00:28:30 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ЮНИСЕФ кӯдаконро аз қафас мебарорад?

Алишер Зарифӣ, "Рӯзгор"

Шӯрои адлияи Тоҷикистон мегӯяд, новобаста аз тадбирҳои андешида бобати пешгирии содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон дар судҳои ҷумҳурӣ афзоиши шумораи баррасии парвандаҳо нисбати ноболиғоне, ки ҷиноятҳои гуногун содир кардаанд, ба назар мерасад.

2.younesif 2013

Мавлуда Қаландарова, муовини раиси Шӯрои адлия зимни ифтитоҳи нахустин толори махсуси додгоҳӣ барои ноболиғон, ки дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонӣҷойгир аст, гуфт, агар соли гузашта судҳои ҷумҳурӣ 504 парвандаи марбут ба ноболиғонро баррасӣ карда бошанд, ни нишондод танҳо дар нимсолаи аввали соли равон 259 ададро ташкил медиҳад, ки ин омилҳо тақвият бахшидани тадбирҳои пешгирикунандаи содиршавии ҷиноятро аз ҷониби ноболиғон тақозо менамояд.

Номбурда иброз дошт, ки бо мақсади мувофиқ гардонидани тарзу усули баррасии парвандаҳои ноболиғон бо меъёрҳои байналмилалӣ ва ҳаматарафа таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, пеш аз ҳама фароҳам овардани муҳити солим дар рафти тафтишу баррасии чунин парвандаҳо, ҳимоя намудан аз омилҳои ба рӯҳияи кӯдак таъсиркунанда бо кӯмаки бевоситаи намояндагии созмони ЮНИСЕФ утоқ ва толори алоҳида таъмиру ҷиҳозонида  шудааст:

"Чунин толору утоқи алоҳида дар судҳои шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Хуҷанд низ омола шуда, дар марҳила, истифодадиҳӣ қарор доранд ва дар дигар судҳо низ амалӣ намудани ин иқдом ба нақша гирифта  шудааст. Бо ташкил шудани чунин утоқ ва толор акнун ноболиғон метавонанд то саршавии мурофиаҳои додгоҳӣ дар ин утоқ ҳузур дошта, аз таъқибу эҳсосоти ногувор ҳифз карда шуда, худро озод ҳис намоянд. Утоқу толори мазкур на танҳо барои ноболиғоне, ки қонуншиканиҳо кардаанд, ҳамчунин мумкин аст парвандаҳое, ки дар онҳо ҷабрдидагон ва шоҳидони ноболиғ ҷалб шудаанд, ё ин ки баҳсҳои оилавӣ, аз ҷумла фарзандхонӣ, муайян кардани ҷои зисти кӯдакон дар ин ҷо баррасӣ гарданд".

Сафарбек Нуралиев, судяи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар суҳбат бо хабаргнигори "Рӯзгор" иброз дошт, ки  мақсад аз ташкили чунин толори махсус, таъсир нарасонидан ба руҳияи ноболиғон зимни мурофиаҳои додгоҳӣ ва ислоҳ шудани онҳо мебошад.

1.younesif 2013Нуралиев қайд намуд, ки  вақте қаблан ноболиғон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешуданд, мо чунин шароит надоштем ва зимни мурофиаҳо, падару модари онҳо пурсида мешуданд, шоҳидон, ҷабрдидаҳо ширкат менамуданд, ки ин ба асаби ноболиғ таъсири бад мерасонид: "Айни ҳол, ки чунин толор кушода шудааст, ноболиғ вақте ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, умуман метавонад ҳис накунад, ки нисбаташ мурофиаи судӣ рафта истодааст ва ё ӯро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида истодаанд".

Ин мусоҳибамон мегӯяд, ҳангоми баррасии мурофиаи додгоҳӣ судя, прокурор ва дигар шоҳидон дар толори маҷлиси судӣ нишаста, кӯдак ҳамроҳи омӯзгор дар утоқе, ки барои ноболиғон бо таҷҳизоти махсус, қалам, дафтар ва ғайра ҷиҳозонида шудааст, менишинад ва ӯро тариқи омӯзгор мепурсанд: "Раисикунандаи суд аз толори маҷлиси судӣ тавассути омӯзгор ба кӯдак савол медиҳад ва ноболиғ пайхас намекунад, ки саволро судя дода истодааст".

Сафарбек Нуралиев илова намуд, ки роҳандозии чунин толору утоқ дар кишвар аз таҷрибаи мамлакатҳои хориҷа гирифта шудааст ва умедворем чунин шароит ба манфиати ноболиғон хоҳад шуд.

Мари Пер Пуаре, директори генералии созмони ЮНИСЕФ дар кишварҳои Осиёи Миёна, Аврупои шарқӣ ва Иттиҳоди муштаракулманофеъ, ки дар кушодашвии утоқу толор мазкур ширкат дошт, иброз намуд, ки  дар чунин ҳуҷраҳо фаъолияти судҳои ботаҷриба нақши хеле муҳим мебозад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, номбурда гуфт, тасмим гирифтааст, судяҳои Тоҷикистонро тариқи созмони ЮНИСЕФ аз омӯзиш гузаронад: "Барои фаро гирифтани судяҳо бо омӯзиш дар ЮНИСЕФ барномаи махсус аст. Баробари ҳуҷраҳои вижа барои муҳайё сохтани низоми хуби адлия ба кӯдакон, судяҳои таълимгирифта низ нақши муҳим мебозанд".

Ба қавли Мари Пер Пуаре, ташкили чунин ҳуҷраҳо барои ноболиғон на танҳо дар таърихи Тоҷикистон, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ бори аввал аст:

"Аз роҳбарияти Тоҷикистон умедворем, ки масъалаи кӯдакон дар барномаи марказии системаи судӣ қарор мегирад. Ин чорабинӣ шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон аз низоми адлия нисбати ноболиғон ба низоми адлия барои ноболиғон мегузарад. Кӯдаконе, ки амалҳояшон бо қонун мухолифат доранд, на ҳамеша масъалаи онҳо ба таври пурра ҳаллу фасл мегардад".

Лейлӣ Моширӣ, сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар Душанбе зимни суҳбаташ ба "Рӯзгор" гуфт, дар гузашта кӯдакон дар дохили қафас гузошта мешуданд ва акнун ташкили чунин утоқу толор барои ҳурмату эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон мусоидат мекунад.

Мавриди зикр аст, ки барои ташкили толор ва утоқи махсус барои пурсиши ноболиғон ЮНИСЕФ дар 4 навоҳии пойтахт 14 ҳазор доллар ҷудо кардааст.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi