07:13:10 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Чаро Сабрина ҳамчун шуғнонӣ ба озмун рафт, на ҳамчун тоҷик?

Ҳамчун духтари шуғнонӣ, на ҳамчун тоҷик ба як озмуни байналмилалӣ рафтани Сабринаи зодаи Бадахшон баҳси гармеро дар шабакаи Фейсбук дар бораи маҳалбозӣ - дарди марговари мардуми тоҷик - ба бор овардааст.

sabina_65894578.jpgСӯҳбатҳои Сабрина ном як духтари 21-солаи зодаи Бадахшони Тоҷикистон, ки дар озмуни байналмилалии “Les origines de la beauté” (“Национальные истоки красоты” – “Сарчашмаҳои миллии зебоӣ”)  ҳамчун духтари шуғнонӣ ширкат мекунад, дар бораи ҳуввият ва худшиносии миллии халқҳои Помир мояи баҳси густардае дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук шудааст.

Сабрина, ки аз 9-солагиаш дар Маскав ба воя расида, ҳол ҳамчун визажист (ороишгари рӯй) кор мекунад,  дар як навори видеоии шашунимдақиқаӣ дар бораи зидангии худаш ва расму ойинҳои мардуми Шуғнон ҳарф мезанад.

Аммо нуқтае ки мояи баҳс дар Фейсбук шуд,  ин як пораи сӯҳбати Сабрина аст, ки мегӯяд: “Мо ҳарчанд дар қаламрави Тоҷикистон зиндагӣ мекунем, вале бо ин вуҷуд тоҷикҳо моро ба худ нисбат намедиҳанд ва мо ҳам худро ба тоҷикҳо нисбат намедиҳем. Яъне ҳамеша як навъ набард нею вале ихтилофот байни халқҳои мо вуҷуд дошт, чунки моро нафақат забонҳоямон гуногун аст, балки мазҳабамон дар Ислом низ мухталиф аст. Тоҷикон сунниянду мо, помириҳо, аз ҷумла шуғнониҳо – шиаҳои исмоилӣ.”

Ӯ ба дунбол меафзояд, ки ҳангоми зиндагӣ дар Маскав ба ин хулоса расидааст, ки ӯ помирист.

Чунин фарқгузорӣ байни мардуми Бадахшон ва тоҷикони дигар ва ҳамин тавр, фарқгузориҳо байни минтақаҳои дигари тоҷикнишин, яъне маҳалгароӣ дар сатҳи авом ва ҳатто дар сиёсатҳои расмӣ, барои мисол, дар сиёсати кадрӣҳамеша мушоҳида мешуд, вале сӯҳбатҳои Сабрина ин мавзӯъро, ба гуфтаи як корбари Фейсбук, “як каме байналмилалӣ” кардааст.

Шоираи зодаи Тоҷикистон Мавӣ Масабӣ, ки ба русӣ менависад, бо дар миён андохтани баҳси сӯҳбатҳои ин духтари шуғнонӣ навиштааст: “Маро аз Далер Назаров, Муборакшо, Наргис Бандишоева, ҳамаи онҳое, ки ганҷинаи мардумӣ ба шумор мераванд, онҳое, ки ҳамеша мегӯянд, ки онҳо тоҷиканд, маҳрум накунед. Онҳо дар ҳар куҷо миллатро намояндагӣ мекарданд. Мо бо онҳо ифтихор доштему дорем. Сафри  назар аз он ки кӯлобианд ё ленинободӣ... Онҳо сарвати УМУМИи моянд.” ( “Не лишайте меня Далера Назарова, Муборакшо, Наргис Бандишоевой, всех тех, кто является народным достоянием, и тех кто всегда говорил что они таджики. Где бы они не находились - они представляли нацию. Мы все гордились и гордимся ими, независимо кулябец то, или ленинабадский.. Они наше ОБЩЕЕ.”)

Мавӣ Масабиро аз ин нукта ҳам сахт интиқод кард, ки  Сабрина чунин имкони муаррифии миллати тоҷик дар саҳнаи байналмилалиро барои матраҳ кардани дарди кӯҳнаи мардуми тоҷик, яъне маҳалбозӣ истифода бурдааст.

Корбаре бо номи Angela Crowe^ ки худаш ҳам зодаи Бадахшон будааст, дар посух ба чунин сӯҳбати ҳамдиёраш Сабрина ҳам навишт: “Помириҳо шояд маро дашном бидиҳанд, вале ман худамро ҳеҷ гоҳ “аз онҷо” ҳисоб намекунам. Хонаи волидони ман дар Душанбест, ман тоҷикам ва бо ин ифтихор мекунам.”

Алишер Примқулов, ки тоза аз сафари Хоруғу Ишкошим ва мурғоб баргаштааст, аммо дар бурузи чунин ақидаҳо худи ҳукумати марказии Тоҷикистонро гунаҳкор мекунад, ки барои Бадахшон “кори хеле кам мекунад. Хеле сахт аст ватандӯст будан, вақте аз Қирғизистон овардани маҳсулот осонтару арзонтар назар ба Душанбест. Дар Мурғоб, барои мисол6 як мошин тапак 200 доллар шудааст, барқ нест, ҳезум нест, ангишт каму нархаш гарон аст... Озурдагии мардуми Помир хеле бузург аст. Мушкил дар ин аст, ки барои муттаҳид кардани мардум амале нест, ончӣ дар забон мегӯянд,  бо амал фарқ мекунад.”

Аммо Улфатхоним Мамадшоева, яке аз занони фаъоли Бадахшон навишт, ки набояд ҳарфҳои ин духтари ҷавонро хеле ҷиддӣ гирифт ва бар пояаш беҳуда баҳси ҳувияти миллии мардуми Бадахшонро пеш кашид: “Ҳеҷҷои бадӣ надорад, ки ин духтар худро помирӣ мешуморад ва мехоҳад ин чизи андакеро, ки дорад, ҳифз кунад. Зимнан, помириҳоро дар замони Шӯравӣҳам дар Душанбе помирӣ ном мебурданд. Ин нишон медиҳад, мо то ҳол аз нигоҳи минтақавӣ сахт ҷудоем аз ҳамдигар. Вилоятҳо дар инзивоъ қарор доранд ва ҳар кадомаш дар деги худ меҷӯшад. Аз тарафи дигар, баъди ҳодисаҳои соли 2012 ин як навъи ҳимоят аст. Ва фикр намекунам, ки ин кори мудҳише бошад. Помириҳои Тоҷикистон, дар ҳар сурат,  хоҳиши ҷудошавӣ надоранд. Ҷудоиталабӣ дар хуни мо нест. Мо Ватани худро дӯст медорем.“

Як хулосаи асосии аҳли ин баҳс ин аст, ки решаи чунин ҳувиятҷӯиҳо дар мҳаллгароист, ки дар тӯли даҳсолаҳо ҳамчун як мониаи бузург дар роҳи рушди миллии мардуми тоҷик ва ташаккули худшиносиаш  боқӣ мондааст ва ба таъбири яке аз корбарон,  сӯҳбатҳои Сабрина, ин духтари дар воқеъ хеле зебоӣ шуғнонӣ низ аз ҳамин дарду аламҳо сарчашма мегирад.

Дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон тақрибан 200 000 нафар ба сар мебаранд. Дар ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз мардумаш ба забони тоҷикӣ такаллум мекунанд ва дар Мурғоб аксар қирғизҳол ба сар мебаранд. Аммо дар навоҳии дигари Бадахшон умдатан пайравони равияи исмоилии мазҳаби шиа ба сар бурда, ба чандин забони марбут ба забонҳои қадимаи Эрони шарқӣҳарф мезананд.

Аз забонҳои умдаи помирӣ шуғнонӣ, рӯшонӣ, хуфӣ, бартангӣ, рошорвӣ ва сарикӯлӣ ба гурӯҳи забонҳои шуғнониву рӯшонӣ ва забонҳои ишкошимӣ, вахонӣ, мунҷонӣ ба гурӯҳи забонҳои Помири ҷанубӣ ва забонҳои язғуломӣ ва ванҷии қадим, ки ахирӣ батадриҷҷояшро ба тоҷикӣ медиҳад, ба гурӯҳи забонҳои Помири шимолӣ шомил мешаванд. Ба далели чунин тнаввӯъи забонӣ Бадахшон ба мисли Доғистони Русия як хазинаи зиндаи забонҳо ном бурда мешавад.

Аммо ин забонҳо асосан дар муҳити хонавода ва кӯча корбурд мешаванд ва забони расмии коргузорӣ ва забони матбуот дар Бадахшон забони тоҷикист.

 “Les origines de la beauté” (“Национальные истоки красоты” – “Сарчашмаҳои миллии зебоӣ”) озмуни байналмилалиест, ки дар он духтарони зебо аз ақвоми гуногун дар бораи мардуми худ  ва анъанаҳои миллияшон қисса мекунанд. Дафтари марказии ин озмун дар Пориси Фаронса буда, мубтакиронаш мегӯянд, ҳадафи ин тарҳ тавассути намоиши ҳусни занон ба маърази намоиш гузоштани зебоии миллатҳои гуногуни сайёра аст.

То кунун дар чорчӯби ин тарҳ даҳҳо духтар ба намояндагӣ аз миллатҳои зиёди сокини қораҳои Африқову Осиё ва Аврупову Амрико, аз ҷумла  як духтари узбек, як нафар аз тоторҳои Қрим, як рус, як лазгин, як тотор, як яҳудӣ, як духтар аз Тунис ва амсоли ин зебоии худу мардуми худро ба намоиш гузоштаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi