08:07:59 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ашки модагург

Табиати дилрабо, бӯйи гуҳарбори алафу сабзаву гулҳои кӯҳӣ чун атриёти гуворо ба машом расида, садои форами мурғони даштӣ ва шилдирроси шаршараю обҳои чашмасор табиист, ки завқи ҳар инсонро ба тамошои табиати диёр дилгарм мекунад.

short-volk-454545Дар айёми баҳорон, бахусус завқи дили шикорчиён ба шикору шикоргоҳ зиёд мешавад. Ба қавли шоир Лиқои Дарвозӣ:

Наврӯз шуд азизон, фасли баҳор омад,

Мурғи дили маро ҳам завқи шикор омад.

Иттифоқан рӯзе дар ин айёми зебои табиат ҳамсояи Сабури Тит, мӯйсафеди ҳафтодсолаи асобадаст, Назришоҳ, меҳмони хонадони ӯ гашт ва баъди як пиёла чой аз Сабур, ки гоҳ-гоҳе ба шикор машғул буд ва бо сабаби дар суханрониаш зиёд ба забон овардани калимаи "тит" бо номи Сабури Тит дар деҳа маъруф буд, хоҳиш намуд, ки ба шикор барояд ва наберачаашро мисол овард, ки бемор будааст ва табибони мардумӣ ба ӯҷигари гургро тавсия кардаанд ва сабаби ташрифаш низ аз шикори гург иборат будааст.

Сабури Тит - ҷавонмарди қавиҳайкали 35-36 сола хоҳиши мӯйсафедро рад карданро ба худ раво надид. Рӯзи дигараш, пагоҳии барвақт ба пуштакӯҳи маъруф ба Заки Авдӣ равона гашт, то дергоҳ дар кӯҳу камар гашт, чанд кабгакеро сари тир кард, лекин аз гург осоре наёфт. Аз ин рӯ, қарор дод, ки амалиёти "бобо"-иро анҷом диҳад. Дар пастхамие наздики шохи баланд, канори ҷангалзори дарахтони анбӯҳи арча дами дандонадореро ҷой карда кабкеро паркан карда, ба дом ниҳод ва худ аз кӯҳ ба сӯи хона роҳ пеш гирифт…

Иттифоқ уфтод, ки он рӯз модагурги бӯри калон, ки барои аввалин бор ду бача зоида ва дар ғори наздике ҷой гирифта буд, баъди ламсу лесидани бачаҳои хурди ҳамагӣ чанд рӯз пеш таваллуднамудааш, пистонҳои худро ба даҳони гургбачаҳояш гузошт. Гургбаччаҳои нав чашмкушода, дар оғӯши модар баҳузур пистонҳои сершири модарро макида, аз шири ҷонбахши модар ҳузур мекарданд. Модагурги ҷавон, ки аввалин бор зоида буд, аз ин амали фарзандони худ ҳаловат мебурд.Онҳоро мелесиду мебӯид. Гоҳ-гоҳ бо ҳисси навозиш гардани якеро ва думи дигареро оҳиста мегазид ва аз садои винг-винги онҳо руҳи тозае мегирифт. Чашмонашро мепӯшид ва аз ин саодати худу бачаҳояш изҳори қаноатмандӣ менамуданд.

Модагурги ҷавон дам ба дам ба бачаҳои мисли худаш бӯррангу пахмоқмӯи худ назар андӯхта, бо тамоми ҳастӣ онҳоро навозиш мекард. Гоҳ-гоҳе гургбачаҳо гургӣ карда пистонҳои модагургро сахт мегазиданд ва дар ин ҳолат модагургро безобита сохта, ба як вингосу чашмони пурҷозибаи модар назар андӯхта, дарҳол хатогии худ ва дарди модарро ҳис карда, худро аз ин амал қафо мекашиданд ва ҷисми хурдакаки худро ба оғӯши модар меандохтанд. Модагург дар ин ҳолат тамоми сахтиҳои дарди пистонро аз хотир бароварда, гургбачаҳоро мебӯсиду мебӯид, кӯё ҳеҷ серие надошт…

Баъди чанде қарибиҳои бегоҳӣ вақте, ки гургбачаҳо бо шиками сер канори модар ором гирифтанд, модагург ба хаёл рафт.Ду рӯз боз луқмаеро ба даҳон нагирифтааст, сахт гурусна мондааст, илова бар ин шояд шираш хушк шавад он гоҳ бачаҳояш гушнаю ташна монанд. Бо ин фикр ва инсктинги қарзи модарӣ модагург ҷонҳавла аз ҷой хест.Гургбачаҳои масти хобро бӯида, оромона аз ғор бо умеди қутти лоямут ёфтан поин фуромад.

Дар ялангии теппа, қадре ором-ором нафас кашида, ба самои нилгун дида дӯхт ва манзараи атрофро бодиққат зери мушоҳидаи амиқ қарор дод. Ба ҳар як овоз, вазиши шамол, ҳаракату хазидани ҷонзодҳо диққат медод. Аз ҳавои тозаи баҳорӣ чуқур - чуқур нафас кашида, бо оҳистагӣ аз шох поён, канори ҷангалзори анбӯҳи арчазор поён мефаромад. Модагурги ҷавон ҳаворо бӯй кашида, бо чашмони тезбинаш тӯъмаи худро меҷуст.

Тахминан баъди 100-150 метр дар канораи ҷангал ӯ бӯи гушту хунро дар машомаш ҳис кард. Модагурги гушна аз ин бӯй маст шуд, чащмонашро хун гирифт аз он шод гашт, ки сайд дар наздикиҳост ва ба зуди тӯъмаи ӯ хоҳад гашт. Гӯшҳояш сих шуданд, ӯ оҳиста-оҳиста, эҳтиёткорона ба сӯи бӯйи "гуворо" пеш мерафт. Дар масофаи 5 - 6 метр дуртар аз тӯъма бозистод гирду атрофро аз назар гузаронид ва баъдан чун оромӣ ва душманеро дар гирду атроф надид, ба сӯи тӯъмаи худ, гӯшти паркандаи кабки даштӣ сарозер шуд ва бо ашкони сафед ва тези худ аз канораи он дошт. Бо муҷарради даҳон задан ба луқмаи худ ногаҳон дарди ҷонкоҳеро дар рони пойи чапи худ ҳис кард ва бе оне, ки луқмаро аз замин бардорад, худ якпаҳлӯ ба замин афтид.

Модагург дар талвоссаи ҷон шуд. Гумон кард, ки хасми баде ба ӯ ҳуҷум кардааст. Зуд аз ҷой хеста ба атроф назар кард, лекин ҳамоно дарди ҷонкоҳи пойи чап ӯро афтонд. Баъди ором гирифтан ба пойи чапаш назар дӯхт…

Доми "бобоӣ"-и шикорчӣ Сабури Тит кори худро карда буд, доми фӯлодин ва забончаҳои тези он рони пойи чапро каме болотар, аз ду тараф сахт зер карда, аз гӯшту пӯст гузашта, ба устухон даромада буданд. Хун фавора мезад. Модагург акнун аз зӯрии дард ба танг омада бо тамоми сӯзиши дил уллос мекашид, садои нолаи ҷонсӯзи модагург дар ин фасли баҳорон байни кӯҳҳо ва порасангу харсангҳои азим, шоху дараҳо бархӯрда, акси садо медод ва оромии табиати баҳориро дар ин мавзеи зебо ба якборагӣ халалдор месохт.

Модагург то дергоҳ афтону хезон, бо душмани хеш- "дом" дар мубориза буд. Домро мегазид, гоҳ меламсид, кӯшиш мекард, ки ин адӯи лаънатии худро аз пояш халос кунад. Лекин ҳаракатҳои модагург яқинан барабас мерафтанд. Бо ҳар як ҳаракату ҷасту хези ӯ забонакҳои дандонаи дом ҳамоно амиқтар, жарфтар ба устухони пойи гург медаромаданд.

Модагург, нолаю фиғонкунон соате чанд дар мубориза буд. Ин манзара, манзараи мубориза барои ҳаёт, барои ояндаи худ ва насли хеш буд. Ахиран, соате чанд баъд модагург аз хунравии зиёди пой аз ҳол рафт, дигар мадори уллоскашӣ, нолакунӣ надошт. Модагурги гушна оҳиста - оҳиста аз мадор мерафт. Пеши чашмонашро сиёҳӣ зер мекард. Ба замин хоб рафт. Акнун аз чашмони зираки модагург, ки аз дарду азоби чанд соата ва талошҳо барои ҳаёт, хело ғамнок ва хаста буданд, оҳиста-оҳиста ашк ҷорӣ мегашт.

Модагург ашк мерехт! Ашки модагург барои чӣ буд? Ашки ӯ аз зӯрии дард буд, ё гушнагӣ ва ё чизи дигар?

Яқинан ҳам ину ҳам он буд. Аммо фикр мекунам, бештар барои фарзандаконаш, ки ҳанӯз ба ӯ эҳтиёҷи сахт доштанд, буд.

Қарибиҳои соатҳои 2-и шаб модагург охирин нафасҳои умри худро кашида, ашк дар чашмон аз фироқи фарзандон, чашмони пуразоб ва пуралами худро барои абад пӯшид. Соате пас табиати зудтағйирёбандаи баҳорӣ дар он мавзеъ борони сахту бошиддате сар дод. Гӯё табиат низ барои фарзандони пурармони худ модагурги пуралам ва ятимони ӯ мегирист.

Қарибиҳои субҳ борон монд. Баъди чанде офтоб аз қафои қулла намоён гашт, гирду атрофро мунаввар кард.

Гургбачаҳо бегоҳӣ аз хоб бедор шуда, модарро паҳлӯи худ надиданд, лекин то хело вақт ором истоданд, зеро медонистанд, ки модар куҷое набошад, бо пистонҳои пуршир назди онҳо хоҳад омад, он гоҳ онҳо бо серӣ метавонанд, ки шикамчаҳои худро из шири модар пур карда, шабона бо хотири ҷамъ дар оғӯши гарму пурмеҳри модар хоб раванд.

Интизории онҳо тӯл кашид, акнун онҳо аз гушнагӣ ва тарс вингос мезаданд, лекин дар гирду атроф касе набуд, ки ба дарди онҳо расад.

Шабона овози раъду барқ, боду шамолу тундар онҳоро тарсонд, даруни ғор, ки хело сард буд, шабона гургбачаҳои ятимро қариб карахт ва беҷон намуда буд.

Пагоҳӣ баъди ба ғор расидани шӯълаҳои хуршеди баҳорӣ гургбачаҳои гушна барои аввалин бор аз ғор ба муҳити табиат баромаданд. Одатан чун анъана ва қонуни табиию биологӣ, баъди мӯҳлати муайян модагург барои аввалин бор сайёҳат бачаҳояшро берун, ба табиат мебарорад, лекин ин бахт на ҳама вақт насиби гургбачаҳо мешавад.

Баъди чанде гургбачаҳо беҷуръатона, афтону хезон аз шах ба ҷангалзор фуромаданд. Онҷо бо ҳамон ҳиссиёт ва инстинги гургона ба машоми онҳо бӯи гуворое расид, ки бӯи барояшон ошно - бӯйи модарашон, бӯи модагург буд!

Онҳо оҳиста ба сӯи он бӯй, наздик рафтанд. Модарашонро диданд. Чӣ қадар хушбахт буданд гургбачаҳо. Модарашон ин ҷо будааст, онҳоро тарк накардааст. Афтону хезон, вингоскунон ба обу лой ғӯтавар гашта ба назди модарашон, ки дом дар пой якпаҳлӯ хоб буд, расиданд. Модарро мебӯсиданду мебӯиданд. Баъди чанде дарди шикамҳои гуруснаи худро ҳис карда, ба пистонҳои модари беҷон ва дардкашида часпида, ба макидан шурӯъ карданд. Модагург, ки чизеро, тӯъмаеро ба даҳон набурда буд, пистонҳояш шир надоштанд. Гургбачаҳо бошад, баъди макидани пистони модар ҳеҷ не, ки сер шаванд ва сабаби ину сабаби онҳоро навозиш накардани модарро бо ақли тифлонаи худ ҳис намекарданд. Ба зудӣ онҳо бо рони модар, ки аз он ҷо то ҳанӯз хун мешорид, часпиданд ва ба макидану лесидани хуни пойи модар сар карданд. Бо ақли тифлонаи онҳо ин шири модар буд. Бо қаноатмандӣ шикамчаҳои худро аз "шири арғувонии модар" сер карданӣ мешуданд.

Дар ҳамин асно, шикорчӣ Сабури Тит ба назди доми гузоштааш наздик мешуд. Ӯ манзараи ҳузнангези лесидани хуни пойи модарро аз тарафи гургбачаҳои дар лой ғӯтида дида, ба ҳайрат омад. Ба замин нишаст. Гургбачаҳо наздик омадани суроби одамиро дида, лаҳзае фукчаҳои худро аз лесидани хуни модар дур намуда, бо фукчаҳо ва лабу даҳон ва сару рӯи пур аз хун лаҳзае ҳайрон-ҳайрон ба инсон назар андӯхта, боз оромона ба кори худ шурӯъ карданд.Аз ин манзараи ҳузнангез ва фоҷиавӣ дили Сабури Тит ба рикқат омад. Беихтиёр аз чашмонаш ашк ба шоридан сар кард.

Худро маломат мекард, ки чаро ба ин кор розӣ шуд ва доми сабилмондаро гузошт.Охир ин гургбачаҳо ҳам модар доранд, модагургро куштан аз қадим аз шунидаш гуноҳи азим аст. Манзараи мазлуми хунмакии гургбачаҳо бошад, ба хотираш ҳикояи рӯзноманигореро овард, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ модари тоҷик аз синааш тир хӯрда, тифли ширхорааш ба ҷои шир хун мехӯрдааст. Бо ин андеша ва муқоисаи ин фоҷиа, бо фоҷиаи даҳшатбори модару тифли тоҷик Сабури Тит дар ин мавзеъ дигар тоқат накарда, ҳунгосзанон ба гиря даромад. Гургбачаҳо баъди чанде аз садои ӯ хавотир гашта, назди модар ҷафстар шуда, ба амали ӯ бо диққат, маъюсона назар мекарданд. Бешубҳа онҳо низ бо ақли кӯдаконаи худ ҳис мекарданд, ки бадбахтие рӯй додааст, бас азим. Лекин чӣ бадбахтӣ онро ҳис намекарданд. Аниқтараш ақлашон намегирифт.

Баъди чанде Сабури Тит ором гирифта, аз ҷой хест ва ба сӯи модагург қадам зад. Даст ба дом зада, онро аз пойи модагург кушоданӣ шуд. Гургбачаҳо бошад ба ин кор розӣ нашуда, вингосзанон дум ҷумбонда, ба ӯ ҳуҷум карданӣ мешуданд. Бо азобе домро аз пойи гург ҷудо карда, доми бобоиро бо қаҳр ба қаъри дара ҳаво дод ва дар пастхамие ба гӯр кардани модагурги аламзада, ки чашмонаш кушода ва беҳаракат буданд, сар кард.

Яқинан модагург дар интизори рӯи фарзандон ҷон додаст, аз дил гузаронид шикорчӣ. Гургбачаҳо чун ба кори ӯ мароқ зоҳир карда диданд, ки модарашонро шикорчӣ ба чуқурӣ тела дода рӯяшро хокпӯш дорад, акнун далер гашта, ба ӯ дарафтоданӣ мешуданд, нолишкунон овози ғамолудеро аз худ сар медоданд. Сабури Тит бо як азобе аз гургбачаҳо ҷудо гашта, модагургро зери хок кард.

Баъди чанде ҳардуро гирифта, аз ин мавзеъ ба сӯи деҳа поён фуромад. Гургбачаҳо сари худро қафо гардонида, ба ҷои гӯронидаи модар назар карда нолиш мекарданд. Ин манзара низ ба хотири Сабури Тит ҳамон ҳикояи рӯзноманигори тоҷикро, ки чун тифлаки тоҷикро аз синаи тирхӯрдаи модари тоҷик ҷудо намуда, ба соҳили муқобили дарё гузарониданд ва ин тифлаки тирхӯрдаи гушна то субҳи содиқ, то дами баромадани ҷонаш ба ин сӯи соҳил бо дастаконаш гирякунон суи ҷисми тирхӯрда ва модари шаҳидгаштааш ишора доштааст ва ин тифлаки 1,5 сола модарро меҷустааст, ба ёд оварда, то деҳа расидан ғаму андӯҳаш даҳчанд афзуд.

Дар хонааш гургбачаҳоро муддати қариб як сол бо ширу гову буз ва хӯрока парвариш намуда, баъди чанде ба мавзеъи назди қабри модагург сар дод. Ба ҳамсояҳояш мӯйсафеди Назришоҳ бошад, иброз дошт, ки дарди набераашро дар дигар ҷо ҷӯё шавад.

Оре, дили модарӣ ва ашки модарӣ бузург аст ва бесабаб нест, ки аз қадим ба образи модагург ва модасаг насли инсонӣ диққати махсус медиҳанд.

Дар кӯҳистони тоҷик то имрӯз намози шом ба назди ҳавлӣ омадани модасаг ва нолиши ӯро фоли нек намедонанд.

То имрӯз модасаги намози шом дар назди ҳавлӣ пайдошавандаро касе намеронад ва ҳатман ба ӯ пораи нон ё гӯшт хоҳанд дод. Дағалона пеш кардани модасаг намози шом роиҷ нест ва инро убол медонанд, ки ин низ манша мегирад аз урфу одатҳои қадимаи мардуми ориёӣ ва фарҳанги баланди меҳру муҳаббати ӯ ба ҳар як атои худовандӣ.

Варқа Зайниддин, узви ИЖ ҶТ, барои "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №14, 09 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi