11:36:16 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Он сӯи пули дониш диёри орзуи тоҷикон аст

Ё интиқоде чанд дар ҳошияи дастурҳои Маркази Миллии Тестӣ

"Яке аз вазифаҳои асосие, ки дар назди мо қарор дорад, ин эҳёи мақоми тоҷикон ҳамчун миллати огоҳ ва мардуми босавод мебошад,ки ин иқдом фақат тавассути низоми муосири маориф имконпазир аст"

Э.Раҳмон

markazi-testi 1111

Он қуввае, ки байни ҳаёту илм пули мустаҳкамеро бунёд месозад, тараққиёту пешрафти техника ва истеҳсолот ба шумор меравад. Дар назди ҷавонони оянда вазифаи ба мамлакати индустриалию аграрӣ табдил додани Тоҷикистон истодааст. Кӣ медонад, шояд (ва бояд) онҳо дар қатори қубурҳои обу газу нефтгузарон қубурҳои ширу ангиштгузарон низ созанду кишоварзии куҳӣ (горное земледелие)-ро ба авҷи аъло расонанд ва техникаи лозимаи навтаринро худашон ихтироъ ва истеҳсол кунанд.

Асрҳои гузаштаро таърихнигорон асри биринҷӣ, сангӣ, оҳанӣ номида буданд. Асри мо на танҳо асри технологияву информатика, балки асри санъати синтези маводҳои синтетикӣ низ ҳаст ва ҷавононро лозим аст маводҳо (пластмассаҳо)-и аз оҳан сахттару аз шиша шаффофтар, бетону керамика ва нимноқилҳои дорои хосиятҳои навтарин ба даст оваранд, эҳтиёҷоти энергетикӣ, озуқавӣ, минералӣ (маъданӣ) -и мамлакатро қонеъ гардонанд ва ғайраву ҳоказо.

Барои ин мақсадҳои наҷиб расидан, ("аз пули илм" гузашта ба диёри орзуҳо расидан) мутахассис лозим. Мутахассисе, ки ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣҷавобгӯ бошад, инчунин соҳиби тафаккури созанда, одамияти баланд, ҷаҳонбинии илмии васеъ бошад. Агар образнок карда гӯем, мо тоҷикон имрӯз дар саргаҳи "пули илм" Маркази Миллӣ Тестие (ММТ) сохтем, ки бояд ба болоравии дониш ва интихоби истеъдодҳои ҷавон мусоидат намояд.

Аз рӯзи таъсисёбии ин муассисаи давлатии бонуфуз панҷ сол сипарӣ шуду имсол он ба иҷрои вазифаи ҷонии худ - қабули довталабон тавассути низоми нав оғоз менамояд. Аз ин хотир дастраси оммаи васеи хонандагон гардидани дастурҳои методию иттилоотӣ, аз қабили "Роҳнамои довталаб", "Барнома ва модули омӯзиши низоми ИМД ба МТОК-и ҶТ" ва "Намунаи саволу масъалаҳои тест дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ", ки мутахассисони ин марказ тайёр намудаанд, амри воқеист.

Барои дар амал татбиқ намудани принсипҳои кори ММТ мутахассисони муассиса, хушбахтона, кӯшиши зиёде ба харҷ дода истодаанд. Хуб аст, ки аз мутолиаи дастурҳои дар боло номбаршуда хонандагон-чи довталабону волидон ва чи муаллимон аз ахбори лозимию актуалӣ бархурдор мешаванд ва воситаҳои ахбори омма низ дар ин кор саҳм мегиранд. Вале чӣ чиз аст, ки моро ба нигориши мақолаи мазкур водор кардааст?

Аз "таҷзияи ҳокимият" то "шахси ҷисмонӣ"

1. Аз таҳти назорати вазорати маориф ва илм ба таҳти назорати президент гузаштани ММТ масъулияти коршиносони ин муасссисаро боз ҳам баландтар мебардорад. Бо назардошти ин мутахассисонро мебояд пеш аз ба чоп омода кардани дастурҳои муҳими рӯз ба арзиши эстетикию этикии дастур, яклухтии мантиқи нигоришот, кутоҳбаёнӣ, ифшои на танҳо соддаву оммафаҳм, инчунин баёни бомантиқ, нигоришоти ба услуби илмӣ (адабиёти омузишӣ) мувофиқ гардонидашуда (ва ғ.)-и дастурҳо аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Мутолиаи аввали дастурҳо хулосаи зерро дар зеҳни хонандаи заккӣ тақвият мебахшад: -талаби бебаҳс ва бечуначаро дар таълифи чи дастуру китобҳо дониши кофӣ ва бенуқси муалллиф аз қонуният ва асосҳои коркарди илмию адабӣ (инчунин муҳаррири босалоҳият низ дар назар аст) ба шумор меравад.

Ба хотири исботи нуктаи мазкур ба саҳифаҳои дастурҳо назар мекунем. Он чи ки дар назари аввал ба чашм мерасад (дар аксар мавридҳо) такрори ноҷои ибораю калимаҳост, ки ҳусни матни саҳифаро дар маҷмуъ мекоҳонад (нигаред ба саҳ. 23, 24, 25, 26-и "Роҳнамои довталаб"). Ба ҷои такрори пай дар паи ибораҳои «Ин субтест», «саволу масъала иборат аст», «дар бар мегирад» мумкин буд, ки ахбори лозимиро дар як саҳифа ва дар як таблитса ҷойгир намоем. Аз ин амал  ҳусни нигориши дастур танҳо бурд мекарду халос. Ё дар саҳ.13-и ҳамин дастур:"Ин саволномаю пурсишҳо барои дуруст интихоб кардан ва донистани касби ояндаи хонандагон ёрӣ расонида , касбҳои дигари навро низ нишон медиҳанд." Ҳамон ҷо дар сатри поёнӣ: "Маводи мазкур интихоби мушаххас ва донистани касби ояндаи хонандагонро нишон дода, вариантҳои нави касбҳоро нишон медиҳад".

Ба ҳамин монанд ноҷуриҳои маъногии байни ҷумлаҳо ва такрор гуфтаҳои Чехови бузург -"кӯтоҳбаёнӣ хоҳари истеъдод"-ро пеши назар меорад. (Якеро сад магӯ, садро яке гӯ) Чизи дигар ибора ва ҷумласозиҳои бебарори муаллифон аст ки зуд ба чашм расида меистанд. Масалан дар ҳамин дастур, саҳ.26: "Имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳоратро шахсоне месупоранд ки...барои дохил шудан ба ин ихтисосҳо омодагии эҷодӣ ва маҳорат барои онҳо ҳатмӣ мебошад" Тавре аён аст  дар ин ҷо мантиқ халал ёфтааст. Дар саҳ.32: "Эълон ва нашри натиҷаи имтиҳонҳо". Чунин унвон гирифтани сарлавҳа шояд қобили қабул набошад, чаро ки дар матни овардашуда аз боби расонидани ахбори лозимӣ аз натиҷаи имтиҳонҳо ба довталабон  тавассути хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ,  кабинети инфиродӣ ва ахбори кутоҳ-паёмак (SMS) сухан меравад, на аз нашр...." дар варақаи ҷавобҳо танҳо як саволи дурустро, ба фикри худатон ишора намоед/нависед", "Ҷавобҳоро дуруст ва аз руи дастури иҷрои  тест вобаста ба пурсиши ҳар саволу масъала  ишора кунед/нависед." (саҳ.11."намунаи саволу масъалаҳо..") Ҷумлаи аввал метавонад довталабро ба иштибоҳ орад, зеро дар варианти ҷавобҳо танҳо як ҷавоби дуруст оварда шудааст, на якчанд ҷавоби дуруст. Манзури муаллиф ин ҷо "Ҷавоби дурустро интихоб карда онро ишора намоед"-гуфтан аст. Ҷумлаи дуюм такрори маънии дар боло овардашуда аст.

Мутаасифона, чунин матнҳо бо хатоҳои ҷойдошта якбора дар ду дастур ҷой дода шудаанд. Дар саҳ.38 ("Барнома ва модули омӯзиши низоми ИМД ба МТОК-и ҶТ") навишта шудааст: "Қисми асосии савол (матни савол ё масъала бе варианти ҷавобҳо дар назар аст-С.Р.) вобаста ба вақти иҷро (шояд новобаста аз вақти иҷро?-С.Р.), бояд фаҳмо, ба ҳадди имкон кӯтоҳ (одатан ҷумлаи иборат аз 7-8 калима) ва дорои сохтори синтаксисии содда бошад." "Дар матни масъала духурагӣ ё номуайянӣ набояд бошад" Чунин шартро метавон назди дигар муаллифон низ гузошт. Дар саҳифаи аввали "Намунаи саволу масъалаҳои тест дар ИМД" чунин омадааст: "Ёрии амалӣ ба довталабон барои омодагӣ ба ИМД ба МТОК-и ҶТ". Дар саҳифаи навбатӣ бошад таъкиди хурсандибахше барои довталабон оварда шудааст: "Аз рӯи дастури иҷрои тест ва намунаи саволу масъалаҳо хонандагон ва довталабон бо навъи саволу масъалаҳо ва тартиби иҷрои тест шинос мешаванд." Азбаски "ёрии амалӣ ба довталаб" бо овардани ахбори лозимӣ аз боби тартибу низоми ИМД, овардани 1-2 варианти саволу масъалаҳои тестӣ ва маслиҳатҳои алоҳида  маҳдуд намегардад, хонанда ё довталаб метавонад баъди мутолиаи ибораҳои "дастури иҷрои тест", "ёрии амалӣ ба довталаб" ба чизи дигар низ умед бандад. Масалан дар дастур ҷойгир намудани варианти саволу масъалаҳои тестӣ бо нишон додани роҳу равиши ҳалли масъалаҳо, ки дар кишварҳои дигар ба ҳукми анъана даромадааст. Матни дар "Дастури иҷрои тест" дар саҳ.11, 40 овардашуда на тарзи иҷрои (ҳалли масъалаҳо) тест, балки тартиби дар варақаи ҷавобҳо қайд кардани  ҷавоби дуруст аст. Чунин систематизатсия (ё рубрикатсия?) қобили қабул нест. Ё дар саҳ.40 ("Барнома ва модули омӯзиши низоми ИМД") омадааст: "Мавзуъ:Тарзи иҷрои саволу масъалаҳои тест" ва дар зер манзур чунин шарҳ дода шудааст: "Ҷавоби дуруст интихоб ва дар варақаи ҷавобҳо ишора мешавад". Болотар аз ин ҷумла шарҳи дигаре ҳаст: "ҳар саволу масъалаи тест вобаста ба навъи он  мувофиқи дастур иҷро карда мешавад". Баъди мутолиаи ин гуна матнҳо хонанда худро дар пуштае тасаввур мекунад ки он ҷо баъди борон занбуруғҳо (занбуруғҳои хатоҳои услубию мантиқӣ) ҳар ҷо-ҳар ҷо сар боло кардаанд. Магар тартиби иҷрои тест ва тартиби пур кардани варақаи ҷавоб як чизанд?

Акнун мегузарем ба сифати матнҳои саволу масъалаҳои тест. Саҳ.38: "Мафҳуми шахси ҷисмонӣ (воқеӣ)-ро муайян намоед." Калка аз забони русӣ...Албатта хонандаи заккӣ "шахси воқеӣ"-ро қабул дорад на "шахси ҷисмонӣ". Вақте мо калимаҳои бегонаро ба забони худ ҳарф ба ҳарф тарҷума (калка) мекунем ин маънии таъзими ғуломона назди забони бегонаро дорад. Яъне мо на бо забони худ хуш (тавон)-и андеша карданро дорему на қудрати шарҳи калимаи бегонаро. (Ни рыба ни мясо-ибораи русӣ). Ин хоси шахсиятҳои мобайнӣ (маргиналӣ)-ист, ки ба қавли мардум (бо маънои маҷозиаш) "аз ин мондаву аз он ронда шудаанд". Дар ҷои дигар ба ҳамин монанд (саҳ.56): "таҷзияи ҳокимият (разделение власти-С.Р.) -аломати давлати ҳуқуқбунёд"-ро мехонем, ки касро ба андеша набурда наметавонад. Охир таҷзия маънои вайрон шуданро (масалан вайрон шудани ҷасад-разложение трупа) дорад ва тақсимот тамоман чизи дигар аст ва истифодаи "тақсимоти ҳокимият" ба мақсад мувофиқтар аст. "Намакҳои аммонийро бо кадом реактив мешиносанд?" Ҷавоб-ишқорҳо. Ин ҷо беэътиноии муаллиф нисбати истилоҳоти кимиё (реаксияи сифатӣ, реактив) зуҳур кардааст. Реактиве, ки мавҷудияти моддаи мушаххаси кимиёвӣ тавассути таъсири он ва нишонаҳои зуҳуршуда муайян карда мешавад, яктост.

Чи дар барномаи мактаби миёна ва чи дар программаи муассисаи таълимии олӣ "шинохт"-и намакҳои аммонийро ба хориҷшавии аммиак (аз бӯи он, ки ба бӯи спирти навшодир шабоҳат дорад) нисбат медиҳанд "Дар формулаи .......гибридшавиро  бо тартиби муайян нависед". Ин ҷо мантиқ халалдор шудааст, зеро манзури муаллиф  интихоби варианти дурусти ҷавоб аст, ки дар он тартиби дурусти гибридшавӣ нишон дода шудааст."Суммаи коефисентҳои реаксияи сӯзиши алюминий дар муҳити оксиген ба чанд баробар аст?" Реаксия маънои мубаддалшавиро дорад, коефиссентҳо бошанд, на дар реаксия, балки дар муодилаи реаксия гузошта мешаванд. (аз субтести химия), "Муайян намудани арзёбии дараҷа ва сифати дониши..." (саҳ.13. "Модули омӯзиши ..),"Имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳоратро шахсоне месупоранд ки....барои дохил шудан ба ин ихтисосҳо..." (саҳ.26 "Роҳнамо..) (ва ба ин монанд) ҷумлаҳое мебошанд, ки аз костагии маъноию услубӣ орӣ нестанд ва чунин норасогиҳо бешубҳа ба арзиши этикию эстетикии дастур бетаъсир намонда салоҳияти муаллифонро нисбати коркарди адабӣ ва илмии дастур зери шубҳа қарор медиҳанд.

Бешубҳа, бо вуҷуди ҳамаи ин дастурҳои номбурда аҳамияти амалӣ доранд, вале самаранокии реалии ин дастурҳоро (аз рӯи инсоф агар гуем) то кадом дараҷа дар амал татбиқ шудани масъалаҳои дар онҳо дарҷшуда муайян мекунад. Кам нестанд дастуру адабиётҳое, ки ҳарчанд дар саҳифаи аввали он "Вазорати маориф....", "Ҳайати мушовараи Вазорати маориф..."-ро хонем ҳам хатогиҳо дар баъзе саҳфаҳои онҳо дида мешаванд. Манзури мо ҳамчун хонанда, омӯзгор он аст, ки дар таълифи дастурҳо ба усул ва методҳои дар амалсанҷидашудаи нигоришҳои илмию методӣ ва мукаммалгардонии онҳо, мантиқ ва маданияти нутқи хаттӣ, услуб ва имкониятҳои истифодаи воситаҳои баёни забони тоҷикӣ (ва ғ.) аҳамияти махсус зоҳир карда шавад.

2. Секунҷаи сифат, санҷиш ва тест ё сабақи турку русҳо

"Шумо як себ ва ман ҳам як себ дорам. Агар мо себҳоямонро ба якдигар бахшем, пас дар дасти ҳар яки мо яктогӣ себ боқӣ мемонад. Агар Шумо як идея ва ман ҳам як идея дошта бошаму  мо идеяҳоямонро ба якдигар тӯҳфа кунем, пас дар натиҷа ҳар яки мо соҳиби ду идея мешавем"

Бернард Шоу

Ғараз аз овардани гуфтаҳои драмнависи ҷаҳонӣ ба ибрози назар, идеяҳо даъват кардани муаллимон аст. Маркази Миллии Тестиро ҳамчун маркази миллии идеяҳои тоҷикӣ ва пешқадам донистан аз як тараф ва ибрози назари  мутахассисону муаллимон, волидон нисбати намунаҳои масъалаҳои тестӣ низ аз тарафи дигар мубодила идеяҳои мухталифро мемонад, ки аз манфиат холӣ нест. Чаро? Шубҳае нест, ки ба ин муассисаи бонуфуз беҳтарини беҳтаринҳо ба кор ҷалб карда мешаванд, бо вуҷуди ин "ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад"-гуфтани мардуми мо беҳуда нест. Ҳамчун муаллиме, ки таҷрибаи муайяни корӣ дорад, андешаҳоямро перомуни тести кимиё иброз карданиам. Мақсади санҷиши тестӣ  ва талаботи асосӣ нисбати он тавсиф (характеристика)-и миқдорӣ ва сифатии дониш, малака ва маҳорати довталаб ба ҳисоб меравад. Сифати дониш гуфта, бешубҳа, мо дараҷаи дурустии ахбори илмии ба дастовардашуда (дониш), системанокии он, мушаххасият, мустаҳкамии дониш ва ғайраро дар назар дорем.

markazi-testi 222222Дониши химиявии базавии довталаб бояд чиро дар бар гирад? Донистани мафҳумҳо ва қонуниятҳои асосӣ, назарияҳои химиявӣ, забони кимиё, дониши кофӣ дар бораи моддаҳо, унсурҳо (элементҳо)-и химиявӣ, малака ва маҳорати ҳалли масъалаҳо, малакаҳои эксперименталӣ (озмоишӣ), малакаи ифшои назар (маданияти нутқ) ва ғайра. Мусаллам аст аз байни довталабон беҳтаринҳо интихоб мешаванд. Беҳтаринҳо (истеъдодҳо) кистанд? Ҳамонҳоеанд, ки зеҳни тез доранд, яъне онҳое, ки принсип ва усулҳои ба даст овардани донишро омӯхтаанд, хоҳиши духтур, муҳандис-кимиёгар, муаллими кимиё, кимиёгар-технолог шуданро доранд, аз программаи мактаби миёна ба андозае бештар омухтаанд ва малакаи истифодаи дониши кимиявиро дар амалия доранд.

Ҳамаи ин шарҳҳоро мо ба он хотир овардем, ки хонанда то кадом дараҷа ба талаботи рӯз ҷавобгӯ будани намунаи тести химияро дар замина (фон)-и гуфтаҳои боло ҳис намояд. Дар дастур ду намунаи тест оварда шудааст, ки онро, бешубҳа, мутахассиси варзида омода намудааст. Намунаҳоро довталабагону муаллимон ҳамчун "стандарт" қабул намуда ҳангоми тайёрӣ ба он такя мекунанд, зеро аз рӯи талаботҳои консепсияи миллии тестӣ ва дар асоси сарчашмаҳои боэътимод, асарҳои илмӣ ва китобҳои дарсӣ, инчунин барномаҳои амалкунандаи таълимӣ тартиб дода шудааст.

Набояд фаромӯш кард, ки тест зинаи баландтарини санҷиш, воситаи арзёбии донишу малака дар сатҳи давлатӣ, ҳисобот аз кори ба иҷро расонидаи мактаб, муайянкунии сатҳи амалӣ шудани ҳуқуқи хонанда ба таҳсил (толибилм ҳуқуқи соҳиб шудан ба таълиму тарбияи босифатро дорад) мебошад. Аз ин рӯ сифати тест аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Бо вуҷуди бартариҳо (имконияти ба тезӣ ба даст овардани маълумоти лозимӣ оиди дониш, малака ва маҳорат), оё тест имконияти пурраву васеи санҷиши малакаи ҷамъбасти донишҳои азбаркардашударо дорад? Шояд аз ин рӯ дар тест масъалаҳои дараҷаи 3-юми ҷамъбаст (ки азхудкунии системаҳои умумии мафҳумҳо дар қолаби идеяҳои пешқадам ва назарияҳоро дар назар дорад), масъалаҳои дараҷаи 4-ум (ки дараҷаи баланди ҷамъбасти дониши химиявӣ ва синтези дониши химиявиро дар асоси алоқамандии дохилипердметӣ ва алоқаи байни предметҳоро дар бар мегирад) ҷой дода нашудааст.

Ба андешаи банда, 25 супориши субтести химия (бо назардошти он ки тест тафтиши хотимавии донишу малака аст), бояд мавзуъҳои химияро ҳарчӣ бештар (дар сатҳи максимум) дар бар гирад. Илова ба ин саволҳо бояд тафаккури довталабро ба таҳрик оварда онро ба андеша водор кунад. Агар мақсад ба ибораи халқ "аз ғалбер гузаронидан"-и довталаб бошад, пас "сӯрохи"-ҳои ин "ғалбер" набояд ба дараҷае калон карда шавад  ки довталаб аз он ба осонӣ "гузарад".

Мутаасифона, бисёр саволҳо чунон соддаанд, ки аз довталаб донистани дониши минималиро аз ин ё он мавзуъ талаб мекунанду халос. Масалан (Вар. 2) "Молекулаи 5-атомаро нишон ниҳед" (15), "Формулаи бутен, пропен, гексен ва пентенро (аз намунаи овардашуда) муайян кунед (20-мувофиқат), "Мувофиқати байни формула ва номи намакро нишон диҳед" (21-дар намуна ном ва формулаҳои намакҳо оварда шудааст), "Суммаи коефиссентҳои реаксияи сӯзиши алюминийро муайян кунед" (3) , "Як молекулаи бутан чанд атоми карбони дуюма дорад?" (9). Аз як тараф фаҳмидан мумкин ки ба имтиҳони тестӣ онҳое низ меоянд ки аз дарси муаллими мутахассис бархурдор набудаанд ва барои ба иззати нафси онҳо нарасидан ин гуна саволҳо лозиманд, (1-2-то) вале на ба ин миқдор ки оварда шудааст. Чаро?

Барои ҷавоб ба се супориши боло (15,20,21,) малакаи навиштани формулаи модда кифоя аст ва як мавзуъро дар бар мегирад: навиштани формула ва донистани номи он. (Ба болои ин супориши 20-21 навъи саволҳо бо муайян кардани мувофиқат аст ки ба онҳо нисбатан холи зиёдтар гузошта мешавад). Супориши 9 низ донистани формула (формулаи структури)-ро дар назар дорад. Бо ибораи образнок ин саволҳо хеле "харобанд". Пас саволи "фарбеҳ" чист? Саволест ки дар доираи як мавзуъ донистани чанд мафҳуми ба ин мавзуъ дахлдорро тақозо мекунад (бешубҳа дар доираи программаи мактаби миёна).

Масалан: "Таркиби минерали серпентин шартан чунин ифода мешавад-Mg3H4Si2O9. Ин формулаи минералро дар намуди пайвастшавии оксидҳо ифода намоед. (Дараҷаи мураккабии ин масъала -1аст, яъне саволи  муқаррарӣ). Акнун муқоиса кунед - "ин куҷову он куҷо". (Муаллиф ба хотири калон нашудани ҳаҷми мақола аз таҳлили чуқур худдорӣ мекунад). Бадии кор дар он аст ки хонандагон ин варианти тестҳоро таҳлил намуда ба хулосае омаданашон мумкин аст, ки "миёнро аз ҳафт ҷо бастан" ҳоҷат нест, аз "чор ҷо бандем кифоя".

Албатта солҳои пешин дар имтиҳони кимиё саволу масъалаҳои аз программа берунро ҷо медоданд, вале ин он маъноеро надорад, ки мо масъалаҳоро имруз аз ҳад зиёд содда кунем. Агар ин вариантҳои тести химия хуб бошад, пас онҳоро хубтар кардан мумкин буд. (бешубҳа дар доираи программаи мактабӣ) Бо кадом роҳҳо? Бо васеъ кардани доираи фарогирии бештари мавзуъҳо дар доираи 25 супориши тест. Ба вар.1 менигарем. Ин ҷо 12 супориш масъала аст. 4 масъала (дар маҷмуъ 6) шабеҳи якдигар буда (7-4-11-25) буда тартиб додани таносубро тақозо доранд (ҳисоби стехиометрӣ), ду масъалаи дигар низ (17-23). Танҳо фарқ ин ҷо дар он аст, ки дар асоси ҳисоби стехиометрӣ довталаб миқдори барзиёд, ҳаҷми ҳавои сарфшуда (ба ҷои оксиген)-ро ҳисоб мекунад.

Муаллимони кимиё хуб медонанд, ки бо вуҷуди дар таносуб истифода бурдани ченаки ҳаҷм, масса ё мол дараҷаи мураккабии масъала намеафзояд, яъне онҳо масъалаҳои дараҷаи 1-муқаррарианд. Дар маҷмуъ: стехиометрия-6, суръат-1, маҳлул-2, фоиз-1, муайян кардани нисбатҳои миқдорӣ-2 масъала. Тавре мебинем фарогирии мавзуъҳо хеле маҳдуд аст. Агар он мавзуъҳои аз барномаи мактаб берун мондаро ҳисоб кунем, руйхат калон мешавад. Хонанда набояд ба хулосае ояд ки дар маҷмӯъ субтести кимиё бад аст. Мо танҳо кушиши пешниҳоди роҳҳои беҳтар кардани онро (аз нуқтаи назари як муаллими қатории химия ва математикаи мактаби миёна) изҳор кардему халос. Аз худшиносии миллӣ масалан зиёд ҳарф мезанем.

Магар бад аст агар чунин саволро дар тест ҷой диҳем? "Куруш (Кир)-подшоҳи форс 2500 сол муқаддам ҳар ҷое ки сафар мекард, оби нушокиро дар зарфи нуқрагин бо худ мебурд. Чаро маҳз дар зарфи нуқрагин?" Ё малакаву маҳорати таҷрибавии довталабро бо саволҳои ба истеҳсолоти ба саноати химияи Тоҷикистон дахлдошта санҷидан магар бад аст? Ба назари банда саволҳои ғайристандартӣ, саволҳои тафаккури эҷодии довталабро бедоркунанда нисбатан кам аст.

Ба болои ин мутахассисони ММТ-ро зарур аст ки дар оянда таҳияи мукаммалтари тести химияро (на камтар аз 8-10 вариант) барои хонандагону довталабон бо нишон додани тарзу усулҳои ҳалли онҳо ба нақша бигиранд. Набояд фаромӯш кард, ки тавассути тест мо танҳо донишу малакаи нисбатан соддаи базавии довталабро месанҷему халос. Аз ин рӯ илоҷи кор дар он аст ки бо назардошти менталитети тоҷикӣ болои сифати супоришҳои тестӣ зиёдтар кор кунем.

Сафаралӣ Раҷабов, «Рӯзгор»

Бознашразҳафтаномаи «Рӯзгор» №19, 14 майисоли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi