13:01:25 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Дар Тоҷикистон фоҳишаҳову беморони ҷинсиро "рӯйхат" мекунанд

Вазири умури дохила амр додааст, то тамоми афродеро ки бо ҷиноятҳои ахлоқӣ, ба мисли танфурӯшиву даллагӣ дастгир мешаванд, ва ҳам афроди гирифтор ба бемориҳои ҷинсиро рӯйхат кунанд.

vaziri-umuri-dokhila-125489Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд "рӯйхати сиёҳ"-и тамоми афродеро ки бо ҷурми даст доштан дар ҷиноятҳои ахлоқӣ, ба мисли танфурӯшӣ, даллагӣ, қочоқи занону духтарон ва амсоли ин ба даст меафтанд, таҳия кунанд. "Рӯйхати сиёҳ"-и вазорати умури дохила, бо амри вазир, бояд ҳамчунин тамоми нафарони гирифтор ба бемориҳои ҷинсиро дар бар бигирад. Ҳамин тавр, пешниҳод шудааст, ки бо иловаи тағйирот ба Кодекси оила, домодҳову арӯсҳо дар оянда қабл аз издивоҷ муваззаф карда шаванд, то тавассути пулис саломатии ҳамсарони ояндаи худро тафтиш кунанд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар як ҷаласаи фаврӣ аз афзоиши ҷиноятҳои ахлоқӣ, ба мисли танфурӯшӣ, фоҳишагарӣ, даллагӣ, занҷаллобӣ ва фасодхонаҳо изҳори нигаронӣ карда ва ба раҳбарони шӯъбаи ахлоқи раёсати ҷустуҷӯи ҷиноӣ ва шӯъбаи мубориза бо қочоқи инсони раёсати зидди ҷиноятҳои созмонёфтаи вазоратро танбеҳи қатъӣ додааст.

Маҳбуба Гулова, масъули сомонаи вазорати умури дохила рӯзи 5-уми июн ба мо гуфт, ки дар ҷаласаи фаврӣ Рамазон Раҳимзода дар баробари ҷиноятҳои ахлоқӣ аз мавридҳои хариду фурӯши одамон бо мақсади истисмори шаҳвонӣ изҳори нигаронӣ намуда, зикр кардааст, ки минбаъд тамоми шахсоне, ки бо ҷиноятҳои ахлоқӣ дастгир карда мешаванд, дар қайди махсуси вазорати корҳои дохилӣ, ҳамзамон ба тариқи электронӣ бо расмҳояшон дар қайд гузошта мешаванд.

Вазири корҳои дохилӣ аз зиёд шудани ҷиноятҳои ахлоқӣ дар ҷомеа изҳори ташвиш намуда, аз сардорони раёсату шӯъбаҳои дахлдор ва кормандони масъули мубориза бар зидди чунин ҷиноятҳо, талаб кард, ки мубориза дар ин роҳ таҳким бахшида шавад.

Ҳамчунин вазири корҳои дохилӣ дастур додааст, ки шахсоне бо ҷиноятҳои ахлоқӣ ва кирдорҳои бадахлоқона дастгир карда мешаванд, барои муайян намудани касалиҳои ВИЧ-СПИД, оташак (сифилис), сӯзок (гонорея) ва бемориҳои ноаён, ки ба воситаи алоқаи ҷинсӣ мегузаранд, аз муоинаи тиббӣ гузаронида шаванд. Ин манбаъ афзуд изи ангуштони ингуна ашхос гирифта шуда, дар қайди махсуси вазорати корҳои дохилӣ гузошта шаванд.

Ғайр аз ин, вазири корҳои дохилӣ супориш додааст, ки дар ҳамаи ноҳияҳо бо мақсади пешгирӣ, ошкор ва муайян намудани шахсоне, ки ба фоҳишагӣ, даллагӣ, занҷаллобӣ, хариду фурӯши одамон бо мақсади истисмори шаҳвонӣ, ташкил ва нигоҳдории фасодхонаҳо даст мезананд, рейдҳои махсус ташкил ва гузаронида шавад.

Рамазон Раҳимзода ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки «барои дар оянда мустаҳкам намудани оилаҳои ҷавон, интихоби тарзи ҳаёти солим, пешгирии вайроншавӣ ва ҷудошавии оилаҳо ба Кодекси оилаи Тоҷикистон тағйироту илова ворид карда шавад, то ки шаҳрвандон пеш аз оила барпо намудан, ба вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат намуда, ҳамсари ояндаи худро аз санҷиш гузаронанд.»

Боздошти як "Мама Роза"-и тоҷик дар Гурҷистон

Мақомоти Гурҷистон аз боздошти як зани тоҷик бо иттиҳоми қочоқи занон хабар додааст. Зарина А. ба он айбдор мешавад, ки як ҳамватани худро ба Гурҷистон оварда, ба танфурӯшӣ маҷбур кардааст.

Вазорати умури дохилаи Гурҷистон рӯзи 4 июн хабар дод, ки дар натиҷаи як амалиёти фавриву тафтишотӣ дар шаҳри Батумӣ, маркази маъмурии Ҷумҳурии мухтори Оҷористон, як шаҳрванди 40-солаи Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи занон дастгир шудааст. Аз ин зан дар хабари вазорат танҳо Зарина А. ном бурдаанд.

Дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Гурҷистон гуфтааст, “тафтишот маълум кард, ки Зарина А. Баргигул Р., соли таваллудаш 1988-ро рӯзи 7 декабри соли 2012 аз Тоҷикистон овардааст. Зарина А. шиносномаи Баргигулро гирифта, ҳаракати ӯро маҳдуд кардааст ва бо шантажу таҳдиди зӯроварии ҷисмонӣ вайро ба танфурӯшҷӣҷалб кардааст ва дар тӯли як сол пулҳои коркардаашро ғайриғқонунӣ аз худ мекард.”

Хабаргузории “Нюс”Ҷорҷия” – ношири ин хабар мегӯяд, ки Зарина А. аз тарафи маъмурони шӯъбаи мубориза бо қочоқ ва муҳоҷирати ғайриқонунии департаменти пулиси Оҷористон дастгир шудааст. Тафтиши парвандаи Зарина А. бар асоси қисми якуми моддаи 143-юми Кодкси ҷиноии Гурҷистон (қочоқи инсон бо роҳи барои саломатӣ ва ҳаёт хатарнок ваё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ) идома доштааст.

Райҳонро кӣ кушт?

Зоҳиран Гурҷистон, ин кишвари  воқеъ дар қалби Қафқоз,  бахусус бандарҳояш дар соҳили баҳри Сиёҳ, ба мисли Батумӣ, ба як бозори занони танфурӯш аз Осиёи Марказӣ табдил меёбанд. Моҳи августи соли 2013 мақомоти Гурҷистон Наргиз Раҳмонова ном шаҳрванди 30-солаи Узбакистонро ба таъсиси шабакаи қочоқбаре айбдор карданд, ки ба гуфтаи пулиси Батумӣ, дар қочоқи дастикам 4 мавриди қочоқ ва дар меҳмонхонаҳо ва клубҳои шабонаи ин шаҳри бандарии Гурҷистон ба танфурӯшӣ маҷбур кардани занону духтарони узбак даст дорад. Яке аз ин духтарон бо номи Райҳон К. баъди чанде дар Батумӣ кушта шуд ва ин куштор шабакаи ташкилдодаи Наргиз Раҳмоноваро рӯи об баровард.

Аммо боздошти Зарина А. нахустин мавриди гузоришшудаи боздошти як тоҷик бо иттиҳоми ҷалби духтарони тоҷик ба танфурӯшӣ дар Гурҷистон аст. То кунун бештар дар бораи қочоқи занону духтарони тоҷик ба кишварҳои арабӣ, ба хусус ба Имороти муттаҳидаи Араб, ва ҳам ба Туркияву Эрону Афғонистон  гузоришҳо ба даст мерасид.

Аз паси муҳоҷирон ба Русия

Сели муҳоҷирати тоҷикон ба Русия дар ин кишвар низ як ба истилоҳ “секс-индустрия”-ро ба вуҷуд овардааст. Дар аксари шаҳру вилоятҳои Русия, ки тоҷикон ва муҳоҷирон аз кишварҳои дигари Осиёи Марказиву Қафқоз кору зиндагӣ мекунанд, шабакаҳои муназзаме ҳам амал мекунанд, ки ба таъмини талаботи шаҳвонии ин мардум аз ҳисоби қочоқ ва ба танфурӯшӣҷалб ё маҷбур кардани занону духтарон аз ин ду минтақа, аз ҷумла аз Тоҷикистон, машғуланд.

Дар тобистони соли 2013 маъмурони пулис дар як манзил дар кӯчаи Ярослав Ҳашеки шаҳри Санкт- Петербург 4 зан, бо шумули як тоҷикро дастгир карданд, ки ба гуфтаи мақомот, машғули танфурӯшӣ будаанд. Дар соли 2009 аз як меҳмонхона дар шаҳри Алма-Ато Қазоқистон 17 зану духтар аз Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон дастгир шуданд. Мақомоти қазоқ гуфтанд, ки меҳмонхонаи маҳаллии "Жибек Жоли" амалан фоҳишахона буд ва ин занону духтарон дар инҷо танфурӯшӣ мекарданд.

Ҳамин тавр, дар сомонаҳои «гарм»-и сегменти русии Интернет метавонад осонӣ шабакаҳои танфурӯшиеро пайдо кард, ки худро маъмулан чун «салони массаж», «сауна», ё «хадамоти эскорт» муаррифӣ мекунанд ва ба муштариёнашон танфурӯшони тоҷик ё аз Тоҷикистонро низ зиёд пешниҳод мекунанд. Ҳамин тавр, дар Интернет наворҳои зиёди равобити ҷинсӣ нашр шудааст, ки «секс а таджичкой» ё мисли ин номгузорӣ шудаанд.

Духтарони тоҷик дар боғи Бобул

Дар ин авохир дар бораи афзудани шумори духтарони танфурӯш аз Тоҷикистон дар манотиқи мухталифи Афғонистон, аз ҷумла дар пойтахташ, шаҳри Кобул, низ гузоришҳо мерасанд. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки танфурӯшони тоҷик боғи Бобул дар Кобулро макони ҷустуҷӯи муштариёнашон қарор додаанд.

Бино ба гузориши хабаргузории “Озодагон”, дар моҳи апрели соли равон  як рӯҳонии афғон бо номи  Мавлавӣ Азизуллоҳ Муфлиҳ дар мавъизае бо ишора ба фасоди идорӣ дар мақомоти Афғонистон гуфт, “аз ироаи хадамоте, ки аз тариқи дӯшизаҳои Тоҷикистон дар боғи Бобул сурат мегирад, бехабар нестем. Кӯча-кӯчаҳои моро солунҳои рақс, фасодхонаҳои расмӣ фаро гирифтааст. Давлати бузургвори муҳтарам, вазорати иттилооту фарҳанг куҷо дар хоб ҳастӣ, чаро дар хоб ҳастӣ?”

Ин рӯҳонӣ ҳамчунин гуфтаааст, дар салонҳое, ки ба номи салонҳои арӯсӣ сабт шудаанд, бароҳат шароб менӯшанд ва дааст ба зино мезананд. Аз ҷумла бо занону духтароне ки махсус бо нияти ҷалби онҳо ба танфурӯшӣ аз Тоҷикистон овардаанд.

Чанд омор

Масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки дар соли гузашта 679 мавриди қочоқи инсон сабт шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 155 нафар бештар аст. Аз ин шумор дар 72 маврид занону духтарон аз Тоҷикистон қочоқ шуда, асосан бо роҳи фиреб ба хориҷи кишвар бурда шудаанд. Масъулон омили асосӣ дар ин амрро ба  сатҳи пасти огоҳӣ ва ҳуқуқиву маърифатии занону духтарон рабт медиҳанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi