ЭҲТИМОЛИ ИСЛОҲИ ИМЛОИ ТОҶИКӢ
Пешнависи имлои ҷадиди забони тоҷикӣ таҳия шуда ва дар назар аст, дар моҳи оянда барои баррасии умумӣ дар нашрияҳо мунташир шавад. Додихудои Саймуддин, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон рӯзи душанбеи 21 июн, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки ислоҳот ба алифбои тоҷикӣ марбут намешавад.
Маҳдудият дар истифодаи ҳарфи ”Ӯ” ё “вови маҷҳул”
Ба гуфтаи масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ба ҳангоми баррасии пешнависи имлои ҷадиди забони тоҷикӣ мубоҳисоти аслӣ дар атрофи ҷойгоҳи ҳарфи “ӯ” дар забони тоҷикӣ сурат гирифтааст. Ба эътиқоди оқои Саймуддин дар забони тоҷикии форсӣ ҳеч вожае бо ҳарфи “ӯ” оғоз нашуда ва 28 калимае, ки бо чунин шакл дар имлои сириллики тоҷикӣ мавҷуданд, ба забони ӯзбакӣ мутааллиқ ҳастанд. Ӯ ба унвони мисол, аз вожаҳои Ӯртабуз, Ӯзган, ӯчоқ, ӯзбак ва Ӯш ном бурд, ки дар забони тоҷикӣ истифода мешаванд.
Ҳамчунин, тибқи имлои ҷадид пеш аз ҳарфҳои "ъ" ё аломати сакта ва "ҳ" ба ҳарфи "ӯ" зарурате нест - ба мисли "мӯътақид", "тӯҳфа" ё "мӯҳтарам". Бо ин вуҷуд таъкид шуд, ки пешнависи имлои ҷадиди забони тоҷикӣ ҳазфи ҳарфи “ӯ” аз имлои сириллики забони тоҷикиро дар назар надошта, балки қавоиди истифодаи онро дар ҷойи дуруст пешниҳод мекунад.
Оқои Саймуддин мегӯяд: "Бидуни шак, аз ин ҳарф дар вожаҳое, ба мисли “рӯз” ё “зӯр”, ки бар асоси сарфу наҳви забони форсӣ “вови маҷҳул” доранд, кор гирифта мешавад." Дар пешнависи имлои ҷадиди забони тоҷикӣ ҷойгоҳи ҳуруфи арабӣ, ба мисли “айн” ё аломати сакта низ мушаххас шудааст. Масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфтанд, ин санад танҳо пешнавис буда ва пас аз баррасии умумӣ дар кишвар барои тасвиб ба давлати Тоҷикистон пешниҳод хоҳад шуд.
"Хараҷу мараҷ дар забони тоҷикӢ"
Ба эътиқоди оқои Саймуддин, феълан дар имлои забони тоҷикӣ вазъияти "харҷу марҷ ва сардаргумӣ ҳукмфармо буда" ва дар гуфтугӯ ва ҳатто дар нашрияву родию ва телевизиюн як вожа ба тарзҳои мухталиф навишта ё талаффуз мешавад. Вай мегӯяд: "Масалан, дар як ҷо номи ниҳоди давлатӣ “вазорати корҳои дохилӣ”, дар ҷойи дигар ”вазорати умури дохилӣ” ва ҷое “вазорати кишвар” истифода мешавад."
Истифода аз вожаҳои марбут ба лаҳҷаҳои маҳаллӣ дар расмӣ ва матбуъот аз нигарониҳои дигари масъулони кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон будааст. Онҳо мегӯянд, ба ин далел "хориҷиён намедонанд чи гуна забони тоҷикиро биомӯзанд. Бештари атбоъи хориҷии муқими Тоҷикистон забони тоҷикиро бо лаҳҷаи ин ё он минтақаи кишвар сӯҳбат мекунанд."
Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ҳадаф дорад бо тасвиби пешнависи имлои ҷадиди забони тоҷикӣ "ба ин сардаргумӣ хотима дода ва барои забони тоҷикӣ чаҳорчӯби воҳиди истифодаи вожаҳоро муқаррар намояд."
Зимнан, дар даҳаи 1920 дар Туркия ва дар даҳаи 1970 дар Эрон ислоҳоти имлои забон анҷом шуда ва дар забонҳои туркию форсӣ меъёрҳои воҳиди имло ҷорӣ шуда буд.
Муҷозот барои нақзи муқаррароти қонуни забон
Бар асоси Қонуни забони давлатӣ ашхос, идороту муъассисот ва созмонҳои ғайридавлатию байналмилалии муқими ин кишвар, ки ба меъёрҳои ин санад риоят намекунанд, муҷозот хоҳанд шуд. Тибқи иттилоъи Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, то ҳол дар ин замина 11 парванда дар додгоҳҳо баррасӣ шуда ва аз мақомоти корхонаву муъассисот, ки дар навиштаҷоту овезаҳо ва плокотҳо меъёрҳои забони тоҷикиро риоят накардаанд, ба миқдори 525 сомонӣ ё 120 дулори омрикоӣ ҷарима шудаанд.
Гуфта мешавад, дар сурати ислоҳ нашудани вазъ, мизони ҷарима афзоиш хоҳад ёфт. Ҳамзамон, ба созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалии муқими Тоҷикистон ҳушдор дода шудааст, ки нишасту ҳамоишҳои худро бо забони тоҷикӣ ё тоҷикию хориҷӣ баргузор кунанд.
Дар ин ҳамоиш таъкид шуд, ки умдатан созмонҳои байнамилалӣ "бо баҳонаи камбуди тарҷумони забони тоҷикӣ" дар ҳамоишҳои худ аз забони русӣ истифода мекунанд. Мақомоти Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфтанд, ки агар ин вазъ ислоҳ нашавад, созмонҳои байналмилалӣ низ барои нақзи муқаррароти Қонуни забони давлатӣ ҷарима хоҳанд шуд.
Дар ҳамин ҳол, ин мақомот тақозои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупоро (САҲУ) мабнӣ бар додани ихтиёроти бештар ба ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон барои истифода аз забони модарии худро "муғойир ба Қонуни забони давлатӣ" хонданд. Аз ҷумла, САҲУ хостори иҷоза барои истифодаи мӯҳр ва баргаҳо бо забони ақаллиятҳои миллӣ дар манотиқе шудааст, ки ақалияти миллӣ дар он минтақа аксарияти ҷамъиятро ташкил медиҳад.
Аз сӯйи дигар, бино ба иттилоъи манобеъи Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, дар Қонуни забони давлатӣ барои "истифодаи озоди забонҳои ақаллиятҳои миллӣ ва забонҳои яғнобию бадахшӣ" замонат дода шудааст.
Ҳамчунин, тибқи ин санад дар назар аст, дар Тоҷикистон порки забонии яғнобӣ ва бадахшӣ, забонҳои қадимии суғдию паҳлавӣ ташкил шавад, то ҷаҳонгардони дохилию хориҷӣ ба маҳалли зисти соҳибони ин забонҳо сафар карда ва бо ин забон ошно шаванд. Зимнан, Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон 31 октябри соли гузашта таъсис шуда ва ҷорӣ кардани сиёсати давлати ин кишвар дар бораи забони давлатӣ аз вазоифи ин ниҳод маҳсуб мешавад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2525-2010-06-21-14-56-50.html