13:01:49 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Никоҳ кунем ё накунем?

Бо гузашти беш аз 80 сол аз таъсиси Тоҷикистон ҳамчун як ҷумҳурии мустақили низомаш дунявӣ ин баҳс, ки никоҳи расмӣ муҳим аст ё никоҳи динӣ - ҳанӯз хотима наёфтааст. Тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон, никоҳ амали маҷбурӣ нест.

arusi-651254021151.jpgФарқ танҳо дар ин аст, ки бо доштани никоҳи расмӣ дар идораи сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ, дар сурати вайрон шудани оила зану кӯдак таҳти ҳимояи қонунҳои давлат қарор мегиранд, вале дар сурати доштани танҳо никоҳи мазҳабӣ, занҳо танҳо ба инсофи ҳамсари собиқ умед мебанданд ва метавонанд дар кӯча бимонанд.

Солона ба додгоҳҳои Тоҷикистон садҳо ариза ворид мешавад, ки дар онҳо занҳо барои рӯёнидани “алимент” аз ҳамсарони собиқ кӯмак мехоҳанд. Аксари ин занҳо никоҳи расмӣ надоранд ва бачаҳои худро ҳамчун исботи зиндагии муштарак пешниҳод мекунанд. Генерал Саодат Амришоева, вакили пешини парлумони Тоҷикистон, ки ду соле пеш бо изҳороташ дар мавриди манъи никоҳҳои хешутаборӣ, ҳамчун суннати хатарнок, ҳангомае барпо карда буд, мегӯяд, мақомоти қонунгузор бояд санадеро тасвиб кунанд, ки бар пояи он никоҳи мазҳабии шаҳрвандон дар асоси шаҳодатномаи ақди никоҳ анҷом шавад.

Амиршоева мегӯяд, агар никоҳ бар пояи шаҳодатномаи расмӣҳатмӣ шавад, ҳуқуқи занҳову кӯдакон бештар ҳифз хоҳад шуд. “Албатта, мо мусалмонем ва медонем, ки зиндагии муштараки зану мард бидуни никоҳи динӣ номумкин аст, аммо бигузор парлумон таҷрибаи кишварҳои ҳамсояро омӯзад ва қароре қабул кунад, ки ба фоидаи ҳама бошад”, мегӯяд генерал Амиршоева.

Аз кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон то ҳол Ӯзбакистон никоҳи мазҳабиро ба пояи шаҳодатномаи никоҳи расмӣ бастааст ва ҳеҷ ходими дин ва муллое ҳақ надорад бидуни ироа шудани шаҳодатномаи расмӣ ҷуфтҳоро никоҳ кунад. Кумитаи дини Тоҷикистон низ дар робита ба бартарияти шаҳодатномаи никоҳҳангоми никоҳи динӣ дастуре нашр кардааст. Аммо ин дастур ҳукми қонунро надорад ва никоҳҳо бисёр вақт дар асоси қавлу қасами марди зангир баргузор мешаванд.

Бархе аз вакилони порлумони Тоҷикистон ба мо гуфтанд, ки "масъалаи аввал - никоҳи давлатӣ баъди никоҳи динӣ” дар доираҳои вакилони порлумони Тоҷикистон низ матраҳ аст. Президенти Тоҷикистон низ аз мақомоти кишвар талаб кардааст, ки домуллоҳо никоҳи диниро дар асоси шаҳодатномаи ақди никоҳ анҷом диҳанд. Тарафдорони никоҳи давлатӣқабл аз никоҳи динӣ мегӯянд, ки агар дар ин робита санаде тасвиб шавад, масъалаи полигамӣ ва ё бисёрзанӣҳам ҳал мешавад ва теъдоди талоқҳо, кӯдакҳои бесанад ва занҳои бесарпаноҳ камтар мешавад.

Саодат Амиршоева ин пешниҳодро дар ҳоле матраҳ кард, ки бисёр оилаҳо танҳо бо никоҳи динӣ иктифо мекунанд ва ҷуфтҳо бе доштани никоҳи расмӣ фарзанд ба дунё меоранд. Ин гуна оилаҳо ҳангоми пеш омадани мушкили хонаводагӣ наметавонанд аз ҳақи худ дифоъ кунанд ва ҳамчунин наметавонанд бачаҳои худро бо насаби падар сабти ном кунанд. Хонум Амиршоева рӯзи сешанбеи 11 август дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки ин мавзӯъ дар байни мардум ҳам бисёр баҳс мешавад, махсусан дар ҳолатҳое, ки ҳуқуқи занҳо ба хонаву моли шавҳар поймол мегардад.

Аммо Ҳабибулло Ҳиматов, устоди риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, бо онки никоҳ дар Тоҷикистон озод аст, вале агар қонуне қабул шавад, ки рӯҳониён бидуни санади расмӣ никоҳи исломиро анҷом надиҳанд, ба эҳтимоли зиёд бисёрзанӣ дар Тоҷикистон аз байн меравад. Ҳиматов мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон кам нестанд шумораи мардоне, ки як никоҳи расмӣ доранд ва бо ду-се зани дигар дар асоси никоҳи мазҳабӣ зиндагӣ мекунанд:

Ҳатмӣ кардани никоҳи давлатӣ, албатта, зидди Сарқонун аст. Аммо расман сабт накардани никоҳ, молу мулки муштараки зану шавҳарро ба молу мулки ҳиссагӣ табдил медиҳад. Вақте зану шавҳар никоҳи расмӣ надоранд, ҳар касе дар оила бештар кор кард, ӯҳақи бештар ба молу мулкро пайдо мекунад. Дар Тоҷикистон шумораи зиёди занҳо дар хона мешинанд. Даромад надоранд. Дар буҷаи оилавӣ саҳм намегузоранд, ҳиссаи молияшон низ кам мешавад. Аммо агар ақди никоҳи расмӣ дошта бошанд, барои занҳо ин мушкил пеш намеояд”, – мегӯяд устоди риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон Ҳабибулло Ҳиматов.

Тоҷикистон танҳо никоҳи расмиро ҳамчун асоси бунёд ёфтани оила эътироф мекунад. Қонуни оилаи Тоҷикистон мегӯяд, “ақди никоҳе, ки бо расму оини динӣ сурат гирифтааст, эътибори қонунӣ надорад.” Шоира ва Абдухолиқ ду рӯзе қабл дар Душанбе оиладор шудаанд. Онҳо никоҳи расмӣ надоранд. Шоира мегӯяд, ӯ пешниҳод кард, ки мисли ҷавонони ҳозиразамон ба Хонаи ақди никоҳ рафта, ба ҳам ангуштарии никоҳӣ тақдим кунанд, никоҳашонро расман сабт намоянд. Аммо Абдухолиқ инро напазируфтааст. Ӯ гуфтааст, барои ҳамзистӣ никоҳи мусалмонӣ кофист.

Абдулхолиқ мегӯяд, расман сабт кардани ақди никоҳ кори хусусии ӯ буда, дар оилаҳои онҳо муҳим ба ҷо овардани расму оинҳои динист. Ӯ мегӯяд, дар оилаи онҳо касе расман ақди никоҳи худро сабт накардааст. Ҳусейн Шокиров, раҳбари Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин мегӯяд, дар Тоҷикистонҳарду никоҳ муҳим аст. Вале никоҳи давлатӣбаробарҳуқуқии марду зан ва кӯдакро дар оила кафолат медиҳад. Никоҳи динӣ ин кафолатро дода наметавонад. Барои ҳамин ҳоли ҳозир ба тамоми имомхатибон дастур шудааст, ки пеш аз анҷоми никоҳи динӣ шаҳодатномаи ақди никоҳро талаб кунанд.

Ҳадди ақал нусхаи аризаи ҷавононро ба САҲШ бубинанд. Ӯ мегӯяд: “Ба муллоҳо қонунҳоеро, ки таъмини ҳуқуқҳои зан ва кӯдакро дар оила кафолат медиҳанд, омӯзонида истодаем ва қабл аз никоҳ онҳо бояд бар асоси қонун амал кунанд.”

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бештар аз 33 ҳазору 300 ақди никоҳ расман сабт шуда, зиёда аз 4 ҳазору 500 ақди никоҳ бекор шудааст. Гуфта мешавад, бекоршавии никоҳҳо бар пояи қарори додгоҳҳо анҷом шуда, зиёда аз 560 ноболиғ аз тарбияи муштараки волидон низ маҳрум шудаанд. Дар робита ба шумораи оилаҳо ва ё талоқҳои бидуни сабти ном омори дақиқе мавҷуд нест.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi