08:40:16 26-уми Сентябри 2021 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

МУНОСИБАТ БА АНДОЗ: ТАҶРИБАИ КИШВАРҲОИ ХОРИҶӢ

Масъалаи эҳсоси масъулияти дар ҷиҳати пардохти андоз ё андозсупории бовиҷдонона мисли “фарҳанги андозӣ” яке аз мавзӯъҳоест, ки барои кишварҳои дар собиқ шӯравӣ ношинохта боқӣ мондааст, аз ин рӯ дар расонаҳо аслан мавриди баррасӣ қарор намегирад.

nalog 5487541254Барои наслҳое, ки дар замони побарҷо будани давлати шӯравӣ зиндагӣ кардаанд, мафҳумҳои “андоз” ва “андозсупорӣ” истилоҳоте буданд, ки хеле кам истифода мешуданд ва моҳияти онро аксарият дарк ҳам намекарданд. Таҷрибаи даврони шӯравӣ чунин буд, ки муҳосибон аз маоши кормандон фоизи андозро бармегардонданд ва ба куҷо сарф шудану барои чӣ сарф шудани онро касе ҳатто пурсон намешуд, зеро он давра “партия хирад, шараф ва виҷлони даврони мо” ҳисоб мешуд, ҳамаро ҳал мекард ё аз номаш мақомот ҳал мекарданд, ки ин дигар ҳоло муҳим нест.

Ҳатто дар даҳсолаи аввали истиқлол дар кишвар мафҳумҳои “андоз” “андозсупорӣ” он қадар ҷиддӣ гирифта намешуданд, аз ин рӯ вақте ки Кумитаи андоз таъсис ёфт, аксарият бо ҳайрат мепурсиданд, ки ин ниҳод чӣ лозим аст? Касоне, ки дар охири солҳои 90 –ум дар Душанбе зиндагӣ кардаанд, шояд ёд дошта бошанд, ки кормандони андоз хона ба хона гашта, андозро ҷамъ мегирифтанд ва он ҳам як маблағи ночиз буд.

Дар ҳамон айём, яъне соли 1999 бори аввал ман бо мафҳуми “андозсупоранда” вохӯрдам. Ин воқеа дар Амрико рух дода буд. Тобистони ҳамон сол мо, як гурӯҳи иборат аз 5 ё 6 журналисти тоҷикро дар доираи барномаи “Инъикоси интихоботи президенти ИМА дар ВАО”, чунон ки мегӯянд, ба он сӯи уқёнус даъват карданд. Зимни ин сафар мо ба панҷ штат сафар кардем, дурусттараш аз як гӯшаи ин давлати паҳновар ба гӯшаи дигараш парвоз намуда, ба қавле, пойҳоямонро ҳам дар оби уқёнуси Ором ва ҳам дар уқёнуси Атлантика шустем. Аммо ҳоло ин ҷо мақсад хотироти сафар нест, балки бозгӯи мавзӯест, ки барои ман, воқеан, Амрикои навро кушода буд. Воқеа ин тавр рух дода буд: ҳангоме ки дар штати Калифорния будем, масъулони барнома гуфтанд, ки барои хуш гузарондани рӯзи истироҳати мо барномаи фарҳангӣ таҳия кардан мехоҳанд, аз ин рӯ ба мо пешниҳод карданд, ки ё Голливудро интихоб кунем ё Сан-Франсискоро. Мо шаҳри Сан-Франсискоро интихоб кардем, ки дар соҳили уқёнуси Ором воқеъ аст. Маслиҳат шуд, ки мошин соати 7 субҳ ба назди меҳмонхона меояд ва мо ҳаракат мекунем. Субҳи рӯзи якшанбе, ҳудуди 10-15 дақиқа қабл аз вақти таъиншуда ману шодравон Акбари Саттор назди даромадгоҳ фаромадем. Ҳарду суҳбат мекардем, ки аз наздамон як марди сиёҳпӯсти синнаш шояд 60-65-сола бо футболка ва труси аз пешамон давида гузашт. Маълум буд, ки варзиши субҳгоҳӣ мекунад. Ҳудуди 10 дақиқа пас марди сиёҳпӯш аз тарафи муқобил пайдо шуд, аммо ин дафъа аз ғайричашмдошт назди мо истоду пурсид:

-Хориҷӣ ҳастед?

-Бале, -посух додем.

Баъдан аз куҷо будан ва мақсади сафарамон ба Амрикоро пурсид. Мо гуфтем, ки меҳмони Ҳукумати Амрикоем. Дар ҳақиқат, моро USIS, як ниҳоде, ки марбути ҳукумати он кишвар аст, даъват карда буд. Марди сиёҳпӯст гапе гуфт, ки мо ҳеҷ интизор надоштем.

-Агар шуморо Ҳукумати Амрико даъват карда бошад, пас шумо меҳмони ман ҳам ҳастед.

Ману Акбари Саттор бо ҳайрат ба ҳамдигар нигоҳ кардем. Мо дарк намекардем, ки ин мард ба USIS ва Ҳукумати Амрико чӣ иртиботе дошта бошад. Барои ҳамин пурсидем, ки мо чӣ гуна мо меҳмони ӯем.

-Ман андозсупоранда ҳастам, аз ҳамон андозе, ки ман ҳам дар қатори дигар шаҳрвандони Амрико месупорам, ҳукумат истифода бурда, шуморо даъват кардааст.

Баъди ин посухи марди амрикоӣ ҳам мо иртиботи байни андози ӯ ва Ҳукумати Амрикоро дуруст дарк накардем. Баъдтар фаҳмидам, ки ин иртиботро натанҳо мо, балки ҳатто бархе ҳамватанони собиқи шӯравии мо, ки дар солҳои 90 –ум шаҳрванди Амрико шуда буданд, дуруст дарк намекардаанд.

Эҳтироми андозсупор

Барои тақвияти ин фикр мехоҳам хотироти журналисти маъруфи яке аз телевизионҳои Русия –Владимир Познерро биёрам. Дар ёддотшти ӯ ҳамчунин масъулияти чиновники амрикоӣ низ, ки аз андозсупорандагони кишвараш миннатдор аст, ба хубӣ инъикос мешавад.

Бояд гуфт, ки В. Познер аз нахустин журналистони шӯравӣ буд, ки дар замони бозсозии Михаил Горбачёв ҳамроҳи ҳамтои амрикоии худ Фил Донаҳю телемостҳо ташкил карда, мавзӯъҳои барои ҳарду кишвар мубрамро мавриди баррасӣ қарор медоданд. Маъмулан барои пур кардани толор ва савол додан ба ин барномаҳо донишҷӯёнро даъват мекарданд. Аз ҷониби шӯравӣ аксаран донишҷӯёни факултаи таърихи УДМ ба номи М. В. Ломоносовро дар ин гуна барномаҳо ширкат мекарданд, зеро дар онҳо асосан масъалаҳо сиёсӣ муҳокима мешуданд.

Дар яке аз ин телемостҳо, ки ба мавзӯи “Оё фарҳанг метавонад инсониятро наҷот диҳад?”, ман ҳам ширкат карда будам. Ёд дорам, ки аз ҷониби мо Ролан Биков, иҷрокунандаи нақши Абулҳасан дар филми “Алӣ –бобо ва чил роҳзан” низ дар он барнома иштирок дошт. Аз ҷониби амрикоиҳо ба барнома Курт Воннегут, нависандаи машҳури амрикоӣ даъват шуда буд.

Қисса кӯтоҳ, баъди пош хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ В. Познер шаҳрванди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мешавад ва боре ҳангоми бозгашт аз Маскав шиносномаашро ё медузданд ё худаш гум мекунад. Масъалаи гирифтани шиносномаи нав ба миён меояд, аз ин рӯ, ӯ соати 9.30 ба ниҳоди дахлдор занг мезанад. Аз он тарафи хат ба ӯ мегӯянд, ки соати 11 ба фалон ҷо омада, ба ошёнаи 10 барояд. Журналист чанд дақиқа қабл ба ҷои таъиншуда меояд. Расо соати 11 тавассути микрофон эълон мекунанд, ки Владимир Познер ба назди фалон тирезача муроҷиат кунад. Ӯ ба назди тирезача омада, ба нафари масъул вазъиятро мефаҳмонад. Масъул аз ӯ мепурсад, ки оё ҳуҷҷати дигаре, ки шаҳрванди Амрико будани ӯро тасдиқ кунад, дорад ё не? Познер дар посух мегӯяд, ки оре, аммо он дар Маскав аст, ҳамроҳаш нест.

-Ман метавонам ба Маскав занг зада, нусхаашро тавассути факс бигирам, -илова мекунад журналист.

-Бисёр хуб, ин хел бошад, ман интизор мешавам.

Журналист зуд ба меҳмонхона баргашта, ба Маскав занг мезанад, тавассути факс нусхаи ҳуҷҷатро мегирад ва бурда ба ҳамон масъул медиҳад. Аммо ин дафъа бархилофи интизори ӯ марди масъул мегӯяд, ки ба ӯ фаҳмонданд, ки бояд ҷаноби Познер оригинали ҳуҷҷатро пешниҳод кунад. Табиист, ки журналист мегӯяд, барои гирифтани оригинали ҳуҷҷат бидуни паспорт ба Маскав парвоз карда наметавонад.

-Ҳеҷ зарурат вуҷуд надорад, оригинали дуюми он ҳуҷҷат дар Вашингтон ҳаст, аммо Шумо бояд 90 доллар пардохт кунед, -меафзояд шахси масъул.

Баъди пардохти маблағ масъул ба Познер мегӯяд, ки расо соати 15 бояд ба толори №2 муроҷиат кунад. Соати 15 ӯ меояд ва шиносномаашро гирифта, боз ба ошёнаи 10 меравад, то ба масъул арзи сипос кунад, зеро дар тӯли камтар аз як рӯз шиносномаашро барқарор карда буданд.

-Ҷаноб, барои ташаккур гуфтан ба Шумо ман ҳатто суханҳои зарурӣ пайдо карда наметавонам, -изҳор медорад ӯ ба масъул.

Марди масъул бо тамоми ҷиддият мегӯяд:

-Ҳеҷ зарурат надорад, чунки Шумо барои ин андоз медиҳед.

Андоз ва пирӯзӣдар интихоботи президентӣ

Ванесса Уилямсон, ки соли 2015 дар иртибот ба системаи андоз дар Амрико диссертатсияи докторӣ ҳимоя карда буд, дар як мақолаи худ зери унвони “Амрикоиҳо андоз доданро дӯст медоранд” назари худро ироа мекунад. Дар идомаи матлаб ба мутолиаи бардоштҳои ӯ дар ҷиҳати сабаби пардохт шудани андоз дар Амрико мепардозем: “Ба фарқ аз 14 давлаати аврупоӣ амрикоиҳо ҳозиранд, андози баландтаринро диҳанд ва ҳоло дар Иёлоти Муттаҳидаи нишондоди баландтарини риоияи талаботи супоридани андоз дар ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст. Инро метавон ба тарс аз IRS нисбат дод, аммо иқтисодшиносон ба чунин хулоса омаданд, ки ин нишондодҳоро наметавон фақат ба сатҳи татбиқи амалҳои ҳуқуқӣ шаҳр дод”, -менависад В. Уилямсон.

Ӯ бо истинод ба Институти андозбандӣ ва сиёсати иқтисодӣ мегӯяд, шаҳрвандоне, ки солона 19 доллар кор мекунанд, ба ҳисоби миёна 11 фоизи даромади худро ҳамчун андоз ба давлат медиҳад, аммо 5% сарватмандон ҳамагӣ 1 % даромади худро пардохт мекунанд. “Амрикоиҳо андоз танҳо ба он хотир одилона намешуморанд, ки онро каси дигар месупорад... Қариб ҳама нигарон аз онанд, ки мақомоти давлатӣ барои масрафи нодурусти долларҳои аз ҳисоби андоз ба буҷа воридшуда ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд... муносибат ба Конгресс комилан манфӣ асту шубҳа нисбат ба сарварони сиёсӣ аксаран таҷрибаи ҷамъоварии андозро доғдор мекунад”, - иброз медорад В. Уилямсон.

Соли 2018 В. Уилсон китобе невишт зери унвони “Аз рӯйи лабҳо бихон: чаро амрикоиҳо аз андозсупорӣ ифтихор мекунанд?”. Ибораи “аз рӯйи лабҳо бихон”-ро нахустин бор Ҷорҷ Буш дар маъракаи пешазинтихоботии Иёлоти Муттаҳида дар соли 1988 истифода карда буд. Идомаи он чунин буд: “дигар ягон хел андоз”. Ин ваъда, ки баъди президент интихоб шудани худ Ҷорҷ Буш дигар ягон намуди андозро ҷорӣ намекунад, пирӯзии ӯро таъмин кард.

В. Уилямсон дар китоби худ бо истинод назарсанҷиҳои сотсиологӣ мегӯяд, амрикоиҳое, ки саркашӣ аз андозро кори нодуруст ва ғайриахлоқӣ меҳисобанд, бештар аз мухлисони Элвис Пресли (79%) ва астронавт Нил Армстронг (75%) будаанд, аммо онҳое, ки андозсупориро қарзи шаҳрвандии ҳар як нафар намеҳисобанд, баробар ба теъдоди онҳоест, ки Элвис Преслиро зинда мешуморанд (7%) ва ё нишастани амрикоиҳоро ба Моҳ дурӯғ ҳисоб мекунанд (6%). Аз ҷониби дигар ба саволи он ки кадом ҷанбаҳои системаи андозбандӣ амрикоиҳоро бештар нигарон кардааст, фақат 8%-и пурсидашудагон гуфтаанд, андозҳое, ки пардохт мекунанд. 67% аз саркашӣ кардани андозсупорандагони алоҳида, сарфи назар аз вазъи иқтисодияшон изҳори нигаронӣ кардаанд.

Пурсиш

Фоиз

1.

Амрикоиҳое, ки саркашӣ аз андозро кори нодуруст ва ғайриахлоқӣ меҳисобанд

79%

2.

Амрикоиҳое, ки андозсупориро қарзи шаҳрвандии ҳар як нафар намеҳисобанд

7%

3.

Амрикоиҳое, ки аз андозсупорӣ саркашӣ мекунанд

67%

Ба қавли В. Уилямсон, амрикоиҳо ба ин андешаанд, ки муваффақияти шахсии инсон танҳо натиҷаи кӯшишҳои шахсии ӯ нест, балки ин муваффақият ба баъзе аз омилҳои дигари объективӣ, аз ҷумла сатҳи беҳбуди ҷомеа, маълумот, зерсохтор, сифати хадамоти оммавӣ ва молҳо, тандурустӣ ва ғ. вобаста аст. Ӯ меафзояд, ки амрикоиҳо хароҷоти буҷавиро дидаву ламс карда метавонанд, аз ҷумла сохтмону таъмири роҳҳо, системаи маориф, соҳаи тандурустӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ ва ғайраро маъқул мешуморанд, аммо масрафҳоеро, ки натиҷаашонро бо чашмони худ намебинанд, аз ҷумла имтиёзҳои андозии субъектҳои хоҷагидорӣ, грантҳоеро, ки барои пажуҳишҳои илмӣ ҷудо мешаванд, амалиётҳои низомӣ ва ёрии башардӯстона ба кишварҳои хориҷиро аз ҳад зиёд мешуморанд.

Нуралӣ Давлат, рӯзноманигор

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi