18:52:35 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Сеҳру ҷоду – амали шайтонӣ

Одил ибни Тоҳири Муқбил

Маълум аст, ки ба иллати касодии иқтисодӣ фасоду ҷинояткорӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, сатҳи маънивиёту ахлоқи ҳамида, маърифати дину мазҳаби аслӣ  паст рафта, хурофот, сеҳру ҷоду авҷ мегирад. Дастандаркорони аҳриманӣ ба ҳар шаклу воситаи мухталиф, амсоли интернет, кино, телевизион, диску фиттаҳои видеоӣ, дивиди, сиди ва ғайра маҳсулоти парнографӣ, зӯроварӣ, терроризм, фаҳшу фоҳишагӣ, мусиқии тахрибкунанда ва ғайраву ва ҳоказо амали худро пурзӯр намуда, мехоҳанд дину мазҳаби ростин ва ахлоқи ҳамидаи инсониро аз байн бибаранд ва инсониятро ба як махлуқи беиродаву безабон, дастнигару мутеъ ва бозичаи дасти нерӯҳои шайтонӣ табдил диҳанд.

sehru-jodu 566545Ин гуфтаҳоро дар мисоли авҷ гирифтани хурофотпарастӣ, сеҳру ҷоду, фолбинӣ ва ғайра дар ҷомеаи  кишварамон ба таври равшан ва возеҳ дидан мумкин аст. Агар дар давраи шӯравӣ дар Тоҷикистон "муллоҳо"-и ба истилоҳ "ҷодугар"-ро бо ангушт шуморидан мумкин буд, имрӯз дар даврони истиқлолият, пас аз ҷанги шаҳрвандӣ  теъдоди чунин коҳинону ҷодугарон, фолбинону бахшиён, табибони ҳалқии қалбакӣ ба маротиб афзудааст, ки агар гӯем, ки дар ҳар кӯчаву маҳалла шаҳру деҳи кишварамон ду-се нафарӣ пайдо шудааст, чандон муболиға нахоҳад шуд.

Мардум бо сабаби авҷ гирифтани хурофотпарастӣ ва бемориҳои рӯҳиву равонӣ ва беимониву худонотарсӣ ба чунин коҳинону ҷодугарон ва фолбинону бахшиён муроҷиат мекунанд, дорую тумор, таштобу бозубанд ва ғайраву ва ҳоказо гирифта, ҷайби онҳоро бо пул пур мекунанд. Афсус, ки на аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва на ҷониби Маркази Исломии  Тоҷикистон,  на рӯҳониёни расмию ғайрирасмӣ дар ин самт тадбире ба амал бароварда намешавад. Аз ҳамин ҷост, ки бозори ин гуна ҷодугарону коҳинон рӯз то рӯз ва беш аз пеш дар авҷу равнақ аст.

Бадбахтӣ дар ин аст, ки бархе аз "тоҷирони китоб" аз рӯйи мақоли халқии "гӯр сӯзаду дег ҷӯшад" амал намуда, китобу рисолаҳоеро дар ин мавзӯъҳо ба нашр мерасонанд, ки бозори чунин қаллобону худобехабаронро гарм месозанд ва кори ифлоси онҳоро авҷ мегиронанд. Масалан, чанд сол пеш нафари беимоне  китоби сеҳру ҷоду - "Канз-ул-Ҳусайн"-ро ба теъдоди сад ҳазор нусха дар Покистон нашр намуда, мехост онҳоро аз тариқи Афғонистон ба Тоҷикистон биёрад ва бифрӯшад, вале тираш хок хӯрд. Ҳангоми гузаштан аз сарҳад дар минтақаи Панҷи Поён китобҳои мазкур ба дасти гумрукчиён афтиданд ва онҳоро мусодира намуданд. Ин ҳодиса тавассути телевизион нишон дода шуд.

Рисолаи "Сеҳру ҷоду-амали шайтонӣ" ба қалами Одил ибни Тоҳир ал-Муқбил, раиси ҳайати ал-Форуқ вал Файсали амри маъруф ва  наҳй аз мункари шаҳри Ар-Риёзи Арабистони Саъудӣ тааллуқ дорад ва номи аслии он "Ин чизҳо арзише надоранд" мебошад ва ба забони арабӣ нашр шудааст. Нависандаи ин рисола донишманд ва мутахассиси варзидаи зидди амалҳои сеҳру ҷоду дар ҷаҳони ислом мебошад ва чанд китоб ва мавъизаву суханрониҳои ӯ дар сомонаҳои интернетӣ гузошта шудааст. 

Ин рисола агарчи ҳаҷман хурд бошад ҳам, арзиши баланди илмиву маърифатӣ дорад ва дар бораи моҳияти сеҳру ҷоду, навъҳои онҳо, амалҳои ботилу ғайришаръии соҳирону ҷодугарон, фолбинону коҳинон аз дидгоҳи таълимоти дини мубини Ислом, табобати ҷодушудагон аз тариқи шаръӣ ва ғайра маълумоти саҳеҳу равшан медиҳад. Бовар дорем, ки барои баланд бардоштани маърифати диниву мазҳабии мардуми мусалмони кишварамон ва пешгирии амалҳои номашрӯъ ва ҳароми соҳириву ҷодугарӣ аэ ҷониби фиребгарону қаллобон дар ҷомеаи Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.  

Қайд кардан лозим аст, ки ин рисола аз ҷониби дӯсти ҷавонмард ва ҷавонмарги мо Муҳаммаднозили Носириён ва рафиқи шафиқ Фарҳоди Ҳалимхон, ки ҳар ду дастпарвари шуъбаи арабии факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд, ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст. Ин ду донишманд  рисоларо довталабона тарҷума намуда, ният доштанд, ки сарпарасте ёбанд ва онро нашр намоянд ва ба таври ройгон дар байни мардуми мусалмони кишварамон паҳн намоянд ва дар пешгирии амалҳои сеҳру ҷоду ва шайтонпарастӣ дар кишварамон саҳми худро гузоранд.

Муҳарририи ин рисоларо камина, муаллифи ин сатрҳо, ба уҳда доштам ва шукри Худованд, ки  ин кори пурарзиш бо инояти илоҳӣ ба анҷом расид. Вале, мутаасифона, умри яке аз мутарҷимони ин рисола-Муҳаммаднозили Носириён вафо накард ва ӯ дар синни ҷавонӣ имсол ҷаҳони фониро падруд гуфт ва ба раҳмати Худованд пайваст. Парвардигор ӯро биомурзад ва заҳмати дар ин ҷода кашидаашро дар дафтари аъмолаш чун садақаи ҷория сабт намоянд.

Инак, мо тасмим гирифтем, ки рисолаи мазкурро пора-пора дар ҳафтаномаи "Рӯзгор" ба нашр бирасонем ва пешкаши хонандагон намоем, то ки онҳо ба доми чунин соҳирону ҷодугарон ва фолбинонону бахшиён наафтанд.                                                        

Бо арзи эҳтиром муҳаррир ва таҳиягар Қиёмиддин Сатторӣ 

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

ПЕШГУФТОРИ ШАЙХИ ФОЗИЛ АЛЛОМА АБДУЛЛОҲ ИБНИ ҶИБРИН

Алҳамдуллилоҳи раббилъоламин вассалоту вассалому ъало ашрафил мурсалин набийино Муҳаммад ва ъало олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин ва аммо баъд, таҳқиқоти мазкурро оид ба сеҳру ҷоду, таъсири он ва роҳҳои пешгирии онро пеш аз вуқуъ ва баъди ба ин мусибат гирифтор шудан, мутолиа намуда, ба хулосае омадам, ки  муҳаққиқ ва пажӯҳишгар мавзӯи номбурдаро ба хубӣ мавриди баррасиву арзёбӣ қарор додааст ва Худованди Мутаъол барои ин амали нек ба вай мукофот ва аҷри фаровон диҳад, чунки ӯ бо ин таҳқиқоти хеш фоидаи зиёде ба муъминон мерасонад. Аз Худованди Бузург илтиҷо мекунем, ки ҳама гуна макру ҳиллаи соҳирону ҷодугаронро ботил ва асрори онҳоро фош гардонад. Вассалоту ало Муҳаммадин ва олиҳи ва саҳбиҳи ва саллам. (25. 04. 1424 ҳиҷрӣ).

Бо арзи эҳтиром доктор Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмон ибни Ҷибрин   

САРСУХАН

Алҳамдулиллоҳи Раббилъоламин арраҳмону раҳим, молики явмидин алқоил: "Чӣ касеро сухан некӯтар аз сухани он, ки ба сӯйи Худо даъват менамояд ва корҳои шоиста мекунад ва мегӯяд, албатта, ки ман аз мусалмононам?" (Сураи "Фуссилат", ояти 33).

Аммо баъд, сабаби ба ин мавзӯъ рӯй оварданам ин аст, ки дар бисёре аз ҷамъомаду маҳфилҳо бо аҳли илм шоҳиди суханронӣ доир ба сеҳру ҷоду ва муроҷиати одамон ба ҷодугарону соҳирон гардида ва худам ҳам чунин ҳодисаро аз сар гузаронида будам. Дар урфият мегӯянд, ки пеши табиб нарав, пеши корафтода рав, бинобар ин, азбаски камина ба гирдоби сеҳру ҷоду гирифтор шуда будам, лозим донистам, ки ба қадри имкон мусалмононро аз пайравӣ ба ин роҳи ботили шайтонӣ пешгирӣ намоям, то ки ҳамаи мо пайрави содиқи сулук ва тариқи ҷаноби рисолатпаноҳ ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) бошем. Ҳоло дар зер он чизеро, ки шоҳидаш будам, бароятон қисса мекунам.

ҚИССАИ ВОҚЕӢ

Ҳангоми фаъолият дар маркази ҳайати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар рӯзе ду ҷавоне ба ин марказ омада, раиси марказро пурсон шуданд. Ман аз онҳо сабаби ташрифашонро суол кардам. Онҳо  худро бо номҳои Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон муаррифӣ карданд. Яке аз онҳо гуфт:

-Яке аз хешовандони мо гирифтори сеҳру ҷоду гаштааст, ҳарчанд ба назди бисёре аз ҷодугарон барои кушодани гиреҳи ҷоду рафтем, лекин хеҷ фоида набахшид ва  хеши мо то ба ҳол дар қайди  сеҳру ҷоду мондааст. Азбаски шумо бо масъалаҳои сеҳру ҷоду ва барафкандани ниқоб аз рӯйи ҷодугарон машғулед, хоҳишмандем, ки ҳамон шахси ҷодугарро ёфта, аз вай талаб намоед, ки ба мо ҷойи воқеъ шудани сеҳру ҷодуро нишон диҳад, то гиреҳи онро кушоянд.

Бо шунидани қисса ба ҳайрат омада гуфтам, ки чӣ гуна ҷодугарро дастгир намуда, аз ӯ талаб кунам, ки гиреҳи ҷодуро кушояд ё ҷоеро, ки дар он  ҷодуро пинҳон намудааст, нишон диҳад? Шумо медонед, ки вазифаи ман дастгир намуда, ба ҷавобгарии шаръӣ кашидани соҳирону ҷодугарон аст, то ки аҳкоми илоҳӣ нисбати онҳо татбиқ гардад. Чунки ҷодугар танҳо бо наздикӣ бо шайтон гиреҳи ҷодуяшро мекушояд ва пурсидан аз ҷодугару коҳин гуноҳ аст, зеро Расули акрам (с) дар ин маврид барҳақ фармудаанд: - "Ҳар касе  ба назди соҳиру фолбин равад ва ба гуфтаи ӯ бовар кунад, ба Қуръоне, ки ба Муҳаммад (с) нозил шудааст, куфр меварзад". (Ҳадис аз Ҳасан бо ривояти Аҳмад, ҷилди  15, саҳ. 333 ва бо ривояти Ҳоким, ҷилди 1, саҳ. 8).

(Идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi