19:57:31 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Шаҳритус: Ранҷ барӣ ганҷ меёбӣ

Ҳафтае қабл сафари ноҳияи Шаҳритус доштам. Аз сафар тассуроти нек бардоштам, зеро ноҳия ободу зебо шуда метавон гуфт қариб симои шаҳрро ба худ гирифтааст. Ҳарчанд рӯзгору зиндагии мардум сахт асту вазнин, аммо ин ҳама сахтиву мушкилот таъсире ба меҳмоннавозии мардум нагузоштааст. Мардуми ин диёр ба мисли пештара меҳмоннавозанд, меҳмондӯстанд. Маҳз ҳамин меҳмондӯстии эшон аст, ки аз тамоми нуқоти Тоҷикистон намояндагонашон пайи иҷрои коре меоянду дигар пас намегарданд.

shahrtuz-00010201120Дар навбати худ пирони ин сарзамин шӯхиомез ноҳияи мазкурро "макони сағирапарвар" унвон мебаранд. "Сағирапарвар" ба он маънӣ, ки ҳар кӣ бо кӯлворе ба ин диёр ояд, дар андак муддат дорою сарватманд мешавад: яке агар рӯзии худ аз мансаби дар ихтиёрдоштааш пайдо кунад, дигар аз замину саввумин аз бозор. Ҳатто теъдоде бахти худро (бигузор дуюмин ҳам бошад) дар ин гӯша ёфтаанд...

Дар ин сафаргуфторам, ки ҳамагӣ як рӯзро дар бар мегирад, чизи дидаву шунидаамро тӯли як рӯз мавзуи матлаби мазкур қарор додам, аз бурду бохт ёдовар шудам.

Раиси нав кордону чаққон

Чанде пеш бо амри Раиси ҷумҳур раиси ноҳияи Шаҳритус Исмоилов Абдуалим Абдулович таъйин гашт. Ӯ дар ин вазифа собиқ раиси ноҳия Ҷумъахон Сафаровро иваз намуд. Ҳарчанд раиси тозатаъйин ҳамагӣ чанд муддат аст, ки дар курсии сарвари ноҳия аст, аммо мардум дар ҳаққи ӯ суханҳои хуб мегӯянд ва ӯро ситоиш мекунанд. Аксар бар ин назаранд, ки Исмоилов марди хушсуҳбату бамуросост, тобу тавони гӯш кардани ҳамсуҳбатро дорад, дағалгуфтору дағалрафтор нест, соҳибмаърифат аст, муҳимтар аз ҳама чашму ишками сер дорад. Мардум мегӯянд, ки аз рӯзҳои аввали кор раис бо табибону омӯзгорон ҳамсуҳбат шуда, аз сари вақт пардохт шудани музди меҳнат ва шароити кору рӯзгорашон пурсон гаштааст. Ҳамчунин, дастури қатъӣ додааст, то рӯзномаи ноҳиявии "Садоқат"-ро фаъол кунанд ва беҳтарин матолиб пешкаши хонандагон гардонанд. То ин муддат рӯзномаи мазкур танҳо рӯзҳои ҷашну маросиме ба нашр мерасид, ки он ҳам чанд маводи расмӣ дошту халос ва нашрия на ҳафтанома, балки номи гоҳнома ба худ касб карда буд. Раис дар сеюмин рӯзи кориаш аз кӯчаҳои марказии ноҳия гашту гузор карда супориш додааст, то чароғакҳои (светофор) роҳ фаъол гарданд, кӯчаҳо чароғону фурӯзон шаванд. Ронандагон аз чунин сурат гирифтани кор дар ҳайрат афтода бо ҳам мегӯянд:

-Мешудаст-ку?

 Ронандагон аз он шикоят мекунанд, ки роҳҳои фарсудаи маркази ноҳия "дилу ҷигар"-и мошинаҳояшон хӯрдааст. Чанде аз соҳибмансабони наздик ба раис дар суҳбат дилпурам сохтанд, ки Исмоилов таъмиру тармими роҳҳои марказии ноҳияро низ тарҳрезӣ кардааст.

Чун соат 21:00 мешавад, тамоми деҳоти Шаҳритӯсро бебарқӣ фаро мегирад. Охир меъёр меъёр аст ва бояд он риоя гардад. Аммо дар маркази ноҳия, дар баъзе аз манзили мардум барқ фурӯзон аст. Фаҳмидам, ки онҳо аз ҳисоби "красная линия" барқ мегирифтаанд. Албатта, на ба хотири чашмакони зебо, балки бар ивази пардохти маблағи муайян. Агар ин кор зараре ба иқтисодиёт нарасонад, бигузор мардум бо барқ таъмин бошанд, зеро аксари хонаҳои ошёнадори маркази ноҳия орӣ аз системаи гармидиҳианд. Мардум миёни чор девори бетонӣ зери ҳафт қабат кӯрпача худро печонида бе барқ шаби дарози зимистонро бо азобе рӯз мекунанд. Дар ин росто мардум суол мекунанд, ки чаро масъулони ноҳия аз "красная линия" баҳраваранду хонаашон гарму нарм аст, аммо мардуми оддӣ аз чунин имтиёзот маҳруманд?

Ҳар пораи диёр Ватан аст

shahrtuz-00020101Чун бо мардум атрофи соҳибмансабони шаҳритусиву масоили кадрӣ суҳбат намоӣ, аксар бо дард аз он изҳори норизогӣ мекунанд, ки магар кадрҳои маҳаллӣ тухми анқоанд, ки аз дигар ҷой мутахассис меоранд? Ба гуфтаи мардум чунин "десант"-ҳои партофташударо дилашон ба хоку оби ин диёр намесӯзад, зеро чанд соле кор мекунанду пулу мол ғун карда берун мешаванд. Ба қавли онҳо кадрҳои маҳаллӣ метавонанд дар рушди ноҳия нақши муҳим гузоранд.

Не, ман ба чунин хулосаронии мардум то ҷое розӣ шуда наметавонам ва бо чашми сар дидаам, ки он кадрҳои маҳаллӣ ноҳияву хоҷагиҳоро ба чӣ ҳол расониданд. Ҳар пора хоки Тоҷикистон ватани ҳар тоҷику тоҷикистонист ва ҳар шаҳрванди кишвар ҳаққи кор кардан дар ҳар нуқоти кишварро дорад. Бале, новобаста аз макону маҳал. Гуфтаи мардум ҳам то ҷое ҷон дорад, ки аксари соҳибвазифаҳои шаҳритусӣ аз як маҳаланд. Аз як маҳал буданашон зарар надорад, лек агар маҳалбозӣ кунанду қавму пайванди худро атрофашон ҷамъ карда, ноҳияро ба филиали зодгоҳи худ табдил диҳанд, он гоҳ чунин амалкард зараровар аст.

Мардум то ба имрӯз аз корҳои хуби собиқ раиси ноҳия Хол Раҳмонов ёдовар мешаванд. Вақте Раҳмонов сарвари ноҳия буд, ноҳия дар андак муддат гул - гул шукуфт, иқтисодиёт пеш рафт, маҳсулнокии ҳосил афзун гашт, симои ноҳия ба куллӣ тағйир ёфт. Маҳз ӯ буд, ки дар ноҳия ба қонуни забони давлатӣ аҳамият медоданд, тамоми шиору лавҳаҳо бо забони давлатӣ навишта мешуд. Ҳатто номи Шаҳритузро ба шакли дурусти он Шаҳритус табдил дод. Раиси баъдӣҶ.Сафаров бо маслиҳату машварати чанде аз думравонаш дар даромадгоҳи ноҳия лавҳаи навиштаҷоти "Шаҳритус"-ро боз ба "Шаҳритуз" табдил дод.

Бино ба гуфтаи рӯзноманигор Азизи Фаттоҳ, дар нишасти матбуотии раиси нав масъалаи мазкур мавриди баҳс қарор гирифта, Исмоилов аз коршиносон дархост кардааст, то шакли дурусти номи ноҳияро пешниҳоди ӯ кунанд.

Баҳси бозор

Рӯзе, ки вориди ноҳия шудам, назди бозори "Имон" мардуми зиёдеро дидам, ки бо ҳам баҳсу талош доштанд. Аз суҳбат бо онҳо маълумам гашт, ки эшон савдогарони бозор буда, молу амволашонро ба хона мебурдаанд. Ба гуфтаи як нафари онҳо чандест, ки миёни сарвари бозор ва як шахси соҳибимтиёзу соҳибсавлат баҳс атрофи ба даст овардани ин нуқтаи сердаромад сурат ҷараён дорад. Мардумро баҳсу ҷанҷоли онҳо нороҳат карда, ба хулосае омадаанд, ки чунин баҳсҳои "манфиатҷӯёна" билохира "боиси расиши ноқилҳои барқ" гаштаву бозорро тӯъмаи оташ мегардонад, аз ин рӯ онҳо илоҷи воқеаро пеш аз вуқуъ ҷустаанд. Соле қабл дар набудани барқ бозори мазкур оташ гирифта буд...

Фурӯшандаҳо мегӯянд, ки баъд аз сӯхтор дар бозори Кӯлоб рӯздармиён комиссия омада ҳолати бозорро месанҷанд, аммо ҳеҷ хулоса ҳосил намегардад.

Шаҳритус соҳиби ду бозор аст: Марказӣ ва "Имон". Дар нишасти хабарӣ бо ширкати сарвари ноҳия мавсуф изҳор доштааст, ки ҳар ду бозор ҳам баҳснок мебошанд ва ба меъмори ноҳия супориш додаст, то тӯли як ҳафта тамоми асноди зарураро дар ин росто пешниҳоди ӯ гардонад. Воқеан ҳам бозори марказӣ дар маркази ноҳия ҷойгир аст ва рафтуомади нақлиёту одамон ҳар лаҳза монеа эҷод мекунад. Бозори "Имон" дар даромадгоҳи ноҳия, дар собиқ автобазаи 19 ҷойгир аст ва аз марказ дар канор аст.

Ҳар ду бозор ҳам ягона сарчашмаи пешбурди зиндагии мардум ба ҳисоб мераванд. Чашми рӯз накафида занону мардон пиёдаву савора роҳ сӯйи ин бозорҳо пеш мегиранд. Масъулини бозор бошанд, айшу роҳат ва сарчашмаи пешбурди рӯзгори пур аз карру фаррашонро аз ҳисоби ҳамин бозорҳо ёфтаанд. Пайи ободии бозорҳо онҳо коре ҳам накардаанд...

Аз нек боғ

Он гуфта, ки сарвари милисаеву прокурору дигар шахси масъули ба ин ноҳия омада аз худ осоре нагузоштаанд, мутлақо нодуруст аст. Чандин прокурору сарварони милисае буданд, ки ҳини фаъолият дар ноҳия аз худ осори нек боқӣ гузоштанд. Албатта, буданд соҳибвазифаҳое, ки овони ҷанги ҳамдигаркуш чубу тахтаи заводу фабрикаҳоро канда бурданд, села-села пайвандони худро ба ин ноҳия оварда, дар вазифаҳои гуногун ҷо доданд, ҳатто заминҳоро ҳам аз худ карданд, иншооти муҳимро бо нархи ночиз хусусӣ карданд. Солҳои 1992 теъдоде аз силоҳбадастон хостанд ягона фабрикаи паррандапарварии ноҳияро низ зеру забар кунанд. Аммо сарвари милисаи онвақта Сафолбек Расулов, садди роҳи харобкорон гашта буд. Ӯ фабрикаи мазкурро аз ҳар гуна ҳамалот ҳифозат кард ва имрӯз, ки давлати пирӣ меронад, ин вайронаро обод кардаву маҳсулоти тару тозаи гӯштӣ пешкаши мардум гардонидааст. Ба замми ин чандин нафар соҳиби ҷойи кор ҳам шуданд. Расулов миёни мардуми ноҳия соҳибобрӯст, зеро дар таъмини амнияти мардум, бахусус паноҳандатоҷикони аз Афғонистон баргашта нақши муассир дорад. Албатта, он замони ба қавле бесоҳибиҳо он теъдод, ки камон сари шона доштанд, даст ба ҳар кори хостаи худ мезаданд. Шукрона, ки аз он теъдод дигар осоре ҳам намонда...

Аксар вазифаҳои дигарро дар ноҳия мардуми маҳаллӣ бар дӯш доранд ва хулосаи онҳо дар мавриди он, ки ба кадрҳои маҳаллӣҷой нест, ҳеҷ асоси воқеӣ надорад.

Ҳаммом замонавию самбӯса лазиз, аммо табобат...?

Агар гӯям, ки беҳтарин ҳаммомҳои замонавӣ дар маркази ноҳия сохта ба истифода дода шудаанд, хато нахоҳам кард. Дар назди кинотеатри "Бешкент" ҳаммоми замонавии финнӣ амал мекунад, ки онро соҳибкор Ҷӯрабек Давлатов ном ҷавоне идора дорад. Ним соати истифода аз сауна 5 сомонӣ мебошад. Дар Душанбе аз 25 то 50 сомонӣ. Ҳаммом тару тоза, ба тамоми талабот ҷавобгӯст.

Дигар ҳаммомони замонавиро соҳибкорон Нур Суннатов ва Ҳамидулло ном ҷавоне идора мекунанд, ки имрӯз дар хизмати мардуманд.

Чароғҳои кӯчаҳои маркази ноҳия шабонгаҳ фурӯзонанд ва кас бетарсу ваҳм аз кӯчаҳо гашту гузор мекунад.

Дигар аз мушкилоте, ки мардум бештар атрофи он ҳарф мезананд, ин набудани таҷҳизоти хуби тиббиву мутахассисони соҳибтаҷрибаанд. Пештар беҳтарин мутахассисони соҳаи тиб дар Шаҳритус буданд, имрӯз бошад мардум аз он гила доранд, ки барои дақиқ муайян кардани ташхиси бемор лозим меояд сафари Душанбе намоӣ.

Дар ин матлаб метавонистам аз дигар мушкилоти мардум ҳарф занам, аммо ин ҷо иктифо мекунам ва онро ба вақти дигар мегузорам. Ба гуфтаи чанд ҷавонмард, ки Исмоилов марди кор асту бо тарҳу нақшаи нав мехоҳад саҳми худ дар рушду ободонии ноҳия ва беҳбудии мардум гузорад, бовар мекунам. Бале, танҳо номи нек Исмоиловро дар дилу дидаи мардум ҷой медиҳад...

Қабл аз бозгашт аз Шаҳритус ба чойхонаи рӯ ба рӯйи бозор медарояму бо чойи кабуту самбӯсаи гарми ошпазҳои номии Шаҳритус кӯфти сафар мебарорам... Беҳтарин самбусаву кабоби Шаҳритус ҳама мушкилоту роҳҳои фарсударо аз зеҳни кас рафъ месозад...

М.Идизода, рӯзноманигор

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №07, 19 феврали соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi