10:42:06 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 26
27 28 29 30 31    

Бӯҳтони маҳз дар бораи як суруди таърихии дарӣ

Додоҷон Обидов, доктори илмҳои филологӣ

Ба ифтихори ҷашни 94-мин солгарди Истиқлолияти Афғонистон

Суруди "Биё бачем, ангур бихӯр", ки собиқаи онро бештар аз сад сол ба ҳисоб гирифтаанд, аз машҳуртарин ва маҳбубтарин намунаҳои осори назми шифоҳӣ ба шумор меравад. Ин падидаи завқию бадеӣ тавассути тарҷумаҳои он ба забонҳои русӣ, инглисӣ ва фаронсавӣ дар байни намояндагони ин забонҳо низ кайҳо боз маълум ва машҳур аст.

1.angur-547889Тибқи маълумоти иддае аз донишмандон ва фарҳангиёни дохилӣ ва хориҷӣ суруди мазкур дар шароите ба дунё омадааст, ки мардуми озодихоҳи Афғонистон барои наҷоти ватан ва истиқлолияти сиёсӣ ва худиродияти воқеии хеш ба муқобили таҷовузгарони Инглис ба шӯр омада буданд. Масалан, дар ин бора донишманди афғонистонӣ Шамсиддин Зарифи Сиддиқӣ мегӯяд: "Ин суруд, ки аз сароиши он бештар аз як сада мегузарад, ёдовари поймардиҳо ва ҷонбозиҳои размандагон аст, ки аз миёни тӯдаҳо бархоста ва дарси фаромушношуданӣ ба душман додаанд. "Биё бачем, ангур бихӯр" суруди машҳури мардуми самти шимоли Афғонистон аст, ки дар даврони қиёмҳои мардум бар зидди ангрезони таҷовузгар суруда шудааст".

Воқеан ҳам, нусхаҳои аз маҳалаҳои гуногуни Афғонистон гирдомадаи суруд бо мазмуни худ мулоҳизаҳои аҳли таҳқиқро дар бораи замон ва омилҳои асосии пайдоиши ин асари мардумӣ комилан ба тасвиб мерасонанд, яъне аз рӯи нусхаҳои ба дастомада маълум мегардад, ки мӯҳтавои суруди "Биё бачем, ангур бихӯр" бо таърихи муборизаҳои мардуми Афғонистон алайҳи таҷовузгарони Инглис ва пайравони дохилии онҳо пайванди амиқе дорад.

Барои тасдиқи ин гуфтаҳо дар қадами аввал ин ҷо аз як нусхаи суруди мазкур ёдовар мешавем, ки онро фолклоршинос Асадулло Шуур дар китоби худ "Мафоҳими шифоҳӣ ва сайри таърихии он дар Афғонистон" (Кобул, 1988) ба нашр расонидааст. Матолиби ин нусхаи сурудро на фақат тасвири вазъу шароит ва натиҷаи мудҳиши ҷанги зидди инглисҳо, балки танқиду мазаммати аъмоли ношоистаи бузургон ва дастандаркорони сиёсати дохилии он рӯзгор низ эҳтиво менамояд. Чунончи, дар суруд омадааст.

Муҳаммадҷон марди майдон аст,

                биё бачем, ангур бихӯр!

Ҷангаш дар майдон аст,

                биё бачем, ангур бихӯр!

Яқубхон соҳиби имон аст,

                биё бачем, ангур бихӯр!

Амири мо Мусохон аст,

                биё бачем, ангур бихӯр!

Модшарихон ба зиндон аст,

                биё бачем, ангур бихӯр!

Писараш наги афғон аст,

                биё бачем, ангур бихӯр!

Довудшоҳ хирси калон аст,

                биё бачем, ангур бихӯр!

Валимададхон шайтон аст,

                биё бачем, ангур бихӯр!

Бачи рус Абдураҳмонхон аст,

                биё бачем, ангур бихӯр!

Исматулло ба Кошон аст,

                биё бачем, ангур бихӯр!

Кобул мисли Хиндустон аст,

                биё бачем, ангур бихӯр!

Дабалрупия1 паррон аст,

                биё бачем, ангур бихӯр!

Ялагардии занон аст,

                биё бачем, ангур бихӯр!

Овоза ба Эрон аст,

                биё бачем, ангур бихӯр!

Ҳирот моли Теҳрон аст,

                биё бачем, ангур бихӯр!

Модаюбхон (Муҳаммадаюбхон) ҳайрон аст,

                биё бачем, ангур бихӯр!

Боқӣ як ҷанги калон аст,

                биё бачем, ангур бихӯр!

Саҳро ҳама пурарғувон аст,

                биё бачем, ангур бихӯр!

Гули сурх хуни шаҳидон аст,

                биё бачем, ангур бихӯр!

Аз мутолиаи матни боло эҳсос мегардад, ки аксарияти рӯйдодҳо ва ҳаводиси дар ин суруд зикршуда воқеияти комилан мутлақи таърихианд, яъне онҳо тавре инъикос ёфтаанд, ки аз асли худ чандон тафовуте надоранд. Бинобар ин ба эҳтимоли зиёд метавон гуфт, ки суруди мазкур нишондиҳандаи назари жарфи мардуми авом ба масъалаҳои миллӣ ва сиёсӣ мебошад ва он собит менамояд, ки аҳли заҳмат чӣ гуна ба аъмоли бузургон ва дастандаркорони давру замони хеш эътибори махсус додаанд ва ба чӣ андоза тавонистаанд авзоъ ва аҳволи рӯзгори хешро амиқан ва дақиқона арзёбӣ намоянд. Ба сухани дигар ин суруд танҳо ҳовии эзоҳи ҳодисаҳо набуда, балки он ба ҳайси байёнгари назари интиқодие низ шинохта мешавад, ки мардуми авом дар мавриди мавзӯъҳои тарафи алоқаи худ иброз доштаанд.

2.angur-547889Дар омади гап зарур медонем, ки дар ин ҷо як масъаларо дар иртибот ба суруди мавриди баҳс тазаккур диҳем. Гап дар сари он аст, ки муҳаққиқи фолклори Афғонистон Г.Ф.Гирс дар асари худ "Исторические песни пуштунов" (Москва, 1984) тарҷумаи русии нусхаи фавқулзикри суруди "Биё бачем, ангур бихӯр"-ро дарҷ намуда, дар бораи он як ақидаи ғайриқобили қабулро пеш меронад. Г.Ф.Гирс мӯътақид бар он ақида аст, ки ин суруд гӯё ба масобаи суруди гаҳвора ("Алла" ё "Лалӯ") дар робита ба майлу хоҳиш ва талоши мустамликадорони Инглис эҷод шуда, барои ифодаи мақсаду маром ва ҳимояи манфиати онҳо хизмат карда бошад.

Ба пиндошти Гирс ин асар аз ҷумлаи сурудҳое аст, ки бо рӯҳияи рӯҳафтодагӣ, дунёбозорӣ ва итоаткорӣ фаро гирифта шудаанд ва зимнан ғояҳои аз ҷунбишу ҳарактҳои озодихоҳӣ дар канор будан ва рӯ гардониданро бозтоб менамоянд. Ба қавли Гирс донишманди фаронсавӣ Чеймс Дармстетер пайдоиши ин сурудро ба номи генерали сангдилу золими Инглис дар Афғонистон Робертс алоқаманд медонистааст ва ӯ беҳуда онро "Суруди генерал Робертс" ном намонда будааст. Дар посух ба мулоҳизаҳои Г.Ф.Гирс ҳаминро гуфтанием, ки:

якум - суруди мавриди назар ҳеҷ гоҳ ба жанри сурудҳои гаҳвора ("Алла" ё "Лалӯ") иртибот намегирад ва он ҳаргиз суруди бачагона ҳам буда наметавонад. Вай зотан суруди ҷавонон ва размандагон буда, ба мавзӯъи ҷанг ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ва шарҳу эзоҳи аъмоли шахсиятҳои бузурги таърихӣ, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии мардуми Афғонистон дар даврони ҳуҷуми қӯшунҳои мустамликадорони Инглис ба ин сарзамин аз ягон ҷиҳат нақше бозидаанд, ихтисос дорад.

Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки мардуми Афғонистон солҳои мутамодиро дар пайкор алайҳи таҷовузкорони бегона гузаронидаанд. Ин мардум гоҳе бо шоҳони муғулии Ҳинд масоф додаанду замоне ба инглисҳо ва меросхӯрони онҳо дасту панҷа нарм кардаанд. Аз ҷонибе тасодумоти зотулбайнӣ низ дар натиҷаи тасаллути комили нобарориҳои иҷтимоӣ ин ҷову он ҷо тез-тез ба вуқӯъ мепайвастанд. Аз ин ҷост, ки ҷангу пайкор ба муқобили душманони дохилӣ ва хориҷӣ зарурати аввалиндараҷаи ҷомеаи афғонҳоро ташкил медиҳад.

Ин зарурати мубрами иҷтимоӣ занону модарони ин сарзаминро водор намудааст, ки онҳо кӯдаконашонро тибқи ниёзи ҷомеаи хеш парвариш диҳанд, дар онҳо аз ҳамон оғози ҳайёташон рӯҳи ҳамосат, диловарӣ ва хидмат кардан ба ҷомеаро талқин намоянд. Онҳо орзу мекарданд, ки атфолашон шамшерзани хуб, саворкори моҳир, инсони далеру шуҷоъ ва амсоли инҳо тақдими ҷомеа гарданд, то тавонанд ба нафъи мардум кореро ба анҷом бирасонанд.

Бинобар ин модарон бо мақсади тақвияти рӯҳи ҳамосии атфолашон аз асарҳои ҳамосии фолклорӣ истифода ба амал меоварданд ва ин гуна асарҳоро ба онҳо ҳангоми ба хоби ноз рафтанашон дар сари гаҳвора гӯшзад менамуданд. Шояд баъзе аз модарон суруди "Биё бачем, ангур бихур! - ро низ дар Афғонистон бо ҳамин мақсад ва дар хамин маврид истифода карда бошанду ҳанӯз ҳам бо ҳамин мақсаду дар ҳамин маврид истифода мекунанд. Вале ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки асари мазкур ба жанри сурудҳои гаҳвора иртибот мегирифта бошад.

Инак, даъвои фолклоршинос Г. Ф. Гирс дар бораи ин, ки гӯё суруди "Биё бачем, ангур бихӯр" ба жанри сурудҳои гавҳора ("Алла" ё "Лалӯ") иртибот мегирад, қабулнопазир аст. Ин даъворо худи мӯҳтавои суруд низ рад мекунад.

Дуюм - суруди "Биё бачем, ангур бихӯр" асари ҳамосӣ ва гувоҳномаи қиёмҳо ва ҷонбозию фидокориҳои мардуми Афғонистон алайҳи таҷовузкорони иртиҷоӣ дар роҳи наҷоти онҳо аз банду қайди асорат дар нимаи дуюми қарни XIX мебошад. Бегумон ин суруди ҷаззоб ҳеҷ гоҳ рӯи салоҳдид ва амру хоҳиши мустамликадорони хориҷӣ ба дунё наомада ва ба ҳеҷ ваҷҳ мақсаду мароми онҳоро ба арз нарасонида. Ҳамчунин ин сурудро наметавон ба масобаи баёнгари ғояҳои афтодарӯҳӣ, дунёбезорӣ, итоаткорӣ беҷуръатӣ ва рӯгардонидан аз қиёму ҷунбишҳои сарнавиштсози зиддииртиҷоӣ арзёбӣ кард.

Тадқиқу таҳлили матни суруд собит месозад, ки он моли тӯдаҳои заҳматкашу ситамдида аст ва аз ин рӯ вай бидуни шак рӯҳия ва талабу дархостҳои ҳамин гурӯҳи иҷтимоиро бозтоб менамояд. Гузашта аз ин суруд аз ғояҳои ватандӯстӣ, миллатпарастӣ, озодихоҳи, қаҳрамонӣ ва ғайра саршору гаронбор мебошад, ки ин ҷиҳатҳои он гоҳ ошкоро, гоҳе пардапӯшона ва замоне бо кинояю маҷоз зоҳир мегардад. Яқинан, зуҳуроти чунин вижагиҳои сурудро дар мисраъҳои интиқодие, ки унвонии баъзе аз дастандаркорони даврони ҷангҳои одилонаи афғонҳо гуфта шудаанд, низ ба хубӣ пай бурдан мумкин аст.

Ба шаҳодати гуфтаҳои боло метавон тазаккур дод, ки чунин даъвои Г.Ф.Гирс дар бораи ин,ки гӯё суруди мавриди баҳс бо амру хоҳиши мустамликадорони иртиҷоии Инглис эҷод шуда, марому мақсади онҳоро ифода мекарда бошад, низ қобили пазириш нахоҳад буд.

Сеюм - Г.Ф.Гирс дар асоси маълумоти Ч. Дарместетер суруди "Биё бачем, ангур бихӯр"-ро ба номи генер Робертс алоқаманд медонад, ки бо ин даъвои ӯ низ розӣ шудан душвор аст, зеро ба суруд номи генерал Робертсро додани Ч. Дармстетер ҳанӯз маънои онро надоард, ки ин асар дар васфи ӯ гуфта шуда бошад:

аввалан дар нусхаи зикршудаи суруд дар бораи Робертс ягон ишорае ҳам нест, ки ин даъворо ба тасдиқ расонад, сониян, ба назар чунин мерасад, ки Ч. Дармстетер чунин номро аз рӯи кадом як нусхаи дигари дар таърифи генерал Робертс эҷодшудаи суруд ба ин асар муносиб донистааст, ки мутаасифона мо он нусхаро феълан дар даст надорем ва ниҳоят, дар баъзе аз нусхаҳои ин суруд мисраъҳое низ шомиланд, ки дар онҳо унсурҳои назари танқидии мардум нисбат ба генерал Робертс эҳсос мегардад.

Идома дорад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi