаи мелодӣ баргузор шуд, аз шиддати воҳимаи мардум дар кишварҳои санъатии ҷаҳон нисбат ба авоқиби гармоиши замин ба тарзи қобили таваҷҷуҳе коста шуда, аммо инак шумори бештаре аз шаҳрвандони кишварҳои дар ҳоли тавсеъа монанди Чин, Брозил, Ҳинд ва Русия ин масъаларо омиле барои нигаронӣ талаққӣ мекунанд.

 

Дар муқоиса бо натоиҷи бадастомада дар назархоҳии мушобеҳ дар соли 2009 мелодӣ шумори пурсишшавандагони нигарон аз авоқиби тағйироти обу ҳаво дар Бритониё 12 дарсад, дар Иёлоти Муттаҳида 7 дарсад, дар Фаронса 11 дарсад, дар Конодо 11 дарсад, дар Олмон 6 дарсад, дар Испониё 18 дарсад ва дар Жопун 13 дарсад коҳиш ёфта, аммо ҳамин арқом дар Бразил 7 дарсад, дар Чин 9 дарсад, дар Русия 10 дарсад ва дар Ҳинд 19 дарсад бештар шудааст.

 

Дар Омрико эҳтимоли ин ки шаҳрвандон тайи як моҳи мунташӣ ба замони назархоҳӣ дар бораи шароити иқтисоди ҷаҳонӣ бо дӯстон ва аъзои хонавода гуфтугӯ карда бошанд, 33 дарсад буд, дар ҳоле ки танҳо 15 дарсад аз пурсишшавандагон ба мавзуъи тағйироти обуҳаво пардохта буданд ва террурисм ва соири масоили зистмуҳитӣ ҳар кадом дар гуфтугӯҳои 15 дарсад аз онон ба нащве мавриди ишора қарор гирифта буд.

 

Дар ин таҳқиқот муқоисаи натоиҷи ба дастомада аз назархоҳӣ дар кишварҳои мухталиф низ ҷолиб аст. Ба унвони мисол шумори пурсишшавандагони чинӣ, ки гуфтанд тайи як моҳи мунтаҳӣ ба анҷоми назарсанҷӣ дастикам як бор дар бораи тағйироти обуҳаво гуфтугӯ карда буданд ба 27 дарсади кулли пурсишшавандагони чинӣ расид, дар ҳоле ки ин рақам дар мавриди мавзуъи шароити иқтисодии ҷаҳонӣ 15 дарсад аст. Дар муқрбил 33 дарсади пурсишшавандагони омрикоӣ мавзуъи шароити иқтисодии ҷаҳониро муҳимтар аз тағйироти обуҳаво (15 дарсад) донистанд.

 

Назархоҳии ахир, ки ҷузъиёти он дар сойти муассисаи муҷрии ин тарҳи таҳқиқотӣ дар дастрас аст, бар асоси мусоҳибаи рӯдаррӯ, аз тариқи телефун ва истифода аз иртиботи интернетӣ (танҳо дар мавриди парсишшавандагон дар Жопун) байни таърихи 24 июн то 18 сентябри соли 2010 таҳия шудааст. Дар ин назархоҳӣ беш аз 13 ҳазор пурсишшаванда бо шароити гуногун дар бисту шаш кишвари воқеъ дар нуқоти мухталифи ҷаҳон ширкат доштанд, ҳарчанд дар нуҳ кишвар, танҳо аз сокинони шаҳрҳо барои ин манзур истифода шуд.

 

Кишварҳое, ки барои ин манзур интихоб шуданд, иборат буданд аз Иёлоти Муттаҳида ва Конодо (Омрикои Шимолӣ), Бразил, Куламбиё, Экводур, Перу, Шилӣ, Мекзик (Омрикои Лотин), Итолиё, Русия, Испониё, Фаронса, Бритониё ва Олмон (Урупо), Миср ва Туркия (Осиё), Кениё, Ғано ва Ниҷерия (Офриқо), Филипин, Инденузӣ, Чин, Ҳинд, Устролиё, Покистон ва Жопун (Осиё ва Уқёнусия). Дар кишварҳои Бразил, Чин, Куламбиё, Экводур, Миср, Индунезӣ, Мекзик, Филипин ва Туркия намунагирӣ ба сокинони манотиқи шаҳрӣ мунҳасир буд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/3825-2010-12-10-09-12-14.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ