08:19:35 01-уми Июли 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/02_volidon_2147'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/02_volidon_2147'

ЭЪТИРОЗИ ПАЙВАНДОНИ ЗИНДОНИЁН ДАР ДУШАНБЕ

Субҳи 2-юми октябр дар назди маҳкамаи муваққатӣ, ё СИЗО-и рақами 1-и шаҳри Душанбе падару модароне, ки қисмате аз онҳо иҷозаи Додгоҳи олиро барои дидору мулоқот бо фарзандони маҳбусашон доштанд, ҷамъ омаданд, аммо масъулони маҳкама ба онҳо имкони дидор надодаанд. Вақте, бо дархости волидон, гурӯҳи эҷодии радиои Озодӣ ба маҳкамаи муваққат рафт, дар назди бинои он ҳудудан 40 то 50 нафар интизори дидор бо пайвандони маҳбусашон истода буданд.

 

Маҳбуба Нуралиева, яке аз ҷамъомадагон шикоят кард, ки ҳарчанд се дафъа иҷозаи расмии Додгоҳи олиро гирифтааст, аз фасли баҳор ба ин сӯ наметавонад ба дидори бародараш бирасад. Вай мегӯяд, масъулони маҳкамаи муваққатӣ бидуни шарҳ монеи мулоқоти ӯ бо бародараш мешаванд.

 

Бародари хонум Маҳбуба яке аз 46 маҳбус аст, ки бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи август ба 30 соли зиндон маҳкум шуда буд. Додгоҳ ин афродро бо иттиҳоми даст доштан дар нооромиҳои шарқи Тоҷикистон дар тобистони соли 2009 ва ҳамдастӣ бо гурӯҳи Неъмат Азизов ва Мирзо Зиёев дар тобистони соли гузашта аз озодӣ маҳрум карда буд.

 

Манъи дидорбинӢ бо маҳбусон

Хонум Нуралиева мегӯяд: «Ман аз мақомот чанд дафъа хостам, ки агар иҷоза намедиҳанд бо бародарам вохӯрам, бигзор хаттӣ ҷавоб диҳанд, ки асоси радди хоҳиши мо чист. Бародари ман мисли бисёре аз маҳкумшудаҳои дигар террорист нест ва пайванде ба ҳаводиси шарқи кишвар надорад. Террористон солҳо тамрин мебинанд, истифода аз аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангиро медонанд, аммо онҳое ба додгоҳ кашида шуданд, ҳама ҷавонони ноогоҳ буданд».

 

Пирмуҳаммад Ашӯров, падари яке аз маҳбусон, мегӯяд, тайи ду моҳи ахир барои ӯ ва ақрабояш иҷоза дода намешавад бо писараш дидорбинӣ кунанд. Вай афзуд, писараш Сафаралӣ аз ҷумлаи 46 нафарест, ки бо гумони ҳамдастӣ ба гурӯҳи мусаллаҳи генерал Мирзо Зиёев равонаи зиндон шудааст:

 

«Мо иҷозаи расмии Суди олиро дорем барои мулоқот бо писарам. Писарам Сафаралиро се моҳ шуд, ки надидаем. Ӯро, ки узви ягон бандаи ҷиноятӣ набуд, гирифта ба ҳамин гурӯҳи 46-нафара ҳамроҳ карданд. Пеш ин масъулони СИЗО баҳона мекарданд, ки карантин аст, баъди 25-ум карантин ҳам тамом шуд, аммо ҳоло ҳам иҷозат намедиҳанд...»

 

"Бародарам иҷборӢ иқрор шудааст"

Зулфия, зани дигаре, ки низ пушти дари маҳбаси муваққат интизори рухсати мақомот барои дидори бародари маҳбусаш менишаст, гуфт: «Ягон чора намебинанд, ҳар рӯз омада меравем. Аз моҳи май ин тараф намемонанд, ки додарамро бубинем. Додарамро Суди олӣ 30 сол аз озодӣ маҳрум кард. Вайро аз даруни хона гирифта бурда буданд. Вай бо Мирзо «Ҷага» умуман сарукор надошт, на инҳо «Ҷага»-ро мешиносанд, на вай инҳоро мешинохт. Вале вақте ки бори охир пеши додарам даромада будам, гуфт, ки ҳамин қадар латтукӯб мекунанд, ки куштани Ленинро ҳам ба калла мегирӣ...»

 

Дар ҳамин ҳол, сарҳанг Худомон Муборакқадамов, муовини аввали сардори раёсати корҳои ислоҳӣ, ниҳоди масъул ба умури зиндонҳо, иддаоҳо дар мавриди латтукӯб шудани маҳбусон ё гумонбаронро дар зиндон ё маҳбаси муваққатӣ бепоя хонда гуфт, иҷозаи дидор бо маҳбусону гумонбаронро танҳо Додгоҳ ва ё муфаттишони парвандаҳояшон дода метавонанд.

 

Раёсати СИЗО: Масъаларо ба зудӢ ҳал хоҳем кард

Вай афзуд, пас аз ҳодисаи фирори 25 маҳбус аз СИЗО-и Кумитаи амнияти миллӣ, ҳудудан 30 маҳбуси дигар, ки бо иттиҳоми даст доштан дар ҳодисаҳои шарқи кишвар дар соли гузашта ва пайравӣ ба гурӯҳи генерал Мирзо Зиёев роҳии зиндон шуда буданд, ҳоло дар парвандаи марбут ба фирори маҳбусон ҳам ширкат мекунанд. Ҷаноби Муборакқадамов гуфт, то анҷом ёфтани таҳқиқи ин парванда, иҷозаи дидор додан ё надодан бо маҳбусон ба ихтиёри муфаттишон аст.

 

Х. Муборакқадамов: «Албатта, мо кормандони Раёсати корҳои ислоҳӣ ва муассисаҳои ислоҳӣ худамон ҳам манфиатдорем, ки маҳбусон ҳар гоҳе бо пайвандонашон, фарзандонашон дидору мулоқот анҷом диҳанд. Ин гуна мулоқотҳо барои ислоҳ шудани маҳбусон, барои худдорӣ кардани онҳо аз такрори аъмоли бад, барои дилгарм шуданашон ба зиндагӣ лозиманд. Аммо шояд ба хотири халал наёфтани тафтишот, як муддат ба маҳбусоне, ки ба парвандаи фирор рабт доранд, иҷозаи дидор дода нашудааст. Ба ҳар ҳол, мо ин масъаларо ба зудӣ ҳал хоҳем кард».

 

Ҳамин гуна, масъулони раёсати корҳои ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯянд, дар кӯтоҳтарин фурсат масъалаи дидору мулоқоти афроди маҳбус дар СИЗО-и рақами 1-и Душанбе бо пайвандонашон ҳалли худро хоҳад ёфт.

 

Носирҷони Маъмурзода, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3265-2010-10-02-13-01-22.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ