20:59:25 01-уми Июли 2025 сол

ТАХРИБИ ЯКЕ АЗ ҚАДИМТАРИН БОЗОРҲОИ ДУШАНБЕ

Раванди тахриби бозори "Баракат", аз қадимтарин бозорҳои Душанбе, шурӯъ шуда ва ҳамакнун куллияи растаҳои дохили бозор вайрон карда шудаанд. Қаблан, дар ҷараёни умури сохтмонии “Кохи Миллат” даҳҳо адад дукон ва чойхонаи воқеъ дар атрофи бозори “Баракат” тахриб шуда ва ҳудуди 200 нафар ҷойҳои кории худро аз даст дода буданд.

 

Абдувалӣ Комилов, раиси Ожонси сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ дар моҳи гузашта иброз дошт, ки бозори "Баракат" ба маҳаллаи "Зарафшон", ки аз пурҷамъияттарин маҳаллоти шаҳри Душанбе маҳсуб мешавад, кӯч дода хоҳад шуд. Ба гуфтаи оқои Комилов, дар назар аст дар ҷойи ин бозор сохтмони ҷадиди Вазорати хориҷаи Тоҷикистон бунёд шавад.

 

Бозори “Баракат”, ки мардум онро ба далели воқеъ буданаш дар собиқ кӯчаи Путовский (ҳоло хиёбони Исмоъили Сомонӣ) маъмулан бозори "Путовский" ҳам меноманд, аз куҳантарин бозорҳо дар пойтахти Тоҷикистон аст, ки дар авоили даҳаи 1930 милодӣ ташкил шуда ва Душанбе ба унвони пойтахт дар атрофи ин маҳалла шакл гирифтааст.

 

Гуфта мешавад пеш аз инқилоби Уктярб ва барпо шудани давлати Шӯравӣ, замоне ки Душанбе рустое беш набуд, дар ин маҳал ҷумъабозоре фаъолият мекард. Зимнан, тахриби бозорҳо ва кӯч додани бозорнишинон дар шаҳри Душанбе амре тоза нест ва дар панҷ соли ахир бозорҳои “Роҳи Абрешим”, “Зарнисор” ва “Саховат” низ вайрон карда шудаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2335-2010-05-22-05-51-43.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ